Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ
10 Май 2002, Ҷумъа(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №4, қ 2, мод. 323; соли 2006, №3, мод. 156; соли 2008, № 3, мод. 198; №12, қисми 2, мод. 996; соли 2013, №12, мод.891; соли 2015, №12 қ 1, мод.1117; соли 2016, №3, мод.154;соли 2017,№1-2,мод.24)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзим ва идоракунии фаъолият дар соҳаи бунёд, амал ва рушди алоқаи барқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқaррар намуда, салоҳияти мақомоти идораи давлатӣ ва танзими соҳаи мазкур, инчунин ҳуқуқ ва eҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин кор иштирок мекунанд ё аз хизмати алоқаи барқӣ истифода мебаранд, муайян мекунад.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Таъиноти алоқаи барқӣ
Алоқaи барқӣ қисми xудонопазири инфраструктураи иқтисодӣ ва иxтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун xузъи ба ҳам алоқаманди комплекси истеҳсолию хоxагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёxот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идори ба хизмати алоқаи барқӣ нигаронида шудааст, амал мекунад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
«алоқаи барқӣ» — ҳар навъи интиқол ё қабули нишонҳo, ишоратҳо, матни хаттӣ, тасвирҳо, овозҳо ё ҳар намуди иттилоот тавассути симҳо, радиооптика ё системаҳои дигари электромагнитӣ;
«шабакаи алоқаи барқӣ» — системаҳои интиқол ва таxҳизоти коммутатсионӣ ё самти интиқол ва дигар манбаъҳое, ки ба воситаи симҳо, радио, воситаҳои оптикӣ ё дигари электронӣ, аз Ҷумла шабакоти радифӣ, шабакаҳои қайдшуда (коммутатсияи хати алоқа ва покатӣ, ҳамзамон Интернет ва 1Р-телефонӣ) ва сайёри заминӣ, шабакаҳои барои радиошунавонӣ ва телевизион истифодашаванда, ҳамчунин шабакаҳои кабелӣ, ки новобаста аз намуди иттилооти интиқолшаванда ишоратҳоро таҳвил медиҳанд;
«хизматрасонии алоқаи барқӣ» — маҳсули фаъолияти оператор ва провайдер оид ба қабул, интиқол, коркарди ишоратҳо ва дигар намудҳои иттилоот тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ;
«таxҳизоти ниҳоӣ» — воситаҳои техникӣ ё дастгоҳҳое, ки тавассути хати абонентӣ ё бо истифода аз таxҳизоти симӣ, оптикию нахӣ ва электромагнитӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшуда, ки истифодабаранда бо ёрии онҳо метавонад иттилоотро интиқол диҳад, дигаргун созад ё қабул кунад;
«пайвандкунии байнишабакавӣ» — амали мутақобилаи технологии байни шабакоти алоқаи барқии операторони гуногуни алоқаи барқӣ, ки қабулу интиқоли иттилоотро дар байни истифодабарандагон таъмин менамояд;
«таxҳизоти радио» — таxҳизоти барқии интиқолкунанда ё қабулкунандае, ки ба воситаи он интиқоли иттилоот бе ягон хати алоқаи симӣ ба амал бароварда мешавад;
«спектри радиобасомад» — Маҷмeи мавxҳои электромагнитии (радиомавxҳо бо зудии дар худуди аз ЗкГс то 3000 ГГс) дар фазо бе истифода аз мавxбари сунъӣ паҳншаванда, ки ҳангоми ташкили радиоалоқа, эфири телевизионӣ ва радиошунавонӣ ва дигар мавридҳои интиқоли ишоратҳои барқӣ бе пайваcти xисмӣ истифода карда мешаванд;
«воситаҳои алоқа» — дастгоҳҳои техники, таxҳизот, иншоот ва системаҳое, ки барои ташаккул, коркард, интиқол, қабул ва коммутатсияи ишоратҳои электромагнитӣ ва оптикӣ истифода карда мешаванд;
«оператори шабакаи алоқаи барқӣ» — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки соҳиби шабакаи алоқаи барқӣ буда, кору амал, рeшди онро таъмин менамояд ва хизмати алоқаи барқиро ба xо меорад;
«провайдери хизмати алоқаи барқӣ» — шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар асосҳои тиxоратӣ ба воситаи шабакаи операторон ба истифодабарандагон хизмати алоқаи барқӣ мерасонанд:
«хизмати универсалӣ» — Маҷмeи хизмати алоқаи барқии истифодаи умум, ки ба ҳама гурўҳҳои истифодабарандагон, аз Ҷумла ҳуқуқӣ дастрас будан ба хизмати алоқаи телефонӣ ва телеграф, хизмати иттилооти ва справқадиҳӣ, хизмати телефонҳои худкори истифодаи умум барои таҳдили бепули зангҳо ба ҳадамоти садамавӣ расонида мешавад;
«истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ» — шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки аз хизмати алоқаи барқии истифодаи умум истифода мебарад ва ё пурсиш ба амал меоварад;
«шабакаи алоқаи ҳукуматӣ» — шабакаи махсуси алоқа, ки таҳвили маълумоти дороӣ сирри давлатиро таъмин менамояд ва ба манфиати идории давлат дар замони осоишта ва ҳолати xангӣ фаъолият мекунад;
«симкорт» — модули ҳаммонандсозӣ (идентификатсионӣ) буда, дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд;
«ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ» — ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ барои шахси воқеӣ шиноснома — (барои шахсони бешаҳрванд — шаҳодатномаи бақайдгирӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1047)
«системаи рақамгузорӣ» — тартиби тақсим ва рақамгузорӣ (моc кардани рақамҳо ё нишонҳо) байни операторон, провайдерҳо ва таxҳизоти ниҳоии истифодабарандагон;
«системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» – маҷмӯи таҷҳизот ва барномаҳои дорои маълумоти идентификатори байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки бақайдгирии идентификаторҳои истифодашаванда, шинохтани идентификаторҳои нав, муқоисаи онҳо ва кори воситаҳои мобилии идентификаторашон бақайдгирифташудаи ба шабакаи алоқаи барқӣ пайвастро таъмин менамоянд; (ҚҶТ аз 24.02.17с.№1401)
«плани рақамгузорӣ» — рақамтузории мушаххаси байни операторон, провайдерҳо ва таxҳизоти ниҳоии истифодабарандагон.
