Зиёни касон аз пайи суди хеш

24 Июн 2020, Чоршанбе

 

«Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқа-андозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан, ба насли ҷавон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».                                                                                             

                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

                                             

Бо ташаббусу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пойдории амнияти комил, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҷоннисориҳо ва азму талоши ватандўстонаи мардуми шарафманду заҳматпеша, баҳри тарбияи наслҳои сазовор заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати соҳаи маориф сол то сол афзоиш меёбад. Зеро, кишварро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод ва давлатро муқтадиру нерўманд мегардонанд.   

Ҳодисаҳои терроризм ин хавфноку мушкилпешгўикунандаи айёми муосир аст, ки бо намудҳои гуногун паҳн мешавад. Ҳамлаҳои террористӣ ба мардуми бегуноҳ зиён оварда, ҳатто қурбонии терроризм метавонад ҳар инсоне, ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва ё рабте надорад, гардад. Ин раванди номатлуб ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин, зарари молию ҷонию маънавиро ба сар меорад. Терроризм хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурўҳҳои иҷтимоию миллӣ ба миён оварда, барои бартараф намудани оқибатҳои он заҳмату зиндагии як насл шояд камӣ мекунад.

Воқеаҳои сиёсии солҳои охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи нокифояи дониш, аз моҳияту рафти ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани мардум, метавонад ба вусъатёбии ақидаҳои ифротӣ табдил ёфта, ҳамзамон ба амнияти давлат ва сохти конститутсионии он хатар тавлид намояд. Ба ин хотир, мо вакилони мардуми вазифадорем, ки ба интихобкунандагони худ пайваста аз воқеаҳои номатлуб ва хатарҳои терроризм вохўриҳо гузаронида, онҳоро ҳар чӣ бештар огоҳ намоем.

Ҷаҳони муосир имрўз дар муқобили терроризм қарор дорад.  Албатта, дар тўли солҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ҳодисаву воқеаҳои зиёде аз сар гузаштанд, ки чашми моро ба воқеияти муносибат ва робитаҳои бо ном «дўстон»-и сохти давлати демокративу ҳуқуқбунёд кушоданд ва зарурат ба ҳеҷ мушовири хориҷӣ ё воизони гандумнамои ҷавфурўш намондааст. Онҳое, ки фирефтаи садои воизони маъруф буданд ва таҳти тарбияи эшон таълим гирифтаву барои идома додани дониши динии худ ба кишварҳои араб рафтанд, чӣ натиҷае ба даст оварданд, мисол шуда метавонанд. Бахусус, аз солҳои аввали истиқлолият то чанд соли охир як қатор ҳамдиёрони мо дар кишварҳои Покистону Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Яман, Сурия ва дигар ҷумҳуриҳои арабӣ донишгоҳҳои диниро хатм намуда, ба гурўҳҳои барои ҷомеа хатарзо пайвастанд. Ѓайр аз ин, дар марказҳои таълимии хориҷӣ дар баробари таълимоти динӣ, ба ҷавонон методҳои муносибат бо моддаҳои тарканда, истифодаи намудҳои гуногуни силоҳ низ омўхта мешуданд. Ин оқибат ба он оварда расонид, ки дастаҳои алоҳидае зуҳур карданд, ки бо баҳонаи таҳсил ҷавонони бесаводро баҳри гирифтани таълимоти террористӣ ба давлатҳои хориҷӣ равон менамоянд. Пас саволе пайдо мешавад, ки куҷост асолати дину оин, канӣ фикру андешаи солиму созанда? Ба чунин мафкура чӣ гуна исломро дар онҳо тарбият мекунанд? Албатта, ин танҳо  истифода ва бадном намудани ислому бандагони бехирад аст. Бузургворе дар ин бобат хуб гуфта:

                                                                 

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷўянду дин андароранд пеш.

               

Имрўзҳо барои мардуми тоҷик, ки зиёда аз ҳазор сол дар мазҳаби Имоми Аъзам зиндагонӣ ва тамоми маросиму маъракаҳои худро мувофиқи он пеш мебурданд як марҳилае фаро расид, ки нигаронкунанда аст, зеро он амалҳоеро, ки гузаштагонамон ба махсусият онро адо мекарданд ва он аз Қуръону суннат сарчашма гирифта, иддае онро ба ширку бидъат ҳукм намуда, як гурўҳи мардумро ба кўчаи сарбастае овард ва дигаре бо ташкил намудани гурўҳу созмонҳо ва ҳизбҳои динӣ дар ҷомеа тақсимшавиро ба миён овард ва як гурўҳе аз ҷавонони кишварамон аз камсаводӣ аъзои он гардида, дар натиҷа баъзеи онҳо зиндонӣ гардиданд. Ба маврид аст, ки доир ба фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом, ки яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ягона ҳизби исломии қонунӣ сабтиномшуда дар Осиёи Миёна буд, каме қисса намоем. Раисии ҲНИТ-ро Муҳиддин Кабирӣ ба ӯҳда дошт. Ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» аз ҷумлаи нашрияҳои ҲНИТ маҳсуб мешуданд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 26 октябри соли 1991 таъсис ва 4 декабри соли 1991 расман сабти ном шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад 20 апрели соли 1973 Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов - бо тахаллуси Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро поя гузоштанд, ки бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъолият мекардааст. Баъди расмият гирифтани ҳизб, раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшарифи Ҳимматзода - яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт.

Танҳо дар 5 соли охири фаъолияташ 45 нафар аъзои ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардидаанд. 23 нафар аъзои ҲНИТ, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Маҳз пешбурди чунин фаъолият нуфузи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар назди аъзои он низ коста гардонид ва шумораи зиёди аъзои он сафи ҳизбро тарк намуданд.

