Қоидаҳои одоби вакилони маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 Феврал 2008, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №2, мод.128)
Санади мазкур меъёрҳои одоб ва рафтори вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳояшон муқаррар намуда, бо мақсади таъмини рафтори шоиста ва обрўи бенуқсони вакилон тавсия карда мешавад.
 
 
БОБИ I
ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
               
Моддаи 1
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-вакил), новобаста ба иродаи интихобкунандагон, ҳуқуқ дорад, ки оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ақидаи худро озодона изҳор намояд ва мувофиқи иродаи худ овоз диҳад.
 
Моддаи 2
Вакил вазифадор аст:
-Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд- Қоидаҳои одоби вакилон) риоя намояд.
-дар доираи талаботи Қоидаҳои одоби вакилӣ меъёрҳои умумии одоб: бовиҷдонӣ, инсондўстӣ, меҳрубонӣ ва инсофу адолатро ба ҷо оварда, шаъну шараф, эътибори худро нигоҳ дорад, манзалат ва қадру қимати дигаронро эҳтиром намояд.
 
Моддаи 3
Вакил ўҳдадор аст, ки қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои худро софдилона иҷро намояд.
 
 
 
Моддаи 4
Вакил дар муоширати ҳамешагӣ ва амалигардонии ваколатҳояш дар ҳолати зоҳир намудани беэътиноӣ, паст задани шаъну эътибори дигар вакил, шаҳрванд ё корхонаю муассиса ўҳдадор аст расман узр хоҳад.
 
Моддаи 5
Вакил аз истифодаи ғайрихизматии  бино, телефон, нақлиёти автомобилӣ ва дигар воситаҳои моддию техникии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ менамояд.
 
 
БОБИ II
ҚОИДАҲОИ ОДОБИ ВАКИЛ ДАР ҶАЛАСАҲОИ
КУМИТАЮ КОМИССИЯҲО,  ШЎРО ВА ҶАЛАСАҲОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 6  
Вакил:
-ўҳдадор аст дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (агар узви он бошад), ҷаласаҳои кумитаву комиссияҳое, ки узви он аст ва дар ҷаласаҳои дигаре, ки даъват шудааст, шахсан иштирок намояд;
-дар  ҷаласаҳо метавонад фақат бо иҷозати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал, муовинон, раиси кумита ва комиссияи дахлдор ширкат нанамояд;
-вазифадор аст ҷиҳати бо сабабҳои узрнок дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўро, кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда натавонистанаш қаблан огоҳ намояд.
Бе сабабҳои узрнок мунтазам иштирок накардани вакил дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иҷро накардани вазифаҳои вакилиаш ҳисоб меёбад ва метавонад боиси муроҷиати роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии вакил гардад.
 
Моддаи 7
Ба вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатнома ва нишони сарисинагии «Вакили Маҷлиси намояндагон» дода мешавад, ки дар  мўҳлати муқарраргардидаи ваколатҳои вакилиаш истифода менамояд.
Дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, Шўро, кумитаву комиссияҳо ва дигар чорабиниҳои расмии ҷумҳуриявӣ, ки вакил аз Маҷлиси намояндагон, мақомоти он ва аз рўи ваколатҳои вакилиаш намояндагӣ дорад, бояд нишони «Вакили Маҷлиси намояндагон»-ро дар сари синааш дошта бошад.
 
Моддаи 8
Вакил дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон бояд аз рўи мавзўъи масъалаи мавриди баррасӣ ва бо риояи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намояд.
Вакилон дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўро ва кумитаву комиссияҳои он бо якдигар ва тамоми ҳозирин бояд эҳтиромона муомила кунанд, алфози дағалу беодобонаро истифода набаранд, сухани нотиқро набуранд, ба амалҳои ғайриқонунӣ даъват нанамоянд, нисбат ба вакилон ва дигар шахсон таҳқирро раво набинанд. Ҳангоми овоздиҳӣ аз корти дигарон истифода набаранд. Ба киноя, имову ишораҳои бемаврид, таҳқиромез ва таҳдидомез роҳ надиҳанд.
 
