Парлумони касбии мамлакат бо парлумонҳои Осиё ва Аврупо гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис дод

02 Сентябр 2020, Чоршанбе

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода   баргузор гардид, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ намуданд. 
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Иттиҳоди Байнипарламентӣ, пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Иттиҳоди Парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, пешниҳоди вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Ассамблеяи Парламентҳои Осиё,  пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати кумитаҳои умумии Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(АБП ИДМ), ташкили Гурӯҳи ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Аврупо, таъсиси Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои намояндагони Ассамблеяи Миллии Баҳрайн, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Шотландия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Австралия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Штатҳои МуттаҳидаиАмерика аз ҷониби аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба дастгири карда шуд. 
Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро суханронӣ намуда, пешниҳоди масъалаҳои мазкур ба рӯзномаи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.

Илова кунед