Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум” (30.06.2020)

30 Июн 2020, Сешанбе

Вакилони арҷманд,
ҳозирини гиромӣ!
Се рўз қабл мардуми шарифи Тоҷикистон Рўзи Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон таҷлил намуданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шумо-ҳозирини гиромиро ба муносибати ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегўям.
Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.
Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик 27 июни соли 1997, яъне рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола ин рўзи таърихӣ дар саросари кишвар бо як шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бояд иброз намуд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст.
Ҳарчанд, ки душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандўст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳ забонаи оташи ҷангро хомўш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад.
Натиҷаи чунин талошҳои Роҳбари давлатро мардуми шарафманди Тоҷикистон сидқан дарк намуда, қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.
 Воқеан ҳам Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти сарварӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.
 
Вакилони муҳтарам,
ҳозирини гиромӣ!
 
Моҳи марти соли равон интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар фазои орому осуда баргузор гардид, ки дар он мардуми шарифи Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон раъй доданд ва роҳи минбаъдаи худро барои панҷ соли оянда муайян намуд.
 Воқеан, интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.
Иштироки фаъоли халқ дар интихоботи парламентӣ бори дигар собит сохт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тарафдори роҳи муайянкардаи Конститутсия - бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд.
Ҳайати вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагонро мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, муҳандисону меъморон, табибон ва омўзгорону намояндагони дигар соҳаҳо ташкил медиҳанд, ки албатта, донишу малака ва маҳорати касбиашон барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ мусоидат менамояд.
Аз ҳайати вакилони интихобшуда, 15 нафарашон бонувони донишманду фаъоли ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон мебошанд.
 
Вакилони арҷманд!
Боварии интихобкунандагон моро водор мекунад, ки бо дарки масъулияти баланд таҷриба ва сабақҳои омўхтаамонро  ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои барномавии худ барои 5 соли оянда равона созем.
Бояд таъкид намоям, ки аз баргузории ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 17 марти соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, се моҳ сипарӣ гардид.
Дар ин давра ба хотири самарабахш оғоз ва роҳандозӣ намудани фаъолияти Маҷлиси намояндагон як қатор корҳои ташкилию ҳуқуқӣ ба сомон расонда шуд.
Аз ҷумла раис, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, 9 кумита ва 3 комиссияи доимоамалкунанда ташкил карда шуданд.
Ҳамзамон вакилони тозаинтихоб аз рўи ихтисос ва таҷрибаи кориашон ба кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҷо ба ҷо карда шуда, масъалаи таъмини шароити иҷтимоии вакилон бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ҳал карда шуданд ва минбаъд низ мавриди назар қарор дода хоҳад шуд.
Фраксияҳои ҳизбӣ ва ҳамзамон гурўҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис ёфтанд, ки ин бешак ба шаффофияти кори парламент мусоидат намуда истодааст.
Айни ҳол эҳсос мешавад, ки фраксияҳои ҳизбӣ ва намояндагони ҳизбҳои ба парламент роҳёфта дастаҷамъона дар муҳокимаю баррасии лоиҳаи қонунҳо фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омода гардидани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саъю кўшиш доранд.
Инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши вакилон курсҳои бозомўзии санадҳои танзимкунандаи фаъолияти вакилӣ ва забономўзӣ ташкил карда шуда, дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Дар ин давра бо вуҷуди таҳдид ва сирояти бемории коронавируси нави COVID-19 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро босамар идома дода, як қатор корҳоро ба сомон расонданд.
 Дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагон беш аз 55 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 5 қонуни мукаммал, 27 тағйиру илова ба қонуну кодексҳо ва 19 созишнома ворид гардида, мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.
То имрўз ба хотири баррасии лоиҳаи қонуну кодексҳо, созишномаву протоколҳо 11 маротиба ҷаласаи Шўро ва 9 маротиба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ гузаронда шуд.
Дар давоми иҷлосияи якум баъд аз омўзиш ва баррасии масъалаҳо 197 қарори Шўро ва 130 қарори Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки аз теъдоди умумии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 лоиҳа ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 5 лоиҳа манзур карда шудааст.
Боварии комил дорам, ки дар оянда ташаббуси қонунгузории вакилони муҳтарами мо тавассути омӯзиши қонунгузории давлатҳои пешрафта ва истифодаи таҷрибаи андухта дар фаъолияти қонунгузории худ ба маротиб густариш меёбад.
Соли равон Маҷлиси намояндагонро дар самти фаъолияти қонунгузорӣ вазифаҳои пурмасъул, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид, интизоранд.
Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд:
«Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, содда гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад».
(Ҳоло дар ин замина ҷиҳати таҳияи Кодекси нави андоз корҳо идома дошта, то охири соли равон бояд пешниҳод карда шавад)
Яке аз самти асосии фаъолияти вакилон ин баррасии муроҷиати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагон беш аз 66 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст.
Дар ин самт, ҳолатҳои такроран воридшавии муроҷиатҳо ба назар мерасад, ки албатта, боиси нигаронӣ мебошад.
Сабаби асосии такроран воридшавии муроҷиатҳо қаноатманд нашудани онҳо аз дархости худ мебошад.
Робита бар ин, мо - вакилонро зарур аст, ки ҷабҳаҳои муроҷиатномаҳоро пурра омўхта, ҷиҳати қаноатманд гардонидани муроҷиаткунандагон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» чораҳои бетаъхир андешем.
 
