Таҷдиди неругоҳҳо боиси тавлиди бештари нерӯи барқ мегардад

18 Январ 2023, Чоршанбе

Ҳамовозӣ ба Паём
Башарият аз замони пайдоиш ба энергия эҳтиёҷ дорад. Дар давраи ибтидоӣ ин талабот асосан тавассути ҳезум қонеъ мешуд. Пас аз инқилоби саноатӣ ва ихтирои мошинҳои буғӣ ангиштсанг ба ашёи энергетикии  рақами як табдил ёфт.
Ихтирои муҳаррики дарунсӯз боиси истифодаи оммавии нафту газ гардид. Баъдан гидроэнергетика ва энергияи атом низ дар бозори энергияи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ба соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи афзалиятноки  иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла зикр намуданд: «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз  рӯи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли  «энергияи сабз», кишвари мо дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд».
Ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ мешавем, ки дар як қатор кишварҳои минтақаю ҷаҳон бо сабаби сардиҳои ғайричашмдошт интиқоли неруи барқ тибқи лимит дода мешавад. Боиси шукргузорист, ки вазъи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дар кишвари мо  сол то сол беҳтар мегардад. Зеро ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад.
Ҳамагон шоҳидем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо ибтикори Ҳукумати  мамлакат неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ду агрегати НБО «Роғун» ва Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуда, неругоҳҳои барқи обии мавҷуда таҷдид гардиданд. Дар натиҷа иқтидори онҳо афзуда, лимити барқ дар кишвар бардошта шуд. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёмашон чунин шарҳ доданд: «Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои  соҳибистиқлолӣ ба анҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла, имсол таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди неругоҳҳои барқи  обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи  умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин сохтмони Неругоҳи  барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион  сомонӣ бомаром идома дорад».
Таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои мавҷуда аз як тараф боиси чандин соли дигар хизмат расонидани онҳо гашта, аз тарафи дигар тавоноии неругоҳҳоро бештар мегардонад. Масалан, дар натиҷаи таҷдиди НБО «Норак» иқтидори  кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад. Ин дар муқоиса бо иқтидори НБО «Сангтӯда-1» (670 МВт) беш аз 100 МВт зиёдтар мебошад. Яъне, бо харҷи нисбатан кам ва дар муддати хеле кутоҳ  баробари иқтидори як неругоҳи миёна истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат зиёд мешавад.
Ин мавзӯро Сардори давлат дар Паёмашон чунин тавзеҳ доданд: «Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолияти агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак»  пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба Неругоҳи барқи обии «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори  кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд. Бо ин мақсад дар соли 2022- юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд».
Президенти мамлакат инчунин дар хусуси  маданияти истифодаи неруи барқ, яъне сарфаю сариштакорӣ таъкид намудаанд. Зеро ба гуфтаи коршиносон тайи 15 соли охир истифодаи энергия дар ҷаҳон 2 маротиба афзуда, рӯ ба  зиёдшавӣ дорад.
Мувофиқи пешгӯйии муҳаққиқон то соли 2050  истифодаи захираҳои энергетикӣ 56 дарсад меафзояд. Таваҷҷуҳ алалхусус ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, шамол, об, сӯзишвориҳои биологӣ) зиёд мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон инчунин дар бораи дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне неруи гидрогенӣ ёдовар шуданд. Гидроген яке аз сӯзишвориҳои ояндадор ба шумор рафта,  бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла электролиз гирифта мешавад. Дар Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Япония ва иёлоти Калифорнияи ИМА тасмим  гирифтаанд, ки то соли 2030- юм 4,6 миллион адад автомобили бо гидроген ҳаракаткунанда истеҳсол намоянд.
Яъне, дар баробари нақлиёти барқӣ оянда таваҷҷуҳ ба нақлиёти бо гидроген ҳаракаткунанда низ дар ҷаҳон меафзояд.
 
Бахтиёр АҲМАДЗОДА,
муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон
оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.
 

Илова кунед