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ
Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
— ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баробар дастрас будани инфраструктураи ҳозиразамону самаранок ва хизматрасонии алоқаи барқӣ;
— мусоидат ба рақобати самаранок ва озод дар бозори алоқаи барқӣ ба манфиати истифодабарандагон;
— муҳайё кардани шароити мусоид барои xалби сармоягузорони хориxӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
— фароҳам овардани шароит нисбати дастрас будани шабакоти истифодаи умумӣ ва пайвандҳои байнишабакотӣ, ки кафолати холисона, ошкоро, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ, таъмини шароитҳои баробар дар бозор ва имконияти алоқаро байни истифодабарандагон медиҳад;
— мусоидат ба расонидани хизматҳои анъанавии боэътимод ва баландсифати алоқаи барқӣ,
— xорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасони ва таъмини мутобиқати шабақаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ;
— муҳайё кардани хизматрасонии универсалии алоқа дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳусусиятҳо ва шароитҳои миллӣ;
— маҳфуз доштани ахбороти исгифодабарандагон аз тарафи операторони шабакаҳои алоқаи барқӣ;
— дастрас будани шабакаҳои алоқаи барқӣ дар вазъиятҳои фавкулодда ва барои иxрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа ва амниятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ.
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
БОБИ II . ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӣ
Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Идоракунии давлатии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва радиобасомадҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал мебароранд.
Моддаи 6. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистои
Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ:
-гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
-фароҳам овардани шароити зарурӣ барои xалби инвеститсияҳо;
-таҳия ва ба амал баровардани барномаи uайриинхисорӣ ва хусусигардонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
— тасдиқи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он;
— тасдиқи Тартиби хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифӣ; (ҚҶТ аз 25.12.15с.№1271)
— тасдиқи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ; (ҚҶТ аз 24.02.17с.№1401)
-тасдиқи номгeи намудҳои хизмати универсалӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон ваколати танзими фаъолиятро дар соҳаи алоқаи барқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти иxроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияте, ки Қонуни мазкур ба онҳо додааст, вомегузорад.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои асосии зерин дода шудааст:
— таҳияи сиёсати ягона дар соҳаи алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи принсипҳое, ки дар Қонуни мазкур ифода ёфтаанд;
— татбиқи сиёсати мазкур ба мақсади вусъати фароuирӣ бо хизмати алоқаи барқӣ барои таъмини эҳтиёxоти рушди иқтисодӣ ва ичтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои баамалбарории фаъолият Дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқарраршуда;
— муҳайё кардани шароити мусоид барои xалби сармоягузории хориxӣ ва ватанӣ ба соҳаи алоқаи барқӣ ва ба вуxуд овардани муҳити рақобат барои операторон ва провайдерҳо бо мақсади таъмини даcтрас будани шаклҳои нисбатан пешқадaми хизматрасонии алоқаи барқӣ барои истифодабарандагон;
— бурдани гуфтугуҳо оид ба масъалаҳои алоқаи барқӣ бо давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар, инчунин бастани шартномаҳо дар сурати додани ваколатҳои дахлдор;
— ба амал баровардани фаъолият дар доираи ташкилотҳои минтакавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти алоқаи ягона;
— иxрои дигар вазифаҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар cанадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба eҳдаи он гузошга шудааст.
БОБИ Ш. ТАНЗИМКУНӣ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӣ
Моддаи 8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
Назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.
Таъсисдиҳӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08 №379)
Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Қонуни мазкур вазифаҳои зеринро ба амал мебарорад:
— рақобати озоди (самаранок ва одилонаи) байни операторони алоқаи барқиро, аз Ҷумла ба тариқи тасдиқи қоида ва дастурҳои дахлдор назорат ва танзим менамояд;
— ба ҳамаи истифодабарандагон баробар дастрас будани шабақоти алоқаи барқии иcтифодаи умумро дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳфузияти ахборот, инчунин ҳифзи сирри маълумоти хусусиро дар бораи истифодабарандагон таъмин менамояд;
— ба хотири мудофиа ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар вазъиятҳои фавкулодда иxрои eҳдадориҳоеро, ки ба операторони алоқаи барқии иcтифодаи умум гузошта шудаанд, таъмин менамояд;
— ҳолат ва инкишофи шабакоти алоқаи барқии иетифодаи умум ва хизматрасонии алоқаи барқии иетифодаи умумро назорат мекунад;
— ба иcтифодаи радиобасомадҳо дар диапазонҳое, ки бо истифода аз онҳо операторон ва провайдерон хизмати алоқаи барқиро мерасонанд, иxозат медиҳад ва онҳоро танзим менамояд;
-риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳо ва истифодабарии он, инчунин хизматрасонӣ ва истифодабарии алоқаи радифиро санҷиш ва назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад; (ҚҶТ аз 25.12.15с.№1271)
— нақшаи рақамгузории миллии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он Ҷумла рамзҳои байнишаҳpӣ ва байналмилалӣ)-ро тартиб медиҳад ва назорати иxрои онро ба амал мебарорад, иcтифодаи самараноки рақамҳо, инчунин xудо кардани рақамҳо ё диапазонноӣ рақамҳоро ба операторони алоқаи барқӣ таъмин менамояд;
-сифати хизматҳои алоқаи барқии расонидашаванда ва ҳолати техникии воситаҳои алоқаи барқиро зери назорат мегирад.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ
Барои ба амал баровардани вазифаҳои худ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ваколатҳои зерин дода мешаванд:
— гузаронидани сертификатсия, додани сертификати мутобиқат ба таxҳизот ва хизмати алоқаи барқӣ (ё тартиби иcтифодаи сертификата давлатҳои дигар), инчунин ба дигар воситаҳои техники, радиобасомадҳои шуоъафкан ё манбаи мавxҳои баландбасомади электромагнитие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
— якxоя бо мақоми давлатии сиёсати зиддиинҳиеорӣ андешидани тадбирҳои гирифтани пеши роҳи фаъолияте, ки ба муқобили рақобат дар соҳаи алоқаи барқӣ равон карда шудааст;
