«Иқтисоди сабз» кафили рушди иқтисодию иҷтимоист

10 Январ 2023, Сешанбе

Ҳамовозӣ ба Паём
Чанде пеш аҳолии ҷаҳон ба 8 миллиард нафар расид. Афзоиши аҳолӣ боиси зиёд шудани истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бештар истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мегардад.
Ин дар навбати худ ҳаҷми партовҳоро зиёд ва сифати ҳаётро паст мекунад. Бо мақсади хотима бахшидан ба раванди мазкур Созмони Милали Муттаҳид солҳои ҳаштодуми асри ХХ «Консепсияи рушди устувор – зиндагӣ бидуни зарар расонидан ба наслҳои оянда»-ро тартиб дод. Дар асоси он модели «Иқтисоди сабз» тавлид ёфт, ки бояд оянда ҷойгузини модели то ин дам амалкунанда гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавзуи рӯзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Чунончи, 23 декабри соли 2022 Пешвои миллат дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад».
Мувофиқи ҳисоботи «Bloomberg NEF» барои то соли 2050 ноил шудан ба сатҳи сифрии партоби карбон давоми солҳои 2026-2030 барои бунёди неругоҳҳои офтобию шамолӣ ҳамасола дар ҷаҳон 1,5 триллион доллар  маблағгузорӣ бояд кард.
Соли 2021 ҳаҷми ба истифода додани иншооти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон 227 гигаватро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020- ум 4,7 фоиз зиёдтар аст. Сармоягузорӣ дар ин самт ба 755 миллиард доллар расид.
Маблағи дар ин ҷода сарфнамудаи шаҳрвандони алоҳида дар тамоми мамолики дунё 40 миллиард долларро ташкил дод. Тибқи пешгӯии нашрияи маъруфи «The Economist» пас аз 10 сол дар сайёра ягон ширкати бузург нахоҳад монд, ки эҳтимолияти  хатари тағйирёбии иқлимро ба назар нагирад. Аз ин рӯ, мавзуи «иқтисоди сабз» дар мадди аввал хоҳад буд.
Пешвои миллат ин ҷанбаи муҳимро ба эътибор гирифта, дар Паёмашон таъкид намуданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз», бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.
Мувофиқи маълумоти Фонди ҷаҳонии табиати ёбоӣ (WWF) иқтисоди ҷаҳонӣ ҳар рӯз аз ифлосшавии ҳаво бо сабаби истифодаи сӯзишворӣ 8 миллиард доллар зарар мебинад. Бо мақсади кам кардани ихроҷи газҳои парникии нақлиёт дар бисёр кишварҳо рӯ ба нақлиёти барқӣ оварда истодаанд. Аммо неруи барқ дар аксари ин мамлакатҳо дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол мешавад, ки он ҳам ба сӯзишворӣ ниёз дорад. Дар кишвари мо бошад 98 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.
Президенти мамлакат дар Паёмашон ба масъалаи мазкур дахл намуда, чунин иброз намуданд: «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», кишвари мо дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд. Аз рӯи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нефтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд».
Сармоягузорӣ ба «иқтисоди сабз» дар баробари овардани манфиатҳои иқтисодӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани саломатии одамон гашта, дар маҷмуъ ба ҳалли бисёр  мушкилиҳои иҷтимоӣ низ мусоидат мекунад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон як долларе, ки барои барқароршавии ҷангал сарф мешавад, оянда 30 доллар манфиати иқтисодӣ меорад. Як миллион долларе, ки барои тавлиди «энергияи сабз» сарф мешавад, боиси таъсиси 16,7 ҷойи нави корӣ мегардад. Ин рақам дар неругоҳҳои бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда 5,3 ҷойи кориро ташкил медиҳад.
Соли 2017 ба соҳаи «Энергияи сабз» дар ҷаҳон 280 миллиард доллар ва ба энергияи бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда 103 миллиард доллар саромоягузорӣ шуда буд. Солҳои  минбаъда низ ин нишондиҳанда ба манфиати энергияи «сабз» буда, дар ҳоли афзоиш аст.
Сардори давлат бо дарки зарурати гузаштан ба «иқтисоди сабз» дар хусуси дурнамои рушди энергетикаи  водородӣ (гидрогенӣ) пешниҳоди ҷолиб намуданд: «Бо дарназардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Академияи миллии илмҳо бо таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне неруи гидрогениро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд».
Хулоса, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони кишвар мегардад.
 
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ,
раиси Комиссияи экологии Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Илова кунед