Кӯшониён: Паёми Пешвои миллат- санади ояндасоз ва рушди босуботи кишвар

06 Январ 2023, Ҷумъа

Имрӯз,  дар идомаи вохуриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён№27 Шодиён Муҳаммад Султонзода, дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳия Қаҳҳорзода Нурмаҳмад ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳакимзода Миҷгона бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия мулоқот намуданд.
Шодиён Муҳаммад, дар баромади худ вобаста ба нуқтаҳои асосии Паём суханронда, қайд намуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё  моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.
Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.
Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шудасст.        
Шодиён Муҳаммад, ҷиҳати расидан ба ин дастоварҳои бузурги соҳаи кишоварзӣ дар соли сипаригардида, миннатдории Пешвои муаззами миллатро ба меҳнаткашони ноҳия ва ҷамоати мазкур расониданд.
Ҳамзамон, ҳангоми вохӯри таъкид гардид, ки барои боз ҳам ба дастовардҳои бузург ноил гардидан, бояд дар соли равон меҳнати софдилона намуда, барои рушди босуботи кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Дар фарҷоми мулоқот саволу пешниҳодҳо ба вакил дода шуданд, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шуда, таклифу пешниҳодҳо ба инобат гирифта шуданд.

Илова кунед