— танзими сифати хизматрасонии шабақаҳои алоқаи барқӣ мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур;
— танзими шароити иcтифодаи якxояи (пайвандҳои байнишабакотии) шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умум аз тарафи операторони алоқаи барқӣ;
— назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидақо, асноди меъёрӣ ва иxрои шартҳои иxозатномаи додашуда;
— xамъоварӣ ва таъмини маҳфузияти иттилооти ба дастомада дар мавридҳои зарурӣ, ирсоли натиxаҳои санxиш ва дигар маводи марбут ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонун ба мақомоти дахлдор;
— ба амал баровардани назорати мувофиқати фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истифодабарии басомадҳо иxозат гирифтаанд, ба муқаррароти ин иxозатномаҳо, ошкор ва бартараф кардани ишоратҳо ва радиохалалҳои беиxозат;
— ба вуҷуд овардан, инкишоф додан ва истифодаи системаи давлатии назорати радио, ки системаи ба ҳам алоқаманди воситаҳои техникии назорати радиоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба гузаронидани ченкунии умумии истифодаи каналҳо ва қитъаи радиобасомадҳо, тафтиши сифати техникӣ ва истифодабарии радиоишоратҳои интиқолшаванда, ошкор ва фарқ кардани радиофиристониҳои беиҷозат ва манбаъҳои шуоъафкании баландбасомади электромагнитӣ, радиохалалҳо имконият медиҳад; (ҚҶТ аз 20.03.08 № 379)
— қабул, нашр ва назорати иxрои лозимаи қоидаҳо, нишондодҳои методӣ, дастурамалҳо ва дигар санадҳое, ки барои ба амал баровардани ваколати худ заруранд;
— муқаррар кардани тартиби мушаххаси ҳалли ихтилофҳое, ки байни операторони алоқаи барқӣ, инчунин операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ рeй медиҳанд;
— иxрои дигар вазифаҳо ва ваколатҳо мутобиқи Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ барои ҳамаи cубъектҳои танзимшаванда дар соҳаи алоқаи барқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон хатмӣ мебошанд.
Моддаи 11. Бозрасии давлатии алоқа дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистои (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 20.03.08 №379)
Моддаи 12. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тақсим ва истифода аз спектрҳои радиобасомад, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии ҳамаи истифодабарандагон ва ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои давлат дар Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба роҳ мемонад.
Моддаи 13. Вазифаҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро амалӣ мегардонад:
— банақшагирии истифодаи самаранок ва беҳалал аз спектри радиобасомадҳои xамъиятӣ, ба шумули истифодаи хусусии онҳо;
— ба вуxуд овардани Нақщаи миллии тақсими радиобасомадҳо;
— ҳамоҳангсозии насби ҳама намудҳои радиостансияҳо дар каламрави Ҷумҳурӣ бо мақсади истифодаи оқилонаи мавқеъҳои мавxуда;
— таҳияи тавсияҳо ва тартиби истифода аз спектри радиобасомад;
— тархрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобасомад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таҳияи мавқеъ ва мусоидат кардан дар мавриди намояндагӣ аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои спектрҳои радиобасомад.
Қарорҳо дар нисбати насби радиостансияҳо танҳо бо ризояти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
— қарорҳои пештар қабулкардаи Комиссияи давлатиро оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурми Тоҷикистон дар бораи тақсими басомадҳо беқор кунад;
— манъ кардани истифода аз радиобасомадҳо дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вайрон кардани тартибе, ки барои истифодаи онҳо муқаррар шудааст;
— бекор ё манъ кардани таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радио, ки ба талаботи муқарраркардаи техники xавобгe нестанд.
Моддаи 15. Танзими истифодаи спектрҳои радиобасомад
Спектри радиобасомад моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тартиби танзими истифодаи спектри радиобасомад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Истифода аз спектри радиобасомад бо мақсади истифодабарӣ аз шабакаҳои алоқаи барқӣ ва расонидани хизмати алоқаи барқӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдор мутобиқи Нақшаи миллии тақсимоти радиобасомадҳо амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08 №379)
Иxозатнома ба истифода аз спектри радиобасомад ҳамзамон бо иxозатномаи мувофиқ ба оператори алоқаи барқӣ дода мешавад. Иxозатномаи иcтифодаи спектри радиобасомад ба ҳамон меҳлате дода мешавад, ки барои иxозатномаи истифодабари аз шабакоти алоқаи барқӣ, расонидани хизмати алоқаи барқӣ, интиқоли маълумот пешбинӣ гардидааст.
Спектри радиобасомад дар асоси пули дода мещавад.
Андоза ва тартиби пардохти подош барои спектрҳои радиобасомади азхудкардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳама гуна восигаҳои техникие, ки шуоъафканиҳои радиобасомади медиҳанд ё манбаи мавxҳои баландбасомади электромагнита мебошанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Радиобасомадҳои гирифташудаи истифодабарандагон метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ танҳо дар ҳолатҳои зерин бекор ё таuйир дода шаванд, дигаргун ё аз нав тақсим гарданд:
— вақте ки чунин амалро манфиати таъмини мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ё вазъияти фавкулодда тақозо мекунад ва он танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқи созишномаpҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад;
— бо тавсияи ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи иcтифодаи радиобасомадҳо ё ки ба мақсади иcтифодаи пурраи спектри радиобасомадҳо;
— агар чунин истифодабарандагон сари вақт иxозати иcтифодаи спектри дигари клёспазирро гирифта бошанд.
Дар ин ҳолат хароxотҳои операторони алоқаи барқӣ ба муносибати гузариши фавкулодда ба басомадҳои дигар дар натиxаи татбиқи нишондодҳои қисми шашуми моддаи мазкур аз тарафи давлат xуброн карда мешавад.
БОБИ IV. ИXОЗАТНОМАДИҲӣ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ
Моддаи 16. Иxозатиомадиҳӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Иxозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад:
— амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти операторони гуногуни алоқаи барқӣ дар бозор барои таъмини ҳамкории мутақобилаи онҳо ва бо шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум;
— мусоидат ба фаъолияти uайриинҳисорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, инкишофи либерализатсияи бозори хизмати алоқаи барқӣ, рушди соҳибкорӣ ва рақобати озод;
— xалб кардани сармояи хориxӣ барои инкишофи соха;
— таъмини сатхи баланди сифати хизмати алоқа.
