Мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид

17 Март 2023, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, дар китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлати дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Намояндаи ЮНИСЕФ ва дигар муассисаҳои давлатӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ бо сухани ифтитоҳи ҳамоишро ҳусни оғоз бахшид.
 Сипас, дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баромад намуда, иброз намуд, ки дар сиёсати давлатдорӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди соҳаи маориф ҷойгоҳи хосса дорад.
Барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми ҳар як фарди ҷомеа хеле муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон фармудаанд:“Барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо-калонсолон вобаста мебошад”.
Ин ҳидоятҳои Сарвари давлат моро ба он роҳнамоӣ мекунанд, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай муҳити пурмуҳаббат ва мусоидро фароҳам овардан муҳим аст, то ки кӯдакони дороиимконияташон маҳдуд низ бо эҳсоси ғамхориву муҳаббат дар фазои орому озод зиндагӣ намуда, рушд ёбанд. Ин кӯдакон низ дар бунёди ҷомеаи ояндаи умедбахш саҳми бозасо хоҳанд гузошт.
Аз суханрониҳо, баҳсу муҳокимаҳо хулоса намудем, ки барои расидан ба ин мақсадҳо муҳим аст, ки тамоми ҷанбаҳои ҷомеа, нахуст мову Шумо,  оила, кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки бо кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд сару кор дорем, даст ба дасти ҳамдигар ниҳода, якдилона дар ҷорӣ ва амалӣ намудани таҳсили фарогир барои ҳамаи шаҳрвандони кишварамон  саъю талош намоем.
Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини Намояндаи Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон - Эри Двиведӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Маликзод Парвина,  Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Аслиддинзода Шарофиддин, мутахассиси дахолати бармаҳали кӯдаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаева Азиза, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии Ташаббуси волидони кӯдакони дорои аутизм «Ирода» -Насриддинова Лола,  Директори Муассисаи давлатии маҷмааи таълимию тарбиявии корӣ иҷтимоӣ ва иноватсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Абдураҳмонзода Зуҳро,  мушовири миллии Хазинаи Кӯдакони СММ Заррина Қурбонбекова бо ахбороти муфассал баромад намуданд.  




Илова кунед