Аввалин иқдомоти Пешвои миллат, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд.

22 Феврал 2023, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, дар парлумони касбии мамлакат ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши  тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагон зимни баромади хеш иброз намуд, ки натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан мебошад, ки имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993 бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи  Олии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо ноорому мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кардааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тӯли солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд ва ҳоло ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.
Шоистаи зикр аст, ки баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдомоти Пешвои миллат, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд.
Ҳамаи Шумоён хуб медонед, яке аз нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд, ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон буд.
Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату ҳукумат маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ дорад.
Дар ин давра афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон тақдирсоз бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд.
Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.
Итминони комил дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба савганди худ содиқ монда, минбаъд низ бо сарварию роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолат ва ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳомиёни воқеии кишвар саломативу хонаободӣ, дар ҳифзи осудагиву оромии Ватан – модар барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям, гуфт дар фарҷом Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ҳамоиши тантанавӣ ҳамчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзали Идизода, вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффорзода, Гулбаҳор Ашурзода ва мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Моҳираи Гулмурод баромад намуданд.





Илова кунед