Иxозатномаҳо барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ умумӣ ё инфиродӣ шуда метавонанд.
Ба иxозатномаҳои умумӣ иxозатномае дохил мешаванд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси талаботи ягона барои гирифтани иxозатнома дода мешаванд. Мундариxаи иxозатномаҳои умумӣ барои ҳамаи иxозатномаҳое, ки ки барои истифодабарии ҳамон як навъи щабақаи алоқа, инчунин барои ҳамон як навъи хизматрасонии алоқа дода мешаванд, бояд якхела бошанд.
Ба иxозатномаҳои инфиродӣ иxозатномае мансубанд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси талаботу шартҳои махсус дода шудаанд. Лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабари ва расонидани хизмати алоқаи барқии зерин бояд таҳти иxозатномадиҳии инфиродӣ қарор гиранд:
— шабакоти алоқаи барқии иcтифодаи умумии маҳаллӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ;
— шабакоти алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (алоқаи сайёри кандуӣ);
— шабакоти радиодаъвати шахсӣ;
— шабакоти интиқоли маълумот;
- шабакоти пахши барномахои телевизион ва радиошунавонӣ.
Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани иxозатнома ҳуқуқӣ баробар доранд. Бо сабаби маҳдудиятҳои техники ё маҳдудияти миқдори басомад, ё дар сурати имконияти техники ва молияви надоштани аризадиҳанда барои иxрои муътадили eҳдадориҳои худ мувофиқи шартҳое, ки ваӣ фаъолияти худро амалӣ мекунад, мумкин аст иxозатнома дода нашавад.
Агар миқдори иҷозатномҳо бо сабабҳои техникӣ маҳдуд бошад, додани иҷозатномаҳо дар асоси озмун (тендер) ба амал бароварда мешавад. Тартиби гузаронидани озмун (тендер)-ҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 17. Сертификатсияи таxҳизот
Ҳамаи воситаҳои алоқaи барқӣ, аз Ҷумла таxизоти ниҳоии дар шабакоти алоқаи барқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда xиҳати мувофиқат ба стандартҳои xоpӣ, шартҳои техники ва дигар меъёрҳо, аз Ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии мамлакатҳои дигар мувофиқд тартиби муқарраршуда дар асоси шартномаҳои дуxонибаи эътирофи сертификатсияҳо мавриди сертификатсия қарор мегиранд.
Сертификатсияи воситаҳои алоқаи барқӣ ё тартиби истифодаи сертификатҳои мамлакатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад.
БОБИ V. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӣ
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои операторон ва провайдсрони хизмати алоқаи барқӣ
Операторон ва провайдерон ҳуқук, доранд:
— дар сурати аз xониби истифодабарандагон вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодаи алоқаи барқӣ хизматрасониро ба онҳо боздоранд;
— xуброни зарареро, ки бо айби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рeӣ медиҳад, талаб кунанд;
— нисбат ба амали uайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузорӣ арз кунанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 19. Ҳуқуқи истифодабараидагони хизмати алоқаи барқӣ
Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд:
— хизмати шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум ба онҳо дастрас бошад;
— таxҳизоти ниҳоии худро ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум мутобиқи шартҳо ва тартибе, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, пайваст кунанд;
— аз хизматрасонии саривактӣ ва босифати операторон ва провайдерон мутобиқи қоидаҳои .муқарраршуда истифода баранд;
— аз хизмати алоқаи барқӣ, дар сурати аз тарафи оператор ё провайдер риоя нашудани шартҳое, ки дар шартнома зикр гардидаанд, даст кашанд;
— дар натиxаи нарасонидани хизмат ё сифати пасти хизматрасонӣ пардохтани товони зарар ва xуброни зарари маънавиро талаб кунанд;
— дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми давлатии ваколатдор ва суд муроxиат намоянд.
Дар ҳолати истифода гардидани хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд, падару модари ў ҳуқуқ доранд аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд. ҚҶТ аз 15.03.16с.№1301
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 20. Ўҳдадориҳои операторои ва провайдеропи хизмати алоқаи барқӣ
Операторон ва провайдерон ўҳдадоранд:
— ба истифодабарандагон хизмат расонанд;
— ҳамкориро бо системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ таъмин намоянд;
— васли воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифташударо ба шабакаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд; (ҚҶТ аз 24.02.17с.№1401)
— ба амал баровардани фаъолият дар cоҳаи алоқаи барқӣ мувофиқи шартҳои иxозатнома ва қоидаҳои муқарраршуда;
— мутобиқи стандартҳо, қоидаву меъёрҳои муқарраргардида сифати хизмати расонидашавандаро таъмин намоянд;
— ба падару модар маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон ройгон пешниҳод кунанд;(ҚҶТ аз 15.03.16с.№1301)
— шартномаро бевосита бо худи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони воқеӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ банданд; (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1047)
— тибқи Тартиб ва талаботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирии симкортҳои истифодабарандагонро гузаронанд; (ҚҶТ аз 25.12.15с.№1271)
— сирри гуфтугуҳои телефонӣ, телеграфӣ ва дигар, маълумотеро, ки тариқ шабакоти алоқаи барқӣ интиқол мегарданд, риоя кунанд;
- ба истифодабарандагон сари вақт ахбороти муфассал дойр ба шароиту тартиби расонидани хизмати алоқаи барқӣ, аз Ҷумла таuйирёбии тарифҳо ба хизмати алоқаи барқӣ пешниҳод намоянд;
- пардохтани товони зарари расонидашударо ба истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ бинобар иxро накардан ва ё бо сифати номувофиқ иxро намудани шартномаҳои расонидани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин нарасонидан ва ё бо сифати номувофиқ расонидани хизмат пардозанд.
