Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

26 Июл 2014, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7қ.1  , мод.394;соли 2015,№3,мод.208 )
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми июни соли   2014, №1522   (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2014  , № 6 , моддаи 289) қабул гардидааст.
 Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми июли  соли 2014,№683    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7қ.2, моддаи 439) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани онҳоро муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият –санадинамунааш тасдиқшуда, ки дар он иттилоот дар бораи маълумоти фардии шахси воқеӣ сабт шудааст ва он имкон медиҳад, ки шахсият ва вазъи ҳуқуқии соҳиби он бо мақсади айнияткунонии шахсият муқаррар карда шаванд;
— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мутобиқи шарномаҳои байналмилилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон –ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромаданба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаба иҷрои фаъолияти дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дигар вазифаҳои расмӣ ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;
— шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ўҳдадориҳои хизматии ба зиммааш вогузоршуда ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;
-шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрвандиҶумҳурииТоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ў дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;
— шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ –ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ, ки давлати хориҷӣ медиҳад;
— шаҳодатномаишахси бешаҳрванд –ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки далели мансубияти худро ба шаҳрвандии ягон давлат надорад ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;
— шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷўянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд;
— шаҳодатномаи гуреза – ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷўяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд;
-шаҳодатномаи таваллуд – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки аз бақайдгирии давлатии воқеияти таваллуди ў шаҳодат медиҳад;
— шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
— гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;
— гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаигирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;
— ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ– ҳуҷҷати намунааш муқарраргардидае, ки шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ў ва ивазкунандаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
— мақомоти ваколатдори давлатӣ – мақомоти давлатие, ки дар доираи ваколатҳои худ ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи истиқоматашон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат доранд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 4. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби онҳо таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Моддаи 5. Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:
— қонуният;
— риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
— баробарии ҳама дар назди қонун;
— ҳатмӣ будан;
— дастрас будан;
— роҳ надодан ба табъиз бо асосҳои мансубият, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молумулкӣ, ҷинсӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, ҷойи зист ё ҳама гуна дигар ҳолатҳо.
 
Моддаи 6. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд вобаста ба гирифтан ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
  1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мутобиқи вазъи ҳуқуқиашон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳуқуқ доранд.
  2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидааст, ўҳдадор аст шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.
  3. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ўҳдадоранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро эҳтиёткорона нигоҳ доранд онҳоро гум, вайрон, нобуд накунанд, инчунин мавриди сохтакорӣ қарор надиҳанд.
  4. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста азҷойи истиқомат, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, ўҳдадоранд мувофиқи вазъи ҳуқуқиашон дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дар қайди ҷойи истиқомат бошанд ё аз рўйи ҷойи будубош ба қайд гирифта шаванд.
  5. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд дар сурати аз тарафи шахсони мансабдор рад шудани дархосташон оид ба додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз рўи қарори онҳо шикоят намоянд.
 
БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОБАСТА БА ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ
 
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро тасдиқ менамояд;
— Номгўи шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, тасдиқ менамояд;
— андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет барои омаданамудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инчунин тартиби хароҷоти онҳоро муайян менамояд;
— дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 8. Ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:
— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996;
— шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;
— шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда;
— шаҳодатномаи гуреза;
— гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар банди 1) ҳамин модда ва сархатҳои якум ва чоруми банди 1) моддаи 9Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.
3) Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷат оид ба гирифтани ҳуқуқи зисти доимӣ дар хориҷи кишварро гирифтааст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи
шахсият ва дар ҳолати аз тарафи ў гирифтани шаҳрвандии давлати дигар, шиносномаи ўро бозпас мегирад.
4) Дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:
— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014;
— шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар сархатҳоидуюм, сеюм, ва чоруми банди 1)ҳамин модда пешбинӣ шудаандтибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
3) Дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ
Мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ:
— намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
— ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон амалӣ менамоянд;
— дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
 
 
 
