Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон

26 Июн 2020, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаикумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф»,  Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии  Рушд барои мубориза бо вируси COVID-19, Созишномаи грантӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Барномаи вокуниши фаъол ба COVID-19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет,  Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ - иқтисодӣ», Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ - иқтисодӣ»,  Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»
ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор  қабул намуданд.

Илова кунед