Операторон ва провайдерон мувофиқи қонунгузорӣ eҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 21. Ўҳдадориҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ
Истифодабарандагон ўҳдадоранд:
— қоидаҳои муқарраршудаи истифода аз хизмати алоқаи барқиро риоя намоянд;
— таxҳизоти ниҳоиеро, ки сертификата мувофиқат ба стандартноӣ муқарраршуда доранд, истифода баранд;
— ҳангоми бастани шартнома ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1047)
— симкортҳои худро дар операторони хизмати алоқаи барқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гиранд; (ҚҶТ аз 25.12.15с.№1271)
— саривакт подоши хизмати ба онҳо расонидашударо пардозанд; амалҳоеро, ки ба паст шудани сифати кор ва ё вайрон кардани шабакоти алоқаи барқӣ оварда мерасонанд, содир накунанд.
Истифодабарандагон мувофиқи қонунгузорӣ eҳдадориҳои дигарро низ дошта метавонанд.
Моддаи 22. Танзими тарифҳо ба хмзматрасонин алоқаи барқӣ
Моддаи 23. Рақобат ва махдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
(Моддаҳои 22 ва 23 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 31.12.08с №462).
Моддаи 24. Сирри алоқи барқӣ
Сирри гуфтугуйҳои телефонӣ, телеграфӣ, электронӣ ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабақоти алоқаи барқӣ интиқол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя мешавад.
Ҳамаи операторони алоқаи барқӣ ўҳдадоранд, ки сирри гуфтугуйҳо ва ахбороти ирсолшавандаро маҳфӣ нигоҳ доранд. Маълумот оид ба ахборот ва инчунин худи ахбороти тавассути шабакоти алоқаи барқӣ интиқолгардида танҳо ба худи шахсони фиристанда ва ё намояндаи қонунии он пешниҳод карда мешавад.
Гeш кардани гуфтугуйҳои телефонӣ, шиносоӣ бо ахбороти тариқи шабакоти алоқаи барқӣ интиқолшаванда, дастрас кардани маълумот доир ба онҳо, инчунин дигар маҳдудиятҳои сирри гуфтугуйҳо ва ахборот танҳо дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иxозат дода мешавад.
Шахсони манcабдор ва дигар ашхосе, ки ба вайрон намудани муқаррароти моддаи мазкур роҳ додаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
БОБИ VI. ШАБАКОТИ АЛОҚАИ БАРҚӣ, ПАЙВАНДҲОИ БАЙНИ ШАБАКАҲО, ТАXҲИЗОТИ НИҲОИ ВА РАҚАМГУЗОРӣ
Моддаи 25. Маҷмeи амволи шабакоти алоқаи барқӣ
Ба Маҷмeи амволи алоқаи барқӣ биноҳо, аппаратура, таxҳизот, иншооти кабелу канализатсионӣ ва хати кабел, симxeбҳои хатҳои алоқаи ҳавоӣ, таxҳизоти хати радиорелеии алоқа ва сиетемаҳои радиотелефонии алоқа (бесим), таxҳизоти алоқаи радифии заминӣ, воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд.
Моддаи 26. Шаклҳои моликият ба шабакаҳои алоқаи барқӣ
Шабакаҳои алоқаи барқӣ метавонанд молиқияти хуеусӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Рeихати шабакаҳо ва воситаҳои алоқаро, ки танҳо моликияти давлатӣ махсуб мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. ҳамаи соҳибони шабакоти алоқаи барқӣ ҳуқуқҳои баробар доранд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.
Моддаи 27. Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум
Шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум шабакаи алоқаи барқие мебошад, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ягонаи хизматрасонӣ, тартиби пешниҳод ва пардохти он пешбинӣ карда шудааст.
Ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ метавонад шабакаи алоқаи барқии истифодаи умумро созмон диҳад ва истифода барад, инчунин мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур хизмати алоқаи барқии истифодаи умумро пешниҳод намояд.
Моддаи 28. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ ва xудошуда
Ба шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ шабакоти алоқаи барқие мансубанд, ки барои таъмини эҳтиёxоти истеҳсолӣ ва махсуси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда, дар ихтиёри онҳo мебошанд ва аз тарафи онҳо истифода бурда мешаванд. Шабакоти алоқаи барқии мақомоти идоравӣ метавонанд барои расонидаии хизмати алоқаи барқӣ ба дигар истифодабарандагон низ пешниҳод карда шаванд.
Ба шабакоти алоқаи барқии xудошуда шабакоти алоқаи барқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои расонидани хизмати алоқаи барқӣ ба доираи маҳдуди истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд, мансубанд.
Қоидаҳои хизматрасонӣ аз тарафи операторски шабакоти алоқаи барқии идораҳо аз xониби операторони худи ҳамин шабакоти алоқаи барқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиетон муқаррар карда мешавад.
Васли шабакоти алоқаи барқии идоравӣ ва xудошуда бо шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар асоси шартномаи дахлдор ба амал бароварда мешавад. Шарту талаботи чунин тарзи васли байнишабакотӣ бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Васлҳои байнишабакотӣ
Операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум, ки мавқеи бартарӣ доранд, ўҳдадоранд дархостҳоро оид ба васли байнишабакотии шабакаҳои худ бо шабакаҳои операторони дигари алоқаи барқие, ки иxозатнома доранд, қонеъ гардонанд.
Васли байнишабақотӣ дар асоси шартномаҳои байни операторони алоқаи барқӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ тасдиқ мекунад, ба амал бароварда мешавад. Муқаррароти шартнома оид ба васли байнишабакотӣ набояд ба муқаррароти Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шартҳои васли байнишабақотӣ, ки онҳо тариқи қонунгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар гардидаанд, мухолиф бошанд.
Дар сурати вуxуд доштани имконияти техники барои васли байнишабакотӣ иxрои он набояд рад карда шавад. Ҳар як радкунии васли байнишабакотӣ бояд пурра асоснок карда шавад.
Дар сурати рад намудан ба васли байнишабакотӣ барои ҳалли масъалаҳои бахсталаб тарафи xабрдида мегавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ муроxиат намояд.
Моддаи 30. Таxҳизоти ниҳоӣ
Ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқyқӣ ворид намудан, фуруш, васлу истифодабарӣ ва хизматрасонии таxҳизоти ниҳоиро дорад.
Ҳар як таxҳизоти ниҳоӣ метавонад ба шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум танҳо дар cурате васл карда шавад, ки он ба талаботи асосии моддаи мазкур мувофиқ буда, бо тартиби муқарраршуда сертификат гирифтааст.
