Дастури маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 Апрел 2013, Чоршанбе(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 қисми 2, мод.344;соли 2015,№10,мод.871;ҚМНМОҶТ аз 3.10.16с.№527)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 -уми апрели соли 2013 , №1145 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №4 қ.1 , моддаи 271) қабул гардидааст.
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
ФАСЛИ II. СОХТОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Боби 1. Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў
Боби 2. Шўрои Маҷлиси намояндагон
Боби 3. Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон
Боби 4.Фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон
Боби 5. Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон
ФАСЛИ III. ТАРТИБИ УМУМИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Боби 6. Оѓози кори Маҷлиси намояндагон. Тартиби гузаронидани иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон
Боби 7. Тартиби овоздиҳӣ ва қабули қарорҳои Маҷлиси намояндагон. Назорати системаи электронӣ
Боби 8. Тартиби гузаронидани муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои он
Боби 9. Кор бо интихобкунандагон ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон
ФАСЛИ IV. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӣ
Боби 10. Тартиби пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагон ва тайёр намудани онҳо барои баррасӣ
Боби 11. Тартиби баррасии лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули онҳо дар Маҷлиси намояндагон
Боби 12. Тартиби баррасии такрории қонунҳое, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ накардааст
Боби 13. Тартиби баррасии такрории қонунҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидааст
Боби 14. Тартиби тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 15. Тартиби баррасӣ ва қабули қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати иҷрои он
Боби 16. Тартиби баррасӣ ва қабули қонун дар бораи авф
Боби 17. Тартиби мураттабсозӣ ва интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
ФАСЛИ V. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДИГАР МАСЪАЛАҲО, КИ БАСАЛОҲИЯТИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАНСУБАНД
Боби 18. Тартиби таъсис додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовини ў ва аъзои Комиссия
Боби 19. Тартиби ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторҳои Палатаи ҳисоб
Боби 20. Тартиби ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ, ки ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон мансубанд
Боби 21. Тартиби тасдиқ кардани барномаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 22. Тартиби додани ризоият ба додугирифти қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 23. Тартиби тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 24. Тартиби таъин кардани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 25. Тартиби таъсис додани судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 26. Тартиби тасдиқ кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 27. Тартиби тасдиқ кардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 28. Тартиби тасдиқ кардани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў
Боби 29. Тартиби додани ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 30. Тартиби интихоб кардани намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 31. Тартиби муқаррар кардани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боби 32. Тартиби аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон
ФАСЛИ VI. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ВА БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
ФАСЛИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
1. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Маҷлиси намояндагон) мақоми доимоамалкунанда ва касбӣ буда, аз 63 нафар вакил иборат мебошад.
2. Мўҳлати ваколати Маҷлиси намояндагон 5 сол мебошад ва он дар рўзи оѓози фаъолияти Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.Вакили Маҷлиси намояндагон баъд аз интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
3. Маҷлиси намояндагон масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдоштаро дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур баррасӣ ва ҳал мекунад.
4. Маҷлиси намояндагон аз рўи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад.
5. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст.
6. Маҷлиси намояндагон ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти дигари давлатиро бо мақсади назорати иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, ҳисоботи ҷамъбастии онро оид ба фаъолияти аудиторӣ, ҳисобот оид ба иҷрои буҷети Палатаи ҳисоб ва хулосаи аудитории онро доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, мешунавад.
7. Тартиби фаъолияти Маҷлиси намояндагон, Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, Шўрои Маҷлиси намояндагон, кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, комиссияҳои муваққатии Маҷлиси намояндагон, фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон (минбаъд — фраксия ва гурўҳҳои вакилон), вакили Маҷлиси намояндагон бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур муайян карда мешавад.
8. Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, муҳокимаи озодона, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, масъулият дар назди халқу Ватан амалӣ менамояд.
9. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва мақомоти он дар воситаҳои ахбори омма инъикос меёбад. Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо ин мақсад:
а) гузориши расмиро дар бораи иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои Шўро, кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои он барои воситаҳои ахбори омма таҳия менамояд;
б) барномаи телевизионии «Соати парламентӣ»-ро ташкил ва омода месозад;
в) нишасти матбуотии Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, кумита ва комиссияҳо, фраксия ва гурўҳҳои вакилонро ташкил мекунад;
г) дигар маводи хусусияти иттилоотидоштаро нашр менамояд.
- Маҷлиси намояндагон нашрияи матбуотӣ ва сомонаи расмии худро дорад.
- Дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон маълумотҳои зерин ҷойгир карда мешаванд:
а) Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) сохтори Маҷлиси намояндагон;
в) маълумот оид ба тарҷумаи ҳоли Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, раисони кумита ва комиссияҳо, муовинони онҳо, раисони фраксия ва гурўҳҳои вакилон, вакилони Маҷлиси намояндагон;
г) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳое, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидаанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) муҳокимаи пешакии лоиҳаи қонуни конститутсионӣ, кодекс ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – қонун);
е) тафсири Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – қонунҳо);
ж) оид ба фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;
з) дар бораи намояндагии ҳизбҳо, фаъолияти фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон;
и) оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентии Маҷлиси намояндагон, мулоқотҳо ва сафарҳои хориҷии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаву комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон;
к) хабарҳо дар бораи иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои он, дигар самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон;
л) робита бо интихобкунандагон;
м) оид ба таърихи Маҷлиси намояндагон;
н) дар бораи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти он.
- Ҷойгиркунии маълумот дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон бо забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
- Маълумот дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон дар мўҳлатҳои зерин нав карда мешавад:
а) хабарҳо — ҳар рўз;
б) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таѓйиру иловаҳо — ҳар моҳ;
в) масъалаҳои дигар — аз рўи зарурат.
- Паҳн намудани иттилоот ба воситаи сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон аз тарафи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон амалӣ гардонида мешавад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ба иродаи интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаи худ овоз диҳад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад,наметавонад вакили дигар мақомот бошад, дар дигар мақомоти давлатӣ ва ѓайридавлатӣ вазифаеро ишѓол намояд, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ўро ба ҳабс гирифтан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содир кардани ҷиноят. Вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин мавриди кофтукови (азназаргузаронии) шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.
- Вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии Маҷлиси намояндагон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷавобгарии маъмурие, ки тариқи судӣ татбиқ мегардад, кашидан мумкин нест. Дохил шудан ба манзили истиқоматӣ ё утоқи кории вакили Маҷлиси намояндагон, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии ў, дар он ҷо гузаронидани кофтуков(азназаргузаронӣ), дарёфт кардан, гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар сўҳбатҳои ў, кофтукови(азназаргузаронии) шахсии ў, инчунин дарёфт карда гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ў танҳо бо дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати суди дахлдор дар иртибот бо парвандаи ҷиноятии оѓозгардида нисбат ба вакили Маҷлиси намояндагон сурат гирифта метавонад.
- Нисбати вакили Маҷлиси намояндагон танҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад парвандаи ҷиноятӣ ва маъмурӣ оѓоз намояд. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ҳал карда мешавад.
- Кафолати амалигардонии бемамониат ва самараноки ҳуқуқ ва вазифаҳои вакили Маҷлиси намояндагон бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур муайян карда мешаванд.
- Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми ба охир расидани мўҳлати ваколат, истеъфо, ѓайри қобили амал эътироф шудани ў аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишѓоли вазифае, ки ба ваколати вакили Маҷлиси намояндагон мувофиқ нест, ба вазифаи дигар таъин намудани ў, парокандашавии Маҷлиси намояндагон, вафот қатъ мегардад. Ҳангоми қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагон ҳамаи вазифаҳое, ки вобаста ба ваколати вакилиаш ба зиммаи ў гузошта шудаанд, қатъ мегарданд.
ФАСЛИ II. СОХТОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
БОБИ 1. РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН, МУОВИНИ ЯКУМ ВА МУОВИНОНИ Ў
- Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ, бо истифодаи бюллетенҳо ва бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб мешавад.
- Номзадҳоро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагон пешбарӣ мекунанд.
- Дар рафти муҳокима ҳамаи номзадҳое, ки розигиашонро барои интихоб шудан ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон додаанд, метавонанд дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баромад кунанд ва ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ҷавоб диҳанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд, ки ба тарафдорӣ ё муқобили номзад ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон сухан кунанд.
- Ба рўйхати овоздиҳӣ ҳамаи номзадҳои ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон пешбаришуда, ѓайр аз онҳое, ки номзадиашонро пас гирифтаанд, дохил карда мешаванд. Пас гирифтани номзадӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон бе овоздиҳӣ қабул карда мешавад.
- Номзаде ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб мешавад, ки агар ба тарафдории ў аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд. Ҳар як вакили Маҷлиси намояндагон танҳо ба тарафдории як номзад овоз дода метавонад.
- Дар ҳолате, ки ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон зиёда аз ду номзад пешбарӣ шуда бошад ва ягон нафаре аз онҳо миқдори овозҳои заруриро нагирифта бошад, даври дуюми овоздиҳӣ барои ду нафаре, ки дар даври якуми овоздиҳӣ бештар овоз гирифтаанд, гузаронида мешавад.
- Дар овоздиҳии даври дуюм номзаде ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихобшуда дониста мешавад, ки ба тарафдории ў аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд.
- Агар дар даври дуюми овоздиҳӣ ягон нафар аз ду номзади зикргардида миқдори зарурии овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагонро нагирифта бошад, Маҷлиси намояндагон интихоботи такрории Раиси Маҷлиси намояндагонро мегузаронад. Интихоботи такрории Раиси Маҷлиси намояндагон мутобиқи муқаррароти бандҳои 22-28 Дастури мазкур гузаронида мешавад. Пешбарии номзадҳое, ки дар даврҳои гузаштаи интихоботи Раиси Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуда буданд, манъ аст.
- Интихоби Раиси Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси намояндагон бе овоздиҳии иловагӣ ба расмият дароварда мешавад.
- Раиси Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда буда, бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ва бо овоздиҳии пинҳонӣ метавонад аз вазифа бозхонд карда шавад.
- Масъала дар бораи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон аз тарафи на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон гузошта мешавад. Дар ҳолати аз тарафи аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфтани пешниҳоди мазкур, масъала дар бораи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта мешавад. Ҳангоми баррасии масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон ба ў сухан дода мешавад.
- Раиси Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад ба истеъфо равад. Қарор дар бораи ба истеъфо рафтани Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар асоси аризаи хаттии ў сурат мегирад. Истеъфои Раиси Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Маҷлиси намояндагон шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагонро муқаррар мекунад.
- Номзадҳо ба вазифаи муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии ошкоро интихоб мешаванд.
- Номзадҳое, ки ба вазифаи муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон метавонанд баромад кунанд ва ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ҷавоб диҳанд.
- Номзадҳое ба вазифаи муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон интихобшуда дониста мешаванд, ки ба тарафдории онҳо аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд.
- Маҷлиси намояндагон дар бораи интихоб шудани муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад.
- Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон метавонанд аз вазифа бозхонд карда шаванд.
- Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ҳукуқ доранд ба истеъфо раванд.
- Қарор дар бораи аз вазифа бозхонд кардан ва ба истеъфо рафтани муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон:
а) ба мураттабсозии масъалаҳое, ки дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шўрои он баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ менамояд;
б) дар навбати худ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуда, ҷой ва вақти гузаронидани онро муайян менамояд ва ба он раисӣ мекунад;
в) дар иҷлосияву ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шўрои он раисӣ мекунад;
г) номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
д) номгўй, шумора ва ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
е) қонун дар бораи авф ва қонун дар бораи буҷети давлатиро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
ж) қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
з) ба қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва қарорҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
и) номзадии намояндаи Маҷлиси намояндагонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
к) Маҷлиси намояндагонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
л) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
м) дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон ҷаласаҳои навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон ва ҳангоми зарурат ҷаласаҳои ѓайринавбатии онро даъват менамояд;
н) дар ҳолатҳои истисноӣ ба тариқи пурсиш мавқеи аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагонро оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Шўрои Маҷлиси намояндагон мансуб муайян мекунад;
о) мўҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузориро тамдид мекунад;
п) ваколатҳои дигареро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур муайян гардидаанд, амалӣ менамояд.
- Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи гузашта ва дар бораи лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад. Аз рўи гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси намояндагон метавонад қарор қабул кунад.
- Раиси Маҷлиси намояндагон барои амалӣ намудани салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад.
- Самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон дар асоси амри Раиси Маҷлиси намояндагон муайян карда мешаванд.
- Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси намояндагон вазифаҳои ўро бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагон муовини якум ва ё яке аз муовинони ў иҷро мекунад.
- Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагонро, ки сарпарасташон мебошанд, ҳамоҳанг месозанд, дигар масъалаҳои тартиботи дохилии фаъолияти Маҷлиси намояндагонро тибқи Дастури мазкур ҳал мекунанд.
- Фаъолияти Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ўро Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъмин мекунанд.
БОБИ 2. ШЎРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Шўрои Маҷлиси намояндагон мақоми дастҷамъона, ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси намояндагон мебошад.
Фаъолияти Шўрои Маҷлиси намояндагон дар шакли ҷаласа сурат мегирад. Ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон рақамгузорӣ шуда, оид ба онҳо протокол тартиб дода мешавад.
Ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон вақте салоҳиятнок ҳисобида мешаванд, агар дар кори онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон иштирок дошта бошанд.
Ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида шуда, дар воситаҳои ахбори омма тавассути пахши телевизионӣ ва радио, чопи қарорҳои онҳо дар матбуоти даврӣ, инчунин ҷойгиркунии маълумоти дахлдор дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон инъикос меёбанд.
Шўрои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ё муовинони ў, кумита, комиссия, фраксия ва гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагон метавонад ҷаласаҳои пўшида гузаронад.
Қарор дар бораи гузаронидани ҷаласаи пўшида бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, қабул карда мешавад.Ҷаласаҳои пўшидаи Шўрои Маҷлиси намояндагон бо тартиби барои ҷаласаҳои пўшидаи Маҷлиси намояндагон муқарраршуда гузаронида мешаванд ва шахсони дар он иштироккунандаро Шўрои Маҷлиси намояндагон муайян менамояд.
Маълумот дар бораи ҷаласаҳои пўшидаи Шўрои Маҷлиси намояндагон ошкор карда намешавад ва маводи онҳоро Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо низоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳои махфӣ нигоҳ медорад.
- Ба ҳайати Шўрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд. Маҷлиси намояндагон метавонад ба ҳайати Шўрои Маҷлиси намояндагон дигар вакилонро низ интихоб намояд. Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон раисӣ мекунад. Ҳангоми набудани Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагон муовини якум ва ё яке аз муовинони ў раисӣ мекунад. Ҳангоми набудани раисони кумитаҳо, комиссияҳо, роҳбарони фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон бо супориши онҳо муовинони онҳо ва ё яке аз аъзои кумита, комиссия, фраксия, гурўҳи вакилони дахлдор иштирок менамоянд.
- Дар ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ вобаста ба лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории пешниҳодкардаашон, шахсони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок карда метавонанд.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон иштирок кунанд.
- Салоҳияти Шўрои Маҷлиси намояндагон:
а) ташкили тайёрии ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва банақшагирии корҳои марбут ба таҳия ва баррасии лоиҳаи қонунҳо;
б) баррасии масъалаҳои даъват намудани ҷаласаҳои навбатӣ ва ѓайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон;
в) тартиб додани лоиҳаи нақшаи баррасии масъалаҳо дар Маҷлиси намояндагон барои моҳи оянда;
г) таҳияи лоиҳаи рўзномаи ҷаласаҳои навбатӣ ва ѓайринавбатии Маҷлиси намояндагон;
д) ҳамоҳангсозии фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;
е) муайян намудани кумитаи масъул, ки лоиҳаи қонуни аз ҷонибисубъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳодшударо барои баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон омода менамояд. Фиристонидани лоиҳаҳо барои баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, ҳангоми зарурат, ба дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва муайян намудани мўҳлати тайёр кардани хулоса, пешниҳодҳо ва таѓйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣбо пешниҳоди кумитаи масъул муттаҳид намудани якчанд лоиҳаи қонуни мукаммал, қонун оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба як қонун ва таклифи қонунгузорӣ, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагон дар як вақт пешниҳод шудаанд;
ж) таъин кардани экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ ва зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муайян кардани субъектҳое, ки экспертизаро мегузаронанд ва мўҳлати гузаронидани онҳо, фиристонидани маводи зарурӣ барои гузаронидани экспертиза;
з) фиристонидани лоиҳаи қонун ва маводи ба он вобаста, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр кардааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар мўҳлатҳои муқарраркардаи Дастури мазкур;
и) таъмини баррасии пешакии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муҳокимаи пешакии лоиҳаи қонун ва ҷойгир кардани матни он дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон ва нашри он дар рўзномаи «Садои мардум;
к) пас гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар сурати мухолифати он ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур;
л) қабули қарор дар бораи банақшагирӣ ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаву комиссияҳои он;
м) қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳоду эродҳои вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаанд;
н) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои он;
о) ташкил намудани робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон, баррасии масъалаҳо вобаста ба зарурат ва имконияти сафари хизматии Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, муовинони онҳо, аъзои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳои дигар мамлакатҳо;
п) назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;
р) таъсис додани комиссияҳо ва гурўҳҳои корӣ вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он дохил мешаванд;
с) ташкил намудани шунидани ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ бо мақсади назорати иҷрои буҷети давлатӣ;
т) таъсиси Комиссияи Шўрои Маҷлиси намояндагон оид ба баррасии пешакии пешниҳодот дар хусуси додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон;
у) пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфарозгардонии вакили Маҷлиси намояндагон, корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он бо мукофоти давлатӣ, рутба ва унвони махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ф) амалӣ намудани ваколатҳои дигар вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур муайян намудаанд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон аз рўи масъалаҳои баррасишаванда қарор қабул мекунад ва ба он раисикунандаи ҷаласа имзо мегузорад. Қарори мазкур ба кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мақомоти дахлдор фиристонида мешавад.
- Қарорҳои Шўрои Маҷлиси намояндагонро, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, Шўрои Маҷлиси намояндагон ё Маҷлиси намояндагон бекор мекунад.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон аз натиҷаи баррасии масъалаҳо дар ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон огоҳ карда мешаванд.
БОБИ 3. КУМИТА ВА КОМИССИЯҲОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон (минбаъд — кумита ва комиссияҳо) — ро таъсис медиҳад. Маҷлиси намояндагон метавонад комиссияҳои муваққатиро барои ҳалли масъалаҳои алоҳида таъсис диҳад.
- Салоҳияти кумитаҳои Маҷлиси намояндагон:
а) мутобиқати лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Шўрои Маҷлиси намояндагонро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамоянд, ба онҳо хулоса медиҳанд ва онҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси намояндагон омода ва пешниҳод менамоянд;
б) ҷиҳати такмили лоиҳаи қонунҳои дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарордошта, инчунин вобаста ба фаъолияти қонунгузорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд;
в) дар сурати зарурат оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ ва зиддикоррупсионӣ таъин менамоянд, мўҳлати гузаронидани онҳо ва субъектҳое, ки экспертизаро мегузаронанд муайян мекунанд ва ба онҳо маводҳои заруриро барои гузаронидани экспертиза мефиристонанд;
г) ба Барномаи намунавӣ ва Нақшаи тақвимии Маҷлиси намояндагон дохил намудани масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти онҳо дахл доранд, пешниҳод мекунанд;
д) дар доираи салоҳияташон соҳаҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ҷиҳати такмили онҳо таклифҳои қонунгузорӣ пешниҳод менамоянд;
е) вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дахлдошта:
— баррасии санадҳои қонунгузории намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро дар Маҷлиси намояндагон ташкил мекунанд;
— робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкориро бо кумита ва комиссияҳои дахлдори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, парламентҳои дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии парламентӣ ба роҳ мемонанд ва амалӣ менамоянд;
— нақшаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои ҳамкориро бо парламентҳои дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалии парламентӣ таҳия намуда, барои баррасӣ ба Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд ва ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳо меандешанд;
ж) зарурат ва имконияти сафари хизматии аъзои кумитаро ба кишварҳои дигар барои иштирок намудан дар ҷаласаҳои ташкилотҳои байналмилалии парламентӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба фаъолияти вакилӣмеомўзанд ва оид ба онҳо ба Шўрои Маҷлиси намояндагон таклифҳо пешниҳод менамоянд;
з) муҳокимаҳои парламентиро вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дахлдошта тибқи нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парламентӣ ташкил мекунанд ва мегузаронанд;
и) вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дахлдошта муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунанд ва мегузаронанд;
к) дар доираи салоҳияташон конференсия, симпозиум, семинар, мизи мудаввар ва дигар чорабиниҳоро ташкил мекунанд, мегузаронанд ва дар кори чунин чорабиниҳо иштирок мекунанд;
л) бо воситаҳои ахбори омма ҳамкориро дар самти инъикоси фаъолияташон ба роҳ мемонанд;
м) ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур муайян кардаанд, амалӣ менамоянд.
- Маҷлиси намояндагон номгўй, шумора ва ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагонро бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон муайян мекунад. Ҳайати кумита ва комиссияҳо аз 5 нафар кам буда наметавонад.
