Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Парлумонии СААД фаъолона иштирок намуданд
31 Март 2023, Ҷумъа Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода,
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ,
Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Зайнудин Сафарзода, Мавлудахон Мирзозода, Сарвиноз Маҷидзода ва Толиб Азимзода
дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масоили мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, илм ва маориф, ки дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима намуданд, ки аксари кулли онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда буданд. Дар рӯзномаи иҷлосияҳо масъалаҳои зерин, аз ҷумла «Дар бораи натоиҷи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар моҳи ноябри соли 2022 вазъ дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ сурат гирифт», «Дар бораи натиҷаи ҷаласаи дуюми раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД, ки ба салоҳияташон масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният дохил мешаванд», «Дар бораи лоиҳаи Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД дар бораи пешгирй кардани мусаллаҳшавии бошитоб дар фазой кайхон», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар Ассамблеяи парлумонии САҲА (16 феврали соли 2023, реҷаи видеоконфронс) ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар 22-юмин ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА (23-24 феврали 2023, Вена, Ҷумҳурии Австрия)», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар Ассамблеяи 146-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (марти соли равон) Манама, Шоҳигарии Баҳрайн)», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи иштироки Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар назорати байналмиллалии интихобот ва раъйпурсӣ (29 ноябр 2021)», дар бораи консепсияи қонуни намунавӣ «Дар бораи фондҳои мақсадноки дастгирии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ», «Дар бораи илм ва фаъолияти илмию техникӣ» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома дар назди ҳозирин Петр Короневский, Сардори шӯъбаи ҳамкориҳои сиёсии Котиботи СААД, Дмитрий Новиков-чонишини раиси комиссия, муовини якуми Раиси кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба корҳои байналмилалӣ, Дик Сергей-аъзои комиссияи ҳуқуқи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус ва дигарон бо ахбороти муфассал баромад намуданд. Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД дар идомаи суҳбат масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофоту муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои якҷоя, такмили механизми ин ҳамкориҳо дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуданд.
Муҳамадато Султонов
Мудири шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон