Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад мулоқот намуд
21 Ноябр 2022, ДушанбеИмрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносиботи Тоҷикистону Подшоҳии Шветсия, алахусус ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳарду кишвар, инчунин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Шветсия 9 декабри соли 1992 барқарор шудаанд.
Ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаи гуманитарӣ назаррас аст. Ба таври мисол метавон ба лоиҳаҳо барои дастгирии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; лоиҳаҳо барои эҷод намудани имкониятҳои худтаъминнамоии аҳолӣ; лоиҳаҳо барои инкишофи сектори кишоварзӣ ва пеш аз ҳама барои амалӣ гардонидани стратегияи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ ишора кард.
Ҳукумати Шветсия дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дар коркард ва молиявикунонии микролоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ, инчунин дар ташкил додани сохторҳои ҷамъиятии демократӣ фаъолони иштирок менамояд.
Пояи қарордодиву ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Шветсия дар ҳоли густариш қарор дорад ва айни ҳол 2 санад -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шветсия барои дасгири намудани инкишофи соҳаи тухмипарварӣ аз 6 октябри 2004 ш. Душанбе ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шветсия дар бораи шарт ва ҳолатҳои умумии ҳамкорӣ баҳри рушд аз 12 феврали 2005 ро ташкил медиҳад.
Дар фарҷоми мулоқот Саидмурод Фаттоҳзода Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестадро ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи пурмасъулият табрику таҳният гуфта, изҳори умед кард, ки ӯ ҳангоми фаъолияташ дар Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мегузорад.