Мизи мудаввар дар мавзӯи «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» баргузор гардид

31 Март 2023, Ҷумъа

     Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитахои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалахои иҷтимоӣ, оила ва хифзи саломатӣ, масъалахои аграрӣ, захирахои об ва замин, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати тандур устӣ ва хифзи иҷтимоии ахолии Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияхои нави Ҷумхурии Тоҷикистон, Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Кумитаи озуқавории назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дар бораи таъмини ахолӣ бо махсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» баргузор гардид.
    Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалахои иҷтимоӣ, оила ва хифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода  бо сухани ифтитоҳи ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки кафолат ва вазъи иқтисодии давлат, аз истехсолоти дохилию бехатарии озуқаворӣ  вобастагии калон дошта ба хаёти солиму фаъол ва рушди демографии ахолӣ мусоидат менамояд.
      Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷахонии Тандурустӣ омили аввалиндараҷа , ки ба саломатӣ ва некуахволии ахолӣ таъсир мерасонад, ғизо мебошад. Холо вайроншавии мубодилаи ғизо, аз ҷумла норасоии ғизо, нокифоягии микронутриентхо, вазни барзиёди бадан ва фарбехӣ, инчунин беморихои ғайрисироятии (беморихои дил, диабети қанд, бемории саратон)  бо ғизои носолими асоснокшуда боиси талафоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ барои ахолии давлатхои алохида  гардидааст.
    Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паеми навбати ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки вазъи хасоси ҷахонии имруза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқавори дучор гардидани чоряки кишвархои дунё моро водор месозад, ки ҷихати таъмин намудани хадафи стратегиамон - ҳифзи амнияти озукаворӣ, тадбирхои иловаги андешем.
     Қонунгузории кишварамон заминаи устувореро ҷихати ноил гардидан ба ин хадафи стратеги, яъне  таъмини амнияти озуқавори мамлакат, тамоми имкониятро  фаро оварда , мақомоту идорахои дахлдор бояд татбиқи онхоро самаранок иҷро намоянд.
     Бештар аз дах сол аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» амал намуда, сиёсати давлатро дар сохаи таъмини амнияти озуқаворӣ, чун қисми ҷудонашавандаи сиёсати амниятии давлат тибқи талабот ва меъёрхои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.
       Сумангул Тағойзода ҳамчунин афзуд, ки Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ахолӣ бо махсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» соли 2019 кабул гардид. Мохи декабри соли 2021 дар асоси тавсияхои мухокимаи парламенти дар мавзуи “Асосхои ташкиливу хуқуқии таъмини рақобати солим ва химояи хуқуқи  истеъмолкунандагон: мушкилот ва роххои халли онхо”  ки 28 майи соли 2021 баргузор гардида буд ба Конуни мазкур тағйиру иловахо ворид карда шуд.
     Қонуни болозикр  муносибатхои ҷамъиятиро дар самти таъмини ахолӣ бо махсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосхои ташкилию хуқуқии пешгири намудани норасоихои микронутриенти ва беморихои вобаста ба онро муайян мекунад.
     Бо мушкилоти ғизои носолим дар ин ё он шакл  – ғизои нокифоя, норасоии микронутриентхо, вазни барзиёди бадан (фарбехӣ) – амалан тамоми мамолики дунё рӯ ба рӯ мешаванд, гохо падидахои гуногуни он дар доираи як мамлакат, дар худи хамон як ҷамоат ва хатто дар худи хамон як одам  дучор мегардад. Нисбатан бештар аз норасоии ғизо духтарони синни наврасӣ, хомиладорон ва занони ширмакон, кӯдакони хурдсол, сокинони камбизоати шахру дехот ва дигар гурӯххои осебпазири ахолӣ ранҷ мекашанд.
     Махсусан дар оғози хаёт – дар давраи аз батни модар то дусолагӣ  истеъмоли ғизои камсифат оқибатхои амиқ, бозгаштнопазир ва якумраро доро мебошад. Истеъмоли ғизои камсифат дар ин давраи мухимтарини хаёт боиси хатари баланди сироят, вайроншавии саломатӣ ва дар нихояти кор  боиси фавти кӯдакони хурдсол мегардад.
    Ҳамчунин, дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар  Ширинҷонзода Махмуд–муовини аввали Кумитаи бехатарии озуқавории назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Рустамзода Малохат – муовини Директори Агентии стандартизация, метрология, сертификация ва нозироти савдои назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон,  Чаъфаров Навруз – Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ Холатхои фавқулода ва кумаки фаврии тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии ахолии Ҷумхурии Тоҷикистон,  Абдулназаров Фируз - Сардори Раёсати  саноати хурокворӣ Вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Тоҷикистон бо ахбороти муфассал баромад намуданд.


Илова кунед