- Таъсис ва барҳамдиҳии кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, муайян кардани номгўй (таѓйири ном), шумора ва ҳайати онҳо бо қарори Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
- Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар ҳалли масъалаҳои ба салоҳияташон дахлдошта баробарҳуқуқ мебошанд.
- Комиссияҳои муваққатии Маҷлиси намояндагон мутобиқи Низомномаи тасдиқкардаи Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд.
- Раисони кумита ва комиссияҳо бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон ва бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар бораи ба вазифа интихоб намудан ва аз вазифа бозхонд кардани раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад.
- Ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб карда мешавад. Маҷлиси намояндагон дар бораи интихоби ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад. Ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси намояндагон таѓйир дода мешавад. Ҳангоми ворид намудани таѓйирот ба ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон хоҳиши вакили Маҷлиси намояндагон ба инобат гирифта мешавад.
- Ба ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў интихоб шуда наметавонанд.
- Муовинони раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, котибони онҳо аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи онҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои кумита, комиссия интихоб карда мешаванд.
- Раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон, ба истиснои Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон вазифадор аст, ки узви яке аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бошад.
- Ҷаласаҳои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар сурате салоҳият доранд, ки агар дар кори онҳо аз нисф зиёди аъзои онҳо иштирок дошта бошанд.
- Дар ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон раиси кумита ё комиссияи Маҷлиси намояндагон ва ё бо супориши онҳо муовинони онҳо раисӣ мекунанд.
- Ҷаласаҳои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон аз рўи зарурат гузаронида мешаванд.
- Оид ба баргузории ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон раисони онҳо, аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон, инчунин дигар иштирокчиёни ҷаласаро қаблан огоҳ менамоянд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон вазифадор аст, ки дар ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, ки ў узви онҳо мебошад, иштирок намояд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон бояд дар бораи имконнопазирии иштирокаш дар ҷаласаи кумита ва ё комиссияи Маҷлиси намояндагон раиси кумита ва ё комиссияи дахлдорро сари вақт огоҳ намояд.
- Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон аз рўи масъалаҳои баррасишаванда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои кумита ва комиссия қарор қабул мекунанд. Ба протоколҳои ҷаласа раисикунандаи он ва котиб имзо мегузоранд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд бо протоколи ҷаласаи кумита ва комиссияҳо шинос шаванд.
- Дар Шўрои Маҷлиси намояндагон аз номи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон раисони онҳо иштирок мекунанд ва барои ворид намудан ба лоиҳаи рўзномаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон таклифҳо пешниҳод менамоянд.
- Узви кумита, комиссияи Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад, ки бо супориши кумита ё комиссияи дахлдор дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва Шўрои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои дигар кумита ва комиссияҳо бо маърўза оид ба масъалаҳои дахлдор баромад кунад.
- Дар ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аъзои ин кумита ва комиссияҳо нестанд, иштирок карда метавонанд.
- Дар ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомот ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонуни таҳиякардаи онҳо дар ҷаласаи кумита ё комиссияи мазкур баррасӣ мешаванд, метавонанд иштирок кунанд.
- Ба ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон коршиносон, олимон, намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма даъват шуда метавонанд.
- Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон метавонанд ҷаласаҳои якҷоя гузаронанд ва бо тарафдории аксарияти аъзои ҳар як кумита ва комиссия, ки алоҳида овоз медиҳанд, қарори якҷоя қабул кунанд.
- Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон барои аниқ кардани ҳолати воқеии кор ва афкори ҷамъиятӣ аз рўи масъалаҳои фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дахл доранд, метавонанд муҳокимаҳои парламентӣ ва ҷамъиятӣ ташкил кунанд, конференсияҳо, ҷамъомадҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо баргузор намуда, дар кори онҳо иштирок намоянд. Дар сурати доир намудани ин чорабиниҳо берун аз шаҳри Душанбе — дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагонро Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тибқи тартиби муқарраргардида ташкил мекунад.
- Барои тайёр кардани масъалаҳои алоҳида кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдор, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин аз ҷумлаи мутахассисон ва кормандони масъули корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гурўҳҳои корӣ таъсис дода метавонанд.
- Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд, ки дар кори худ кормандони шўъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар коршиносонро ҷалб намоянд, санадҳои заруриро дастрас ва дар бораи гузаронидани экспертизаи мустақили лоиҳаи қонунҳо қарор қабул кунанд.
- Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хулосаҳои хаттӣ, маълумотнома ва дигар маводи барои фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон заруриро дархост намоянд, дархосту муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилоту идораҳоро, ки ба салоҳияти ин мақомоту ташкилот, шахсони мансабдор мансубанд, фиристонанд ва аз натиҷаи баррасии онҳо ҷавоб талаб намоянд.
- Маҷлиси намояндагон аз кумита ва комиссияҳои зерин иборат аст:
а) Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон;
б) Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;
в) Кумита оид ба иқтисод ва молия;
г) Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин;
д) Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;
е) Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
ж) Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ;
з) Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
и) Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия;
к) Комиссияи экологӣ;
л) Комиссия оид ба одоби вакилон;
м) Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор.
- Салоҳияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагонро Дастури мазкур муқаррар мекунад.
- Салоҳияти Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон:
а) қонунгузорӣ оид ба тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд;
в) қонунгузорӣ дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
г) қонунгузорӣ дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
д) қонунгузорӣ дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ;
е) қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
ж) қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
и) қонунгузории гражданӣ, мурофиавии гражданӣ ва мурофиавии иқтисодӣ;
к) қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
л) қонунгузорӣ дар бораи низоми судӣ, мақоми судҳо ва судяҳо, иттиҳодияҳои судӣ;
м) қонунгузорӣ дар бораи мақомоти адлия, прокуратура, адвокатура ва нотариат;
н) қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро;
о) қонунгузорӣ оид ба маблаѓгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба салоҳияти кумита дахл дорад ва назорати иҷрои он;
п) масъалаҳои ҳуқуқӣ оид ба авф ва татбиқи авф.
- Салоҳияти Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният:
а) қонунгузорӣ оид ба таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва коррупсия;
б) қонунгузорӣ оид ба разведкаи хориҷӣ;
в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ, берунӣ, ҳарбӣ, иттилоотӣ, ҷамъиятӣ, экологӣ ва демографӣ (якҷоя бо кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон);
г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда;
д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва намудҳои дигари иттилооти махфӣ;
е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, прокуратура;
з) қонунгузорӣ оид ба салоҳият ва вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа;
и) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтмони ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо оид ба сохторҳои ҳарбӣ, масъалаҳои сиёсати ҳарбӣ-техникӣ, таѓйирдиҳии аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва истифодаи моликияти озодшудаи дигари ҳарбӣ;
к) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ оид ба маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ;
л) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хароҷоти маблаѓгузорӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи миллӣ;
м) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои таъмини омодагӣ ба сафарбарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини тайёрии ҳарбӣ ва сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус;
н) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои тайёрии ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, даъвати онҳо, тартиби гузаштани хизмати ҳарбӣ, иваз намудани хизмати ҳарбӣ ба хизмати алтернативӣ, пурракунонии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсус бо ҳайати шахсӣ, тайёрии кадрҳои афсарӣ;
о) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, ҳолати ҳарбӣ, тартиби истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ;
п) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои вазъи кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо, аз ҷумла масъалаҳои суѓурта ва тандурустии хизматчиёни ҳарбӣ ва ба ҳаёти мулкӣ мутобиқшавии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, таъмини нафақа пас аз хизмати ҳарбӣ ва таъмини интизоми ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ;
р) иштирок дар таҳияи доктринаи мудофиа ва бехатарӣ;
с) қонунгузорӣ оид ба пешгирии гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, трансмиллӣ ва гурўҳӣ;
т) қонунгузорӣ оид ба маблаѓгузории мақомот ва ташкилотҳое, ки назорати фаъолияти онҳо ба салоҳияти кумита дохил мешавад ва назорати иҷрои онҳо.
- Салоҳияти Кумита оид ба иқтисод ва молия:
а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтори буҷет ва раванди буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети фондҳои ѓайрибуҷетӣ, қарзи давлатӣ, андозу боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои мутақобилаи буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими амалиёти суѓуртавӣ, инкишофи институтҳои молиявӣ, биржаҳо ва бозори фондӣ;
г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими арзию гумрукӣ (якҷоя бо Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният);
д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хазинадорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, омор ва омори молиявӣ;
е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими фаъолияти бонкӣ;
ж) қонунгузорӣ оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, асосҳои идоракунии давлатии иқтисодиёт, аз ҷумла оид ба меъёрҳои амнияти иқтисодӣ ва идоракунии молу мулки давлатӣ;
з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои интегратсияи иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (якҷоя бо Кумита оид бакорҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳоиҷамъиятӣ ва иттилоот);
и) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои танзими маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ;
к) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои нарх, танзими фаъолияти инҳисории табиӣ, соҳибкорӣ ва рушди соҳибкории хурд;
л) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ихтиёрдорӣ ва идораи моликияти давлатӣ, аз ҷумла моликияте, ки ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода тааллуқ доранд ва дар раванди хусусигардонии моликият ба вуҷуд омадаанд, инчунин моликияте, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад;
м) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ташкилу фаъолияти корхонаҳои шакли ташкилию ҳуқуқиашон гуногун ва қатъ кардани чунин фаъолият (ҷамъиятҳои саҳомӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ѓайра), инчунин танзими фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат низ мавҷуд аст;
н) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муомилоти саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода, ки дар раванди хусусигардонии моликият таъсис ёфтаанд, муфлисшавӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди соҳибкории хурд ва миёна;
о) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои иҷоравӣ;
п) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муносибатҳои молу мулкӣ (қарзӣ, гаравӣ, баҳодиҳӣ, муомилоти молу мулки ѓайриманқул, идоракунии боэътимод, гарави молу мулк, хусусигардонии манзил ва ѓайра);
р) баррасии пешакии ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон;
с) баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба додани ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
т) дар мувофиқа бо кумита ва комиссияҳои дигари Маҷлиси намояндагон таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи нақшаҳои муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаву комиссияҳои он ҷиҳати иҷрои қонун дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шўрои Маҷлиси намояндагон ва назорати иҷрои онҳо;
у) мувофиқа намудани лоиҳаи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли навбатии молиявӣ, ки роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст (якҷоя бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор).
- Салоҳияти Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин:
а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии тараққиёти соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, ки ба ислоҳоти аграрӣ ва замин, дигаргунсозии муносибатҳои истеҳсолӣ вобастагӣ доранд;
б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои идораи захираҳои об ва замин, геодезӣ, беҳдошти замин ва таъмини оби нўшокӣ;
в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои соҳаи коркарди саноати хўрокворӣ ва озуқа;
г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои кооперативҳо ва кооператсияи матлубот;
д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хоҷагии ҷангал;
е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, муҳофизат ва барқарор намудани мамнўъгоҳҳои нодири табиат, усулҳои экологӣ ва биотсенозӣ, нигоҳ доштани гуногунрангии биологӣ;
ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи созишномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ (якҷоя бо Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот);
з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи замин, об, ҳавои атмосфера, олами ҳайвонот ва наботот, аз ҷумла олами наботот ва ҳайвоноти нодиру азбайнраванда, мувозинати онҳо.
- Салоҳияти Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот:
а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ;
б) омода намудани барномаҳои солонаи робитаҳои хориҷии Маҷлиси намояндагон ва лоиҳаи созишномаҳои Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии парламентӣ;
в) баррасии масъалаҳо оид ба муқаррар намудани рутбаҳои дипломатӣ;
г) ташкили ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии воқеъ дар ҷумҳурӣ, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парламентӣ;
д) бо назардошти таклифи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон таҳияи лоиҳаи қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои мамлакатҳои дигар;
е) қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
ж) қонунгузорӣ оид ба кафолати озодии виҷдон ва танзими фаъолияти ташкилотҳои динӣ (якҷоя бо Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон);
з) қонунгузорӣ оид ба сиёсати миллии давлатӣ, инкишофи фарҳанги миллии халқи тоҷик ва дигар халқҳои сокини Тоҷикистон оид ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои миллӣ;
и) қонунгузорӣ оид ба матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма;
к) қонунгузорӣ оид ба танзими фазои ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ;
л) ба роҳ мондани ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ;
м) танзими фаъолияти рўзномаи «Садои мардум» ва тайёр кардани масъала дар бораи баррасии Оинномаи он дар Шўрои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
н) иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ;
о) тайёр ва пешниҳод кардани нақшаи ҳамкорӣ бо парламентҳо ва созишномаҳои ҳамкорӣ бо парламентҳои давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии парламентӣ ба Шўрои Маҷлиси намояндагон.
93.Салоҳияти Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон:
а) қонунгузорӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш ва туризм;
б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ислоҳот ва рушди низоми маориф, тадқиқоти илмӣ, сиёсати ҷавонон;
в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои моликияти давлатӣ, молиявӣ, андозбандӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш ва туризм (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия);
г) қонунгузорӣ дар соҳаи сиёсати илмию техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои пешқадам, рушди илму техника, ҳамкории илмиву техникӣ, технологӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ;
д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои фарҳанг, аз ҷумла:
— ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мероси фарҳанги миллӣ;
— содирот ва воридоти арзишҳои фарҳангӣ;
— китобхонаҳо, осорхонаҳо, бойгонӣ;
— ҳунармандӣ ва касбҳои миллӣ;
— забон ва фолклор;
— ҳамкории мутақобила бо равияҳои динӣ дар масъалаҳои ҳифзи фарҳанг;
— муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди парасторӣ;
— фаъолияти илмӣ, касбомўзӣ дар соҳаи фарҳанг.
е) қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқ ба иттилооти илмӣ, илмию техникӣ, технологӣ ва ѓайра;
ж) қонунгузорӣ оид ба танзими меҳнати ноболиѓон ва мутахассисони ҷавон, пешгирии содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиѓон ва ҷавонон (якҷоя бо Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон);
з) қонунгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш ва туризм.
- Салоҳияти Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ:
а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сиёсати демографӣ (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия);
б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оила ва кўдакон;
в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои таъминоти нафақаи шаҳрвандон;
г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои суѓуртаи иҷтимоии шаҳрвандон;
д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ;
е) қонунгузорӣ оид ба стандартҳои камтарини иҷтимоӣ ва кафолатҳои камтарини иҷтимоии давлатӣ;
ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои афзун намудани некўаҳволии аҳолӣ;
з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сиёсати андоз дар қисми андоз ва боҷҳои иҷтимоӣ, андоз ва боҷҳо аз аҳолӣ (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия);
и) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии собиқадорони ҷанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон;
к) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи занон, оила ва кўдакон, татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо;
л) қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва кафолати риояи ин ҳуқуқҳо;
м) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳуқуқҳои касбӣ, ўҳдадориҳо ва масъулияти коркунони соҳаи тиб ва фармасевтӣ, вазъи ҳуқуқии ассотсиатсияҳои касбӣ;
н) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои суѓуртаи тиббӣ, таҳия ва иҷрои буҷети фонди суѓуртаи ҳатмии тиббӣ (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия);
о) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои саноати тиббӣ ва доруворӣ (якҷоя бо Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия);
п) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои тибби анъанавӣ ва халқӣ;
р) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои беҳбудии санитарӣ–эпидемиологии аҳолӣ;
с) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои бо кор таъмин намудани аҳолӣ, танзими бозори қувваи корӣ, бозори шуѓл, тайёр ва таҷҳизонидани ҷойҳои корӣ, мушоҳидаи доимии корхонаҳо, тамоюли касбӣ ва офияти шаҳрвандон, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳибкории хурд, ташкили корҳои ҷамъиятӣ, таъмини кори муваққатӣ, тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;
т) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ.
- Салоҳияти Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ:
а) муҳокимаи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) қонунгузорӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) қонунгузорӣ дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) қонунгузорӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ;
д) қонунгузорӣ оид ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
е) қонунгузорӣ оид ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ж) қонунгузорӣ дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) қонунгузорӣ оид ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
и) қонунгузорӣ дар бораи мукофотҳои давлатӣ;
к) қонунгузорӣ дар бораи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;
л) қонунгузорӣ дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
м) қонунгузорӣ дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
н) қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
о) қонунгузорӣ оид ба вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлиси вакилони халқ ва вакили ҷамоат;
п) қонунгузорӣ оид ба статуси пойтахт — шаҳри Душанбе;
р) қонунгузорӣ оид ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
с) қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
- Салоҳияти Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия:
а) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, сохтмони саноатӣ ва гражданӣ, нақлиёт, коммуникатсия, сармоягузории соҳаҳои мазкур;
б) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтмони роҳ;
в) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, меъморӣ ва фаъолияти шаҳрсозӣ;
г) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои стандартикунонӣ, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсияи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, ягонагии воситаҳои ченак;
д) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои манзил ва хоҷагии манзилию коммуналӣ;
е) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба салоҳияти кумита вобаста аст (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия);
ж) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои илмию техникӣ вобаста ба салоҳияти кумита (якҷоя бо Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон);
з) қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолоти маҳсулоти саноатии таъиноти гражданию мудофиавӣ (якҷоя бо Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният).
- СалоҳиятиКомиссияиэкологӣ:
а) таҳлили лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз нуқтаи назари илми экология ва ҷараёнҳои инноватсионии ҷаҳонӣ дар ин самт, бо мавқеъгирӣ аз манфиатҳои миллию давлатӣ ва пешниҳоди хулосаҳо ба онҳо (якҷоя бо Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин)
б) рафти иҷрои барнома ва нақшаҳои миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зистро, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ мегарданд, таҳлил ва арзёбӣ менамояд;
в) оид ба масъалаҳои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист хулоса ва тавсияҳо медиҳад;
г) равандҳои воқеии муҳити зист ва истифодабарии захираҳои табииро аз ҷиҳати илмӣ таҳлил менамояд, аз натиҷаи ин таҳлилҳо ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва Шўрои Маҷлиси намояндагон ҳисобот ва ахборотҳои дахлдор пешниҳод менамояд;
д) аз вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ватанию хориҷӣ оид ба масъалаҳои экологӣ маълумоти дахлдор талаб менамояд;
е) эътимоднокии маълумот, ҳисобот ва гузоришҳое, ки аз ҷониби мақомоти гуногун оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таҳия шудаанд, месанҷад ва ба онҳо хулоса медиҳад;
ж)оид ба баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ таклиф пешниҳод менамояд;
з) барои амалӣ сохтани вазифаҳое, ки Дастури мазкур муайян намудааст олимону коршиносонро, аз ҷумла бо тартиби муқарраршуда аз хориҷи ҷумҳурӣ ҷалб менамояд, бо воситаҳои ахбори омма ҳамкориҳои судмандро анҷом медиҳад.
- Салоҳияти Комиссия оид ба одоби вакилон:
а) лоиҳаи Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд — Қоидаҳои одоби вакилон) таҳия ва ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
б) Қоидаҳои одоби вакилонро шарҳу тавзеҳ медиҳад;
в) муроҷиати Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, Шўрои Маҷлиси намояндагон, кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, фраксия, гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлиси намояндагонро оид ба риоя накардани Қоидаҳои одоби вакилон баррасӣ менамояд;
г) шикояти интихобкунандагонро дар бораи риоя накардани Қоидаҳои одоби вакилон аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва чораҷўӣ мекунад;
д) аз вакили Маҷлиси намояндагон, ки Қоидаҳои одоби вакилонро риоя накардааст, баёноти хаттӣ талаб мекунад;
е) оид ба риоя накардани Қоидаҳои одоби вакилон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва Шўрои Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад;
ж) аз ҳуқуқи суханронӣ дар як ё якчанд ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагонро масъалагузорӣ менамояд;
з) ба вакили Маҷлиси намояндагон, ки Қоидаҳои одоби вакилонро риоя накардааст, барои расман бахшиш пурсидан тавсия медиҳад;
и) аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон риоя накардани Қоидаҳои одоби вакилонро дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва Шўрои Маҷлиси намояндагон эълон менамояд;
к) дар бораи татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ нисбати вакилоне, ки Қоидаҳои одоби вакилонро риоя накардаанд, қарор қабул мекунад;
л) пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон омўхта, онро барои баррасӣ ба Шўрои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
- Салоҳияти Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор:
а) назорати риояи Дастури Маҷлиси намояндагон;
б) шарҳ додани меъёрҳо ва муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва Шўрои Маҷлиси намояндагон;
в) таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили Дастури Маҷлиси намояндагон ва омода намудани хулосаҳо вобаста ба масъалаҳое, ки бо мақсади ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагон ворид шудаанд;
г) барои бақайдгирӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо вобаста ба таъсиси фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон, номнависии фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон ва таѓйири ҳайати онҳо, пешниҳод кардани масъалаи қатъ кардани фаъолияти фраксия ё гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон;
д) сабти ҳуҷҷатҳо оид ба гузаштани вакилони Маҷлиси намояндагон аз як фраксия ба дигар фраксия, аз як гурўҳ ба дигар гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон, хориҷ шудан аз фраксия, гурўҳи вакилон ва ё дохил шудани онҳо ба фраксия, гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва пешниҳод кардани маълумот дар бораи онҳо ба Маҷлиси намояндагон;
е) мувофиқа намудани тартиби таъминоти ташкилию техникии ҷаласаҳои пўшидаи Маҷлиси намояндагон ва муҳокимаҳои парламентии пўшида;
ж) назорати иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи шахсони мансабдор ва дигар кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
з) назорати фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба таъмини масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддию техникӣ, иҷтимоию маишии фаъолияти Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, Шўрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва пешниҳоди гузориш дар бораи онҳо ба Маҷлиси намояндагон;
и) пешниҳоди лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва таѓйиру иловаҳо ба он ба Шўрои Маҷлиси намояндагон ҷиҳати тасдиқ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон;
к) баррасии пешакии сохтор ва рўйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон;
л) назорати ташкили омўзиш, баландбардории тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон;
м) мувофиқа намудани сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли навбатии молиявӣ, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст (якҷоя бо Кумита оид ба иқтисод ва молия);
н) назорати иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон;
о) пешниҳоди маърўзаи иловагӣ ба Маҷлиси намояндагон аз рўи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон;
п) ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани назардошти роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба ҳаҷми хароҷоти солона барои як вакили Маҷлиси намояндагон.