Ҳозирини гиромӣ!
Сироятёбии бемории коронавируси нави COVID-19 дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ низ таъсири манфӣ расонид.
Зеро дар ин давра чорабиниҳои нақшавии Иттиҳоди  байнипарламетии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои Ассамблеяи парламенти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мавқуф гузошта шуданд.
Сарфи назар аз мушкили бамиёномада, мо тавонистем, ки  ҳамкориҳои байнипарламентиро тавассути муросилот ва реҷаи фосилавӣ роҳандозӣ намоем.
Яке аз чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ин ҷаласаи Шўрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ буд, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд иброз намоям, ки ҳоло дар Маҷлиси намояндагон барои ташкил ва иштирок намудан дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо реҷаи фосилавӣ баргузор мегарданд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Вакилони муҳтарам,
ҳозирини гиромӣ!
Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти короновируси намуди нави COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгўинашаванда гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир ва мушкилиҳои зиёд пеш овардааст.
Мувофиқи таҳлилу пешгўии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус, бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо  вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкилтар мегардад.
Бемории коронавирус ба ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимоли таъсири он ба иқтисодиёти мамлакати  мо низ дар назар аст.
Бахусус коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва воридоти сармояи мустақим, инчунин сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои самоягузорӣ метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъсири манфии худро бештар расонад.
Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарўзӣ дорад.
Аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, доир ба таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмўъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат тамоми имкониятҳо дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидааст.
Вобаста ба шароити бамиёномада Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетараф набуда, дар ин робита ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бобати пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои зиддиэпидемиявӣ тағйироту иловаҳо ворид намуд.
Инчунин вобаста ба имтиёзҳое, ки дар шароити пандемия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон дода шуд, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки дар давраи авҷ гирифтани короновируси намуди нави COVID-19 дар миқёси ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагон бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи мардуми Тоҷикистон буданд ва талош варзиданд, ки  дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада ба интихобкунандагони худ кумак расонанд.
Ҳамзамон ҳамаи захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус самаранок истифода намуда, маблағи муайянро барои дастгирии кормандони соҳаи тиб ва пешгирӣ аз коронавирус ба суратҳисоби «Фонди хайрия» гузаронданд.
Илова бар ин, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ ба таври зарурӣ роҳандозӣ намуданд.
Албатта, барои корҳои хайру савобе, ки бо пайгирӣ аз иқдоми Пешвои миллат дар давраи пандемия аз ҷониби вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон амалӣ гаштанд, миннатдории самимии хешро баён менамоям.  
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоме мебошад, ки таъмини фаъолияти пурмаҳсули Маҷлиси намояндагон ба кори босифати кормандони он вобастагии калон дорад.
Дар баробари кори пурмаҳсул ва пешравиҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон камбудиҳо низ ба назар мерасанд.
Дар давоми фаъолияти кории начандон зиёд баъзе камбудиву норасоӣ, бахусус дар самти ташкиливу ҳуқуқӣ ва коргузориву протоколӣ дар дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он мушоҳида гардид.
Робита бар ин, зарурат ба миён меояд, ки ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корбарӣ аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронида шуда, ба масъалаи ҷобаҷо гузории кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Инчунин, дастурамали мансабии хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шавад, то ки ҳар як корманд талаботҳои тахассусӣ, уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои худро дарк кунад ва боназардошти он корбарӣ намояд.
 Вакилони муҳтарам!
Масъалаи баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, ҳадафрас ва самарабахш гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо-вакилони мардумӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин рў, моро зарур аст, ки бо ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия, қабул ва амалишавии қонунгузорӣ, омўзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам бо мақсади такмили қонунгузорӣ, мустаҳкам кардани алоқаҳои судманди илм ва амалияи ҳуқуқ ҳамеша кўшиш намоем ва дар такмили қонунгузории миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош варзем.
Бояд иброз намоям, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олӣ, хизматчиёни давлатӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон як дастурамал ва роҳнамо буда, татбиқи самтҳои муайяннамудаи онҳо ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ такони амиқ мебахшад.
Мо-вакилон бояд дар фаъолияти қонунгузории худ ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар афзалиятҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми Барномаву Стратегияҳои қабулгардидаро самти муҳимтарини фаъолият қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми неру ва малакаи худро равона созем.
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шумо – вакилон ва ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушбахтиву некрўзӣ, ободиву осоиш ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!
 

Илова кунед