Моддаи 9
 Дар мавриди ба рафтори номатлуб айбдор кардани вакил ў ҳуқуқ дорад, ки барои таънаи шунидааш ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон муроҷиат намояд. Дар навбати худ Комиссия низ вазифадор аст, ки ин гуна муроҷиатро таҳлил ва муҳокима намояд.
Вакиле, ки таҳқири вакили дигарро шунидааст, ҳуқуқ дорад ба таври расмӣ узр пурсидани ўро  талаб намояд. Дар ҳолати рад гардидани талаби мазкур вакили таҳқиршуда ҳуқуқ дорад ба Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунад. Комиссия вазифадор аст дар мўҳлати то 20 рўз муроҷиати ўро дар ҷаласаи васеи Комиссияи оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон баррасӣ намояд ва ҷавоб гардонад.
 
БОБИ III
ҚОИДАҲОИ ОДОБИ ВАКИЛӣ ДАР МУНОСИБАТИ МУТАҚОБИЛАИ ВАКИЛ
БО ШАХСОНИ ВОҚЕӣ ВА ҲУҚУҚӣ, ВАСОИТИ  АХБОРИ  ОММА, МАҚОМОТИ
ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӣ ВА ШАҲРВАНДОНИ ОНҲО
 
Моддаи 10
Вакил ҳуқуқ надорад маълумоти расмии аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодшударо, ки хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ аст, ба манфиати худ, истифода барад.
Вакил ҳуқуқ надорад, ки аз шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иҷрои вазифаҳои вакилиаш подош (тўҳфа, пули, ҳаққи хизмат, хароҷоти истироҳат, хароҷоти истифодаи нақлиёт ва ғайра) гирад.
 
Моддаи 11
 Вакил вазифадор аст варақаҳои (бланкаҳои) вакилиро танҳо барои зарурати хизматии расмӣ ва анҷомдиҳии коргузории вакилӣ, ки ба адои ваколатҳояш мансубанд, истифода барад. Ба варақаҳои вакилӣ худи вакил шахсан имзо мегузорад.
Барои пардохти хароҷоти иҷрои вазифаҳои вакилӣ, вакил метавонад танҳо маблағи расман ҷудошударо истифода барад.
 
Моддаи 12
Вакил набояд маълумотеро, ки бинобар иҷрои вазифаҳои вакилиаш маълумаш гаштаанд, фош созад, агар ин маълумот:
-сирри давлатӣ, хизматӣ, ҳарбӣ ва дигар сирри бо қонунгузорӣ ҳифзшавандаро дошта бошад;
-ба масъалаҳое дахл дошта бошад, ки дар ҷаласаҳои якҷояи пўшидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он муҳокима мегарданд;
-ба сирри ҳаёти шахсии шаҳрванд мансуб бошад, ки тавассути қонун ҳифз карда мешаванд;
-ба вакил бо шарти  ошкор накардани он бовар карда гуфта шуда  бошад;
-ба ҳаёти шахсии вакил алоқаманд бошад;
-сирри ҳаёти шахсии интихобкунандаро дошта бошад ва ба вакил бо шарти ошкор накардани он бовар карда гуфта шуда бошад.
 
Моддаи 13
Вакил дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ ба сифати ҳимоятгари ҷамъиятӣ ё айбдоркунанда ҳуқуқи дар он иштирок кардан надорад ва ба  баҳодиҳии оммавӣ аз рўи кори судӣ то эътибори қонунӣ пайдо намудани қарор ё ҳукми суд худдорӣ мекунад.
 
Моддаи 14
Ҳангоми дар васоити ахбори омма, нишастҳои матбуотӣ, гирдиҳамоиҳо ва дигар баромадҳои оммавӣ бо ҳар гуна изҳорот баромад кардан, ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон баҳо додан вакил бояд танҳо далелу рақамҳои боэътимоди санҷидаро истифода барад, ба гумроҳсозии афкори ҷамъиятӣ роҳ надиҳад.
Ҳангоми дар баромадҳои оммавӣ тасодуфан истифода бурдани далелу рақамҳои беэътимод ва ё носанҷида вакил бояд носаҳеҳии суханони худро эътироф намояд ва аз мақомот ва шахсоне, ки манфиатҳо ва шаъну эътибори онҳо халалдор шудаанд, узрхоҳӣ намояд.
 