БОБИ 4. ФРАКСИЯ ВА ГУРЎҲҲОИ ВАКИЛОН ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии худ вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд дар фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон муттаҳид шаванд.
- Иттиҳодияи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки мувофиқи рўйхати ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардидаанд ва вакилони аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихобшудае, ки бо хоҳиши худ ба ин иттиҳодияҳо ҳамроҳ шудаанд, фраксияи вакилонро ташкил медиҳанд ва ба қайд гирифта мешаванд. Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ба ин фраксияҳо дохил нашудаанд, ҳуқуқ доранд гурўҳҳои вакилонро ташкил диҳанд.
- Маҷлиси намояндагон фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагонро бо пешниҳоди Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ва баъд аз қатъ шудани ваколатҳои он, бо пешниҳоди Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ба қайд мегирад.
- Фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон дар сурате ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳайати онҳо аз панҷ нафар кам набошад.
- Дар хусуси таъсис, мақсаду вазифаҳо, ҳайати фраксия ва гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон хаттӣ хабар дода, вакилони Маҷлиси намояндагон огоҳ карда мешаванд. Ба огоҳинома бояд раиси фраксия ё гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон имзо гузорад.
- Барои бақайдгирӣ ва номнавис кардани фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон раиси фраксия ё гурўҳи дахлдори Маҷлиси намояндагон ба Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ва баъд аз қатъ шудани ваколатҳои он, ба Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор бо замимаи лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи бақайдгирии фраксия ё гурўҳи дахлдор дар Маҷлиси намояндагон, ахбори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои интихобот аз рўи ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ, нусхаи протокол дар бораи таъсис додани фраксия ё гурўҳи дахлдор, қарори фраксия ё гурўҳ дар бораи интихоби раиси он, рўйхати аъзои фраксия ё гурўҳ, аризаи хаттии вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб шудаанд ва хоҳиши ба фраксия ё гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон дохил шуданро кардаанд, огоҳиномаи хаттӣ дар бораи таъсиси фраксия ё гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон ва мақсаду вазифҳои он, рўйхати шахсоне, ки барои аз номи фраксия ё гурўҳи дахлдор ваколати баромад карданро доранд ва онро дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунанд, ба таври хаттӣ муроҷиат менамояд.
- Дар асоси қарори дахлдори Маҷлиси намояндагон Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ва баъд аз қатъ шудани ваколатҳои он, Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор фраксия ё гурўҳи дахлдор дар Маҷлиси намояндагонро, ки ба қайд гирифта шудааст, дар муддати на дертар аз як шабонарўз дар китоби алоҳида номнавис мекунад.
- Дар бораи фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон, ки ба қайд гирифта шудаанд, Маҷлиси намояндагон ба воситаҳои ахбори омма хабар медиҳад.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҳайати фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон ихтиёран дохил шуда, аз ҳайати онҳо бо хоҳиши худ хориҷ мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксияву гурўҳҳои мазкур вобаста намебошанд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад танҳо ба ҳайати як фраксия ё гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон дохил шавад. Дар асоси қарори аксарияти шумораи умумии аъзои фраксия ё гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон вакил бо нишон додани сабабҳо аз ҳайати фраксия ё гурўҳи вакилон хориҷ карда мешавад. Санаи хориҷ шудани вакил аз фраксия ё гурўҳи вакилон санаи бақайдгирии аризаи вакил ва ё қарори дахлдори фраксия ё гурўҳи вакилон дар Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон ҳисобида мешавад. Санаи дохилшавии вакил ба ҳайати дигар фраксия ё гурўҳи вакилон рўзи баъдинаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ҳисобида мешавад.
- Дар сурати аз 5 нафар кам шудани шумораи аъзои фраксия ё гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ба баррасии Маҷлиси намояндагон масъалаи қатъ намудани фаъолияти фраксия ё гурўҳи дахлдорро пешниҳод менамояд. Маҷлиси намояндагон дар мўҳлати на зиёда аз як моҳ аз рўзи муқаррар шудани ҳолати зикргардида фаъолияти фраксия ё гурўҳи дахлдорро дар Маҷлиси намояндагон қатъ мегардонад ва дар бораи он ба воситаҳои
ахбори омма хабар медиҳад.
- Фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон мақомоти Маҷлиси намояндагон маҳсуб намеёбанд. Фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон ҳуқуқҳои баробар доранд.
- Фаъолияти дохилии фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон аз ҷониби онҳо мустақилона ташкил карда мешавад.
- Дар Шўрои Маҷлиси намояндагон аз номи фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон метавонанд раисони онҳо иштирок кунанд ва ба лоиҳаи рўзномаи ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳо намоянд. Бо ризояти аксарияти вакилони дар ҷаласа иштироккунандаи Маҷлиси намояндагон раиси фраксия ё гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон метавонад аз номи фраксия ё гурўҳи дахлдор оид ба масъалаи мушаххас изҳорот ё пешниҳод намояд, ки давомнокии он аз се дақиқа зиёд буда наметавонад.
- Фраксия ва гурўҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон аз қарорҳои қабулнамудаи худ Раиси Маҷлиси намояндагон, Шўрои Маҷлиси намояндагон ва Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили корро огоҳ месозанд
БОБИ 5. ДАСТГОҲИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон масъалаҳои таъмини ташкилӣ, ҳуқуқӣ, коргузорӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддию техникӣ, иҷтимоию маишии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, Шўрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳо, вакилони Маҷлиси намояндагон, фраксия ва гурўҳҳои вакилонро амалӣ мегардонад.
- Дар таъмин кардани Маҷлиси намояндагон бо маълумоти иттилоотӣ, экспертӣ, ҳуқуқӣ ва маводҳои дигар ҳамаи муассиса ва корхонаҳое, ки таъминоти фаъолияти Маҷлиси намояндагонро ба ўҳда доранд, иштирок менамоянд.
- Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки тартиби таъмини вакилони Маҷлиси намояндагонро бо нақлиёти хизматӣ, истифодаи воситаҳои алоқа барои амалигардонии ваколати вакилӣ, пардохти хароҷоти таъминоти моддӣ-маишӣ ва ба сафари хизматӣ рафтани онҳо, низоми гузаргоҳҳои Маҷлиси намояндагонро ба танзим медароранд, пас аз мувофиқаи онҳо бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, бо пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешаванд.
- Ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагонро дар соли навбатии молиявӣ роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон ва Кумита оид ба иқтисод ва молия то 31 октябр пешниҳод менамояд.
- Пас аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани қонун дар бораи буҷети давлатӣ Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагонро барои соли навбатӣ тасдиқ намуда, хароҷотро мутобиқи моддаҳои таснифоти буҷетӣ, модда ба модда тақсим мекунад.
- Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар бораи иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон соле як маротиба ҳисобот медиҳад.
- Фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва масъулияти кормандони он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон муайян карда мешаванд.
- Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ки аз ҷониби роҳбари он таҳия шуда, бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон мувофиқа шудааст, аз тарафи Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад.Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси намояндагон ва Раиси он ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Сохтор ва рўйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, инчунин хароҷоти нигоҳдошти он, ки бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумита оид ба иқтисод ва молия мувофиқа шудааст бо пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз тарафи Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дар доираи сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешаванд.
124.хориҷ шуд бо ҚМНМОҶТ аз 3.10.16с.№527
- хориҷ шуд бо ҚМНМОҶТ аз 3.10.16с.№527
ФАСЛИ III. ТАРТИБИ УМУМИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
БОБИ 6. ОЃОЗИ КОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН. ТАРТИБИ
ГУЗАРОНИДАНИ ИҶЛОСИЯ ВА ҶАЛАСАҲОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рўзи аввали кории моҳи октябр то рўзи охирини кории моҳи июни соли минбаъда гузаронида мешавад.
- Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро дар муддати як моҳи баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
- Хабар дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, дар бораи ҷой ва вақти бақайдгирии вакилони Маҷлиси намояндагон на дертар аз 3 рўз то кушодашавии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон дар воситаҳои ахбори омма эълон карда мешавад.
- Ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон иҷлосияҳои ѓайринавбатии Маҷлиси намояндагонро даъват менамояд, ки дар онҳо танҳо масъалаҳое, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидаанд, баррасӣ карда мешаванд.
- Иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт салоҳиятнок мебошанд, ки агар дар кори онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок дошта бошанд.
- Иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода ва пўшида мешаванд.
- Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси намояндагон ба он раисӣ карда, ба қарорҳои қабулгардида имзо мегузорад.
- Дар ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагон раисикунанда вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагонро мутобиқи рўйхати вакилон, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, эълон мекунад.
- Дар ҳар як иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии ошкоро, бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон (минбаъд — Котиботи иҷлосия) ва Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагон (минбаъд — Комиссияи баҳисобгирии овозҳо) интихоб карда мешаванд.
- Котиботи иҷлосия:
а) таклифу пешниҳод, маълумотнома, ахборот, ариза, барқия ва дигар маводи аз вакилони Маҷлиси намояндагон, фраксия ва гурўҳи вакилон, гурўҳи шаҳрвандон ва шахсони алоҳида, ташкилотҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба унвони иҷлосия ва ҷаласаҳо расидаро ба қайд мегирад ва бо онҳо раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро шинос мекунад;
б) рўйхати фраксия ва гурўҳҳои вакилонро мутобиқи аризаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон тартиб медиҳад, фраксия ва гурўҳҳои вакилонро ба қайд мегирад ва дар ин хусус ба Маҷлиси намояндагон ва воситаҳои ахбори омма маълумот медиҳад.
- Дар ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагон бо тартиби пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагонро интихоб менамоянд.
- Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида шуда, дар воситаҳои ахбори омма тавассути пахши телевизионӣ ва радио, чопи сабти протоколӣ ва қарорҳои он дар матбуоти даврӣ, инчунин ҷойгиркунии маълумоти мазкур дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон инъикос меёбанд. Тартиби инъикоси рафти иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар оѓози ҳар як иҷлосия бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад.
- Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон сардорони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.
- Бо қарори Маҷлиси намояндагон ба ҷаласаи он барои пешниҳод кардани маълумоти зарурӣ ва хулосаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар масъалаҳои дар Маҷлиси намояндагон баррасишаванда мумкин аст намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коршиносон ва дигар мутахассисон даъват карда шаванд.
- Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон дар сурати дар Маҷлиси намояндагон сабти ном (аккредитатсия) шуданашон иштирок карда метавонанд.
- Маҷлиси намояндагон бо пешниҳодиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ё муовинони ў, кумита, комиссия, фраксия ва гурўҳи вакилон метавонад ҷаласаҳои пўшида гузаронад.
- Қарор дар бораи гузаронидани ҷаласаи пўшида бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, қабул карда мешавад. Маълумот дар бораи ҷаласаҳои пўшидаи Маҷлиси намояндагон ошкор карда намешавад ва он аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон фақат барои фаъолияти вакилии онҳо истифода шуда метавонад.
- Ҷаласаи пўшидаи Маҷлиси намояндагон, на камтар аз як соати пеш аз саршавии он таъин карда мешавад.
- Ба ҷаласаи пўшидаи Маҷлиси намояндагон овардан ва истифода бурдани техникаи суратгирӣ, киногирӣ ва видео, воситаҳои алоқаи телефонӣ ва радиоалоқа, инчунин воситаҳои сабти овоз ва коркарди иттилоот манъ аст.
- Раисикунандаи ҷаласаи пўшидаи Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагон ва даъватшудагонро аз қоидаҳои гузаронидани ҷаласаи пўшида ва манъ будани паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда огоҳ мекунад.
- Стенограмма ва маводи ҷаласаи пўшидаи Маҷлиси намояндагонро Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар низоми ҳуҷҷатҳои махфӣ нигоҳ медорад.
- Тартиби таъмини ташкилию техникии ҷаласаи пўшидаи Маҷлиси намояндагон бо амри Раиси Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон муқаррар мегардад.
- Дар ҳамаи ҷаласаҳои ошкоро ва пўшидаи Маҷлиси намояндагон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдориПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
- Шахсони дигар дар ҷаласаҳои пўшидаи Маҷлиси намояндагон фақат бо даъватномаи махсуси дорои имзои Раиси Маҷлиси намояндагон ё бо супориши ў, ки муовини якум ё яке аз муовинони ў имзо кардаанд, иштирок карда метавонанд.
- БароиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷои алоҳида ҷудо карда мешавад, ки дар болои он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. Барои Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷойҳои махсуси бо техникаи идоракунии ҷаласа ҷиҳозонидашуда ҷудо карда мешаванд. Инчунин ҷой барои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллӣ ҷудо карда мешавад.
- Иҷлосияҳои навбатӣ ва ѓайринавбатии Маҷлиси намояндагон рақамгузорӣ карда мешаванд.
- Иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон протокол ва стенограмма карда мешаванд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад, ки бо стенограммаи баромади худ то нашр шуданаш шинос шавад.
- Фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, муҳокимаҳои парламентӣ, дар кумита ва комиссияҳои созиш, фраксия ва гурўҳҳои вакилон, ҷаласаҳои Ассамблеяҳои байнипарламентӣ ва комиссияҳои доимии онҳо, гурўҳҳои кории онҳо, инчунин дар вохўриҳо бо интихобкунандагон ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон дар хусуси дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, кумита, комиссияи созиш, гурўҳи корӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистанаш, саривақт Раиси Маҷлиси намояндагон, раиси кумита, комиссияи Маҷлиси намояндагон, ҳамраиси кумита, комиссияи созиш, роҳбари гурўҳи кориро огоҳ месозад.
- Ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Шўрои Маҷлиси намояндагон бо назардошти омода шудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳо рўзҳои чоршанбе даъват карда мешавад. Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат метавонад ҷаласаҳои худро дар дигар рўзҳо низ гузаронад.Ҷаласаи хотимавии Маҷлиси намояндагон дар рўзи охирини кории моҳи июни соли минбаъда бо риояи муқаррароти боби мазкур гузаронида мешавад.
- Ҷаласаҳои навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон рўзҳои душанбе ва ҳангоми зарурат дар дигар рўзҳо гузаронида мешаванд.
- Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон рўзҳои сешанбе ҷаласа доир мекунанд. Барои кори вакилон дар кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, дар фраксия ва гурўҳҳои вакилон рўзҳои кории боқимондаи ҳафта ҷудо карда мешаванд.
- Муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон тибқи нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парламентии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар сурати омода шудани масъалаҳо баргузор мегарданд.
- Барои вакилони Маҷлиси намояндагон соле то 4 маротиба давраи фаъолият дар ҳавзаи интихоботӣ ва вохўрӣ бо интихобкунандагон муқаррар карда мешавад.
- Баъд аз ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон мумкин аст «соати изҳорот» гузаронида шавад, ки мўҳлати дар он баромад кардани вакилони Маҷлиси намояндагонро Маҷлиси намояндагон муайян мекунад.
- Ҷаласаи ѓайринавбатии Маҷлиси намояндагон аз тарафи Шўрои Маҷлиси намояндагон мутобиқи муқаррароти зербанди б) банди 53 Дастури мазкур даъват карда мешавад.
- Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аз бақайдгирии вакилони Маҷлиси намояндагон оѓоз меёбад.
- Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар кори он аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон иштирок дошта бошанд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон вазифадор аст, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иштирок намояд.
- Бақайдгирии вакилон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баъд аз ҳар танаффус сурат мегирад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ба воситаи корти электронӣ аз қайд мегузарад. Дар сурати набудани чунин корт ин амал аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон ба воситаи микрофон ба сомон расонида мешавад.
- Дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд дар музокираҳо иштирок намуда, пешниҳодҳо иброз намоянд, ба масъалаҳои муҳокимашаванда эроду ислоҳот баён кунанд, доир ба номзадии шахсони мансабдор, ки ба вазифа аз ҷониби Маҷлиси намояндагон интихоб ё таъин мегарданд ва ё аз тарафи Маҷлиси намояндагон тасдиқ мешаванд, фикру андешаҳои худро изҳор намуда, саволҳо диҳанд, маълумотҳо пешниҳод намоянд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон оид ба ҳар як масъалаи дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон муҳокимашаванда ҳуқуқи баромад кардан дорад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад аз минбар ва ё аз ҷойи нишасти худ баромад кунад.
- Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон як вакил аз рўи як масъала аз ду маротиба зиёд ба музокира баромада наметавонад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ва даъватшудагон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бе иҷозати раисикунандаи ҷаласа ҳуқуқи баромад карданро надоранд. Шахси ин қоидаро риоянакарда аз ҷониби раисикунандаи ҷаласа бе огоҳӣ аз суханронӣ маҳрум карда мешавад.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки бо сабаби ба охир расидани музокира баромад карда натавонистаанд, ҳуқуқ доранд матни баромадашонро бо имзо ба стенограммаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳамроҳ намоянд.
- Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баромадкунанда ўҳдадор аст, ки қоидаҳои одоби вакили Маҷлиси намояндагонро риоя намояд ва ҳуқуқ надорад, ки дар нутқи худ ифодаҳои қабеҳ, таҳқиркунандаи шаъну шарафи вакили Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсонро истифода барад, касеро беасос айбдор кунад, маълумоти бардурўѓро истифода барад, ба амалиёти ѓайриқонунӣ даъват намояд. Дар сурати риоя нашудани муқаррароти мазкур раисикунандаи ҷаласа баромадкунандаро огоҳ менамояд, ки ўро аз ҳуқуқи баромад кардан дар давоми рўзи ҷаласа маҳрум месозад. Дар сурати такроран риоя нашудани қоидаҳои мазкур вакил бо қарори Маҷлиси намояндагон, ки бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул шудааст, аз ҳуқуқи баромад кардан дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ба мўҳлати то як моҳ маҳрум карда мешавад. Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон метавонад вакили Маҷлиси намояндагонро аз ҳуқуқи баромад кардан то он вақте маҳрум созад, ки агар ў дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон барои ифодаҳои қабеҳ, беасос ва истифодаи маълумоти бардурўѓ бахшиш пурсад.
- Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рўи масъалаҳои марбут ба салоҳияти мақомоти мазкур ва шахсони мансабдори дахлдор дархости вакилӣ фиристонанд. Ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, мурофиавӣ-ҷиноятии мақомоти таҳқиқ, фаъолияти мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судҳо дахолат кардан манъ аст.
- Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад дархости худро бевосита ё тавассути Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд. Бо талаби вакили Маҷлиси намояндагон масъалаи дар дархост пешниҳодшуда мумкин аст ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагон бароварда шавад. Дархости вакили Маҷлиси намояндагон ва лоиҳаи қарори дахлдори Маҷлиси намояндагон, ки ба арзёбии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, тибқи муқаррароти бандҳои 242-244, 258-281 Дастури мазкур баррасӣ мешаванд. Дар ҳолатҳои фаврӣ дархости вакили Маҷлиси намояндагон тибқи муқаррароти бандҳои 186-187 Дастури мазкур ба рўзномаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дохил карда мешавад.
- Мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор ба дархости вакили Маҷлиси намояндагон бояд ба тариқи шифоҳӣ (дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон) ё хаттӣ дар муддати на дертар аз як моҳ ва ё дигар мўҳлати дар қарори Маҷлиси намояндагон муайяншуда ҷавоби асоснок диҳад. Ба ҷавоби дархост бояд шахсе имзо гузорад, ки дархости вакили Маҷлиси намояндагон ба унвони ў фиристонида шудааст. Ҷавоби хаттӣ аз тарафи раисикунандаи ҷаласа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон эълон карда мешавад ва баъд аз ин вакил нусхаи ҷавоби хаттиро гирифта метавонад.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои дар Маҷлиси намояндагон баррасишаванда пешакӣ огоҳ карда мешаванд. Лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва дигар маводи зарурӣ ба вакилон на дертар аз се рўз пеш аз баррасӣ шуданашон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон супорида мешаванд.
- Дар рафти ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон дар толори ҷаласаи Маҷлиси намояндагон танҳо маводи масъалаҳое, ки ба рўзномаи Маҷлиси намояндагон ворид шудаанд, инчунин изҳороти фраксияву гурўҳҳои вакилон паҳн карда мешаванд.