Талаботи асосӣ нисбати таxҳизоти ниҳоӣ аз инҳо иборат мебошанд:
— беҳавфӣ барои истифодабарандагон ва ҳайати кормандони шабакаи алоқаи барқӣ;
— мувофиқат ба талаботи мутобиқати электромагнита;
— самаранок истифода бурдани спектри радиобасомад ва пешгирӣ намудани халалҳои радиотехники байни системаҳои кайхонӣ ва руизаминӣ;
— мутобиқат ва ҳамкориҳо бо воситаҳои шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум;
— xонибдории таснифоти дахлдоре, ки дастрас намудани алоқаи таъxилиро кафолат медиҳанд ва кори аз онҳо истифода бурдани истифодабарандагони xисман маъюбро осон менамоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ номгeи таxҳизоти ниҳоиеро, ки сертификати мутобиқат дорад, нашр мекунад.
Моддаи 301. Бақайдгирӣ ва муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ
Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи алоқаи барқӣ системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро ташкил намуда, рушд медиҳад ва истифода мебарад.
Идентификаторҳои байналмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ музднок анҷом дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти хизматрасонии бақайдгирии идентификаторҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд.
Дигаргун сохтан, нусхабардорӣ ва паҳн кардани маълумоти системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ манъ аст.
Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр, паҳн ва истифода кардани намудҳои гуногуни таҷҳизоту барномаҳое, ки барои дигаргун кардани маълумоти идентификатории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ истифода мешаванд ва (ё) истифодаи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки маълумоти идентификаторашон дигар карда шудааст, манъ мебошад.
Операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳуқуқ надоранд ба воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифтанашуда хизмат расонанд. (ҚҶТ аз 24.02.17с.№1401)
Моддаи 31. Рақамгузорӣ
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ идоракунии ракамгузориро ба амал бароварда, нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд ва назорат мекунад.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ операторони алоқа ва истифодабарандагонро, ки таxҳизоти ниҳоӣ доранд, бо тақсимот ва истифодаи самараноки рақамҳо таъмин менамояд.
Рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ дар асоси пардохти пули дода мешавад. Миқдор ва тартиби пардохти истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №462).
Моддаи 32. Хизматрасонии универсалӣ
Хизматрасонии универсалӣ аз рeи тарифҳо ва шартҳои техники ба гуруҳҳои алоҳидаи истифодабарандагони xиcман маъюби ба ин хизматрасонӣ эҳтиёxоти махсусдошта пешниҳод гардида, барои ба онҳо дастрас будани хизмати алоқа мусоидат менамояд. Интиқоли зангзаниҳои бемузд ба ҳадамотҳои садамавӣ ва таъxилӣ барои ҳамаи таъминкунандагони хизмати алоқаи телефонии истифодаи умум ҳатмӣ мебошад.
Ба операторов ўҳдадориҳои расонидани хизмати универсалӣ метавонанд вогузор шаванд. Тартиби расонидани хизмати универсалӣ аз тарафи операторони алоқaи барқии универсалӣ ва маблаuгузории ҳароxоти иxрои ўҳдадориҳо нисбати хизмати универсалӣ бо Низомнома дар бораи Хизматрасонии универсалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.
Моддаи 33. Истифодаи шабакоти алоқаи барқӣ ба манфиати идоракунии давлатӣ, мудофиа, амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавкулодда
Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ аз тарафи мақомоте, ки махсус, бино ба таъиноти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бунёд ва истифода карда мешавад. Шабакаи ҳукуматии алоқаи барқӣ бояд маҳфияти маълумотеро, ки ба таваесути ин шабака таҳвил мегардад, таъмин намояд.
Ҳамаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шабакоти алоқаи барқии дохилӣ истифода мебаранд ва инчунин операторони шабакоти алоқаи барқии истифодаи умум ўҳдадоранд барои иxрои талаботи идораи давлатӣ, аз Ҷумла мудофиа, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои фавкулодда пешниҳод намудани шабақаҳо ва хизмати алоқаи барқиро таъмин намоянд.
Идоракунии шабакоти алоқаи барқӣ дар ҳолатҳои фавкулодда аз xониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои кудратӣ, инчунин вазорату муассисаҳое, ки шабакоти алоқаи барқии худӣ доранд, ба амал бароварда мешавад.
Ҳангоми рeӣ додани ҳолатҳои фавкулоддае (амалиётҳои xангӣ, офатҳои табиӣ, карантин ва uайра), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мақоми давлатии ваколатдор дар истифодабарӣ ҳуқуқӣ бартариятнок дошта, инчунин барои маҳдудкунӣ ва ё боздоштани фаъолияти ҳар як шабака ва воситаи алоқаи барқй сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо ҳуқуқ доранд.
Зарари ба операторони алоқаи барқӣ дар ҳoлатҳои фавкулодда, инчунин бо мақсади таъмини мудофиаи миллӣ, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зимни иcтифодабарии шабакаҳо ва воситаҳои алоқаи барқӣ расонидашуда мутобиқи қонунгузорӣ ва мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, xуброн карда мешавад.
Операторони алоқаи барқӣ ўҳдадоранд таxҳизот ва иcтифодабарии воситаҳоеро, ки барои хабардоркунии аҳолӣ аз ҳавфи ҳолатҳои фавкулодда заруранд, таъмин намоянд.
Моддаи 34. Амали якxояи операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ бо мақоме, ки фаъолияти фаврии xустуxeро амалӣ мегардонанд
Операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва шакли моликият, мавриди коркард, офариниш ва иcтифодабарӣ аз шабакаҳои алоқа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд ба мақомҳое, ки фаъолияти фаврии xустуxуӣ мебаранд, кумак намоянд ва ба тавассути шабакаи алоқаи барқӣ ба амал баровардани чорабиниҳои фаврии xустуxуӣ шароит фароҳам оваранд, барои роҳ надодан ба ошкор кардани усулҳои ташкилӣ ва тақтиқии гузаронидани чорабиниҳои мазкур чораҳо андешанд.
Дар сурати истифодаи uайриқонунӣ аз воситаҳои алоқа, ки ба манфиати шахе, xомеа ва давлат зарар меоваранд, идораҳои ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ, доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳар гуна шабака ва воситаҳои алоқаро, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва шакли моликият боздоранд.