Моддаи 15
Вакил метавонад аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўро, кумита ё комиссия сухан кунад, агар ў ваколати изҳори мавқеи ин мақомро дошта бошад.
Вакил ҳуқуқи берун аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фикри шахсии худ сухан карданро дорад, фақат дар ин сурат ҳатман бояд таъкид кунад, ки ин фикри шахсии вай аст.
Вакиле, ки фикри шахсии худро бо риояи талаботи зикрёфта баён мекунад, аз таъқиб ҳифз карда мешавад.
 
БОБИ IV
САЛОҲИЯТИ КОМИССИЯ ОИД  БА ОДОБИ ВАКИЛОН
 
Моддаи 16
Мутобиқи санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ ва меъёрӣ Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба одоби вакилон:
-қоидаҳои мазкурро ба таври расмӣ шарҳ медиҳад;
-ба вакилон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои вобаста ба вайронкунии Қоидаҳои мазкур тавзеҳот медиҳад;
-ҳолатҳои аз ҷониби вакилон вайрон шудани Қоидаҳои мазкур, инчунин аризаҳои ба таври расмӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Комиссия дохилшударо оид ба рафтори вакилон ба қайд мегирад ва баррасӣ менамояд;
-оид ба андешидани чораҳои таъсиррасонӣ ба вакилоне, ки  Қоидаҳои мазкурро вайрон кардаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки  чораҳои таъсиррасонӣ аз ҷониби раисикунанда дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешида мешаванд, қарор қабул менамояд.
 
Моддаи 17
Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зеринро, ки ба вайронкунии Қоидаҳои мазкур алоқаманд аст, дар давоми 14 рўз баррасӣ менамояд:
-аз рўи аризаи хаттии вакил ё гурўҳи вакилон;
-аз рўи аризаи хаттии роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он;
-аз рўи ташаббуси худ, агар қарор дар ин бора аз тарафи аксарияти аъзои Комиссия ё раиси он қабул шуда бошад.
Аризадиҳандагон ва дигар вакилони манфиатдор ба ҷаласа пешакӣ даъват шуда, ба онҳо имконияти асоснок намудани ариза ва додани баёнот фароҳам оварда мешавад. Дар мавриди рад кардани вакил дар бобати додани баёноти воқеӣ оид ба аризааш ва ё бесабаб дар ҷаласа ҳозир нашудани вай, Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон аризаро баррасӣ мекунад ва вакилро аз қабули қарор огоҳ месозад. Бо дархости вакил ё бо қарори Комиссия ба ҷаласаи Комиссия дигар шахсони дорои маълумоти зарурӣ таклиф шуда метавонанд. Ҳангоми баррасии рафтори шахсии вакилон Комиссия ҳуқуқ дорад ҷаласаи пўшида гузаронад.
Комиссия бо аксари овозҳои кушодаи аъзояш қарор қабул мекунад.
Вакил ҳуқуқ дорад, ки эълон шудани қарори Комиссияро доир ба масъалаи дахлдори манфиати вай дар ҷаласаи пўшидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд.
 
Моддаи 18
Вакиле, ки бо хулосаи Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вайрон шудани Қоидаҳои мазкур розӣ нест, ҳуқуқ дорад нисбат ба қарори Комиссия бевосита ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
 
Моддаи 19
Комиссия оид ба одоби вакилон масъалаи вайрон шудани Қоидаҳои мазкурро баррасӣ намуда, оид ба ҷой доштан ё надоштани ҳолатҳои вайрон шудани Қоидаҳо ва чораҳои таъсиррасонӣ ба вакил қарор қабул мекунад.
Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон метавонад, нисбати вакил чораҳои зерини таъсиррасониро раво бинад:
-дар ҷаласаи Комиссия нисбат ба вакил эрод гирад;
-вакилро вазифадор кунад, ки дар ҷаласаи Комиссия ё ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман узрпурсӣ кунад;
-далелҳои рафтори нодуруст ва иштироки номунтазами вакилонро дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муҳокимаи ҷаласаҳои Комиссияи оид ба одоби вакилон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад.
 
 
РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН                                                                                С. ХАЙРУЛЛОЕВ
 
ш.Душанбе, 27 феврали  соли 2008,
№909
 

Илова кунед