Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз. Аҳли ақлу илмро дорад азиз
18 Март 2023, ШанбеДар пайравӣ ва дастгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кули сокинону кормандони саховатпеша, корхонаю ташкилотҳои кишвар дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз иқдомҳои хайрхоҳона анҷом дода истодаанд.
Бо дархости вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва дастгирии раёсати Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи техникӣ ба ҳавзаи интихоботии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, №35 ба як қатор муассисаҳои таҳсилот ва бунгоҳҳои тиббӣ ҳамчун кӯмаки моддӣ 10 адад компютерҳои замонавӣ ва ду адад принтер тақдим карда шуд.
Ин иқдоми ҷавонмардонаи вакили Маҷлиси намояндагон ва ректорони Донишгоҳҳои миллӣ ва техникӣ, дар роҳи мусоидат ба таъмини шароитҳои зарурӣ барои кормандони соҳаи маорифу тиб ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагону мутахассисон аз таъкиду ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат маншаъ гирифта, дар роҳи дастгирии аҳолии маҳалли деҳот чораи хеле саривақтӣ арзёбӣ карда мешавад.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон