Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шуд

29 Март 2023, Чоршанбе

    Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. 
   Дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
  Дар иҷлосия таъкид карда шуд, ки  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.     
  Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои банди 23 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз 10 майи соли 2019 баён доштанд, таҳия гардидааст. Мақсад ва мароми лоиҳа аз мукаммал намудани қонунгузории амалкунанда доир ба таъйин ва пардохти маблағи суғуртаи иҷтимоӣ барои кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ ва пурзўр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббию профилактикӣ иборат мебошад.    
    Баромадкунандагон ҳамчунин иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 23 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз 10 майи соли 2019 баён намуда буданд, ҷиҳати пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

     Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, вакилони Маҷлиси намояндагон Усмонзода Мансур ва Зиёӣ Баҳриддин муаррифӣ намуданд.

Илова кунед