БОБИ 3. НАМУДҲОИ ҲУҶҶАТҲОИ
ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ
 
Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:
— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;
— шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;
— шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда;
— шаҳодатномаи гуреза;
— шаҳодатномаи таваллуд;
— шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ;
— шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), маъюбон, донишҷўён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 12. Талабот ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дорои маълумоти зерин мебошанд:
— насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан);
— сана ва ҷойи таваллуд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ҷинс (дар ҳолатҳои пешбинишуда);
— мансубияти миллӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шаҳрвандӣ, ба ѓайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои шашум,нўҳум ва чордаҳумимоддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд;
— вазъи оилавӣ,дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— сурат, ба истиснои шаҳодатномаи таваллуд;
— номи мақоме, ки ҳуҷҷатро додааст;
— санаи додан, силсила ва рақами ҳуҷҷат;
— мўҳлати амали он, ба истиснои шаҳодатномаи таваллудва шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда);
— суроѓа ва ҷойи зист, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— маълумоти электронии муайянкунандаи шахсият дар шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷиишаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— имзои соҳиби ҳуҷҷат дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум – чорум ва дувоздаҳум – сездаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд.
  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бояд рақами фардии айнияткунониро дошта бошанд.
  2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохили кишвар истифода мешаванд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо ҳарфҳои кириллӣ(бо забони тоҷикӣ ва русӣ) ба расмият дароварда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохил ва берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ)ва ҳарфҳои лотинӣ (бо забони англисӣ)ба расмият дароварда мешаванд.
 
Моддаи 13. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, дода шуда, он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мебошад.
  2. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:
-дар бораи бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қайди ҷойи истиқомат – аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;
-дар бораи қайди никоҳ – аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ;
— дар бораи бекор карданиқайди никоҳ — аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;
— дар бораи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи мақомоте, ки чунин ҳуҷҷатро медиҳанд;
-дар бораи муносибати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидааст, ба ўҳдадории умумии ҳарбӣ – аз тарафи комиссариати ҳарбӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;
-дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда – аз тарафи мақомоти андоз;
— дар бораи мансубияти миллӣ – аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;
— дар бораи гурўҳи хун ва омилҳои резуси мансубияти хуни соҳиби шиноснома (бо хоҳиши соҳиби шиноснома) – аз тарафи муассисаи тандурустии ҷойи истиқомат.
  1. Сабтҳо ва қайдҳо дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣворид мегарданд, бо мўҳрҳои шаклашон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқарраргардида ба расмият дароварда мешаванд. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сабту қайдҳое, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
  2. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлатҳои зерин дода мешавад:
1) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996:
— аз рўзи ба синни 16расидани шахс то рўзи ба синни 25расидани ў;
— аз рўзи ба синни 25расидани шахс то рўзи ба синни 45расидани ў;
— аз рўзи ба синни 45 расидани шахс шиноснома ба мўҳлати бемаҳдуд дода мешавад.
2) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ба мўҳлати 10 сол дода мешавад.
  1. Агар мўҳлати эътибори шиносномаишаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти адои хизмати ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват гузашта бошад, шиносномаишаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи бақайдгирии истиқомат, дар ҳолати набудани қайди ҷойи истиқомат –дар ҷойи будубош ё ҷойи истиқомати воқеии шаҳрванд баъд аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ дода мешавад.
 
Моддаи 14. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгўи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Ба шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:
— оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;
— раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;
— дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.
  1. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 5 сол дода мешавад.
  2. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кўдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мўҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.
 
 
 
Моддаи 15. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгўи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Ба шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:
— оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;
— раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;
— дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.
  1. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 5 сол дода мешавад.
  2. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кўдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мўҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.
 
Моддаи 16. Шиносномаи умумишаҳрвандиихориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Ба шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:
— оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;
— раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;
— дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.
  1. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 10 сол дода мешавад.
  2. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кўдакони то синни 16, вобаста ба синну сол ба мўҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад.
 
Моддаи 17. Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ
  1. Асосҳои додан ва мўҳлати эътибори шиносномаи шаҳрванди хориҷиро ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ қонунгузории давлати хориҷӣ муайян мекунад.
  2. Ба шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:
— раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дигар сабту қайдҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда.
 
Моддаи 18. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд
  1. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, ба синни 16 расидааст ва дорои гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Шаҳодатномаишахси бешаҳрванд ба мўҳлати 5 сол дода шуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳиби он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.
  3. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахсони ба синни 16 нарасида ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар бе падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дода мешавад.
  4. Ба шаҳодатноми шахси бешаҳрванд сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:
— дар бораи фарзандони то синни 16 дар ҳолати баромадани онҳо бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)ба хориҷи кишвар бо часпондани расми онҳо — аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;
— раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ;
— дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.
 