 Ин ҳизб арзишҳо ва аҳдофи худро чунин тавсиф мекунад: «Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ».

Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ якҷо бо Ҳизби демократ ва созмони «Лаъли Бадахшон» алайҳи давлати имрўза сангар гирифта буданд. Дар аввалҳои соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард.

Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ мухолифат менамуданд.

Бо содир намудани ин амалҳои нангин ҲНИТ на танҳо ҳуқуқи мавҷудияти худро аз даст дод, балки инчунин, бо фаъолияти террористӣ-экстремистии худ барои мардум ва ҷомеа сарчашмаи хатар ва ихтилоф низ гардид. Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки дар фаъолияти ҲНИТ ҷой доштанд, дар давоми солҳои 2014 ва 2015 ба унвони ҳизб аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ чандин маротиба огоҳиномаҳо ирсол шуданд, вале роҳбарияти ҳизб ин огоҳиномаҳоро сарфи назар карда, фаъолияти ғайриқонунии худро идома доданд. Бар замми ин, аъзои худро, ки ба содир намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст доштанд, на танҳо аз ҳизб хориҷ нанамуд, балки  дар маҷлисҳои ҳизбӣ низ муҳокима накарда, сазовори ҷазои интизомӣ низ наҳисобид, ки ин ифодаи дастгирӣ кардани онҳо аз тарафи роҳбарияти ҳизб буд. Аз ин рў, аз ҷониби Прокуратураи генералии мамлакат ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ҲНИТ, қатъ кардани фаъолияти ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам додани он, қатъ кардани нашри рўзномаи “Наҷот”, ки нашрияи ин ҳизб буд, бастани вебсайтҳои интернетии он, манъ кардани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод карда шуд ва он аз ҷониби Суди Олӣ баррасӣ гардид.

Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзоҳои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд. Он замон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд. Баъди фавти Саид Абдуллоҳи Нурӣ 9 августи соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор мешавад. Ҳизби наҳзати исломӣ бо номзади худ дар интихоботи президентӣ соли 1999 ширкат дошт. Дар ин интихобот Давлати Усмон -  намояндаи ин ҳизб, танҳо ҳудуди 4 дар сад аз овозҳои интихобкунандагонро ба даст овард. Ин ҳизб дар интихоботи парлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 муваффақ шуда ду нафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон намуд.

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ,  миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ ва барҳам дода шуд. Нашри рўзномаи “Наҷот” қатъ ва вебсайтҳои интернетии он баста шуданд, ҳамчунин воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хўрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

 Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик бошанд моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додаанд.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурўҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Хайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад бо сарлавҳаи «Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори ҲНИТ хастед!!!», дарёфт карда шуд.

Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад.

Бо ин мақсад, шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳия шуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин задаанд.

Аз ҷумла, А. Назарзода бо сўиистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар якҷоягӣ бо гурўҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомӣ навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615 ғайри-қонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ, тасарруф намудаанд.

Дар фосилаи зикршуда, зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи А. Назарзода дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ «Хлебзавод», воқеъ дар ш. Душанбе, кўчаи А. Дониш 55, ки ба А. Назарзода тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Дар моҳи феврали соли 2015 ҷангҷӯёни ДИИШ китобхонаи марказии шаҳри Мосулро таркониданд, ки дар натиҷа аз 8 ҳазор то 10 ҳазор китобҳо нобуд гардиданд. Дар саҳни китобхона ифротиён аз китобҳо ва дастхатҳо гулхан афрӯхтанд. Пас аз ин амалҳо дар зеҳни инсон саволе ба миён меояд, ки оё ислом барои пешрафт зид аст ё ислом ғайри илми динӣ ба дигар илмҳо мухолиф аст? На! Ва қотеъона на! Чунин нест ва албатта, ислом худ ташвиқкунанда ва тарғибкунандаи илм аст ва ҳамеша пайравонашро далолат мекунад, ки соҳибилм бошанду соҳиби касб, чунон чӣ мебинем, нахустин ояти илоҳӣ, ки ба Паёмбари гиромиқадр нозил шудааст, низ бо «Иқраъ», яъне: «Бихон»  оғоз шудааст, ки албатта, донистан аз хондан сарчашма мегирад.

Аз ин рў, бо забони фасеҳу равшан ба хонандагон расонида мешавад, ки ба доми фирефтаи гурўҳҳои манфиатхоҳӣ ифротгаро дода нашаванд. Ҳолатҳои пешомадаро воқеъбинона, хуб мушоҳида ва таҳлил намуда, мавқеи созандаи шаҳрвандии худро муайян созем. Оқибатҳои даҳшатовари амалҳои террористиву экстремистии дар гўшаву канори сайёра ба амаломадаро бо чашм дида, хуб ибрат гирем,  ҳушёр бошем то ки дар ѓафлат намонем. Чунин ҷиноятҳоро дар кадом шакле набошанд маҳкум намоем. Мубориза бо ҳамин гуна афродҳо вазифаи асосии чӣ хонандагон ва чӣ аҳли дигари ҷомеа бошад. Бинобар он, мо – вакилони мардумӣ вазифадорем, ки дар тарбияи маънавӣ ва ватандўстии насли ҷавон кўшиши бештар диҳем, нагузорем, ки аз таълиму тарбия дар канор бимонанд. Он гоҳ бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мо насли давронсози Ватан ва миллатдўсту башардўстро ба камол мерасонем.

 

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Узви Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон –

Парвина Маликзод

  

Сарчашмаҳои истифодашуда:

    1.Иқтибос аз ахбори Прокуратураи Генералӣ дар сомонаи WWW. 1TV.TJ

    2.Мавод аз ҳафтаномаи Фараҷ аз 12.04.2017. faraj.tj).

  1. Аз сомонаи хабарии рўзномаи «Озодагон».

Илова кунед