Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паём
04 Январ 2023, ЧоршанбеДар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода доир ба самтҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар ин мулоқот муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, донишҷӯён ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Ғайрат Азиззода зимни маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, шарҳу тавзеҳ дод.
Таъкид гардид, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар бештар ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷавонон нигаронида шуда, он чун дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин доир ба беҳтар хизматрасонии соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ободии роҳҳо, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила, инчунин зери назорат гирифтани муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар буда, ҷалби занону бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот фикру андешаҳо иброз ва таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабр вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз гардида, он тайи 10 рӯз, яъне аз 30 декабр то 8 январи соли 2023 идома меёбад.