- Ҳамаи маводу ҳуҷҷатҳои дигар пеш аз оѓози ҷаласаи Маҷлиси намояндагон тибқи тартиботи муқарраршуда, инчунин тавассути кумита, комиссия, фраксия ва гурўҳҳои вакилон паҳн карда мешаванд ё дар қуттиҳои шахсии вакилон гузошта мешаванд.
- Ҳама гуна ҳуҷҷат ё мавод, ки дар толори Маҷлиси намояндагон паҳн карда мешавад, бояд аз ҷониби вакили (вакилони) Маҷлиси намояндагон, ки ташаббускори паҳн кардани ҳуҷҷат ё маводи мазкур мебошад, имзо шуда бошад, инчунин имзои Раиси Маҷлиси намояндагон ё муовини якум ва ё яке аз муовинони ўро дар хусуси иҷозат додан ба паҳнкунии ҳуҷҷат ё мавод дошта бошад. Ҳуҷҷатҳое, ки хусусияти изҳороти кумитаҳо, комиссияҳо, фраксияҳо, гурўҳҳои вакилонро доранд, инчунин бояд имзои раиси кумита, комиссия ё роҳбари фраксия, гурўҳи вакилони дахлдорро дошта бошад.
- Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон мутобиқи нақшаи тахминии фаъолияти Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи ҷорӣ гузаронида мешавад.
- Лоиҳаи тақвими баррасии масъалаҳои Маҷлиси намояндагон ва дар асоси он лоиҳаи рўзномаи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон вобаста ба воридшавии пайдарҳамии лоиҳаҳои қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон тартиб дода мешаванд. Ба лоиҳаи рўзномаи Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳо бо пайдарҳамии зерин дохил карда мешаванд:
а) лоиҳаи қонунҳое, ки дар қироати дуюм баррасӣ мешаванд;
б) лоиҳаи қонунҳое, ки дар қироати якум баррасӣ мешаванд.
- Таклиф дар бораи ворид намудани таѓйирот ба тақвими баррасии масъалаҳо қаблан аз тарафи кумитаҳо, комиссияҳо, фраксия, гурўҳҳои вакилон ё вакилони алоҳидаи Маҷлиси намояндагон дар шакли хаттӣ ба Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Шўрои Маҷлиси намояндагон дар бораи ворид намудани таѓйирот ба тақвими баррасии масъалаҳо ё дар бораи баргардонидани пешниҳод қарор қабул мекунад.
- Дар сурате, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон рўзномаи пешбинишуда пурра баррасӣ нашуда бошад, Шўрои Маҷлиси намояндагон ҳангоми таҳияи лоиҳаи тартиби кори ҷаласаи минбаъдаи Маҷлиси намояндагон ин масъалаҳоро дар навбати аввал тибқи муқаррароти бандҳои 182-184, 186 ва 187 Дастури мазкур ба рўзнома ворид менамояд.
- Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон масъалаҳои зеринро дар навбати аввал баррасӣ мекунад:
а) лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар бораи тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) лоиҳаи қонун ва қарорҳое, ки барои баррасии фаврӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд;
в) лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли оянда;
г) лоиҳаи қонун дар бораи авф;
д) қонунҳое, ки ба Маҷлиси намояндагон барои баррасии такрорӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 60 ва 62 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд;
е) лоиҳаи қарорҳо дар бораи тасдиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ж) лоиҳаи қарорҳо оид ба масъалаҳое, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд;
з) лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагон ва қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани он, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба он.
- Дигар лоиҳаҳои қонунҳо ва масъалаҳо танҳо бо қарори Маҷлиси намояндагон, ки бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда шудааст, дар навбати аввал баррасӣ мегарданд.
- Раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон:
а) ба рафти умумии ҷаласа мутобиқи Дастури мазкур роҳбарӣ мекунад;
б) ба хоҳишмандоне, ки номнавис шудаанд, тибқи тартиби кори Маҷлиси намояндагон, талаботи Дастури мазкур ё бо дигар тартиби бо қарори Маҷлиси намояндагон муайяншуда барои баромад кардан сухан медиҳад;
в) берун аз тартиби кори ҷаласаи Маҷлиси намояндагон танҳо барои савол вобаста ба масъалаҳои тартибӣ ва бурдани ҷаласа сухан медиҳад;
г) иҷрои қарорҳоро оид ба масъалаҳои ташкилии Маҷлиси намояндагон назорат мекунад;
д) ҳар як пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагонро аз рўи навбат ба овоз мемонад;
е) овоздиҳиро мегузаронад ва натиҷаи онро эълон мекунад;
ж) тартиб додани протоколҳо ва стенограммаҳои ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро назорат мекунад ва ба протоколҳо имзо мегузорад.
- Раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад:
а) вакилеро, ки аз рўи тартиби бурдани ҷаласа баромад мекунад ва аз мавзўъ дур меравад, огоҳ кунад. Ҳангоми такрор шудани ин амал ўро аз суханронӣ маҳрум намояд;
б) дар рафти ҷаласа риоя нашудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкурро нишон диҳад, хатогиҳои воқеиро, ки дар баромадҳо роҳ дода шуданд, ислоҳ кунад;
в) шахсони даъватшударо, ки ба кори Маҷлиси намояндагон халал мерасонанд, аз толори ҷаласа берун кунад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон, ки аз рўи тартиби бурдани ҷаласа баромад мекунад, метавонад ҳолатҳои аз тарафи раисикунандаи ҷаласа риоя нашудани муқаррароти Дастурро нишон диҳад.
- Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон бо забони давлатӣ гузаронида мешаванд. Интихоби забон барои баромадкунанда ихтиёрист. Даъватшудагоне, ки забони давлатиро намедонанд, бо тарҷумаи ҳамзамон таъмин карда мешаванд.
- Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон дар рўзҳои корӣ гузаронида мешаванд:
а) пагоҳӣ аз соати 1000 то соати 1400 бо танаффус аз соати 1200 то соати 1230;
б) бегоҳӣ аз соати 1500 то соати 1700.
- Маҷлиси намояндагон метавонад дар бораи таѓйири вақти оѓозу анҷоми ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон қарор қабул намояд.
- Раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад бо розигии вакилони Маҷлиси намояндагон то қабули қарори ниҳоии Маҷлиси намояндагон аз рўи масъалае, ки муҳокимаи он дар вақти асосии ҷаласаи Маҷлиси намояндагон оѓоз шуда буд, вақти ҷаласаро таѓйир диҳад.
- Давомнокии маърўзаҳо, маърўзаҳои иловагӣ ва сухани хотимавӣ аз тарафи раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо маърўзачӣ ва маърўзачии иловагӣ муқаррар карда мешавад, аммо он барои маърўзаи асосӣ аз як соат, барои маърўзаи иловагӣ аз 15 дақиқа, барои сухани хотимавӣ аз 10 дақиқа зиёд буда наметавонад.
- Ба музокирачиён то 7 дақиқа, барои музокираи такрорӣ то 3 дақиқа, барои баромади вакилони Маҷлиси намояндагон аз рўи масъалаҳои тартибӣ ва баромадҳо оид ба қабул ё баргардонидани иловаҳо ба лоиҳаҳои қонунҳо ва ё лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагон, оид ба номзадҳо, ахборот, маълумот, пешниҳоди таѓйирот ба тартиби кори пешниҳодкардаи Шўрои Маҷлиси намояндагон то 3 дақиқа, барои саволҳо, баромад оид ба рўзнома ва бурдани ҷаласаи Маҷлиси намояндагон то 1 дақиқа вақт дода мешавад.
197.Раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баромадкунандаро аз анҷоми вақти муқарраршуда огоҳ мекунад ва баъд аз он метавонад баромади ўро қатъ намояд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон дар гузориши худ аз масъалаи баррасишаванда набояд дур равад. Дар сурати аз мавзўъ берун баромадани вакили Маҷлиси намояндагон, раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад ўро дар ин бора огоҳ намояд. Агар эрод ба назар гирифта нашавад, раисикунандаи ҷаласа метавонад суханронии вакилро қатъ кунад.
- Бо ризоияти аксарияти вакилони дар ҷаласа иштироккунандаи Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласа метавонад вақти умумии муҳокимаи масъалаҳои рўзномаро муқаррар кунад, вақти ба саволу ҷавобҳо ҷудошударо муайян созад, инчунин вақти баромадҳоро дароз кунад.
- Музокира аз рўи масъалаи муҳокимашаванда бо баохиррасии вақти муқарраркардаи Маҷлиси намояндагон ё бо қарори Маҷлиси намояндагон, ки бо тарафдории аксарияти шумораи вакилони дар овоздиҳӣ иштироккарда қабул мешавад, қатъ карда мешавад.
- Раисикунандаи ҷаласа баъд аз гирифтани пешниҳод оид ба қатъ кардани музокира вакилони Маҷлиси намояндагонро бо рўйхати барои баромад номнависшудагон ва баромадкардагон шинос мекунад, маълумот медиҳад, ки аз ҷумлаи ба рўйхат навишташудагон, намояндагони кадом кумита, фраксия ва гурўҳи вакилон, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баромад накардаанд боисрор талаби баромад кардан доранд ва бо ризоияти вакилони Маҷлиси намояндагон ба онҳо сухан медиҳад.
- Баъд аз қатъ кардани музокира маърўзачӣ ва маърўзачии иловагӣ ба сухани хотимавӣ ҳуқуқ доранд. Аз рўи асосноккунии овоздиҳӣ намояндагони фраксия ва гурўҳҳои вакилон метавонанд то 3 дақиқа баромад намоянд. Таҳти мафҳуми асосноккунии овоздиҳӣ қабул шудан ё баргардонидани масъалаи муҳокимашаванда фаҳмида мешавад.
- Дар рафти ҷаласаи Маҷлиси намояндагон барои тайёр кардани масъала ба баррасии Маҷлиси намояндагон Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад ба Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ў, кумита, комиссия, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супоришҳо диҳад. Чунин супоришҳо бо пешниҳоди раисикунандаи ҷаласа, инчунин бо пешниҳоду дархости кумита, комиссия, фраксия, гурўҳи вакилон ё вакилони алоҳидаи Маҷлиси намояндагон бо мақсади дастрас намудани маълумотҳои иловагӣ ба масъалаҳои қобили таваҷҷўҳашон дода мешаванд.
- Матни супорише, ки бо имзои ташаббускор дар шакли хаттӣ пешниҳод шудааст, дар ҷаласа аз тарафи худи ў ё раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон эълон карда мешавад.
- Супориш дар шакли протокол расмӣ карда шуда, ба он раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Нусха аз протокол дар муддати як шабонарўз аз Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба иҷрокунанда фиристонида мешавад. Иҷрокунанда дар муддати на дертар аз 15 рўз ё мўҳлати дигари муқарраркардаи Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва ташаббускори супоришро аз натиҷаҳои иҷрои он хабардор мекунад. Раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ин хабарро ба маълумоти вакилони Маҷлиси намояндагон мерасонад.
БОБИ 7. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӣ ВА ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН. НАЗОРАТИ СИСТЕМАИ ЭЛЕКТРОНӣ
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои он бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ қабул карда мешавад. Овоздиҳии ошкоро ном ба ном шуда метавонад.
- Овоздиҳӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бо истифода ё бе истифодаи системаи электронии ҳисоби овозҳо сурат мегирад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад, агар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
- Аз рўи масъалаҳои тартибӣ қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи вакилони дар овоздиҳӣ иштироккарда қабул карда мешавад, агар дар Дастури мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
- Ба масъалаҳои тартибии Маҷлиси намояндагон инҳо дохил мешаванд:
а) танаффуси ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва ё ба вақти дигар гузаронидани ҷаласаи Маҷлиси намояндагон;
б) додани вақти иловагӣ барои баромад;
в) давомнокии вақт барои саволу ҷавоб оид ба лоиҳаи қонун ва қарорҳо:
г) додани сухан ба шахсони ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъватшуда;
д) ба вақти дигар гузаронидан ё қатъ кардани музокира аз рўи масъалаи муҳокимашаванда;
е) ба баррасии кумита ё комиссияи дахлдори Маҷлиси намояндагон ирсол намудани масъала;
ж) овоздиҳии бе муҳокима;
з) гузаронидани ҷаласаи пўшида;
и) ба ҷаласа даъват кардани шахсони дар бандҳои 138 ва 139 Дастури мазкур зикргардида;
к) таѓйир додани усули гузаронидани овоздиҳӣ;
л) навбати баромадҳо;
м) бақайдгирии иловагӣ;
н) аз нав ҳисоб кардани овозҳо;
о) овоздиҳии такрорӣ.
- Ҳангоми овоздиҳӣ доир ба ҳар як масъала вакили Маҷлиси намояндагон як овоз дорад. Вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми қабули қарор ба тарафдорӣ ё муқобили қабули қарори Маҷлиси намояндагон овоз медиҳад ва ё бетарафии худро бо овоздиҳӣ изҳор менамояд ва ў ўҳдадор аст ҳатман муносибати худро нисбат ба масъалаи баррасишаванда муайян намояд.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад аз корти овоздиҳӣ истифода намояд ва барои ҳифз намудани он ўҳдадор аст. Ҳуқуқи худро ба овоздиҳӣ вакили Маҷлиси намояндагон шахсан истифода мебарад. Вакили Маҷлиси намояндагон дар сурати дар ҷаласа иштирок накарданаш, ҳуқуқ надорад овози худро ба дигар вакили Маҷлиси намояндагон ё шахси дигар диҳад.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон корти овоздиҳӣ надоранд, муносибати худро роҷеъ ба масъалаи ба овоздиҳӣ мондашуда ба тарзи шифоҳӣ изҳор медоранд.
Изҳори шифоҳии вакил дар протоколи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон сабт шуда, ҳангоми қабули қарор ба эътибор гирифта мешавад.
- Корти овоздиҳӣ аз тарафи гурўҳи хизматгузории техникии системаи электронии Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагон дода мешавад. Ҳангоми гум шудани корти овоздиҳӣ он ба вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси аризаи хаттиаш бори дуюм дода мешавад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар вақти овоздиҳӣ ҳозир набуд, ҳуқуқ надорад, ки баъд аз тамомшавии вақти ба овоздиҳӣ ҷудошуда овоз диҳад.
- Овоздиҳии ошкорои ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бо истифодаи системаи электронии ҳисоби овозҳо ё бо қарори Маҷлиси намояндагон бе истифодаи системаи электронӣ гузаронида мешавад.
- Ҳангоми гузаронидани овоздиҳии ошкоро бе истифодаи системаи электронӣ, ҷамъбасти натиҷаи ҳисоби овозҳо ба Комиссияи баҳисобгирии овозҳо супорида мешавад.
- Пеш аз саршавии овоздиҳӣ раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар бораи миқдори пешниҳодҳое, ки ба овоздиҳӣ гузошта мешаванд, маълумот медиҳад, мазмун ва пайдарҳамии онҳоро муайян мекунад ва бо ҳамин тарз онҳо ба овоз монда мешаванд.
- Баъди аз тарафи раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон эълон шудани саршавии овоздиҳӣ касе ҳуқуқ надорад, ки овоздиҳиро қатъ кунад.
- Баъд аз тамомшавии ҳисоби овозҳо раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул шудан ё нашудани қарор натиҷаи овоздиҳиро эълон мекунад.
- Ҳангоми ҳозир набудани шумораи зарурии вакилони Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон овоздиҳиро ба ҷаласаи дигари Маҷлиси намояндагон мегузаронад.
- Агар баъд аз муайян шудани натиҷаи овоздиҳӣ аз вакили Маҷлиси намояндагон дар бораи нодурустии ҳисоби овозҳои ба ҷонибдории ў додашуда, ки дар системаи электронии ҳисобкунии овозҳо сабт шудаанд, аризаи хаттӣ ворид гардад, дурустии кори аппарати абонентии вакил бо иштироки худи ў аз ҷониби гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳии Маҷлиси намояндагон, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда мешавад, санҷида шуда, натиҷаи он дар стенограмма қайд карда мешавад.
- Агар кори аппарати абонентӣ саҳеҳ набошад, бо пешниҳоди раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси намояндагон метавонад бо тарафдории аксарияти вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷаласа иштирок мекунанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронад. Агар хатои техникӣ дар аппарати абонентии вакил ошкор карда нашавад, натиҷаи овоздиҳӣ баъд аз эълон шуданаш баҳснопазир ҳисобида мешавад.
- Овоздиҳии пинҳонӣ бо қарори Маҷлиси намояндагон ва бо тарафдории аксарияти шумораи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд, гузаронида мешавад. Овоздиҳии пинҳонӣ бо истифодаи системаи электронии ҳисоби овозҳо ё истифодаи бюллетенҳо гузаронида мешавад.
- Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ ва муайян кардани натиҷаи он, Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии ошкоро ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб мекунад. Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ба мақомоти интихобии Маҷлиси намояндагон номзадиашон пешбарӣ шудааст, фаъолияти худро дар Комиссияи баҳисобгирии овозҳо қатъ менамоянд.
- Комиссияи баҳисобгирии овозҳо аз ҳисоби ҳайати худ раис ва котиби комиссияро интихоб мекунад. Қарори Комиссияи баҳисобгирии овозҳо бо аксарияти овозҳои аъзои он қабул карда мешавад.
- Бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ таҳти назорати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар шакли тасдиқкардаи Маҷлиси намояндагон ва бо назардошти шумораи вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагон тайёр карда шуда, дорои маълумоти зарурӣ мебошанд. Бюллетенҳои боқимонда дар ҳузури аъзои Комиссияи баҳисобгирии овозҳо аз ҷониби раиси он нобуд карда мешаванд. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ, тартиби гузаронидани он аз тарафи Маҷлиси намояндагон бо тавсияи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо мутобиқи Дастури мазкур муқаррар карда мешавад ва онро раиси Комиссияи номбурда эълон мекунад.
- Тақсими бюллетенҳо барои овоздиҳии пинҳонӣ на дертар аз 30 дақиқа то саршавии овоздиҳӣ сурат мегирад.
- Ба ҳар як вакили Маҷлиси намояндагон оид ба интихоби мақом ё шахси интихобшаванда ва ё оид ба лоиҳаи қарори баррасишаванда як бюллетен дода мешавад.
- Бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ба вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо мувофиқи рўйхати вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди шаҳодатномаи вакилиашон дода мешавад. Ҳангоми гирифтани бюллетен вакили Маҷлиси намояндагон дар рўйхати мазкур имзо мегузорад.
- Бюллетен барои овоздиҳии пинҳонӣ ба қуттии махсус, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳо онро мўҳр задааст, партофта мешавад.
- Комиссияи баҳисобгирии овозҳо бояд ба вакилон барои овоздиҳии пинҳонӣ шароити мувофиқ фароҳам созад.
- Ҳангоми ҳисобкунии овозҳо бюллетенҳои шакли ѓайримуқаррарӣ, бюллетенҳо бо ду ва зиёда насаби номзадҳо ва бюллетенҳое, ки аз рўи онҳо изҳори муносибати вакилро муайян кардан имконнопазир аст, аз эътибор соқит дониста мешаванд. Иловаҳои ба бюллетен воридкардашуда ҳангоми ҳисоби овозҳо ба эътибор гирифта намешаванд.
- Дар бораи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ Комиссияи баҳисобгирии овозҳо протокол тартиб медиҳад, ки ба он аъзои комиссия имзо мегузоранд. Гузориши Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро дар бораи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ Маҷлиси намояндагон ба маълумот мегирад.
- Натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ, ки бо истифодаи бюллетенҳо сурат гирифтааст, бо қарори Маҷлиси намояндагон бе овоздиҳии иловагӣ ба расмият дароварда мешаванд.
- Овоздиҳии ном ба ном бо қарори Маҷлиси намояндагон, ки бо тарафдории аксарияти шумораи вакилони дар овоздиҳӣ иштироккарда қабул гардидааст, гузаронида мешавад ва бо истифодаи системаи электронии ҳисобкунии овозҳо ё бюллетенҳо сурат мегирад.
- Натиҷаи овоздиҳии ном ба ном ба маълумоти вакилони Маҷлиси намояндагон расонида мешавад.
- Натиҷаи овоздиҳии ном ба ном дар ҳисоботи стенографии ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҷой дода мешавад, инчунин дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон метавонад интишор шавад.
- Маҷлиси намояндагон қонунҳоро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мекунад, агар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
- Маҷлиси намояндагон дар бораи тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонуни конститутсионӣ, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба он ва аз эътибор соқит донистани он, қонуни конститутсионӣ ва қарор, дар бораи қабули кодекс, қонун, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба онҳо ва аз эътибор соқит донистани онҳо қонун ва қарор қабул мекунад.
