Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун раҳнамое арзёбӣ мешаванд

04 Январ 2023, Чоршанбе

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода ва Гавҳар Шарофзода дар доираи нақша чорабиниҳои ин мақоми олии қонунбарор оид ба шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба ноҳияи Панҷ сафар намуданд.
Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон дар маркази ноҳия  бо кормандони мақомоти ноҳия, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону занон, ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолони хоҷагии халқи ноҳия доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ вакилонро Раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа ҳамроҳӣ намуд.
Вакилони мардумӣ нуқтаҳои Паёмро ба иштирокчиёни ин вохӯрӣ расонида, изҳор доштанд, ки Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун раҳнамое арзёбӣ мешаванд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду равнақи тамоми соҳаҳои кишвар алоқаманд мебошанд.
Нуктаи меҳварии паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.
Мулоқоти вакилони мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 8 январи соли ҷорӣ идома меёбад.

Илова кунед