Ҳамоиши идонаи наврӯзӣ дар Маҷлиси намояндагон

20 Март 2020, Ҷумъа


Ба муносибати таҷлили шоиставу муборак аз ҷашни накуи Наврӯзи байналмиллаӣ, ки мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва ақвоми Ориёӣ маҳсуб мешавад дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир баромад намуда, нахуст салому дуруди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вакилони мардумӣ расонида, ҳозиринро ба ҷашни Наврӯзи хуҷаста табрик намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷумла иброз намуд, ки дар арафаи ин ҷашни саид, Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо ташрифи бевоситаи Роҳбарияти Олии кишвар баргузор гардид, ки ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.

Ҳамзамон мавсуф таъкид намуд, ки ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни барои ҳар яки мо бузургу муқаддас, ки чанд сол инҷониб бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтааст, кулли вакилон ва Шумо - иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаи идонаро сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям.

Бахусус дар арафаи Наврӯз дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи модар, мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.

Бояд таъкид намуд, ки толеъи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки баҳори бистунуҳумини давлатдории мустақил ва ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милли истиқбол менамояд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш Маҳмадтоир Зокирзода ёдовар шуд, ки яке аз рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун ва ба истилоҳи имрӯза гуфтугӯи тамаддунҳо буда, аҳкоми наврӯзӣ ҳамчун фарҳангистони маърифат дар миёни халқу миллатҳои сайёра эътибори башарии ин ҷашнро сол аз сол афзун намуда истодааст.

Воқеан, ҷаҳонишавии Наврӯз ҳақиқати таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро ба воқеият табдил дод.

Дар шароити кунунӣ муҳимтарин суннату таомулҳои писандидаи наврӯзӣ, аз қабили бахшидани гуноҳҳо, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, пошидани донаи умед ба замин ва баргузор кардани мусобиқаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз эҳё гардида, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил ёфта истодаанд.

Дар робита ба суннатҳои неки Наврўзи ҷаҳонафрӯз хотирнишон менамоям, ки –гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон,- ҳадафу ормонҳои волои созандаи мардуми мо, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон–30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангии комил доранд.

Дар ин раванд Маҷлиси намояндагон бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад.

Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои миллиамонро бо маром идома диҳем.

Албатта мо вакилон азму иродаи қавӣ дорем, ки солҳои наздиктарин тавасути такмилу мукаммалсозии қонунгузории соҳа, истиқлолияти энергетикии мамлакатамонро комилан таъмин намоем, Тоҷикистони азизамонро ба кишвари транзитӣ табдил дода, ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат саҳми босазо гузорем ва ба рафти саноатикунонии кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, суръат бахшем.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди кишвар барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо вакилон низ дар дар ин ҷода бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ташабусҳои қонунгузориву қонунэҷодкуниро тақвият хоҳем бахшид.

Бо ҳамин таманниёт ва орзуҳои нек аз номи Роҳбарияти олии кишварамон, махсусан, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи Шумо–вакилон ва ҳозирини муҳтарамро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврўз самимона табрику муборакбод менамоям,-гуфт дар анҷоми ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Илова кунед