Моддаи 19. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда
  1. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўяндатибқи талаботи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» дода мешавад.
  2. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда ба мўҳлати на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад.
  3. Тартиби таҳия намудани шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўяндава гуреза дониста шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 20. Шаҳодатномаи гуреза
Шаҳодатномаи гуреза ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои гурезаҳо» вазъи ҳуқуқии гурезаро соҳиб шудаанд,дода мешавад.
 
 
 
Моддаи 21. Шаҳодатномаи таваллуд
  1. Шаҳодатномаи таваллуд дар асоси санади бақайдгирии давлатии таваллуди кўдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Шаҳодатномаи таваллуд то гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 22. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин дода мешавад:
— ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба охир расидани мўҳлати эътибори онҳо, беэътибор донистан ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар вақти будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба шаҳрвандони ноболиѓи Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар ҳолати таваллуд шудани онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд – дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳангоми будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гурезаро доранд –дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи гуреза ҳангоми будубоши онҳоберун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои беэътибордонисташуда доранд – дар ҳолати аз ҷониби давлати хориҷӣ ронда шудан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданашон.
  1. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридшавии яккарата ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда наметавонад.
  2. Шаҳодатномаи бозгаштба Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонмедиҳанд.
  3. Ба шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:
— оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;
— дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.
  1. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати на зиёда аз 60 рўз дода мешавад.
Моддаи 23. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, ба мўҳлати амалишиносномаи хориҷӣ, вале на бештар аз 5 сол ва хангоми расидан ба синни 45 ба мўҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ дода мешавад.
  2. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаандёпадар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.
  3. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, падар ё модарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  4. Ҳангоми ба хориҷа рафтани шаҳрванди хориҷӣ шахсияти ўро шиносномаи давлати шаҳрвандиаш тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 24. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванддар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дорад, ба мўҳлати амали на бештар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 бе мўҳлат дода мешавад.
  2. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони бешаҳрванд, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаанд, ё падар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё шахси парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.
  3. Дар вақти ба хориҷа рафтанишахси бешаҳрванд шахсияти ўро шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 25. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ
  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати ягона ва бемўҳлати тасдиқкунандаи шахсият, вазъи хизматӣ ва дар хизмати ҳарбӣ қарор доштани хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
  2. Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти хизматчиёни ҳарбӣ ва ворид намудани сабту қайдҳо ба онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
БОБИ 4. АСОСҲОИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН, ДОДАН, ИВАЗ КАРДАН, БАРҚАРОР НАМУДАН, БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАН, СУПОРИДАН, ГИРИФТАН, НОБУД КАРДАНИҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТВА МЎҲЛАТИДОДАНИ ОНҲО
 
Моддаи 26. Асосҳобарои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар асоси яке аз ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
— санади расмӣ дар бораи таваллуд;
— шаҳодатномаи таваллуд;
— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;
— шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;
— шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда;
— маълумотнома дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таѓйир додани шаҳрвандӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таѓйир додани шаҳрвандӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
— пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи додани вазъи ҳуқуқии гуреза.
 
Моддаи 27. Мўҳлатидодани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣшахсан ё ба намояндаи қонунии ӯ (ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум, шашум, ёздаҳумва дувоздаҳуми моддаи 11 номбар шудаанд) аз рўзи пешниҳоди ариза дар мӯҳлатҳои зерин дода мешаванд:
— шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 15 рӯзи корӣ ва дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳои иловагӣ- на дертар аз 30 рӯзи корӣ;
— шиносномаи дипломатӣ ва хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 15 рӯзи корӣ;
— шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷиишаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дорои маълумоти электронӣ – на дертар аз 15 рӯзи корӣ;
— барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷиишаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати табобати фаврӣ, бемории вазнин ё фавти хешованде, ки дар хориҷа истиқомат мекунад – на дертар аз 3 рӯзи корӣ;
— барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷиишаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои баромадан бароиистиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 3 моҳ;
— шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 20рўзи корӣ;
— шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда – на дертар аз 10 рўзи корӣ;
— шаҳодатномаи гуреза – на дертар аз 3 моҳ;
— шаҳодатномаи таваллуд – на дертар аз 10 рўзи корӣ;
— шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣдарҶумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–аз 3 то 6 моҳ.
  1. Мўҳлати додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбиро бо назардошти талаботи қисми 2 моддаи 25 Қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Бо хоҳиши шахси воқеӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо тартиби фаврӣ дода мешаванд.
 
