Тоҷикистон ватани наврӯз аст

17 Март 2023, Ҷумъа

Наврӯз барои мардуми мо дар қатори дигар иду ҷашнҳои миллиамон ба монанди ТИРГОН, МЕҲРГОН ва САДА аз куҳантарин, барҷастатарин ва муқаддастарин расму оинҳо ба ҳисоб рафта ҷашнест, ки зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад. Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзуҳо ва бахту саодат буда, ба хонадони ҳар кадоми мо чун пайки шодиву нишот ва эҳёи табиат қадам ниҳода, кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад.
Пажуҳишгарон бар он назаранд, ки Наврӯз умри беш аз шашҳазорсола дошта натанҳо барои мардуми мо балки куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Агар чунин аст, ҷои баҳсу тардид нахоҳад монд, ки миллати тоҷик низ таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсола дорад. Ин дарозои таърих барои наврӯз ва миллати ҳамтақдираш озмуданҳои ҷиддие дар роҳ дошт. Тоҷикон, ки бо Наврӯз аз хоки ҳамдигар ва муштоқи якдигар буданд умре души ба душ бо пуштибонӣ аз ҳамдигар роҳпаймоӣ карда, ба ин рӯзгорӣ муборак расиданд.
Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишони ҷовидонаи халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи марзу бум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст”.
Ҷашни Наврӯз барои ниёгони некандеши мо ба ҳайси иди сари сол, рӯзи оғози ҳастӣ, бедории табиат, гарм шудани нурҳои офтоби оламтоб, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот,  ваҳдати инсону табиат ва замину осмон муқаддас нигоҳ дошта мешуд. Аксар маъхазҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ оғози таҷлили Наврӯзро ба рӯзи нишастани шоҳ Ҷамшед ба тахт  нисбат додаанд. Устод Абулқосим Фирдавсӣ навиштааст:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он Хусравон ёдгор.
Албатта ин ҳангом саволе ба миён меояд, ки оё то бадон рӯзгор Наврӯз таҷлил намешуд? Абурайҳони Берунӣ дар  «Ат-тафҳим» оварда, ки «Чун Ҷамшед ба подшоҳи расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд»
Чун мазмуну моҳияти Наврӯз покиву озодагӣ аст домони таҷлили он сол аз сол паҳн мегашт ва ҳатто мардумони мазҳабу миллатҳои гуногун онро нек  пазируфтанд. Ҳазорсолаҳо қабл, Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон, балки дар Озарбойҷону Ироқу Ҳиндустон, Туркияву Чину Миср ва  қисмате аз Аврупо таҷлил гашта, нақши худро дар болобурди таъриху фарҳанги башарият гузоштааст. Наврӯз рамзи барҷастаи халқи мо дар фарҳанги башарӣ буда, оид ба моҳият ва аҳмияти он бузургони илму адаб чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Хайём, Абурайҳони Беруниву , Аттору Бедил ва садҳои дигар асарҳои пурқимату ҷолиб офаридаанд.
Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст: «Сабаби Наврӯз ном ниҳодан он бувад, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар 365 рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал рост ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «НАВРӮЗ» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва мардумон бад-ӯ пайрави намуданд. Ҳар кӣ рӯзи наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр бар шодӣ ва хуррамӣ гузорад».
Дар аҳди бостон иди Наврӯз на камтар аз 4 рӯз ҷашн гирифта мешуд ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо як мароми хоса ва дар фазои дӯстиву якдилӣ баргузор  мегаштанд.         Дар рӯзҳои таҷлили ин ид ҳама гуна хӯрокиҳо аз гулу гиёҳҳои баҳорӣ тайёр мешуданд. Дастархони идона бо як маҳорати хос, бо як фарҳанги баланди дастархондорӣ оро дода мешуд. Хоса, нуқлу неъматҳое, ки оғози калимаҳои он бо ҳарфҳои “Шин” ва “Син” сар мешуданд, ба мисли: шаҳд, шир, шакар, шароб, шамъ, шоя, шамшод,  ё ин ки себ, сипанд, сир, сирко, санҷид, сабзӣ, суманак рӯи хони наврӯзро оро медоданд, аз дастархондорӣ ва табъу завқи баланди ниёгони мо дарак медиҳанд.
Тоза намудани  хонаву дар, аёдати беморон ва пирону ятимон, ривоҷи корҳои ободонию кабудизоркунӣ, аз ҷумла шинонидани гулу дарахтони мевадеҳу сояафкан аз рукнҳои муҳими ин ид ҳисоб меёбад, ки  дар ин рӯзгори босаодати мо оммавӣ гаштаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар  ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми  Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Маҳз бо заҳмату талошу иқдомҳои ин фарзанди фарзонаву ҷонфидои миллат  23- феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони миллали Муттаҳид таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳон” ба Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ расман мақоми байналмилалӣ дода шуд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ  ҷашни Наврӯз ба иди ҳақиқии созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст.      Дар арафаи ин иди бедории миллӣ- Наврӯзи бостонӣ модарони азизи мо суманак мемонанд, дар рӯзи ид суманакпазиҳои бонувон, гулгардонии кӯдакон, ҷуфтронии деҳқонон, рақсу бозии гулдухтарон дар гирди оташи фурӯзон, байтбараку сурудхониҳои мутрибон  касро ба дуриҳои дур бурда, ба рӯҳу ҷон  ҳаловат мебахшад. Эҳсос мешавад, ки воқеан ҳам Тоҷикистон ватани наврӯз аст.
        
         Шодиён Муҳаммад
Вакили Маҷлиси намояндагон

Илова кунед