Пешвои миллат ва таҳкими мустақилияти миллӣ

08 Сентябр 2020, Сешанбе

«Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат  мебошад».                                                                                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон
Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эҳёи давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври доим дорои манзалати хосса мегардад, ки таҳдоби номаи тақдирашро танҳо бо дастони хеш иншо карда бошад. Сареҳияти фаротари комил, шарафу номус, боварию садоқат, ибтикору ташаббус ва авлавияти манфиатҳои муҳими миллату Ватан моро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ ва бархӯрди тамаддунҳо бо азхуднамоии арзишҳои деринаи худ минҳайси як кишвари воҳиди мустақилу бостон соҳиби мақому мартабаи хос гардонида, 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро миллати тоҷик ба даст овард. Ин санаи муҳиму арзишманд дар таърихи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, баробари эълон гардидани он марҳала ба марҳала ба рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор гузошт.
Дар ин муддат вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимову фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд. Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик, дар симои шахсияти абармарди олами сиёсии ҷаҳон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.
Албатта, асноду далел ва воқеияти рӯзгори аслӣ дар ин самт муаяйн намуданд, ки кишвари кӯчаки мо барои расидан ба истиқлолияти комили сартосарӣ якчанд монеаҳои душвору сангинро паси сар намуд. Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои арзишманди таърихӣ ва ибтикороти Меъмори сулҳаш зикр намудан ба маврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқишаҳои бесару нуги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун моликони фарҳангу хиради азалӣ, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пойдор буданд, ҳастанд ва мебошанд.
Табиист, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро касб намудаву сол аз сол қимати таърихиаш рӯ ба афзоиш дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон, яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки табиатан заминаи соҳибихтиёрии сартосарӣ ба дӯши кишвари тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок гузошт. Шикасти гузинаҳои идоракунӣ, набуди манбаъҳои иқтисодӣ ва фаъолияти ноустувори қонуни асосии кишвар, эҳтимолияти ҳар лаҳзаву ҳар маврид рӯ ба нестӣ бурдани миллати моро таҳдид мекард. Вале дар ин асно хидматҳо ва нақши қиёснопазире, ки дар заминаи набуди камтарин имкониятҳои молӣ барои таъсису ҳастии як миллати мустақилу воҳид, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии мамлакат: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар марҳала ба марҳала аз ҷониби Пешвояш рӯйи даст гирифта шуд, ки баҳояшро таърихи як садсолаи охири башар қариб ёд надораду ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре ҳам накардааст.
Сабақи ибатомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ, бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар шурӯъ аз 1100-солагии давлатдории Сомониён то 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии Кӯлобу бузургдошти Соли тамаддуни Ориёӣ, 3000-солагии Ҳисор ва 5500 солагии Саразми бостон боиси омӯзишу қадршиносии ҳар яки мо буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиамонро муаяну бозкушоӣ намуд. Муҳимтар аз ҳама, роҳандозии чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ имкон медиҳад, ки бори дигар мардуми сарбаланди тоҷик решаҳои худро аз гузаштаҳои дури дур дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонанд.
Албатта, ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 29 соли соҳибистиқлолии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Кишвари мо, таҳти дастуру ҳидоятҳо ва кӯшишу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза гирифта, ватани мо тавассути заҳматҳои содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, ба як кишвари рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал гардидааст.
Дар ин масир, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ва рафъи мушкилоти масоили умдаи сайёра таҳти роҳбарии фарзанди раҳнамунсозаш мақому манзалати муносиберо пайдо намуд. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути истиқлолияти давлатӣ барои рушду тавсеаи он имкониятҳои мусоидро фароҳам сохт, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фарҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъанаҳои ниёгонамон мебошад.
Асри ХХ1, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бо нангу номуси он аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз мардуми соҳибфарҳанг ва ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида ва дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон инкишофу тақвият бахшида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем. Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллии мо ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устуворро фароҳам овард.
Аз ҷумла, дар ин муддат рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи камбизоатӣ аз 87 дарсади соли 1999 то ба 26,3 дарсад дар соли 2020 коҳиш ёфт, ки чунин натиҷаҳо боиси зикри махсус мебошад.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тозаро касб намуда, татбиқи сифатноки онҳо бо маром идома дорад.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо дарки сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон ва вазъияти кунунии сиёсатҳои ҷаҳонӣ шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ - Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.
 
РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Юсуфӣ Муҳаммадраҳим,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Илова кунед