Паёми Пешвои миллат роҳнамои мост

06 Январ 2023, Ҷумъа

Ҷиҳати баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вакилони мардумӣ ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо аҳли ҷамоатчигӣ ва намояндагони касбу кори гуногуни шаҳр идома дорад.
Дар ҷараёни вохуриҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, Маҳмудзода Музаффар ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Пахтаобод ва «10-солагии Истиқлолият» нуқтаҳои муҳими Паёми пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо бо сокинони шаҳри Турсунзода вакилони мардумӣ Холмаҳмадзода Солеҳа ва Маҳмудзода Музаффар бо кормандони соҳаи илму маориф суҳбат оростанд.
Зимни шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат қайд карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба мактабу маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. 

Ҳамчунин бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ва Маҳмудзода Музаффар бо аҳолии Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Турсун Туйчиев, Регар ва Работ вохӯрӣ доир намуданд. Вохӯриро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ифтитоҳ намуда, баъдан вакилони мардумӣ нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Сарвари давлат дар Паёми хеш иброз доштанд, ки сарфи назар аз таҳавуллоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣамалӣ намудани стратегиявубарномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳамасола 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард расид ва ҳар сари аҳолӣ 1.5 фоиз афзоиш ёфт.
Пешвои миллат бо эътимод ба халқи заҳматпешаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.
Мо бояд ватанадўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромуш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон Холмаҳмадзода Солеҳа ҳамчунин мулоқоти худро бо роҳбарият ва корманди ҶСК Ширкати Алюминийи Тоҷик низ доир намуд.
Холмаҳмадзода Солеҳа ва Маҳмудзода Музаффар ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Ҳабибуллозода Нурулло вобаста ба масъалаҳои муҳими дар Паём зикрёфта фикру андешаронӣ намуд.
Иҷрокунандаи директори генералии ҶСК Ширкати Алюминийи Тоҷик Шӯҳрат Шарипов меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар самти амалисозии Паёми навбатии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.
Бояд гуфт, санаи 23-декабри соли 2022 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Дар баромади ифтитоҳии худ роҳбари давлат нисбати деҳқонону кишоварзон, саҳмгузории соҳибкорон вобаста ба бунёди иншоотҳои гуногун инчунин барои иҷрои дигар корҳои ободонии сокинони мамлакат изҳори сипос намуданд.
Вакили мардумӣ Холмаҳмадзода Солеҳа иброз намуд, ки ман ҳамчун вакил шод аз он ҳастам, ки зимни ироаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба рушду тараққии минбаъдаи кишвар як қатор таклифҳои мушахасу саривақтӣ пешниҳод шуд, ки он қобили дастгирии тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Сарвари давлат зимни Паёми худ таъкид доштанд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идома дошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Дар поёни кори маҷлис миёни меҳмонон ва аҳли толор вобаста ба нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат мубодилаи афкор сурат гирифт.
Силсилаи вохӯрии вакилони мардуми бо аҳолии шаҳри Турсунзода ва дигар ҷомеаҳои меҳнатӣ идома дорад.

Илова кунед