Баромади раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 Ноябр 2022, Панҷшанбе

Пеш аз ҳама бо арзи эҳтиром ва ифтихормандӣ ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осоишта ва дар кишварди азизамон сулҳу суботи ҳамешагиро орзу мекунам.
Якчанд рӯз пеш, аниқтараш 16 ноябри соли ҷорӣ мо шоҳиди он будем, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат санаи муҳим дар таърихи давлатдории миллӣ – 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳи шаҳомати хос таҷлил гардид.
Бо ҳисси ифтихормандӣ ёдовар шудан бамаврид аст, ки маҳз дар раванди баргузории иҷлосияи мазкур, 24 ноябри соли 1992 таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар иқдомҳои иҷлосия масъаларо «Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ намуд.
Дар иҷлосия доир ба моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ академик Муҳаммад Осимӣ гузориш дод. Сипас, аз ҷониби вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун рамзҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Воқеан, нақши вакилони иҷлосияро дар баррасии ин масъалаи муҳим ва қабули қарорҳои дахлдор дар самтро махсус қайд намудан зарур аст.
Ҳамин тавр, рӯзи 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ - Парчами давлатӣ гардид, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» омадааст, ки эҳтироми Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ таҷассумгари  асосҳои давлат ва нишони давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланди давлатдорӣ аст. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз то милод таъкид ва собит намудаанд, дар замони Куруши кабир халқи тоҷик, ки соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар  гашта буд, аввалин шуда, дирафш - парчамро ба миён овард, ки имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам тасаввур наметавон кард.
Аз аҳди бостон парчам ифодагари мавқеи сарлашкар ва нерӯбахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ дониста мешуд. Забти парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Парчами лашкар таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд, ки ин анъана то ба имрӯз боқист.
Дар асри V то милод ба вожаи сермаънову тоҷикиасли дирафш куҳантарин муродиф парчам буд. Дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ буда, аз вожаҳои байрақ, алам, ливо ва роят бо ин бартарӣ доранд.
Бояд гуфт, ки рамзи Дирафши Ковиёнӣ дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми июли соли 2006, № 192 мавриди истифода қарор дорад.
Баробари ба истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи масоили дигар, зарурати таҳияву таъини рамзҳои давлатӣ пеш омад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиб ва ҷойи афрохтани Парчами давлатӣ муайян шудааст. Қонуни мазкур 12 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ин қонун аз ду боб иборат аст ва боби дуюми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳҳои расмӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти прокуратура, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон насб карда мешавад.
Парчами давлатӣ рамзи Истиқолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Акси ҳафт ситора дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт табақаи осмон, ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст.
Соли 2009 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва он бо тартиби ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист.
Дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Дар ҳама ҳамоишҳои расмӣ, пирӯзиҳои варзишгарон зери садои Суруди Миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта мешавад. Дар ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинои идораву созмон, ташкилотҳои гуногуни мамлакатро оро медиҳад ва меҳру муҳаббати халқро ба ин муқаддасот ифода мекунад.
Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки гувоҳи истиқлол, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ватандории мост.
Эҳтиром ба Парчам аз ибтидо сар карда, ҳамвора дар қалбҳои мардуми сарбаланди мо маскан гирифтааст. Ҳамин буд, ки дар адабиёти навини мо аксари адибони тоҷик чун ифодаи эътимоду эътиқод ба Парчам шеърҳо ва маҷмӯаҳои эҷодии хешро зери унвонҳои «Ливои зафар», «Байрақи музаффарият», «Парчами сулҳ» ва амсоли инҳо ба табъ мерасониданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуму моҳияти хосаро дар худ таҷассум менамояд. Он, аз як тараф, идомаи  мантиқии нахустин Парчам дар таърихи инсоният бошад, аз ҷониби дигар, ифодагари соҳибистиқлолии комили давлат ва таҷассумгари ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст.
Дар матни Суруди миллӣ низ ин нукта равшану возеҳ баён гардидааст:
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери Парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Боиси ифтихори мо аст, ки ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтарин парчам афрохта шуд, ки ба шаҳри азизамон Душанбе ҳусну зебоии нав бахшид. Ҳоло ин майдон бо гулгаштҳои ҷолиб ба макони сайругашт, истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст.
Зимни суханронӣ ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ин мавзеи ободу дилрабо Майдони «Парчами давлатӣ» номида шавад.
Кишвари азизи мо дар арафаи ҷашнгирии Иди фархундаву муборак - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Баҳри таҷлили бошукӯҳи ин иди воқеан умумимиллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат омодагии ҳамаҷонибаю тадбирҳои муносиб андешида шуда истодаанд.
Дар ин рӯзи хурраму фархунда беихтиёр чунин суханони фаромӯшнашуданӣ ва дуои неки Сарвари  давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меоянд, ки чунин иброз намуда буданд: «Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели  пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст,  бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!».
 

Илова кунед