Мулоқоти Зоир Раҳмонзода бо Сафири Фаластин
02 Феврал 2023, ПанҷшанбеИмрӯз Роҳбари гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин, вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Фаластин ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Давлати Фаластин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дустии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
Зоир Раҳмонзода дипломати Фаластиниро ба парлумони касбии мамлакат хаӣра мақдам намуда, роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат ахбороти муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи октябри соли 2020 бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.
«- Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Давлати Фаластин ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад»-афзуд Раҳмон Зоирзода.
Гурӯњи дӯстӣ ва њамкории Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин амал мекунад.
Аз ин рӯ, мо омодагии худро бањри тањкими минбаъдаи њамкорӣ ва рушди робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид менамоем.
Мо, итминони комил дорем, ки вохӯрии имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки дар густариши ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманди соњаи номбаршудаи байни давлатњо фаъолона ширкат варзида, ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоямон сањми арзандаи хешро мегузорем.
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Ғайрат Азиззода, Ғиёсиддин Ашурзода, Ҷавҳарӣ Муъҷибахон иштирок намуданд.