Тақдими маводи назофатӣ
05 Август 2020, ЧоршанбеДар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои байналмилалию байнипарлумонӣ, имрўз аз ҷониби дафтари душанбегии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба Маҷлиси намояндагон маводи назофатӣ – антисептикӣ тақдим карда шуд.
Тавре мушовири калони Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон Оқилзода Наҷибулло хабар медиҳад «тақдими маводи зиддивирусӣ асосан дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифта, давоми ҳуснитафоҳумоҳои тарафайн мебошанд».
Маводи тақдимшуда иборат аз ҳароратсанҷҳои фосилавӣ, ниқобҳои тиббӣ, маводи шустушўӣ, маҳлулҳои спиртӣ, дастмолҳои назофатӣ ва дигар маводи зиддивирусӣ мебошанд, ки аз ҷониби ниҳоди масъули Маҷлиси намояндагон барои пурзур намудани муқовимат бо вируси сироятии КОВИД-19 равона карда мешаванд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ХАБАРҲО АЗ WWW.PRESIDENT.TJ
-
27.01.2021
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
26.01.2021
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
26.01.2021
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»