- Санадҳои қонунгузории аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулшуда дар муддати понздаҳ рўз барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Дар сурати норозӣ будани Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи ҷонибдорӣ накардани санадҳои қонунгузории аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулшуда, ин санадҳои қонунгузорӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешаванд, ки агар Маҷлиси намояндагон онхоро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
- Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур Маҷлиси намояндагон аз рўи масъалаҳои зерин қарор қабул мекунад:
а) қабул ва мавриди амал қарор додани қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба онҳо ва аз эътибор соқит донистани онҳо;
б) дар таҳрири нав интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
в) таъсис додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовини ў ва аъзои Комиссия бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон мансубанд;
е) тасдиқ кардани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ж) додани ризоият ба додугирифти қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
з) тасдиқ, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
и) таъин кардани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
к) таъсис додани судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
л) тасдиқ кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
м) тасдиқ кардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
н) тасдиқ кардани фармонҳои Президент дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў;
о) додани ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
п) интихоб кардани намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
р) муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон;
с) иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
т) хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, ҳисоботи ҷамъбастии он оид ба фаъолияти аудиторӣ, ҳисобот оид ба иҷрои буҷети Палатаи ҳисоб ва хулосаи аудитории он доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд;
у) дархости парламентӣ;
ф) дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
х) муайян намудани маоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ч) пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагон;
ш) аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон ё рад кардани аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон;
э) дар бораи бақайдгирии фраксия, гурўҳи вакилон дар Маҷлиси намояндагон ва қатъ кардани фаъолияти онҳо
ю) тафсири расмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
я) дигар масъалаҳои ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон дахлдошта.
- Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад, ки бо қарори аз тарафи аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабулгардида изҳорот, муроҷиат ва дархостҳои парламентӣ қабул кунад.
- Назорати иҷрои қарори Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат ба зиммаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва ё ба ташаббускори пешниҳоди лоиҳаи қарор гузошта мешавад.
- Дар Маҷлиси намояндагон системаи электронӣ дар чунин ҳолатҳо истифода бурда мешавад:
а) барои бақайдгирии вакилони Маҷлиси намояндагон;
б) барои номнависии вакилоне, ки хоҳиши баромад кардан, савол додан ва таклиф пешниҳод кардан доранд;
в) барои ҳисоби овозҳо ва муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ;
г) барои ҷамъ кардани маълумотҳои фаврии оморӣ ва ахборотӣ дар рафти ҷаласаи Маҷлиси намояндагон;
д) барои таҳия ва нусхабардории рўйхатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи Маҷлиси намояндагон;
е) барои таъмини ахборотии ҷаласаи Маҷлиси намояндагон.
- Барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагоназ ҷониби Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи вакилони Маҷлиси намояндагон гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ ташкил карда мешавад.
- Аъзои гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаи якуми иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон интихоб мешаванд.
- Аъзои гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон барои бемонеа гирифтани ҳама гуна маълумот барои иҷрои фаъолияташон ҳуқуқ доранд.
- Қарори гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ бо назардошти масъалаҳои марбута барои ҳамаи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла мутахассисоне, ки хизматгузории системаи электрониро ба ҷо меоранд, ҳатмист.
- Гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ вазифадор аст, ки то оѓози овоздиҳии пинҳонӣ дурустии системаи электрониро санҷад.
- Риояи қоидаҳои кори системаи электронӣ дар низоми овоздиҳии пинҳонӣ дар протоколи аз тарафи гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ тартибдодашуда сабт мегардад.
- Гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ изҳороти вакилони Маҷлиси намояндагонро дар бораи хатогиҳо дар натиҷаи овоздиҳии ном ба ном, номнависӣ барои баромад ва дигар хатогиҳои кори системаи электронии овоздиҳӣ баррасӣ мекунад.
- Гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ метавонад ба кори худ коршиносон ва мутахассисонро ҷалб намояд.
- Натиҷаҳои бақайдгирии вакилони Маҷлиси намояндагон, номнависии онҳо барои баромадкунӣ, натиҷаи овоздиҳӣ ва дигар маълумот аз рафти ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба вакил дар шакли маълумот, рўйхат ва дигар маводҳо дода шуда, дар ҳисоботи стенографии ҷаласа ҷой карда мешаванд.
- Ҳамаи маълумотҳои ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, ба истиснои маълумотҳои ҷаласаҳои пўшидаи Маҷлиси намояндагон дар ҳомилҳои магнитӣ ва хотираи системаи электронии Маҷлиси намояндагон сабт шуда, дар бойгонии Маҷлиси намояндагон нигоҳ дошта мешаванд.
- Роҳбари гурўҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ вазифадор аст, ки ба вакили Маҷлиси намояндагон мувофиқи дархости хаттии ў дар бораи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла ҷаласаҳои пўшида маълумот диҳад.
- Шахсони дигар маълумоти дар ҳомилҳои магнитӣ ва хотираи системаи электронии Маҷлиси намояндагон сабтшуда, дар бойгонии Маҷлиси намояндагон нигоҳдошташавандаро, ба истиснои маълумоти махфӣ бо иҷозати Раиси Маҷлиси намояндагон метавонанд дастрас намоянд.
БОБИ 8. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ МУҲОКИМАҲОИ ПАРЛАМЕНТИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ВА КУМИТАҲОИ ОН
- Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои он аз рўи масъалаҳои ба салоҳияти онҳо дахлдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.
- Дар муҳокимаҳои парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ва даъватшудагон масъалаҳои зеринро муҳокима карда метавонанд:
а) лоиҳаҳои қонунҳое, ки муҳокимаи ошкороро талаб мекунанд;
б) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои тасдиқ пешниҳод шудаанд;
в) лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобот дар бораи иҷрои он;
г) ахбороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) ахбороти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба истифодабарии қарзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
е) санадҳои намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, санадҳои дигар ташкилотҳои байнипарламентӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон фиристонида шудаанд;
ж) дигар масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар.
- Масъалаҳои баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ бо супориши Шўрои Маҷлиси намояндагон аз тарафи кумита ва комиссияҳои дахлдор, инчунин шўъбаҳои масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъмин карда мешаванд.
- Муҳокимаҳои парламентӣ дар бинои Маҷлиси намояндагон ё дар бинои дигар муассисаҳои давлатӣ гузаронида мешаванд. Берун аз шаҳри Душанбе муҳокимаҳои парламентӣ дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори Маҷлиси намояндагон гузаронида мешаванд.
- Маблаѓгузории муҳокимаҳои парламентӣ, ки гузаронидани онҳо хароҷоти иловагиро талаб мекунад, дар асоси қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
- Масъалаи гузаронидан, ҷой ва вақти гузаронидани муҳокимаи парламентӣ бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешавад. Муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон мутобиқ бо тартиби барои ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон муқарраршуда гузаронида мешаванд.
- Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, ки муҳокимаи парламентиро ташкил мекунанд, ҳайати шахсони дар он иштироккунандаро муайян менамоянд.
- Муҳокимаҳои парламентӣ ошкоро мегузаранд.
- Бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон мумкин аст муҳокимаи парламентии пўшида гузаронида шавад. Дар муҳокимаҳои парламентии пўшида масъалаҳои дорои хусусияти махфӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба сирри давлатӣ ва сирри бо қонун ҳифзшаванда муҳокима карда мешаванд. Муҳокимаҳои парламентии пўшида бо тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 142-147 ва 149 Дастури мазкур гузаронида мешаванд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар муҳокимаҳои парламентии ошкоро ва пўшида иштирок намоянд.
- Дар муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ё яке аз муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон раисӣ мекунанд. Муҳокимаҳои парламентии кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро раиси кумитаи дахлдори Маҷлиси намояндагон ё муовини ў раисӣ мекунад.
- Раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ ба вакилони Маҷлиси намояндагон ва шахсони даъватшуда сухан медиҳад, ба тартиби рафти муҳокимаи парламентӣ назорат мебарад, бо ахборот баромад мекунад.
- Мўҳлати муҳокимаҳои парламентӣ бо пешниҳоди кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо назардошти хусусияти масъалаҳое, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд муайян карда мешавад.
- Муҳокимаҳои парламентӣ дар рўзҳои муайян тибқи муқаррароти Дастури мазкур гузаронида мешаванд.
- Муҳокимаҳои парламентиро ҳангоми ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон гузаронидан мумкин нест, ба шарте, ки Маҷлиси намояндагон қарори дигар қабул накунад.
- Муҳокимаи парламентӣ бо суханронии мухтасари раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ оѓоз меёбад, ки ў аз моҳияти масъалаи мавриди муҳокима қарорёфта, аҳамияти он, тартиби гузаронидани ҷаласа, ҳайати шахсони даъватшуда маълумот медиҳад. Баъд ба намояндаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон аз рўи масъалаи мавриди муҳокима қарорёфта барои то 20 дақиқа маърўза кардан сухан дода мешавад. Пас аз ин вакилони Маҷлиси намояндагон ва шахсони даъватшуда, ки дар муҳокимаи парламентӣ иштирок менамоянд, сухан мекунанд.
- Шахсони даъватшуда дар муҳокимаи парламентӣ танҳо бо иҷозати раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ баромад мекунанд.
- Баъд аз сухан кардани шахсони даъватшуда дар муҳокимаи парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини дигар метавонанд савол диҳанд ва ба саволҳояшон ҷавоб гиранд. Саволҳо метавонанд шифоҳӣ ва хаттӣ пешниҳод шаванд.
- Шахсони даъватшуда набояд ба рафти муҳокимаи парламентӣ дахолат кунанд, ба кори он халал расонанд. Раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ шахсонеро, ки тартиботро риоя намекунанд, аз толори маҷлис метавонад берун кунад.
- Дар муҳокимаи парламентӣ аз рўи масъалаҳои муҳокимашаванда метавонанд тавсияҳо қабул карда шаванд. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо тарафдории аксарияти вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар муҳокимаи парламентӣ иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.
- Муҳокимаҳои парламентӣ протокол ва стенограмма карда мешаванд. Протоколи муҳокимаи парламентиро раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ имзо мекунад.
- Тавсияҳои муҳокимаи парламентиро дар матбуот чоп кардан мумкин аст.
- Ҳуҷҷатҳои муҳокимаи парламентии пўшида барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва ба мақомоте, ки дар банди 267 Дастури мазкур зикр гардидаанд ва намояндагони онҳо, ки дар муҳокимаи парламентӣ иштирок кардаанд, метавонанд дастрас шаванд.
- Стенограмма ва дигар ҳуҷҷатҳои пўшидаи муҳокимаҳои парламентӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуҷҷати махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.
БОБИ 9. КОР БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ВА БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӣ ВА ҲУҚУҚӣ
- Вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод, муроҷиат ва арзу шикояти интихобкунандагонро меомўзад, дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро месанҷад ва ба муаллифи онҳо ҷавоб медиҳад. Интихобкунандагонро мувофиқи хоҳишашон қабул мекунад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ба ҳавзаи интихоботӣ барои вохўриҳо бо интихобкунандагон меравад. Дар ин кор вакили Маҷлиси намояндагонро Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо ахбору ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва нақлиёт таъмин мекунад.
- Ба вакили Маҷлиси намояндагон барои гузаронидани вохўрӣ бо интихобкунандагон аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шароит муҳайё карда мешавад.
- Тартиби кори вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон ва баррасии муроҷиати вакили Маҷлиси намояндагон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилот, кафолати фаъолияти вакилӣ, таъминоти моддӣ ва хизматрасонии ў ҳангоми кор бо интихобкунандагон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур муайян карда мешаванд.
- Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид шудаанд ва гузаронидани қабули шахсии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Маҷлиси намояндагон тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури мазкур амалӣ карда мешаванд.
- Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тобеият барои баррасӣ ва чораҷўӣ ба мақомоти дахлдор фиристонида шуда, натиҷаи иҷрои онҳо зери назорат гирифта мешавад.
- Бақайдгирии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вакили Маҷлиси намояндагон ва қабули шахсии ў дар Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ташкил карда мешавад.
ФАСЛИ IV. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӣ
БОБИ 10. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ЛОИҲАИ ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӣ БА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ ОНҲО БАРОИ БАРРАСӣ
- Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
- Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонун ё аз эътибор соқит донистани он, инчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба он ва ё аз эътибор соқит донистани он (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад.
- Ҳангоми аз тарафи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудани лоиҳаи қонун, якҷоя бо он, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
а) мактуби расмии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ;
б) тавзеҳнома, ки мазмун, мундариҷа, мақсад ва ѓояи лоиҳаи қонуни пешниҳодшавандаро дарбар мегирад;
в) матни лоиҳаи қонун ва шакли электронии он;
г) номгўи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо қабул шудани қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста мешаванд ё ба онҳо таѓйиру иловаҳо ворид карда мешаванд ва ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул карда мешаванд;
д) асоснокгардонии молиявию иқтисодии лоиҳаиқонун, ки он ҳангоми қабул шуданаш хароҷоти молиявиро талаб мекунад.
- Лоиҳаи Қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
- Лоиҳаи қонунҳо дар бораи буҷет, оид ба муқаррар ва бекор кардани андозҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
- Ҳангоми пешниҳод кардани лоиҳаи қонун ва таклифи қонунгузорӣ аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки мақоми дастаҷамъона мебошад, қарори он бо зикри намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз рўи ҳамин лоиҳаи қонун ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
- Лоиҳаи қонунҳоеро, ки хароҷоти аз ҳисоби маблаѓи буҷети давлатӣ ҷуброншавандаро пешбинӣ менамоянд, ба истиснои лоиҳаи қонунҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, Шўрои Маҷлиси намояндагон якҷоя бо маводе, ки лоиҳаи қонунро аз ҷиҳати молиявию иқтисодӣ асоснок менамоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати муайяннамудаи Шўрои Маҷлиси намояндагон, вале на дертар аз се моҳ хулосаи худро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
- Лоиҳаи қонун ва маводи вобаста ба он аз тарафи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагон фиристонида мешаванд.
- Лоиҳаи қонун бо забони давлатӣ ва забони русӣ пешниҳод карда мешавад.
- Лоиҳаи қонун дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта мешавад. Аз рўзи дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданаш лоиҳаи қонун ба Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда ҳисоб меёбад. Дар бораи ба қайд гирифтани лоиҳаи қонун варақаи бақайдгирӣ тартиб дода мешавад, ки дар он маълумот дар бораи лоиҳаи қонун, санаи ба Маҷлиси намояндагон расидан ва баррасӣ шудани он дар Маҷлиси намояндагон, қабули қонун дар Маҷлиси намояндагон, ҷонибдорӣ намудани он аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва санаи аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шудани қонун зикр карда мешаванд. Раиси Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун, таклифҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои марбут ба онро ба шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мефиристонад. Шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мувофиқати лоиҳаи қонунро ба талаботи Дастури мазкур муайян менамояд ва лоиҳаи қонунро дар давоми 14 рўз ба баррасии Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Бо дархости субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ё дар сурати ба талаботи моддаи 58 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 291-297 Дастури мазкур мувофиқат накардан, Шўрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун ва ё таклифҳои қонунгузориро бармегардонад.
- Агар лоиҳаи қонун дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда бошад, онро шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба баррасии ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
- Лоиҳаи қонун ва таклифҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда алоҳида ба ҳар як қонун пешниҳод карда мешаванд.
- Агар ба Маҷлиси намояндагон дар як вақт якчанд лоиҳаиқонуни мукаммал, қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба як қонун пешниҳод карда шаванд, Шўрои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди кумитаи масъул метавонад онҳоро муттаҳид карда, ҳамчун лоиҳаи ягона ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.Лоиҳаи қонуне, ки дар баррасии кумита, комиссия ва Шўрои Маҷлиси намояндагон мебошад, бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон ва лоиҳаи қонуне, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шудааст ва ё дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад, бо қарори Маҷлиси намояндагон пас гардонида мешавад.
- Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид гардидаанд, аз тарафи Шўрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва ё мақомоти дигари Маҷлиси намояндагон барои баррасии пешакӣ, додани хулоса ва тайёр кардани масъала барои баррасӣ дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон фиристонида мешаванд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон метавонад лоиҳаҳои қонунҳо ва қарорҳоро, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидаанд, барои додани хулосаи якҷоя ба ҷаласаҳои якҷояи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо муайян намудани кумитаи масъул супорад.Бо пешниҳоди кумитаи масъул ва бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон мумкин аст лоиҳаи қонун ва таклифи қонунгузорӣ барои баррасӣ аз як кумита ба кумитаи дигар супорида шавад.
- Мўҳлати ба ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагон тайёр кардани пешниҳод оид ба лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ то як моҳ ва барои лоиҳаи қонунҳое, ки хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, то се моҳ муқаррар карда мешавад. Шўрои Маҷлиси намояндагон метавонад мўҳлати дигарро муайян кунад.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон таъмини пешниҳоди саривақтии хулоса, таклиф ва эродҳоро назорат мекунад.
- Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузоридошта ва ё мақомоти дигаре, ки лоиҳаиқонун оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда барои додани хулоса ба онҳо фиристонида шудааст, бояд ба лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар мўҳлати муқарраршуда хулоса, таклиф ва эродҳои худро пешниҳод намоянд.
- Лоиҳаиқонун дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ошкоро муҳокима карда шуда, ба он намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод намудааст, даъват карда мешавад.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аъзои кумитаи масъул намебошанд, узви Маҷлиси миллӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдориПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои дигар, ки ба онҳо лоиҳаи қонун барои пешниҳоди хулоса, таклиф ва эрод фиристонида шуда буд, ҳуқуқ доранд ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонун дар ҷаласаҳои кумитаи масъул иштирок кунанд.
- Кумитаи масъул бо пешниҳоди раиси кумита аз ҳайати аъзои кумитаи масъул оид ба лоиҳаи қонун маърўзачиро таъин мекунад. Маърўзачӣ фаъолияти аъзои гурўҳи корӣ, ташкилотҳо ва шахсони дахлдорро ҳамоҳанг месозад, дар ҷаласаи кумитаи масъул дар бораи натиҷаи тайёр кардани матни лоиҳаи қонун гузориш медиҳад.
- Баъд аз муҳокимаи ҳаматарафа ва ба мувофиқа омадан кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон матни лоиҳаи қонун ва лоиҳаи қарори Шўрои Маҷлиси намояндагонро дар бораи ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардани лоиҳаи қонун тайёр мекунад.
- Тамдиди мўҳлати пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Шўрои Маҷлиси намояндагон дар асоси гузориши раиси кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ба Раиси Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
- Агар баъд аз дар қироати якум қабул шудани лоиҳаи қонун ба унвони Маҷлиси намояндагон аз рўи ҳамон масъала дигар лоиҳаи қонун ворид гардад, Маҷлиси намояндагон бо сабаби дар қироати якум қабул гардидани ҳамин гуна лоиҳаи қонун онро баррасӣ накарда ба субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бармегардонад.
- Агар ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳои алтернативӣ аз рўи як масъала пеш аз баррасӣ шудани лоиҳаи қонун дар қироати якум пешниҳод шуда бошад, Шўрои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад, ки дар қироати якум баррасӣ шудани лоиҳаиқонуне, ки ба Маҷлиси намояндагон қаблан пешниҳод гардидааст, ба вақти дигар мононда шавад. Шўрои Маҷлиси намояндагон мўҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳои алтернативиро таъин мекунад ва ба кумитаи масъул супориш медиҳад, ки лоиҳаи қонунҳои алтернативиро дар баробари лоиҳаи қонуне, ки ба Маҷлиси намояндагон қаблан пешниҳод шуда буд, барои баррасӣ кардан дар қироати якум тайёр намояд. Пешниҳод намудан ва ба расмият даровардани лоиҳаи қонунҳои алтернативӣ низ мувофиқи муқаррароти бандҳои 291-297 Дастури мазкур сурат мегирад.
- Тартиби ба баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр намудани лоиҳаи қонун ва мўҳлати пешниҳоди хулосаҳо, фикру мулоҳизаҳоро ба лоиҳа, ба ѓайр аз хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон мустақилона муайян мекунад, агар тартиби дигарро Шўрои Маҷлиси намояндагон дар асоси Дастури мазкур муқаррар накарда бошад.
- Барои тайёр кардани лоиҳаи қонун кумитаҳои Маҷлиси намояндагон метавонанд аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои ҳамин кумита гурўҳи корӣ ташкил диҳанд.
- Ба ҳайати гурўҳи корӣ, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аъзои кумитаи масъул нестанд, намояндагони субъекти дахлдори ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, коршиносону мутахассисон дохил шуда метавонанд. Гурўҳи корӣ оид ба натиҷаи фаъолияти худ метавонад санад тартиб диҳад.
- Дар ҳолати зарурӣ бо қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон ва ё кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон мумкин аст лоиҳаи қонун барои гирифтани хулоса ё экспертизаи дахлдор ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор фиристонида шавад.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон ё кумитаи масъул метавонанд барои тайёр намудани лоиҳаи қонун кормандони шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ҷалб намоянд. Шўрои Маҷлиси намояндагон кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро вазифадор месозад, ки дар мўҳлати муқарраршуда санҷиши мутобиқати лоиҳаи қонунро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад. Шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон масъул аст номгўи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки бояд аз эътибор соқит дониста шаванд ё зарурат ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо доранд, таҳия намуда, ба кумитаи масъул фиристонад.
- Масъулияти пешниҳод кардани хулосаи ҳуқуқӣ ба лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои қабул ва тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегарданд, ба ўҳдаи шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гузошта мешавад.