Моддаи 28. Иваз кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар ҳолатҳои зерин иваз карда мешаванд:
— расидан ба синни 16;
— гузаштани мўҳлати амали ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
— гум кардан, дуздида шудан ё барои истифодаи минбаъда корношоям гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
— таѓйир додани насаб, ном, номи падар, миллат, сана ва ҷойи таваллуд ва маълумоти дигар;
— ошкор гардидани иштибоҳу ѓалат ва сохтакориҳо дар сабтҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
— таѓйир додани ҷинс ва ё симои зоҳирӣ (чеҳра);
— соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— мавҷуд набудани имконияти минбаъд ворид намудани сабтҳои дахлдор ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар набудани ҷойи холӣ дар саҳифаҳои онҳо.
 
Моддаи 29. Барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳангоми гум кардани онҳо
  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои аз нав гирифтани онҳо муроҷиат менамоянд.
  2. Ҳангоми гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд.
Моддаи 30. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, супоридан ва нобуд кардани он
  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар чунин ҳолатҳо беэътибор дониста, супорида ва нобуд карда мешавад:
— таѓйир додани насаб, ном, номи падар;
— ба охир расидани мўҳлати амали он;
— гум кардани ҳуҷҷат аз рўзи аз тарафи соҳиби он ба мақоми ваколатдори давлатӣ додани ариза;
— номутобиқатӣ ба вазъи ҳуқуқии соҳиби он;
— таѓйир додани ҷинс ва ё симои зоҳирӣ (чеҳра);
— дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфт шудаанд, барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро ба расмият даровардаанд, дар хориҷи кишвар ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Ҳангоми аз ҷониби соҳиби он барқарор намудани ҳуҷҷати гумшудаи тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷати ёфтшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.
  2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси фавтида, аз ҷумла аз ҷониби суд фавтида эълоншуда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супорида шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.
  3. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархати чордаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 31. Рад кардан ба додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:
— шаҳрванд аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад- то гузаштани мўҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани мўҳлати рухсати ў ба ин маълумот;
— шаҳрванд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст, ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст – то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
— шаҳрванд барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад — то адои (иҷрои) мўҳлати ҷазо ва ё озод шудан аз ҷазо;
— шаҳрванд аз иҷрои ўҳдадориҳои аз тарафи суд ба зиммааш гузошташуда саркашӣ кунад – то иҷрои ўҳдадориҳо;
— шаҳрванд дар бораи худ маълумоти бардурўѓ дода бошад;
— нисбат ба шаҳрванд ба суд даъвои гражданӣ пешниҳод шуда бошад – то ба охир расидани пешбурди парванда;
— шаҳрванд дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнокҷиноят содир карда бошад ва ё зери назорати маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта бошад – то барҳам хўрдани доѓи судӣ ва ё ба итмом расидани мўҳлати назорат;
— шаҳрванд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад — то ба итмом расидани мўҳлати адои хизмати ҳарбӣ.
 
Моддаи 32. Гирифтан ва истифода бурдани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
  1. Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ,мақомоти тафтишоти пешакӣ, таҳқиқ,инчунин суд, ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣё баррасии онҳо, аз даст додани шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бозпас гирифта ё аз эътибор соқит дониста мешаванд. Гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор манъ аст.
  2. Ба сифати гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият манъ аст.
  3. Айнияткунонии шахси воқеӣ аз рўи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳамчунин истифодаи онҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
  4. Аз шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият гирифта шуда, дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳангоми озод шудан аз адои ҷазо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба соҳибони онҳо баргардонида мешаванд.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 33. Инҳисори (монополияи) давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи шахсият
Фаъолият оид ба тайёр намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти дар сархатҳои якум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда, ҷамъоварӣ ва пешбурди махзани маълумоти якҷоякардашудаи низоми тайёр намудани ҳуҷҷатҳо, автоматикунонии корҳои баҳисобгирии равандҳои муҳоҷират, таҳия, ҷорӣ ва ҳамроҳкунии маводи барномавию техникӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ба инҳисори (монополияи) давлат мансуб буда, аз ҷониби корхонае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро эътироф кардааст, дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо давлатҳои хориҷӣ оид ба истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳамкорӣ менамояд.
 
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоянакардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоянакардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон
 
Ш.Душанбе
26 июли соли 2014
№1097
 

Илова кунед