Моддаи 35. Ахбороти афзалиятнок
Операторони алоқаи барқӣ ва истифодабарандагон бояд бартарияти мутлақи ахбороти зеринро таъмин намоянд:
— хавфи бехатарии ҳаёти инсон дар об, замин, ҳаво, фазоӣ кайҳонӣ;
— гузаронидани чорабиниҳои таъҳирнопазир xиҳати мудофиа, амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ;
— садамаҳои калон, фалокатҳо, паҳншавии эпидемияҳо, муриши ҳайвонот, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавкулодда.
Моддаи 36. Имтиёз ва бартариҳо дар мавриди истифода аз алоқаи барқӣ
Барои гуруҳи алоҳидаи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дипломативу консулии давлатҳои хориxа, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин гуруҳи алоҳидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми иcтифода аз алоқаи барқӣ афзалияту имтиёзҳо оид ба навбат, тартиби иcтифодабарӣ ва андозаи пардохти хизмати алоқаи барқӣ муқаррар карда мешаванд.
Номгeи гуруҳҳои шахсоне, ки ба чунин афзалияту имтиёзҳо ҳуқуқ доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Xуброни даромадҳои пурра ба даст оварданашуда ба операторон ва ё хизмати алоқаи барқӣ дар натиxаи муқаррар намудани имтиёзҳою бартариҳо xиҳати иcтифодабарии хизмати алоқа ва ё дигар намуди зарар бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 37. Сифати хизмати алоқаи барқӣ
Операторони алоқаи барқӣ ўҳдадоранд ба исгифодабарандагон чунон хизмат расонанд, ки ба талаботи ҳатмии сифати хизмати алоқаи барқӣ ба стандартҳо, меъёрҳои техникии хизмати алоқаи барқӣ мутобиқ бошад, инчунин онҳоро доир ба хизмати алоқаи барқӣ ва сифати он бо ахборот таъмин намоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ xиҳати сифати хизмати алоқа барои дараxаҳои гуногуни хизмати алоқаи барқӣ, ки онҳо аз xониби Операторони шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум пешниҳод мегарданд, талаботи ҳадди ақалро муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №462).
Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизмат дар асоси сифати миёнаи ба даст овардашудаи хизмат муқаррар гардида, тасҳеҳи он бо мақсади баланд бардоштани сифати хизмат бо дарназардошти эҳтиёxоти истифодабарандагон, тараққиёти техникӣ ва қобилияти ҳаёти иқтисодӣ давра ба давра таuйир дода мешавад.
Назорати сифати хизмат дар асоси нишондиҳандаҳои зарурии кор ва усулҳои назорати сифат, ки бо дастури дахлдор муайян мегарданд, ба амал бароварда мешавад. Операторони алоқаи барқӣ ҳар нимсола мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба сатҳи сифати ба даст овардашуда огоҳ менамоянд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳуқуқ дорад ҳангоми вайрон кардани талаботи сифати хизмат пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқиро манъ намояд.
Моддаи 38. Ҳуқуқи истифодабари аз шабакоти алоқа ва расонидани хизмати алоқа
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани ҳар гуна иxозатнома xиҳати иcтифодабарӣ аз шабакоти алоқаи барқӣ ва ё пешниҳод намудани хизмати алоқаи барқӣ, инчунин ба гирифтани ҳар гуна иxозатномаи истифодабарии спектри радиобасомади вобаста ба он ҳуқуқ, доранд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон метавонанд дар хусусигардонии шабакаи алоқаи барқии истифодаи умум, ки давлат иҳтиёри истифода ё назорати онҳоро дорад, иштирок кунанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориxӣ, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, барои фаъолият дар соҳаи алоқа мувофиқи ҳамон шартҳо ва тартиботе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон пешбинӣ шудааст, иxозатнома мегиранд ва дар xараёни хусусигардонӣ иштирок мекунанд.
Моддаи 39. Истифодаи забонҳо ва алифбоҳо
Суроuаи шахси фиристанда ва гирандаи барқияҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикиcтон равона карда мешаванд, бояд ба забони Тоҷикӣ ва ё забони русӣ ба расмият дароварда шаванд. Матни баркияҳо бояд бо хуруфи алифбои Тоҷикӣ, русӣ ё лотинӣ навишта шавад. Ахбороти байналмилалии тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ интиқолёфта бо забонҳое таҳия мегарданд, ки онҳоро муқаррароти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян намудаанд.
Моддаи 40. Вақти ҳисобу ҳисобот
Ҳангоми амалӣ намудани фаъолият вобаста ба пешниҳод намудани хизмат аз xониби операторон ва идораҳои хизматии алоқаи барқӣ, сарфи назар аз xоӣ ва мавқеи онҳо дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикиcтон вақти ягонаи ҳисобу ҳисобот — вақти маҳаллӣ мебошад.
БОБИ VII. ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ ДАВЛАТӣ ВА ВОСИТАҲОИ ОПЕРАТОРОНИ ШАБАКАИ АЛОҚАИ БАРҚИИ ИСТИФОДАИ УМУМ
Моддаи 41. Истифодаи заминҳои алоқаи барқӣ, тараққиёт ва таҷдиди воситаҳои алоқаи барқӣ
Ба заминҳои шабакаи алоқаи барқӣ заминҳое мансубанд, ки барои иcтифода ба операторон барои ба амал баровардани вазифаҳои ба онҳо вогузоршуда xиҳати истифодабарӣ, нигахдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоот ва объектҳои шабакаи алоқаи барқӣ дода шудаанд.
Заминҳо барои таъмин намудани фаъолияти алоқаи барқӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муқаррар кардааст, дода мешавад.
Барои таъмини иcтифодабарӣ аз хатҳои кабели, радиорелеӣ ва хатҳои ҳавоии алоқаи барқӣ минтақаҳои муҳофиза муқаррар карда мешаванд. Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои мухофиза, ҳаxми онҳо, тартибу низоми истифодаи заминҳоеро, ки барои ин мақсадҳо xудо карда шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 42. Xойгаронии воситаҳои техникии шабакаҳои алоқаи барқӣ
Мавриди тарҳрезӣ ва тараққиёти шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин, ҳамчунин маҳаллаҳо ва гузарҳои аҳолинишин, биноҳои алоҳидаи xамъиятӣ ва иншоотҳо, идораҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ якxоя бо ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ мутобиқи меъёрҳои қобили татбиқ ва талаб ўҳдадоранд, ки талаботи операторони алоқаи барқиро xиҳати xойгиронии воситаҳои техникии онҳо ба назар гиранд.