- Бо супориши Шўрои Маҷлиси намояндагон шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, хулосаи ҳуқуқӣ(аз ҷумла, хулосаи такрорӣ ва иловагӣ)медиҳад, ки он масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
а) мутобиқат ё номутобиқатии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номутобиқатии байниҳамдигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Дар сурати муқаррар намудани номутобиқатии лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кадом меъёри онҳо номутобиқ будани лоиҳаи қонун ва дар чӣ ифода ёфтани ин номутобиқатӣ бояд шарҳ дода шавад;
б) муайян кардани мухолифати байни қисмҳо, фаслҳо, бобҳо, моддаҳо, инчунин қисмҳо, бандҳо, зербандҳо ва сархатҳои моддаҳои лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ. Мухолифатҳо бояд аниқ ва мушаххас зикр гардида, барои бартараф кардани онҳо тавсияҳои мушаххас дода шаванд;
в) номгўи пурраи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд аз эътибор соқит дониста ё такмил дода шаванд ва ё бинобар қабул гардидани ҳамин лоиҳа, санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул карда шаванд. Агар номгўи пурраи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ оварда нашуда бошанд, бояд онҳо пурра карда шаванд.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон бо назардошти хулосаву пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳое, ки лоиҳаи қонун барои пешниҳоди таклифу дархостҳо, додани хулоса, гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ ва зиддикоррупсионӣ ба онҳо фиристонида шуда буд, хулосаи худро медиҳад.
- Хулосаю пешниҳодҳо ва эродҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ва субъектҳои дигари ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доир ба лоиҳаи қонун ва қарори Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон баррасӣ карда мешаванд. Ба ҷаласаи васеи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон вакилон — намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, кормандони шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ки ба лоиҳаи қонун ва санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқиро омода намудаанд, даъват карда мешаванд, ки онҳо ҳуқуқ доранд оид ба масъалаи баррасишаванда савол ва шарҳу тавзеҳот диҳанд.
- Таклифу пешниҳодҳое, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ба матни лоиҳаи қонун ворид кардани онҳоро қобили қабул намешуморад ва ё оид ба онҳо ба як қарор наомадаааст, дар ҷадвали алоҳида бо нишон додани сабаби қобили қабул набудани онҳо ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд.
- 3231. Кумитаи масъул бо пешниҳоди кумита, комиссияи Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории дигар бо розигии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод намудааст ва ё намояндаи ваколатдори ў метавонад ба лоиҳаи қонун оид ба масъалаҳои дахлдор таѓйиру иловаҳо ворид намояд ва онро такмил диҳад.
- Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда, ҷадвали муқоисавии матни моддаҳои қонуни амалкунанда ва моддаҳои лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар шакли пурраашон пешниҳод карда мешаванд.
- Субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод кардааст, то қабул шудани лоиҳаи қонун ҳуқуқ дорад:
а) бо пешниҳоди кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон матни лоиҳаи қонунро таѓйир диҳад;
б) лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаашро пас гирад.
- Лоиҳаи қонун ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба он, ки кумитаи масъул барои баррасии Маҷлиси намояндагон омода намудааст, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ё муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, ки сарпарасти кумитаи масъул мебошад, ба баррасии Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон илова ба ҳуҷҷатҳое, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардааст ва дар бандҳои 291-297 Дастури мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
а) лоиҳаи қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон дар бораи ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардани лоиҳаи қонун ва ё дар қироати якум ва дуюм қабул намудани қонун бо забони давлатӣ ва забони русӣ;
б) лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул намудани қонун бо забони давлатӣ ва забони русӣ;
в) хулосаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, ки дар он қабул кардан ё қабул накардани лоиҳаи қонун бо далелҳо асоснок карда шудааст, хулосаҳои дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон;
г) матни такмилёфтаи лоиҳаи қонун бо забони давлатӣ ва забони русӣ;
д) ҷадвали таклифу эродҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлиси намояндагон, шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун, шумораи онҳо бо зикри мутасаддиёни таҳлили лоиҳа аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, натиҷаи баррасии таклифу эродҳои ба лоиҳаи қонун пешниҳодшуда;
е) ҷадвали муқоисавии матни моддаҳои қонуни амалкунанда ва моддаҳои лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, ки ба онҳо таклифу эродҳо пешниҳод шудаанд;
ж) протоколи ҷаласаи васеи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо имзои онҳо.
- Бо пешниҳоди кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон Шўрои Маҷлиси намояндагон маърўзачиро аз рўи лоиҳаи қонун ва маърўзачии иловагиро аз кумитаи масъул муайян мекунад.
- Масъулияти тарҷумаи лоиҳаи қонун ва дигар ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ ба ўҳдаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ва шўъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гузошта мешавад.
БОБИ 11. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ЛОИҲАИ ҚОНУНҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӣ ВА ҚАБУЛИ ОНҲО ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Лоиҳаи қонунро Маҷлиси намояндагон дар як ё ду қироат баррасӣ менамояд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон ҳуҷҷатҳои вобаста ба лоиҳаи қонуне, ки барои дар қироати якум баррасӣ шудан омода гардидааст, бо пешниҳоди кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, камаш се рўз пеш аз баррасӣ шуданаш дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод кардааст, мефиристонад.
- Маҷлиси намояндагон метавонад лоиҳаи қонунро бе хулосаи мақомоте, ки дар мўҳлати муқарраркардаи Шўрои Маҷлиси намояндагон онро пешниҳод накардааст, баррасӣ намояд.
- Ҳангоми баррасӣ намудани лоиҳаи қонун дар қироати якум Маҷлиси намояндагон муқаррароти асосии лоиҳаи қонун, мувофиқати он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷой доштани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва аҳамияти амалии лоиҳаи қонунро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
- Муҳокимаи лоиҳаи қонун аз маърўзаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро барои баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст ё намояндаи ў оѓоз гардида, бо маърўзаи иловагии намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, ки таҳлили таклифу пешниҳодҳо ва эродҳои дар рафти муҳокимаи лоиҳаи қонун баёншударо дарбар мегирад, анҷом меёбад.
- Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун барои саволу ҷавоби вакилони Маҷлиси намояндагон аз рўи моҳияти лоиҳаи қонун вақт ҷудо карда, баъд аз он таклифу пешниҳод ва эродҳои фраксия, гурўҳҳои вакилон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигаре, ки ба баррасии лоиҳаи қонун даъват карда шудаанд, шунида мешаванд.
- Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонуне, ки хароҷоти ҷуброншавандаи молиявиро аз ҳисоби маблаѓи буҷети давлатӣ пешбинӣ менамояд, хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман мавриди муҳокима қарор мегирад.
- Баррасии қонун дар қироати якум модда ба модда (боб ба боб, фасл ба фасл, қисм ба қисм) гузаронида мешавад, агар Маҷлиси намояндагон қарори дигар қабул накарда бошад.
- Дар сурати пешниҳод нагардидани таклифу эродҳо аз рўи натиҷаи дар қироати якум баррасӣ шудани лоиҳаи қонун, Маҷлиси намояндагон метавонад онро дар қироати якум қабул кунад.
- Аз рўи натиҷаи баррасии лоиҳаи қонун дар қироати якум, ки бо назардошти таклифу пешниҳод ва эродҳои мушаххаси дар шакли таѓйиру иловаҳо пешниҳодгардида такмил дода шудааст, дар қироати якум қабул кардани он ба овоз монда мешавад. Агар аз рўи натиҷаи овоздиҳӣ ба тарафдории пешниҳоди дар қироати якум қабул кардани лоиҳаи қонун шумораи зарурии овозҳо гирифта нашуда бошад, дар он сурат қабули он бе овоздиҳии иловагӣ радшуда ҳисоб меёбад ва он минбаъд муҳокима карда намешавад. Дар ин ҳолат қарори Маҷлиси намояндагон бе овоздиҳии иловагӣ ба расмият дароварда мешавад ва нусхаи он ба субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ фиристонида мешавад.
- Дар сурати пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни алтернативӣ Маҷлиси намояндагон онро дар як вақт бо лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда баррасӣ менамояд. Лоиҳаи қонуне дар қироати якум қабулшуда ҳисобида мешавад, ки агар он бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфта бошад.
- Лоиҳаи қонуни алтернативие, ки Маҷлиси намояндагон қабул накардааст, радшуда ҳисоб меёбад. Нусхаи қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи рад шудани лоиҳаи қонуни алтернативӣ ба субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ фиристонида мешавад.
- Дар сурати қабул шудани лоиҳаи қонун дар қироати якум Маҷлиси намояндагон оид ба қабул шудани он дар қироати якум ва мўҳлати пешниҳоди таѓйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур қарор қабул менамояд. Мўҳлати пешниҳоди таѓйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун, ки дар қироати якум қабул шудааст, наметавонад камтар аз 15 рўз бошад. Маҷлиси намояндагон метавонад дигар мўҳлатро низ муқаррар намояд.
- Маҷлиси намояндагон метавонад дар бораи муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонуне, ки дар қироати якум қабул шудааст, қарор қабул намояд.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи дар қироати якум қабул гардидани лоиҳаи қонун ва лоиҳаи қонун дар давоми панҷ рўз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ба субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод кардааст, фиристонида мешавад.
- Агар лоиҳаи қонун дар қироати якум қабул гардад, раисикунандаи ҷаласа метавонад тартиби қироати дуюмро сарфи назар карда, пешниҳоди кумитаи масъули Маҷлиси намояндагонро дар бораи қабул кардани қонун ба овоз монад. Дар сурати ба ин пешниҳод изҳори норозигӣ доштани вакилони Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласа ба ҳар кадоми онҳо то се дақиқа вақт медиҳад, ки мавқеашонро асоснок намоянд. Намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад аз рўи ҳар эрод фикри кумитаи масъулро баён намояд ё худ пешниҳоди қабул кардани қонунро пас гирад. Баъд аз анҷом ёфтани муҳокима, ба шарте ки кумитаи масъул пешниҳодро дар бораи қабули қонун пас нагирифта бошад, раисикунандаи ҷаласа тартиби қироати дуюмро сарфи назар намуда, пешниҳоди кумитаи масъулро дар бораи қабул кардани қонун ба овоз мемонад. Агар ба тарафдории қабули қонун аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд, он қабулгардида ҳисоб меёбад. Дар ҳолати овозҳои заруриро нагирифтани ин пешниҳод баррасии лоиҳаи қонун бо тартиби муқарраркардаи Дастури мазкур давом меёбад.
- Таѓйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун, ки дар қироати якум қабул гардидааст, ба кумитаи масъул дар шакли таѓйири таҳрири модда ё дар шакли илова кардани моддаҳои мушаххас ба лоиҳаи қонун ва ё дар шакли таклифи хориҷ намудани калима, ҷумла, сархат, зербанд, банд, қисм ё худ моддаҳои мушаххаси лоиҳаи қонун пешниҳод карда мешаванд.
- Субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ низ ҳуқуқ дорад ба лоиҳаи қонуне, ки дар қироати якум қабул шудааст, таѓйиру иловаҳоро ворид намояд.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон таѓйиру иловаҳои ба лоиҳаи қонун пешниҳодшударо меомўзад ва ҷамъбаст менамояд. Кумитаи масъул ҳуқуқ дорад бо мақсади муайян кардани мутобиқати таѓйиру иловаҳои ба лоиҳаи қонун пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷой надоштани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, гузаронидани экспертизаро ба субъектҳои ваколатдор вогузор намояд. Дар сурати ҷой доштани мухолифати таѓйиру иловаҳои ба лоиҳаи қонун пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷой доштани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар онҳо, кумитаи масъул оид ба онҳо ба субъектоне, ки таѓйиру иловаҳоро ба лоиҳаи қонун пешниҳод кардаанд, хабар медиҳад. Агар субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ талаботи бандҳои 346-347 Дастури мазкурро иҷро накунад, кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад таѓйиру иловаҳоро ба матни лоиҳаи қонун ё ҷадвали таѓйиру иловаҳо дохил накарда, онҳоро ба муаллифаш баргардонад. Муаллифи таѓйиру иловаҳоро пешниҳодкарда ҳуқуқ дорад таѓйиру иловаҳоро дар рафти муҳокима шудани онҳо дар кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон саҳеҳ ва аниқ намояд.
- Агар дар рафти қироати якум номи лоиҳаи қонун таѓйир ёбад, ба баррасии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун бо номи наваш пешниҳод карда шуда, номи аввалаи он дар поёни номи наваш дар қавс навишта мешавад. Лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагон низ бо чунин талабот қабул карда мешаванд.
- Таѓйиру иловаҳои модда ба моддаи лоиҳаи қонун бояд дар ҷаласаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон баррасӣ карда шаванд ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод намудааст ё намояндаи ў, инчунин субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордошта таѓйиру иловаҳо пешниҳод кардаанд ё худ намояндагони онҳо аз рўзи доир шудани ҷаласа воқиф гардонида мешаванд. Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон бо розигии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ метавонад таѓйиротро маъқул дониста, онро ба матни лоиҳаи қонун ворид намояд. Он таѓйироте, ки қабул шуданашонро кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон зарур намеҳисобад ба ҷадвали махсус бо зикри сабаби қабул нашуданашон дохил карда мешаванд.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунеро, ки барои баррасӣ дар қироати дуюм тайёр шудааст ва лоиҳаи қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон, инчунин ҷадвали таѓйиру иловаҳои ба матни лоиҳаи қонун пешниҳодшударо, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон қабул нашуданашонро тавсия намудааст, ба Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
- Бо супориши кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мутобиқи муқаррароти бандҳои 318-320 ва 322 Дастури мазкур лоиҳаи қонунро модда ба модда таҳлил намуда, нисбат ба он хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд. Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон метавонад ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун кормандони шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро, ки ҳамин хулосаро тартиб додаанд, барои шарҳу эзоҳи мазмуни он ба ҷаласаи худ даъват намояд.
- Дар сурати зарурат, Шўрои Маҷлиси намояндагон ё кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаи қонунро вогузор менамояд, ки он ўҳдадор аст дар мўҳлати муқарраршуда экспертизаи таъиншударо гузаронад ва доир ба он хулосаи асоснок пешниҳод намояд.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ба Шўрои Маҷлиси намояндагон барои дар қироати дуюм баррасӣ намудани лоиҳаи қонун ҳуҷҷатҳои зеринро мефиристонад:
а) лоиҳаи қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон;
б) лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон оид ба қонун;
в) ҷадвали таѓйиру иловаҳо, ки кумитаи масъул қабул шудан ва ё нашудани онҳоро тавсия намудааст;
г) матни лоиҳаи қонун бо назардошти таѓйироте, ки қабул гардиданаш тавсия мешавад (бо зикр намудани таѓйири матни лоиҳаи қонуне, ки дар қироати якум қабул шудааст).
- Шўрои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад, ки лоиҳаи қонуне, ки барои баррасӣ дар қироати дуюм тайёр шудааст, ба тақвими баррасии масъалаҳои Маҷлиси намояндагон дохил карда, он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод намудааст, ба вакилони Маҷлиси намояндагон фиристонида шавад ва маърўзачии пешниҳодкардаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагонро аз рўи лоиҳаи қонун тасдиқ менамояд.
- Лоиҳаиқонун якҷоя бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба он, ки номгўяшон дар бандҳои 354-355 зикр шудааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод кардааст ва ба вакилони Маҷлиси намояндагон, на камтар аз 15 рўз пеш аз онро дар қироати дуюм баррасӣ кардани Маҷлиси намояндагон, фиристонида мешавад.
- Дар оѓози қироати дуюми лоиҳаи қонун дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон оид ба он намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон маърўза мекунад.
- Маърўзачӣ дар бораи натиҷаи баррасии лоиҳаи қонун дар кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, дар бораи таѓйиру иловаҳои пешниҳодшуда ва натиҷаи муҳокимаи онҳо маълумот медиҳад. Баъд аз он, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод кардааст, ба сухан мебароянд. Раисикунандаи ҷаласа муайян мекунад, ки оё фраксия ва гурўҳҳои вакилон, вакилони Маҷлиси намояндагон ё намояндагони дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъват шудаанд, нисбати таѓйиру иловаҳои тавсиякардаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои ворид кардан ба лоиҳаи қонуне, ки дар қироати дуюм баррасӣ мешавад, изҳори норозигӣ доранд ё не. Агар изҳори норозигӣ набошад, раисикунандаи ҷаласа масъалаи яклухт қабул кардани таѓйироти тавсиянамудаи кумитаи масъулро барои ворид кардан ба матни ҳамин лоиҳаи қонун ба овоз мемонад. Агар вакилони Маҷлиси намояндагон ё намояндагони дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъват шудаанд, нисбати ворид карда шудани ягон таѓйирот ба матни лоиҳаи қонун, аз ҷумлаи таѓйироте, ки кумитаи масъул қабул карда шуданашонро тавсия намудааст, изҳори норозигӣ дошта бошанд, раисикунандаи ҷаласа аввал масъалаи қабули таѓйиротеро, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ба матн ворид карда шуданашонро тавсия менамояду субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ нисбати ин таѓйиру иловаҳо изҳори норозигӣ надоранд ва пас аз ин алоҳида ҳар таѓйиротеро, ки нисбати он изҳори норозигӣ ҷой дорад, ба овоз мемонад. Муаллифе, ки таѓйиротро пешниҳод кардааст, намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, инчунин вакили Маҷлиси намояндагон ё намояндаи дигар субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки изҳори норозигӣ доранд, метавонанд то се дақиқа сухан карда, мавқеи худро асоснок намоянд. Баъд аз ин масъалаи қабули таѓйироти дахлдор ба матни лоиҳаи қонун ба овоз монда мешавад.
- Минбаъд Маҷлиси намояндагон ба баррасии таѓйироте мегузарад, ки кумитаи масъул қабул накардани онҳоро тавсия менамояд. Раисикунандаи ҷаласа муайян мекунад, ки оё вакилони Маҷлиси намояндагон ё намояндагони ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъватшудаи дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ нисбати тавсияҳои кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон изҳори норозигӣ доранд ё не. Агар изҳори норозигӣ набошад, тамоми таѓйироте, ки қабул накарданашон тавсия шудааст ва агар изҳори норозигӣ бошад, таѓйироте, ки нисбати қабул нашуданашон изҳори норозигӣ нест, барои қабул нагардидан ба овоз монда мешаванд.
- Ҳангоми норозӣ будани Маҷлиси намояндагон бо ҷадвали таѓйироте, ки кумитаи масъул қабул накардани онҳоро тавсия намудааст, раисикунандаи ҷаласа ҳар кадом таѓйироти пешниҳодшударо алоҳида ба овоз мемонад. Муаллифи таѓйиру иловаҳо ва намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон метавонанд то се дақиқа ба сухан баромада, мавқеи худро асоснок намоянд. Баъд аз ин таклифи қабули таѓйирот ба овоз монда мешавад.
- Баъд аз анҷоми овоздиҳӣ аз рўи таѓйиру иловаҳо раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳодро дар бораи дар қироати дуюм қабул кардани лоиҳаи қонун ба овоз мемонад. Агар аз рўи натиҷаи овоздиҳӣ ин пешниҳод миқдори зарурии овозҳоро нагирад, лоиҳаи қонун барои такмил ба кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон баргардонида мешавад.
- Пас аз дар қироати дуюм такроран баррасӣ шудани лоиҳаи қонуни такмилёфта раисикунандаи ҷаласа таклифи дар қироати дуюм қабул шудани лоиҳаи қонунро ба овоз мемонад. Агар ин пешниҳод аз рўи натиҷаи овоздиҳӣ миқдори зарурии овозҳоро нагирад, лоиҳаи қонун қабулнашуда ҳисоб меёбад ва минбаъд мавриди баррасӣ қарор намегирад. Қарори Маҷлиси намояндагон оид ба ин масъала бе овоздиҳии иловагӣ ба расмият дароварда мешавад ва нусхаи он ба субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки лоиҳаи қонунро пешниҳод кардааст, фиристонида мешавад.
- Бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун дар қироати дуюм, дар сурати мавҷуд будани матни охирини лоиҳаи он яклухт ба овоз монда мешавад.
- 3631. Агар лоиҳаи қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба кумитаи масъул барои баррасии такрорӣ пас гардонида шавад, он бо тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 310 — 311, 314 — 318, 320 — 328 Дастури мазкур баррасӣ ва пешниҳод карда мешавад.
- Кодексҳо ва қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон якҷоя бо шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон, хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ дар муддати се рўз ба тартиб медарорад.
БОБИ 12. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ТАКРОРИИ ҚОНУНҲОЕ,
КИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРӣ НАКАРДААСТ
- Дар сурати қонунро ҷонибдорӣ накардани Маҷлиси миллӣ, Шўрои Маҷлиси намояндагон онро барои тайёр кардани хулоса ба кумитаи масъул медиҳад. Кумитаи масъул аз рўи натиҷаи баррасии қонун ба Маҷлиси намояндагон тавсия мекунад:
а) қонунро бо назардошти тамоми пешниҳоду эродҳои Маҷлиси миллӣ қабул кунад, ба шарте ки ин пешниҳоду эродҳо дар шакли таѓйиру иловаҳои мушаххас пешниҳод шуда бошанд;
б) барои бартараф кардани ихтилофот комиссияи созиш ташкил диҳад;
в) қонунро дар таҳрири пештар қабулкардаи Маҷлиси намояндагон қабул намояд;
г) баррасии қонунро дар Маҷлиси намояндагон қатъ намояд.
