Баромади муовини Раиси Кумита оид ба масъалаҳои занон, оила ва тандурустии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ашурзода Гулбаҳор дар “Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

24 Ноябр 2022, Панҷшанбе

Ҳамасола бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад, ки бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику муракбод гуфта, ба Шумо сиҳатмандӣ ва барору комёбӣ орзумандам.
Ҷашни рӯзи парчами давлатии имсола ба ҷашнвораи яке аз санаҳои таърихии дигар, яъне 30-солагии  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш мову Шумо бо иштироки Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихиро истиқбол намуда будем, рост омад.
Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам тасавур кардан ғайриимкон аст.
Чунончӣ, Парчам яке аз нишонаҳои пурифтихору ҳувиятсози миллат мебошад, ки тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст. Чуноне ки шоир мефармояд:
 
Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
 
Зеро аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси  як нишона ва аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хизмат кардааст.
Дар парчамҳои миллату халқиятҳои гуногун низ пеш аз ҳама, фарҳанг, иқтисодиёт, ҷуғрофия, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва халқ инъикос ёфтаанд.
Аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.
Чунончӣ дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Воқеан Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳбдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ мебошад.
Зеро Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз мо бояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин намоем, то ки меҳру муҳаббат ва ҳисси миллии онҳо зиёдтар гардад.
Ҳамин рисолати тахрихи буд, ки гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. 
Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ барои мо як пораи матои одӣ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст. Яъне ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш дар баробари дигар муқаддасоти милливу давлатӣ дар назди парчам аз сарбози одӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.
Мояи ифтихору сарфарозист, ки Парчами миллии тоҷикон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар партавфишонӣ мекунад. Маҳз чунин иқдомҳо зимни сафарҳои хизматии Президенти кишвар ва мулоқотҳо бо сарони кишварҳо, инчунин ғолибияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо дар баробари садо додани Суруди миллӣ парчами кишварамон низ афрохта мешавад.
Инчунин Парчами миллӣ имрӯз дар офаридаҳои ҳунармандон низ тасвир меёбад. Аз ҷумла, кулолгарон, бофандагон, кашидадӯзон ва онҳое, ки ба санъати ороиши миллӣ сару кор доранд, дар офаридаҳояшон ин рамзи миллиро тасвир мекунанд. Зеро меҳмонон ва саёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, рамзи ин сарзамини пурганҷро бо худ армуғон мебаранд.
Хуллас, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллатро аз оғози таърих то ба имрӯз дорад. Эҳтироми парчам -арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, эҳтироми парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад.
Ҳамин аст, ки ҳунармандони машҳури кишварамон меҳру муҳаббати худро нисбат ба парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва таронаҳои худ таҷассум мекунанд.
Аз ин рӯ дар фарҷом мехостам бо чанд мисрае аз эҷодиёти шоири халқи тоҷик Ҳақназар Ғоиб баромади хешро иктифо бахшам:
 
Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Илова кунед