Операторон ва хизмати алоқаи барқӣ метавонанд дар замин, дар биноҳо, дар симxубҳо, дар купрукҳо, дар трубопроводҳо, дар роҳҳо ва коллекторҳо, туннелҳои роҳи оҳан ва дигар xойҳо, бо огоҳонии пешакӣ ва агар талаб карда шавад, бо бастани шартнома бо мулқдорон ё шахсони дигаре, ки ба чунин участкаҳои замин ё иншоот ҳуқуқ доранд, такягоҳҳо, хати алоқа ва дигар иншоотҳо созанд, насб кунанд ва истифода баранд.
Корҳои сохтмон, насб ва иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ бояд бо бахисобгирии талаботи амнияти экологи ва безарар ба сифатҳои эсгетикии маҳалле, ки чунин корҳо бурда мешаванд, анxом мегиранд. Ҳамзамон барои ҳар чӣ камтар шудани зараре, ки ба моликияти хусусӣ ё ба муносибати ҳуқуқи роҳ додан расонида мешавад, xораҳо андешида мешавад. Баъди ба охир расидани ҳар гуна корҳо оид ба сохтмон, насб ё тармими шабакаи алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё худ иншоот оператори алоқаи барқӣ ўҳдадор аст, ки қитъаи замин, бино ё иншоотеро, ки дар он кор бурдааст, аз ҳисоби худ ба ҳолати аввалааш оварад.
Оператори алоқаи барқӣ ўҳдадор аст товони зареро, ки ба бино, қитъаи замин ё иншоот дар натиxаи сохтмон, насб, тармим, инчунин иcтифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ расидааст, пардозад.
Дар ҳолатҳои фавкулодда ва дар мавриди зарурати аз тарафи операторон гузаронидани корҳоӣ таъхирнопазир оид ба барқарор кардани шабакаи алоқаи барқӣ ё васлкунии иншооти алоқаи барқӣ дар қитъаи замин, дар бино ё иншоотҳои дигаре, ки моликияти шахсии ин гуна оператор нестанд, оператори алоқаи барқӣ ўҳдадор аст тамоми кушишҳоро ба ҳарx диҳад, то соҳиби қитъаи замин, бино ё дигар иншоотҳоро огоҳ намояд ва сари вақт розигии eро барои гузаронидани корҳои мутазаккира гирад. Нагирифтани ризояти соҳиб монеа ба гузаронидани ин корҳо шуда наметавонад ва оператори алоқаи барқиро аз пардохти товони ҳар гуна зарар, ки мавриди иxрои ин гуна корҳо расидааст, озод намекунанд.
Азнавсозӣ ва ба xои дигар кeчонидани иншооти алоқаи барқӣ, ки бо тақозои сохтмони нав, васеъ кардан, таxаддуди нуқтаҳои аҳолинишин ва биноҳои алоҳида, азнавсозии роҳҳо ва купрукҳо, азҳудкунии заминҳои нав, азнавсозии системаи мелиоратививу коркарди канданиҳои фоиданок рeҳ медиҳанд, аз ҳисоби супоришдиҳандаи сохтмон мувофиқи стандартҳои xоpӣ ва шартҳои техникии соҳибони шабақот ва воситаҳои алоқаи барқӣ ба xо оварда мешаванд. Ҳамзамон зиёд кардани иқтидори алоқаи барқӣ аз ҳисоби соҳибони онҳо ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 43. Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ
Рафъи оқибатҳои садама ва вайрониҳо дар шабакоти алоқаи барқӣ аз xониби операторони ин шабакаҳо ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти идораи давлатӣ ба кори бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рeйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ кумак мерасонанд.
Гузаронидани корҳо xиҳати рафъи ҳодисаҳои рeйдода дар шабакоти алоқаи барқӣ гирифтани иxозати истифодабарандагон (соҳиб, иxорагир)-и қитъаи замин, моликони бино ва ё иншоот, ки дар онҳо воситаҳои алоқаи барқӣ xойгир карда шудаанд, талаб карда намешавад. Товони зараре, ки дар натиxаи бартарафкунии оқибатҳои ҳодисаҳои рeйдода ба молик (соҳиб, иxорагир) расонида мешаванд, аз операторони дахлдор ситонида мешавад.
Товони зараре, ки ба операторон дар натиxаи ҳодисаҳои uайричашмдошт дар шабакаи алоқаи барқӣ бо гуноҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рeӣ додааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худи онҳо xуброн карда мешавад.
БОБИ VIII. МУҚАРРАРОТИ НИҲОӣ
Моддаи 44. Xавобгарӣ барои конуншиканӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 45. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар фаъолияти байналмилалӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ба сифати маъмурияти ягонаи алоқа баромад мекунад, бо маъмуриятҳои алоқаи дигар кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалии алoқa ҳамкорӣ менамояд, фаъолияти байналмилалиеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амал мебароранд, ҳамоҳанг меcозанд.
Пардохти ҳаққи узвият барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ҳатман аз тарафи давлат маблаuузорӣ карда мешавад.
Моддаи 46. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қокуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 10 майи соли 2002
№ 56
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи алоқаи барқӣ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №4, қ- 2, мод. 325)
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул карда шавад.
- Муқаррароти моддаҳои 8, 9, 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар қисми дахлдор ба мақом ва вазифаҳои мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикиcтон оиди танзими алоқа то 31 декабри соли 2003 мавриди амал қарор дода шавад.
- Иxрои муқаррароти моддаҳои 8, 9, 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар қисми дахлдор ба ваколат ва вазифаҳои мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди танзимкунии алоқа то ба мавриди амал қарор додани он ба зиммаи Вазорати алоқaи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе 10 апрели соли 2002
№ 603
ҚAРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №4, қ- 2, мод. 324)
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи алоқаи барқӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» xонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе 23 апрели соли 2002
№290