Саидмурод Фаттоҳзода бо Лилиан Дарий мулоқот намуд

10 Март 2023, Ҷумъа

Имрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лилиан Дарий мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова 26 январи соли 1993 барқарор гардиданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд.
Аз вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва кори гуруҳҳои дӯстии парлумонӣ изҳори қаноат карда, ҷоннок намудани фаъолияти гуруҳҳои дӯстиро зарур шумурданд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид шуд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдоваро зиёда аз 15 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, иттилоот ва ғайра ташкил медиҳанд.
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки соли 2004 таъсис ёфтааст, дар рушд ва тақвияти муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба нақши муҳим дорад.

Илова кунед