Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳрҳои Боку ва Минск сафар намуд

15 Май 2023, Душанбе

Имрӯз ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода даъвати Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Гафароваро пазируфта барои иштирок дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Гайдар Алиев, ки рӯзи 16 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Боку баргузор мегардад  ва даъвати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Вячеслав Володинро пазируфта барои иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 18-майи соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларусия доир мегардад, сафар намуд.
Ба ҳайат ҳамчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корхои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил аст.

Илова кунед