Саразм – намунаи тамаддуни тоҷикон

08 Сентябр 2020, Сешанбе

Донистани  таърихи миллат  пеш аз ҳама эҳтиром ба аҷдодон асту бардоштани таҷриба аз амалҳои саҳеҳи онҳо.  Олими барҷастаи рус Михаил  Ломоносов комилан дуруст қайд намудааст : “Халқе, ки гузаштаи худро намедонад, оянда надорад”. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омузиши таърихи ниёгон, барқарор кардани ёдгориҳои таърихӣ ва таҷлили санаҳои таърихӣ аҳамияти хоса медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик таърихи пурғановат дорад. Яке аз ёдгориҳои беназири таърихӣ -  Саразми 5500 сола мебошад, ки мероси маданиву фарҳангии гузаштагони тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Кашфи Саразм аз бозёфти тасодуфии табарчаи мисин (соли 1976 аз ҷониби Ашӯралӣ Тайлонов -сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент) оғоз шуда, бо ибтикори бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов дар арсаи ҷаҳон маълуму маъруф гардид. Саразм таваҷҷуҳи олимони бостоншиноси хориҷи кишварро ба худ ҷалб намуд ва баҳри кашфиёти он бостоншиносони Фаронсаву Амрико соли 1984  ба Панҷакент омада, корҳои кофтуковиро оғоз карданд.  Бозёфтҳо шаҳодат додаанд, ки шаҳри Саразм беш аз 100 гектар масоҳат дошта, кишоварзӣ, меъморӣ, санъати баланди ҳунармандӣ он ҷо ривоҷ ёфта будааст.

Барои ҳифзи ин ёдгории таърихӣ санаи 21 сентябри соли 2000-ум Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар он омада буд: “Ёдгории 5500-солаи Саразми Панҷакент ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнуъгоҳи таърихӣ- бостоншиносӣ эълон карда шавад”.

Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти Созмони миллали муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) санаи 31 июли соли 2010 Саразмро ҳамчун ёдгории 5500 сола ва дорои арзиши волои маданӣ  ба  Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намуд. Саразм аввалин ёдгории таърихие буд, ки  аз Тоҷикистон ба ин феҳрист дохил гардид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар суханрониашон бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд: “ Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадааст, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.”


Моҳи майи соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро  қабул намуд, ки дар асоси он 5500 солагии шаҳри Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳангӣ, заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрдории тоҷикон санаи 12 сентябри соли 2020 ҷашн гирифта мешавад.

Баҳри ҷашни 5500 солагии Саразм дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ корҳои ободонӣ батадриҷ рафта истодаанд. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни муборак корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, то рузи ҷашн 29 адад иншоот ба истифода дода мешаванд. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Панҷакент  ва меҳнати ҳамарузаи мардуми фарҳангдуст  шаҳри Панҷакент боз ҳам зеботару ободтар гардида истодааст.

Дар ҳақиқат, кашфи Саразми 5500 сола дастоварди бузурги бостоншиносони тоҷик маҳсуб шуда, бори дигар миллати куҳан ва соҳибфарҳанг будани тоҷиконро исбот намуд.

Истиқболи 5500 солагии Саразм яке аз ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат мебошад, ки шаҳодати хирадмандиву дурандеширо медиҳад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ёдгориҳои таърихиамонро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузорем.

 

Шодизода Парвиз

Вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед