Ба якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд

29 Декабр 2022, Панҷшанбе

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба якчанд қонунҳои кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Иҷлосияи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид
Дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Дӯстмуродзода Сурайё ва Ашурзода Гулбаҳор муаррифӣ намуданд.






Илова кунед