Маҳмадалӣ Ватанзода бо гузоришгари вижаи СММ оиди ба вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон мулоқот намуд.
08 Декабр 2022, ПанҷшанбеИмрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Мери Лолор- гузоришгари вижаи СММ оиди ба вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон, Брайан Дулей- мушовири гузоришгари вижа, Орсолиа Тот- мушовири ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оиди ба ҳуқуқи инсон, Софи Хелле-мушовири ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оиди ба ҳуқуқи инсон ва Сухроб Шоев, мушовири миллии ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оиди ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд.
Маҳмадалӣ Ватанзода зимни мулоқот иброз намуд, ки парлумони касбии мамлакат зиёда аз сад санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро қабул кардааст, ки барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзандаро иҷро мекунанд. Барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ва ҳукуматӣ баҳри ҳимояи ҳифзу ҳуқуқҳои инсон қабул карда шуд, ки ба стандартҳои баӣналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгу мебошанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нодиртарин кишварҳое ҳаст, ки қариб ба ҳамаи санадҳои универсиалӣ оид ба ҳуқуқи инсон имзо гузоштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ин самт пайгирона ғамхорӣ менамоянд.
Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламенти касбии мамлакат, дар сатҳҳои гуногун ҳамеша ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои инсонро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобанд.
Дар мулоқот хамчунин таъкид гардид, ки Созмони мазкур ҳамчун мақоми асосии СММ оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳар як инсон бо давлатҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ ва кӯмак мерасонад. Ҳамчун як форум барои табодули афкор, таҳлил ва вокуниш ба масъалаҳои муосири ҳуқуқи инсон хизмат мекунад. Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фаъолияти таълимӣ ва иттилоотиро ҳамоҳанг месозад. Бо доираи васеи шарикон барои зиёд кардани дастгирии ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи декабри соли 1993 тавассути Қатъномаи 48/141 Дафтари Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсонро таъсис дод, ки дар он ваколатҳои он низ тафсилот шудааст.
Имрӯз Созмони мазкур 19 намояндагиҳои худро дар тамоми дунё аз ҷумла Буркина-Фасо, Камбоҷа, Чад, Колумбия, Гватемала, Гвинея, Гондурас, Либерия, Мавритания, Мексика, Нигер, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Сурияи Араб (Бейрут), Судон , Тунис, Уганда ва Яман дорад.
