Нахустҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон

20 Март 2020, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи нахустини Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯро таъкид гардид, ки Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд. 

Мақсади Қонуни мазкур пеш аз ҳама ташаккул ва рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоию таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ мебошад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зимни муҳокимаи ин масъала иброз гардид, ки бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа адвокат бо маркази ёрии ҳуқуқӣ дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ (минбаъд – Маркази ёрии ҳуқуқӣ) созишнома баста, ба феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюм дараҷа дохил  карда мешавад. Адвокат уҳдадор аст, ки бодаъвати Маркази ёрии ҳуқуқӣ тибқи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба назди таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя фавран ҳозир шавад.

Бо чунин тарз доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.


Илова кунед