Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Умут Аҷар

17 Март 2023, Ҷумъа

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид карда  шуд, ки Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд.
То ба имрӯз зиёда аз 80 санади дуҷонибаи  ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст ба имзо расидааст. Дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи ҳудуди 30 санади дигар қарор дорад.
Механизми муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвари мо Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки нишасти нахустини он моҳи сентябри соли 2000 барпо шуда буд ва то имрӯз ёздаҳ ҷаласаи он баргузор гардидааст. Иҷлосияи навбатии он дар давоми соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.
Айни замон бештар аз 134 ширкати сармоягузории Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолити босамар доранд.
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия босамар фаъолият дорад.
Аз 12 то 15 октябри соли 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия доир гардид. Дар доираи ин сафар 13 октябри соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти воломақоми ин кишвар дидору гуфтугу дошт.
Дар натиҷаи сафари мазкур Протокол оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Бузурги Милли Туркия ба имзо расонида шуд.

Илова кунед