- Агар Маҷлиси миллӣ ҳангоми ҷонибдорӣ накардани қонун бо қарори худ пешниҳоду эродҳоро дар шакли таѓйиру иловаҳои мушаххас тасдиқ кунад ва кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон бо тамоми таѓйиру иловаҳои Маҷлиси миллӣ пурра розӣ бошад, кумитаи мазкур қонуни такмилдодашударобарои баррасии такрорӣ ба Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
- Дар сурати аз ҷониби Маҷлиси намояндагон такроран баррасӣ намудани қонуне, ки онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани Қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста мешавад.
- Агар қонуни такмилдодашуда мавриди баррасӣ қарор дода шавад, раисикунандаи ҷаласа мавқеи вакилони Маҷлиси намояндагон ва шахсони даъватшударо нисбати қонуни такмилдодашуда муайян мекунад. Агар аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон норозигӣ изҳор нашавад, раисикунандаи ҷаласа масъалаи яклухт қабул кардани қонуни такмилдодашударо ба овоз мемонад.
- Агар вакилони Маҷлиси намояндагон ба баъзе таѓйиру иловаҳо ба матни қонуни аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ наёфта, изҳори норозигӣ кунанд, раисикунандаи ҷаласа аввал масъалаи қабул кардани таѓйиротеро, ки нисбати онҳо изҳори норозигӣ вуҷуд надорад ва баъд аз он ҳар таѓйиротеро, ки нисбати он изҳори норозигӣ ҷой дорад, алоҳида ба овоз мемонад. Раиси кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки изҳори норозигӣ дорад, метавонанд то се дақиқа ба сухан баромада, мавқеи худро асоснок намоянд. Баъд аз ин масъалаи қабул кардани таѓйиру иловаҳои дахлдор ба овоз монда мешавад.
- Дар сурати қабул гардидани тамоми таѓйиру иловаҳои пешниҳоднамудаи Маҷлиси миллӣ қонун яклухт ба овоз монда мешавад.
- Агар Маҷлиси миллӣ ё Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд, ки барои бартараф кардани ихтилофот комиссияи созиш ташкил карда шавад, Маҷлиси намояндагон метавонад дар бораи ташкили комиссияи созиш дар асоси баробарӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ қарор қабул кунад.
- Қарор дар бораи ташкили комиссияи созиш ва ба ҳайати он интихоб кардани вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин интихоб намудани ҳамраиси комиссияи созиши Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси намояндагон ба расмият дароварда мешавад. Қарори мазкур ба Маҷлиси миллӣ, инчунин ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешавад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон, ки ба ҳайати комиссияи созиш интихоб шудааст, вазифадор аст, ки дар ҷаласаҳои он иштирок намояд. Агар вакили Маҷлиси намояндагон бинобар сабаби узрнок имконияти дар ҷаласаи комиссияи созиш иштирок карданро надошта бошад, аз ин ҳамраиси комиссияи созишро пешакӣ воқиф мегардонад, ки дар ин хусус дар ҷаласаи он хабар дода мешавад.
- Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ба ҳайати комиссияи созиш дохил нестанд, ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои он ҳузур дошта бошанд ва бо иҷозати ҳамраиси комиссия дар муҳокимаи қонун иштирок намоянд.
- Кори комиссияи созишро аз ҷиҳати ташкилӣ, бо ахбору ҳуҷҷат шўъбаи ташкилӣ ва дигар шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таъмин менамоянд. Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон дар комиссияи созиш ҳангоми зарурат ҳуқуқ доранд кормандони шўъбаи ҳуқуқ ва дигар шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро барои таҳияи матни ягонаи қонун ҷалб намоянд ва олимону мутахассисонро ба сифати коршинос даъват кунанд.
- Комиссияи созиш ҳар як пешниҳоду эроди Маҷлиси миллиро дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор дода, матни ягонаи қонунро таҳия мекунад. Комиссияи созиш ҳуқуқ дорад дар бораи таѓйир додани таҳрири баъзе моддаҳои қонун, ки нисбати онҳо Маҷлиси миллӣ изҳори норозигӣ надошт, қарор қабул кунад, ба шарте ки чунин таѓйирот ба таҳрири нави моддаҳои қонун сабаб гардида бошаду онҳо дар асоси пешниҳоду эродҳои Маҷлиси миллӣ таҳия шуда бошанд ва онҳоро комиссияи созиш дастгирӣ карда бошад.
- Қарорҳои комиссияи созиш бо овоздиҳии ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ дар алоҳидагӣ қабул карда мешаванд. Агар ба тарафдории қарор аксарияти аъзои ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ овоз дода бошанд, он қабулшуда ҳисоб меёбад. Қарор бо овоздиҳии ошкоро қабул карда мешавад, ба шарте, ки комиссияи созиш тартиби дигарро муқаррар накунад.
- Ҷаласаҳои комиссияи созиш стенограмма карда мешаванд. Комиссияи созиш аз рўи ҷамъбасти ҳар ҷаласа ва аз рўи натиҷаи кори худ протокол ва ҷадвали муқоисавии моддаҳои қонунро, ки ба онҳо таѓйирот ворид карда шудаанд, тартиб медиҳад. Дар ин ҷадвал пешниҳодҳои мушаххаси мувофиқагардида дар бораи бартараф кардани ихтилофот зикр мегарданд. Ба протокол ва ҷадвали муқоисавӣ ҳамраисони комиссияи созиши Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон имзо мегузоранд. Фикру мулоҳизаҳои «тарафдор» ё «муқобил» будани намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси комиссияи созиш иштирок менамояд, алоҳида аз рўи ҳар таѓйироти қарори қабулкардаи комиссияи созиш дар протокол навишта мешавад.
- Протоколи комиссияи созиш ва ҷадвали муқоисавӣ, инчунин лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон, ки дар зери онҳо ҳамраиси комиссияи созиш аз Маҷлиси намояндагон имзо гузоштааст ва матни қонун дар таҳрири пешниҳоднамудаи комиссияи созиш ба баррасии Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд.
- Ҳангоми баррасии такрорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон фақат пешниҳодҳое мавриди муҳокима қарор мегиранд, ки дар протоколи комиссияи созиш сабт гардидаанд. Таѓйироти иловагӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагон баррасӣ карда намешавад.
- Маҷлиси намояндагон таѓйироти пешниҳоднамудаи комиссияи созишро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳангоми қабул кардани таѓйирот ба қонуни конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мекунад.
- Дар сурати қабул накардани ҳатто як пешниҳоди комиссияи созиш Маҷлиси намояндагон ба комиссияи созиш пешниҳод менамояд, ки бо назардошти таѓйироти ҷонибдоринамудаи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди таклифҳои нав корашро давом диҳад.
- Пешниҳодҳои нави комиссияи созишро Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 381-382 Дастури мазкур баррасӣ мекунад.
- Қонуни дар таҳрири комиссияи созиш қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро комиссияи созиш дар якҷоягӣ бо шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба расмият медарорад ва дар давоми панҷ рўз бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ мефиристонад.
- Агар Маҷлиси намояндагон баъд аз баррасии такрории қонуни аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдоринашуда онро дар таҳрири комиссияи созиш омода намуда қабул накарда бошад ё худ агар барои бартараф кардани ихтилофот комиссияи созиш ташкил нашуда бошад ва ё Маҷлиси намояндагон розӣ набудани худро ба қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи ҷонибдорӣ накардани қонун изҳор карда бошад, қонун дар таҳрири пештар аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардида ба овоз монда мешавад. Дар ин маврид қонун, кодекс, қонуни конститутсионӣ ба шарте қабулшуда ҳисоб меёбад, агар ба тарафдории қонун, кодекс, на камтар аз се ду ва ба тарафдории қонуни конститусионӣ на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд.
- Раиси Маҷлиси намояндагон қонуни бо ин тартиб қабулгардидаро дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристонад ва дар ин бора ба Раиси Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.
- Агар пешниҳоди қабул намудани қонуне, ки Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, ҳангоми овоздиҳӣ дар таҳрири комиссияи созиш омоданамуда ё худ дар таҳрири пештар аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардидаи он миқдори зарурии овозҳоро нагирифта бошад, қабули қонуни баррасишаванда радшуда ҳисоб меёбад.
БОБИ 13. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ТАКРОРИИ ҚОНУНҲОЕ,КИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГАРДОНИДААСТ
- Агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар муддати 15 рўз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон баргардонад, Маҷлиси намояндагон онро такроран баррасӣ менамояд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон қонуни баргардонидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тайёр кардани хулоса ба кумитаи масъул медиҳад. Кумитаи масъул дар давоми 10 рўз далелу эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, ба Маҷлиси намояндагон тавсия мекунад:
а) қонунро дар таҳрири пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кунад;
б) барои бартараф кардани ихтилофот комиссияи махсус таъсис дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми зарурат ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намояд, ки барои иштирок дар ин комиссия намояндагони худро фиристонад;
в) қонунро дар таҳрири пештар қабулгардида тасдиқ кунад.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон баъд аз гирифтани хулосаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон масъалаи такроран бенавбат баррасӣ шудани қонунро ба тақвими баррасии масъалаҳо дар Маҷлиси намояндагон ворид мекунад.
- Дар бораи рўз ва соати баррасии такрории қонуне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидааст, на дертар аз панҷ рўз пеш аз баррасӣ гардидани он дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
- Ҳангоми баррасии такрории қонуни баргардонидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо нашудани қонунро шарҳ медиҳанд. Пас аз он хулосаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагонбаён гардида, яке аз қарорҳои дар банди 390 Дастури мазкур зикргардида қабул карда мешавад. Сухани хотимавӣ ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ ба дигар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
394.Агар қонуни дар таҳрири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида барои қабул шуданаш миқдори зарурии овозҳоро нагирифта бошад, Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо риояи тартиби баррасии лоиҳаи қонун дар қироати якум дар бораи давом додани кор оид ба қонуни мазкур қарор қабул кунад.
- Баъд аз анҷом ёфтани муҳокима ба овоздиҳӣ дар навбати аввал пешниҳоди маъқул донистани қонун дар таҳрири пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
- Қонуни конститутсионие, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст ва он дар таҳрири пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, тибқи муқаррароти қисми якуми моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми якуми моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Дар мавриди аз тарафи Маҷлиси намояндагон таъсис додани комиссияи махсус барои таҳияи таҳрири мавқеъҳои мувофиқашуда бо иштироки намояндагони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Маҷлиси миллӣ, агар онҳо низ ба чунин қарор омада бошанд, қонун барои баррасӣ ба комиссияи мазкур дода мешавад. Агар фикру ақидаи тарафҳо оид ба ҳар як пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шавад, қарори комиссияи махсус қабул карда мешавад. Пас аз анҷоми кор комиссияи махсус қонуни мутобиқи протокол ва ҷадвали муқоисавӣ таҳриршударо ба баррасии такрории Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Маҷлиси намояндагон дигар пешниҳодро баррасӣ намекунад. Кодекс, қонун дар таҳрири мувофиқашуда ба шарте аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулшуда ҳисоб меёбанд, ки агар ба тарафдории онҳо аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз диҳанд. Қонуни конститутсионӣ дар таҳрири мувофиқашуда ба шарте қабулшуда ҳисоб меёбад, ки агар ба тарафдории он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз диҳанд.
- Бо пешниҳоди кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон дар Маҷлиси намояндагон масъалаи маъқул донистани кодекс, қонуни дар таҳрири пештара қабулкардаи Маҷлиси намояндагон ба овоз монда мешаванд. Дар ин маврид кодекс, қонун бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Қонуни конститутсионие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидааст, дар сурати баррасии такрорӣ дар матни пештар қабулгардидааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Агар қонун дар таҳрири пештар қабулгардида миқдори зарурии овозҳоро нагирифта бошад, Маҷлиси намояндагон метавонад оид ба давом додани кор аз рўи он тибқи тартиби қироати якумиқонун ё минбаъд қатъ намудани баррасии қонун қарор қабул намояд.
- Агар Маҷлиси намояндагон қарор қабул кунад, ки қонун бо назардошти далелу эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад, он гоҳ ҳар як далелу эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда мешавад. Пеш аз ҳар овоздиҳӣ сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба дигар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз он ба намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон дода мешавад. Кодекс ва қонуни баргардонидашуда дар ҳар мавриди мушаххас бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ва қонуни конститутсионии баргардонидашуда бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд.
- Агар пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли таѓйироти мушаххас ифода нашуда бошанд, Маҷлиси намояндагон метавонад бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабули қонунро бо назардошти пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вақти дигар мононад ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси пешниҳод намудани матни ин таѓйирот муроҷиат намояд.
- Дар сурати як қисми пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро маъқул донистани Маҷлиси намояндагон қабули қонун ба вақти дигар мононда мешавад. Ба кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон супорида мешавад, ки якҷоя бо шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон матни қонунро бо назардошти пешниҳодҳои аз тарафи Маҷлиси намояндагон ҷонибдоринамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кунад ва ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд. Агар ба тарафдориикодекс,қонун бо назардошти пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз се ду ва ба тарафдории қонуни конститусионӣ на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд, онҳо қабулшуда ҳисоб меёбанд.
- Қонуни қабулгардида ё дар таҳрири пештара қабулшударо Раиси Маҷлиси намояндагон дар давоми 15 рўз ба Маҷлиси миллӣ мефиристонад.
- Дар сурати қабул нагардидани ақаллан як пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон метавонад дар бораи давом додани такмили қонуни мазкур қарор қабул намояд ва ин корро ба зиммаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ё комиссияи махсус гузорад.
БОБИ 14. ТАРТИБИ ТАФСИРИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Дархостҳо оид ба тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегарданд.
- Мақомот ва шахсоне, ки дорои ин ҳуқуқ нестанд, метавонанд оид ба тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомот ва шахсоне, ки дар банди 404 Дастури мазкур зикр гардидаанд, ба Маҷлиси намояндагон муроҷиат намоянд.
- Дархостҳо доир ба тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси намояндагон ворид мегарданд, бояд зикри модда, қисм, банд, зербанд, сархат ва ҷумлаҳои онҳоро, ки дар фаҳмишашон номуайянӣ мавҷуд аст, инчунин баёни мушаххаси ин номуайяниҳоро дарбар гиранд.
- Дархостҳоро Шўрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ мефиристонад.
- Кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон дархости мазкурро баррасӣ намуда, оид ба дастгирӣ намудан ва ё рад кардани он хулоса медиҳанд. Дар сурати аз тарафи кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфтани пешниҳод, ба Шўрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон оид ба тафсири санади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод мегарданд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, барои пешниҳоди хулоса мефиристонад.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро оид ба тафсири дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар мақомоти дахлдор мефиристонад.
- Баррасии минбаъдаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда тибқи меъёрҳои барои баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Дастури мазкур сурат мегирад.
БОБИ 15. ТАРТИБИ БАРРАСӣ ВА ҚАБУЛИ ҚОНУН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ОН
- Лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Иҷрои қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагон назорат мекунад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ, манбаи ҷуброни онро ҳамасола то якуми ноябр ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
- Қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё ду қироат қабул карда мешавад.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, барои хулоса ба кумитаи масъул, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон месупорад.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон дар мўҳлати муқарраргардида аз рўи лоиҳаи қонуни буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса тайёр намуда, онро ҳамроҳи лоиҳаи қонун ба Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
- Ҳангоми дар қироати якум баррасӣ намудани лоиҳаи қонуни буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал маърўзаи Сарвазир ё дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз он маърўзаи иловагии намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон шунида мешавад.
- Аз рўи ҷамъбасти муҳокимаи лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қироати якум бо назардошти тавсияҳои кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси намояндагон метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд, ки барои бартараф кардани ихтилофот аз рўи хусусиятҳои буҷет комиссияи муштараки созиш ташкил диҳад.
- Ба ҳайати комиссияи созиш аз ҷониби Маҷлиси намояндагон вакилони кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон ва дигар кумитаҳо, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ваколатдоркардашудаи он дохил мешаванд.
- Комиссияи созиш дар мўҳлати муқарраргардида эродҳои кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлиси намояндагонро нисбати баъзе хусусиятҳои буҷет баррасӣ намуда, қарор қабул мекунад.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон дар якҷоягӣ бо дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон таѓйиротҳои бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашударо ба матни лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил менамояд. Инчунин ҷадвали таѓйиротеро, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон қабули онҳоро рад кардааст, мутобиқи тартиби тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо барои қироати дуюм, ки Дастури мазкур муқаррар намудааст, тартиб медиҳад.
- Агар комиссияи созиш ташкил карда нашавад, кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон лоиҳаро бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури мазкур барои қироати дуюм тайёр мекунад.
- Ҳангоми дар қироати дуюм баррасӣ кардани лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбининамудаи Дастури мазкур риоя карда мешавад.
- Агар ба тарафдории қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд, он қабулгардида ҳисоб меёбад.
- Қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешавад.
- Агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргардонад, барои бартараф кардани ихтилофот муқаррароти пешбиникардаи боби 13 Дастури мазкур татбиқ карда мешаванд.
- Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон ва Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатӣ ва сметаи хароҷотро аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он назорат мекунанд.
- Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд дар доираи салоҳияташон иҷрои қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноки маблаѓҳои буҷетиро санҷанд ва натиҷаи онро ҳангоми зарурат ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд.
- 4281. Маҷлиси намояндагон баъди баррасии хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва ҳисоботи ҷамъбастии он оид ба фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб метавонад тавсияҳо қабул намояд ва иҷрои онҳоро зери назорат гирад.
БОБИ 16. ТАРТИБИ БАРРАСӣ ВА ҚАБУЛИ ҚОНУН ДАР БОРАИ АВФ
- Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
- Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бо тартиби барои баррасии дигар қонунҳо муқарраршуда баррасӣ ва қабул карда мешавад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабули Қонун дар бораи авф бо тарафдории аксарияти шумораи умумии овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Қонун дар бораи авф, ки онро Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар давоми як ҳафта ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо ва интишор фиристонида мешавад.
- Агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун дар бораи авфро баргардонад, барои бартараф кардани ихтилофот муқаррароти пешбиникардаи боби 13 Дастури мазкур татбиқ карда мешаванд.
БОБИ 17. ТАРТИБИ МУРАТТАБСОЗӣ ВА ИНТИШОРИ РАСМИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали онҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси намояндагонро шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҳамоҳангӣ бо шўъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мураттаб сохта, нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардидаро пеш мебарад ва ба онҳо сари вақт тамоми таѓйиру иловаҳои мавриди амал қароргирифтаро дохил менамояд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар банди 434 Дастури мазкур номбаршуда, ба истиснои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, дар рўзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият», «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва забони русӣ интишор карда мешаванд.
- Ҳангоми ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар банди 434 Дастури мазкур номбаршуда ворид карда шудани таѓйиру иловаҳои зиёд ва душворфаҳм гардидани онҳо, бо қарори Маҷлиси намояндагон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонанд дар таҳрири нав бо назардошти таѓйиру иловаҳои ба онҳо воридкардашуда интишор карда шаванд.
ФАСЛИ V. ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДИГАР МАСЪАЛАҲО, КИ БА САЛОҲИЯТИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАНСУБАНД
БОБИ 18. ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ИНТИХОБ ВА БОЗХОНДИ РАИС, МУОВИНИ Ў ВА АЪЗОИ КОМИССИЯ
- Маҷлиси намояндагон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад, раис, муовини ў ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа интихоб мекунад ва аз вазифа бозхонд мекунад.
- Номзадии шахсоне, ки барои интихоби раис, муовини ў ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд, дар ҷаласаи навбатӣ ё ѓайринавбатии Маҷлиси намояндагон баъд аз номзадро мухтасар муаррифӣ кардани Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда мешавад. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд оид ба номзадҳои муҳокимашаванда фикру ақидаи худро баён намоянд. Номзадҳо ўҳдадоранд ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ҷавоб диҳанд.
- Ҳар як номзад дар алоҳидагӣ ба овоз монда мешавад. Номзадҳое раис, муовини ў ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб меёбанд, ки ба тарафдории онҳо аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дода бошанд.
- Масъалаи пеш аз мўҳлат аз вазифа бозхонд намудани раис, муовини ў ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои пешбиникардаи моддаҳои 18-20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд. Қарор бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегардад.
БОБИ 181. ТАРТИБИ САВГАНД ЁД КАРДАНИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- 4401. Мутобиқи қисми 7 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 31Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили Маҷлиси намояндагон баъд аз интихоб шудан дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар вазъияти ботантана ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад:
«Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям».
Ҳангоми савгандёдкунии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
Тартиби пайдарпайии савгандёдкунии вакилони Маҷлиси намояндагонро Маҷлиси намояндагон муайян менамояд.
Вакили Маҷлиси намояндагон рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, бо овози баланд савганд ёд мекунад.
