Муносибатҳои парлумонии Тоҷикистону Чин густариш меёбанд
09 Декабр 2022, ҶумъаИмрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Раиси гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин Рустам Латифзода бо Сафири мухтор ва фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин мулоқот намуд
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла ҳамкориҳо дар самти парлумонӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳими робитаҳои байнипарлумонӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба он табодули афкори судманд намуданд.
Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемаӣлон густариш меёбанд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон