Зан - манбаи саодату меҳру зиндагист

06 Март 2020, Ҷумъа

Бо мақсади сазовору хотирмон истиқбол намудан аз ҷашни зебову фархундаи «РЎЗИ МОДАР» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона нахуст Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мизроб Кабиров занону бонувони меҳнатқарини Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро табрик намуда, дар симои ин бонувони заҳматпеша кулли модарони Тоҷикистони азизро низ мубораку шодбош гуфтанд. Мавсуф таъкид намуданд, ки «дар раванди фаъолияти пурсамари Маҷлиси намояндагон меҳнати модарону бонувон бараъло намоён буда, дар ҳар самти фаъолияти мо изи дастони садоқатпарвари зан-модар ҳувайдо мебошад».



Дар ҳамоиши идона, баҳри хушнудию  сарфарозии занону бонувон Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баромад намуда, ашъори гуҳарбори худро дар васфи занону бонувон қироат намуданд. Ҳамзамон ҳаҷвнигори шинохта Бахтиёр Раҳимов бо лутфу зарофат ва ҳаҷвҳои намакини худ хотири бонувони Маҷлиси намояндагонро болида намуда, ба эшон рўҳияи баланди идона ато намуданд.

Дар фарҷом, баҳри қадршиносии бонувон туҳфаҳои хотиравии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тақдими модарон карда шуд. 

Илова кунед