Маълумот оид ба маросими савгандёдкунии вакили Маҷлиси намояндагон дар протокол ва стенограммаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон сабт карда мешавад.
Маросими савганд ёд кардани вакили Маҷлиси намояндагон дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон инъикос меёбад.
БОБИ 19. ТАРТИБИ БА ВАЗИФА ТАЪИН НАМУДАН ВА АЗ ВАЗИФА ОЗОД КАРДАНИ РАИСИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУОВИНИ Ў ВА САРАУДИТОРҲОИ ПАЛАТАИ ҲИСОБВА ТАРТИБИ САВГАНД ЁД КАРДАНИ ОНҲО
- Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисобро ба мўҳлати 7 сол ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
- Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа, мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунанд:
«Ман (насаб, ном ва номи падар), ба иҷрои ваколатҳои раиси (муовини раиси, сараудитори) Палатаи ҳисоб шурўъ намуда, бо арзи садоқат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, поквиҷдонона, беѓаразона ва ба дараҷаи баланди касбӣ вазифаҳои худро ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон иҷро менамоям. Агар ҳамин савганди ёдкардаамро вайрон кунам, дар назди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошам.
- 4421.Ҳангоми савгандёдкуниираиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон рост истода, дасти росташонро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, бо овози баланд савганд ёд мекунанд.
Маълумот оид ба маросими савгандёдкунии раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар протокол ва стенограммаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон сабт карда мешаванд.
Маросими савгандёдкунии раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ў ва сараудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон инъикос меёбанд.
- Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ ва иҷрои он хулоса пешниҳод менамояд.
- Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагон хулосаи аудиториро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта пешниҳод менамояд, ки он аз маълумоти зерин иборат мебошад:
— иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси қонун, сарфакорӣ ва самаранокӣ;
— ба мақсад мувофиқ будан ва самараи иқтисодии пешбинишудаи таѓйирот дар андозаи қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ;
— оқибатҳои пешбинишавандаи кафолати қарзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда;
— саҳеҳии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявии ташкилотҳое, ки маблаѓҳои буҷети давлатиро харҷ менамоянд.
- Палатаи ҳисоб ҳар сол ба Маҷлиси намояндагон ҳисоботи ҷамъбастиро оид ба фаъолияти аудитории худ пешниҳод менамояд.
446.Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад ба Маҷлиси намояндагон хулосаҳои аудиториро доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки қабули чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, пешниҳод намояд.
- Палатаи ҳисоб ҳар сол на дертар аз охири семоҳаи аввали соли молиявии навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳисобот оид ба иҷрои буҷети Палатаи ҳисобро пешниҳод менамояд, ки он аз маълумотҳои зерин иборат мебошад:
— масъалаҳои кадрӣ;
— такмили ихтисоси кормандон;
— такмили методологӣ;
— технологияҳои иттилоотӣ;
— масъалаҳои маблаѓгузории Палатаи ҳисоб.
- 4471. Маҷлиси намояндагон баъди баррасии ҳисоботи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои буҷети он ва хулосаи аудитории он доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, метавонад тавсияҳо қабул кунад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.
БОБИ 20. ТАРТИБИ БА МУҲОКИМАИ ХАЛҚ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ЛОИҲАИ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ДАВЛАТИЮ ҶАМЪИЯТӣ, КИ БА САЛОҲИЯТИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАНСУБАНД
- Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавонад ба муҳокимаи халқ пешниҳод намояд.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад. Дар қарор мўҳлати муҳокимаи лоиҳаи қонун ва кумитаи Маҷлиси намояндагон, ки масъули ҷамъбаст намудани пешниҳодҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣаз рўи лоиҳаи қонуни муҳокимашаванда мебошад, инчунин мўҳлати дар қироати дуюм бо назардошти натиҷаи муҳокимаи халқ барои баррасӣ тайёр кардани лоиҳаи қонун зикр мегарданд.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон бо иштироки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар мўҳлати муқарраргардида лоиҳаи қонунро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Дастури мазкур барои баррасӣ дар қироати дуюм пешниҳод менамояд, аз ҷумла ҷадвалҳои таѓйироти пешбиникардаи Дастури мазкурро, ки дар рафти муҳокимаи халқ расидаанд, тайёр мекунад.
- Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон мансубанд, бо ташаббуси Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Дастури мазкур мумкин аст ба муҳокимаи халқ пешниҳод карда шаванд.
БОБИ 21. ТАРТИБИ ТАСДИҚ КАРДАНИ БАРНОМАҲОИ
ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон барномаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, тасдиқ мекунад.
- Барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаааст, Шўрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса супорида, кумитаи масъулро муайян мекунад.
- Кумитаи масъул пешниҳоди кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагонро ҷамъбаст менамояд ва аз рўи барнома хулоса ва лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро дар бораи тасдиқи он таҳия мекунад.
- Ҳангоми баррасии барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигар даъват карда мешаванд.
- Муҳокимаи барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон аз суханронии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи барнома маърўза мекунад, оѓоз ёфта, баъд аз он хулосаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон оид ба барнома шунида мешавад.
- Бо баохиррасии муҳокимаи барнома сухани хотимавӣ ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ намудани барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Дар сурати барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ накардан, Маҷлиси намояндагон метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд, ки барои бартараф кардани ихтилофот комиссияи муштараки созиш таъсис диҳад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо назардошти баррасии Маҷлиси намояндагон ё натиҷаи кори комиссияи созиш такмил ёфтааст, такроран баМаҷлиси намояндагон барои тасдиқ пешниҳод мекунад.
- Кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон рафти амалишавии барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд. Бо ин мақсад муҳокимаҳои парламентӣ доир намуда, дар он ахбороти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳоро, новобаста ба шакли моликияташон, оид ба рафти иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунаванд. Муҳокимаҳои парламентӣ вобаста ба барномаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти боби 8 Дастури мазкур гузаронида мешаванд.
БОБИ 22. ТАРТИБИ ДОДАНИ РИЗОИЯТ БА ДОДУГИРИФТИ ҚАРЗИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додугирифти қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ медиҳад.
- Ҳуҷҷатҳои додугирифти қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, Шўрои Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ ба кумитаи дахлдори Маҷлиси намояндагон медиҳад, ки он хулоса ва лоиҳаи қарори дахлдори Маҷлиси намояндагонро тайёр менамояд. Минбаъд Шўрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи зикргардидаро ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳод намудани хулосаҳо медиҳад.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳои кумитаҳои дигар ва шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ҷамъбаст намуда, ба Шўрои Маҷлиси намояндагон хулосаю пешниҳодҳои мувофиқашударо ирсол менамояд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон хулосаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 3 рўз пеш аз баррасӣ кардани масъала дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон мефиристонад.
- Аз рўи масъалаи додугирифти қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал гузориши намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз он хулосаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон шунида мешавад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи додани ризоият ба додугирифти қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
БОБИ 23. ТАРТИБИ ТАСДИҚ НАМУДАН, БЕКОР КАРДАН ВА БОЗДОШТАНИ АМАЛИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд, бекор мекунад ва амалашонро бозмедорад.
- Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро дар бораи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нусхаи тасдиқшудаи матни расмии ин шартномаҳо пешниҳод мекунад.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон аз рўи ҷамъбасти муҳокима бо назардошти пешниҳодҳои расида дар бораи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса ва лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро пешниҳод менамояд.
- Хулосаи кумита аз рўи шартномаи байналмилаии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали он пешниҳод гардидааст, бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон хулосаи худ, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро бо назардошти хулосаи дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ба Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон масъаларо дар бораи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи рўзномаи Маҷлиси намояндагон ворид менамояд.
- Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳангоми баррасии масъалаи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маърўза кунад. Дар он, инчунин намояндаи кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон маърўзаи иловагӣ мекунад.
- Маҷлиси намояндагон қарор дар бораи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мекунад.
- Агар лоиҳаи қарор дар бораи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зарурии овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагонро нагирад, он тасдиқнашуда, бекорнагардида ва амалаш боздоштанашуда ҳисобида мешавад.
- Маҷлиси намояндагон метавонад дар бораи ба вақти дигар монондани баррасии масъалаи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд.
БОБИ 24. ТАРТИБИ ТАЪИН КАРДАНИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунад.
- Ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод намудани таъин кардани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии узви Маҷлиси миллӣ ва на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон доранд.
- Пешниҳоди гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурияти гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд асоснок карда, масъалаҳое, ки ба он пешниҳод мешаванд, аниқ шарҳ дода шаванд. Дар пешниҳод набояд масъалаҳое бошанд, ки мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба масъалаҳои раъйпурсӣ мансуб нестанд.
- Маҷлиси намояндагон пешниҳоди гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мўҳлати на дертар аз ду моҳи гирифтани пешниҳоди дахлдор баррасӣ менамояд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон баъд аз гирифтани хулосаҳои кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон масъаларо ба рўзномаи ҷаласа дар бораи пешниҳоди гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамояд.
- Маҷлиси намояндагон аз рўи пешниҳоди гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои дахлдор яке аз қарорҳои зеринро қабул намояд:
а) дар бораи таъин кардани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи гузаронидан, масъалаи раъйпурсӣ ва чораҳои таъмин намудани он;
б) дар бораи рад кардани пешниҳод оид ба таъин намудани гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Қарори Маҷлиси намояндагон оид ба гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Пешниҳод дар бораи гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 99 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи таъин кардани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
БОБИ 25. ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи таъсис додани суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
БОБИ 26. ТАРТИБИ ТАСДИҚ КАРДАНИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ кардани Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Таѓйирот ба тасвири Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ташаббуси қонунгузорӣ, ки Дастури мазкур муқаррар кардааст, пешниҳод карда мешавад.
- Қарор дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба тасвири Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
БОБИ 27. ТАРТИБИ ТАСДИҚ КАРДАНИ МУКОФОТҲОИ
ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ кардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
БОБИ 28. ТАРТИБИ ТАСДИҚ КАРДАНИ ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БА ВАЗИФА ТАЪИН НАМУДАН ВА АЗ ВАЗИФА ОЗОД КАРДАНИ РАИСИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, МУОВИНИ ЯКУМ ВА МУОВИНОНИ Ў
495. Маҷлиси намояндагон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ўро тасдиқ мекунад. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ўро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат мекунад.
496. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў метавонанд дар Маҷлиси намояндагон барномаи фаъолияти минбаъдаашонро баён кунанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба номзадҳо саволҳо диҳанд, оид ба номзадҳои пешниҳодшуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намоянд.
497. Қарорҳои Маҷлиси намояндагон оид ба тасдиқ намудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд.
БОБИ 29. ТАРТИБИ ДОДАНИ РИЗОИЯТ БАРОИ ТАЪИН НАМУДАНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КЎДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАСАВГАНД ЁД КАРДАНИ ОНҲО
- Маҷлиси намояндагон мутобиқи моддаи 36 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакдар Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият медиҳад.
- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси намояндагон дар бораи гирифтани ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакдар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ— намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонқироат мекунад.
- Ба номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакдар Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд саволҳо диҳанд.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи додани ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакдар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакдар Ҷумҳурии Тоҷикистонпас аз таъин шудан ба вазифа, мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:
«Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя намуда, ўҳдадориҳои ба ман, ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям.» иваз карда шаванд;
- 5021. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъин шудан ба вазифа, мутобиқи моддаи 324Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:
«Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои кўдакро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои ба ман, ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак, вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям.»;
5022 .Ҳангоми савгандёдкунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакдар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост истода, дасти росташонро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, бо овози баланд савганд ёд мекунанд.
Маълумот оид ба маросими савгандёдкунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар протокол ва стенограммаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон сабт карда мешаванд.
Маросими савгандёдкунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон инъикос меёбанд.
БОБИ 30. ТАРТИБИ ИНТИХОБ КАРДАНИ НАМОЯНДАИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон мувофиқи моддаи 36 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб мекунад.
БОБИ 31. ТАРТИБИ МУҚАРРАР КАРДАНИ РУТБАҲОИ ҲАРБӣ, ДИПЛОМАТӣ ВА УНВОНҲОИ МАХСУСИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи муқаррар кардани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
БОБИ 32. ТАРТИБИ АЗ ҲУҚУҚИ ДАХЛНОПАЗИРӣ МАҲРУМ КАРДАНИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
506. Вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда мешавад.
507. Барои вакили Маҷлиси намояндагонро ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кашидан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё xавобгарии маъмурb, ки ба тариrи судb таъин карда мешавад, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди дахлдор ба Маҷлиси намояндагон муроҷиат менамояд. Дар бораи пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагонро хабардор мекунад.
508. Пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидани вакили Маҷлиси намояндагон дар мўҳлати як ҳафта аз рўзи воридшавии пешниҳоди дахлдор ба Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон баррасӣ карда мешавад. Агар пешниҳоди зикргардида ба Маҷлиси намояндагон дар байни иҷлосияҳо ва ҷаласаҳои он, дар давраи кори вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон ва ё дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсолаи вакилони Маҷлиси намояндагон ворид гардад, он дар мўҳлати як ҳафта аз рўзи оѓози иҷлосия, ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ё баъд аз рўзи ба охир расидани кори вакилон бо интихобкунандагон ё ба охир расидани рухсатии меҳнатии вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон баррасӣ карда мешавад.
- Барои баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон, дар сурати зарурат мумкин аст бо қарори Маҷлиси намояндагон комиссия ташкил карда шавад.
- Маҷлиси намояндагон пешниҳоди воридшударо бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури мазкур дар ҷаласаи худ баррасӣ менамояд. Дар сурати зарурат вобаста ба масъала, мумкин аст бо қарори Маҷлиси намояндагон аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳо ва маводҳои иловагӣ талаб карда шаванд.
- Масъала дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бо иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки нисбати ў пешниҳоди дахлдор ворид гардидааст, баррасӣ карда мешавад. Бе сабабҳои узрнок иштирок накардани шахсони зикргардида дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, барои баррасии масъала аз ҷониби Маҷлиси намояндагон монеа шуда наметавонад.
- Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки нисбати ў пешниҳоди дахлдор ба Маҷлиси намояндагон ворид шудааст, барои баромад кардан ва додани ҷавоб ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон сухан дода мешавад. Баъд аз ба анҷом расидани ҷавобдиҳӣ ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагон, то овоздиҳӣ вобаста ба масъала, вакилони Маҷлиси намояндагон баромад мекунанд.
- Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи додани розигӣ ё рад кардани додани розигӣ барои маҷбуран овардан, кофтуков кардан, дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидани вакили Маҷлиси намояндагон бо салоҳдиди Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ, бо истифодаи бюллетенҳо ё низоми электронии ҳисобкунии овоздиҳии ошкоро, бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад ва дар муддати на дертар аз се рўз Маҷлиси намояндагон аз қарори қабулнамудаи худ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро воқиф мегардонад.
ФАСЛИ VI. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ВА БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Маҷлиси намояндагон ҳар сол нақшаи робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентиро бо парламентҳои давлатҳои дигар қабул мекунад. Лоиҳаи чунин нақшаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо назардошти фикру мулоҳизаи фраксия, гурўҳҳои вакилон, инчунин пешниҳодҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таҳия мекунанд.
- Маҷлиси намояндагон метавонад бо парламентҳои давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалии парламентӣ дар бораи ҳамкории байнипарламентӣ созишнома имзо кунад.
- Ҳангоми ба Маҷлиси намояндагон ташриф овардани роҳбарони парламентҳои давлатҳои дигар, сарварони давлату ҳукуматҳо, роҳбарони ҳайатҳои вакилони парламентӣ онҳоро барои мусоҳиба Раиси Маҷлиси намояндагон ё муовини якуми ў ва ё яке аз муовинонаш қабул мекунанд.
- Бо майлу хоҳиши роҳбарони парламентҳои давлатҳои дигар, сарони давлату ҳукуматҳо, роҳбарони ҳайати вакилони парламентӣ вохўрии онҳоро бо аъзои кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, фраксияю гурўҳҳои вакилон ташкил кардан мумкин аст.
- Ба роҳбарони парламентҳо, сарварони давлату ҳукуматҳо, роҳбарони ҳайати вакилони парламентҳои давлатҳои дигар бо хоҳиши онҳо имконият дода мешавад, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон сухан кунанд. Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳоди кумита, фраксия, гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳайати вакилони парламентро қабул намудааст ва дар он рўз, соат ва мўҳлати суханронӣ зикр шудааст, баррасӣ менамояд ва нисбати он қарор қабул мекунад.
- Маҷлиси намояндагон санадҳои қонунгузории намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро баррасӣ менамояд, доир ба амалӣ гардонидани онҳо қарор қабул мекунад.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон тибқи нақшаҳои ҳарсолаи робитаҳои байналмилалӣ, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, бо назардошти фикру мулоҳизаи кумитаю комиссияҳо ва фраксияҳою гурўҳҳои вакилон, инчунин Раиси Маҷлиси намояндагон ҳайати расмии вакилони парламентии Маҷлиси намояндагон, роҳбарони ҳамин ҳайатҳои вакилон, ҷонишинон ва котибони онҳо, инчунин комиссияҳои байнипарламентии тоҷикистонии (гурўҳҳои парламентӣ ё кории) Маҷлиси намояндагонро оид ба ҳамкории дутарафа бо парламентҳои давлатҳои дигар, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешаванд, доираи ваколатҳои онҳоро муайян мекунад.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон номзадҳоро аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон барои дохил кардан ба ҳайати вакилони комиссияҳои байнипарламентии тоҷикистонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
- Ҳайати вакилони фраксия ва гурўҳҳои вакилон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблаѓи худашон фиристонида мешаванд, онҳо гурўҳ, фраксия ё ҳизби худро дар он ҷо намояндагӣ мекунанд.
- Дар бораи масъалаҳои ташрифотӣ дар доираи мубодилаи байнипарламентӣ, инчунин берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафари хизматӣ фиристонидани вакилони Маҷлиси намояндагон қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
- Маҷлиси намояндагон тартиби ташкили ҳайати байнипарламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо Маҷлиси миллӣ мувофиқа шудааст, муайян менамояд.
- Ҳайатҳои расмии вакилони Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси намояндагон аз кори худ ҳисобот медиҳанд.
- Низомномаи комиссияи байнипарламентии Тоҷикистон оид ба ҳамкории дуҷониба бо парламентҳои давлатҳои дигар, инчунин низомномаи ҳайатҳои вакилони парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентӣ ва дигар ташкилотҳои байнипарламентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ тасдиқ карда мешаванд.
- Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо Маҷлиси миллӣ тартиби ягонаи таъминоти протоколӣ, молиявӣ ва ташкилию техникии ҳайатҳои вакилони парламентҳои хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагонро, ки дар доираи комиссияҳои байнипарламентии тоҷикистонӣ ё дар ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон ё худ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, тасдиқ мекунад.
ФАСЛИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
- Ба Дастури Маҷлиси намояндагон таѓйиру иловаҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ворид карда мешаванд.
- Тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, баррасӣ намудани дигар масъалаҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки дар Дастури мазкур пешбинӣ нашудаанд, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар овоздиҳӣ иштирок намудаанд, қабул карда, бо протокол расмӣ гардонида мешаванд ва аз лаҳзаи қабул шуданашон амал мекунанд.
- Шўрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳоро дар бораи таѓйиру такмил додани Дастури Маҷлиси намояндагон, ки кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, фраксияю гурўҳҳои вакилон, вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардаанд, ба тақвими баррасии масъалаҳои Маҷлиси намояндагон дохил менамояд ва Маҷлиси намояндагон онҳоро баррасӣ мекунад.
- Муқаррароти Дастурро ҳангоми ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор шарҳу эзоҳ медиҳад.
- Агар вакилони Маҷлиси намояндагон ё раисикунандаи ҷаласа нисбат ба шарҳу эзоҳи баёншуда эрод дошта бошанд, масъалаи мазкур дар ҷаласаи махсуси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор баррасӣ мегардад ва вакилони эроддошта ба ин ҷаласа ҳатман даъват карда мешаванд. Қарори комиссия аз рўи ин масъала бояд дар наздиктарин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон хаттӣ ба маълумоти вакилони Маҷлиси намояндагон расонида шавад.
- Лоиҳаи қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон дар таҳрири охирин қабул накардааст, инчунин лоиҳаи қонунҳои қабулкарда, вале ҷонибдорӣ накардаи Маҷлиси миллӣ ё баргардонидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони даъвати оянда дар ҳамон марҳилаи ҷараёни қонунгузорӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони даъвати пештара баррасиашон қатъ гардида буд, баррасӣ карда мешаванд, ба шарте, ки Маҷлиси намояндагони даъвати нав қарори дигар қабул накунад.
- Бо амри Раиси Маҷлиси намояндагони даъвати амалкунанда камаш ду ҳафта пеш аз оѓози кори Маҷлиси намояндагони даъвати нав барои тайёр кардани ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагони даъвати нав гурўҳи муваққатии кории вакилон таъсис дода мешавад. Гурўҳи кории мазкур лоиҳаи қарорҳо ва дигар санадҳои дахлдори Маҷлиси намояндагонро вобаста ба оѓози кори Маҷлиси намояндагони даъвати нав таҳия менамояд.