Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
10 Декабр 1999, Ҷумъа(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод.312; соли 2002, № 4, қ.1, мод.266; соли 2006, №4, мод. 192; соли 2007, №7, мод. 661; соли 2013, №7, мод. 516)
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур бо назардошти ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти давлатӣ ва xамъиятӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти uайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандию токсикомандӣ ва расонидани ёрии наркологи ба шахсони гирифтори нашъамандӣ ва токсикомандӣ мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд
Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо-фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор бо мақсадҳои илмӣ, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот, ки дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва нобуд кардан, ки бе иҷозатнома ба амал бароварда мешавад;
муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо — фаъолияти вобаста ба киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигаҳдошт, интиқол, фиристонидан, додан, фурeш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо,ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;
Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (минбаъд Квотаи давлатӣ) — миқдори муайяни воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки бо назардошти шартномаҳои байналмилалӣ, ба мақсади муомилоти қонуни аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;
Рeйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (минбаъд Рeйхати миллӣ) – номгeиҳои муназзами воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки муомилоташон манъ ё маҳдуд буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор доранд;
воситаҳои нашъадор — маводи сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар Конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рeйхати миллӣ айнан гурeҳбанд шудаанд;
моддаҳои психотропӣ — маводи сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рeйхати миллӣ айнан гурeҳбанд шудаанд;
прекурсорҳо — маводе, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рeйхати миллӣ ҳамчун асос ё ёрирасон барои истеҳсол, тайёр кардан ва коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ гурeҳбанд шудаанд;
киштукори растаниҳои нашъадор — кишт ва нигоҳубини растаниҳое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Рeйхати миллӣ айнан гурeҳбанд шудаанд;
истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ — амалиёте, ки барои ҳосил кардани пайдарпаи (сериявии) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ равона шудааст;
коркарди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ — амалиёте, ки дар натиxаи онҳо воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз омехтаҳо тоза мешаванд ё ба дигар моддаҳои ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мансуб набуда, табдил дода мешаванд;
тайёр кардани воситахои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ — амалиёте, ки дар натиxаи онҳо аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо шаклҳои барои истифода тайёри воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ё шаклҳои дорувории онҳо ҳосил карда мешаванд;
тақсимоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ — амалиёте, ки дар натиxаи он шахсони ҳуқуқии мушаххас тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори барои онҳо муайяннамудаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро барои муомилот мегиранд;
интиқоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ — аз як xо ба xои дигар бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз намуди нақлиёти истифодашуда;
воридоту содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо — гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
истеъмоли uайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ— истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур;
суиистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ – ба таври мунтазам қасдан истеъмол намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур;
соҳиб шудан ба воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – харидан, ёфта аз они худ кардан, гирифтан ба ивази дигар ашё ва мол, қарз ё ҳадя ва ба ивази қарз додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин ҷамъ намудани растаниҳои нашъадори худрӯй ё қисмҳои онҳо, ё ин ки ба боқимондаҳои ҳифзнашавандаи кишти растаниҳои нашъадор баъди ҷамъоварии онҳо ва бо дигар роҳҳо соҳиб шудан;
фиристонидани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – интиқол додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба воситаи почта ва шӯъбаҳои бағоч ва ё бо дигар тарз бе иштироки интиқолдиҳанда;
нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – ҳама гунна амалиёте, ки бо қасдона ихтиёрдорӣ намудани (бо худ, дар бино, дар пинҳонгоҳ ва дигар ҷойҳо) воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманданд;
ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо – ҳама гуна тарзҳои паҳн намудани (фурӯш,ҳадя, иваз, ба ивази қарз додан, додани қарз ва бо дигар тарз) воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
бемори нашъаманд (токсикоманд) — шахсе, ки нисбати e аз xониби сохторҳои салоҳиятдори вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории нашъамандӣ (токсикомандӣ) ташхис шудааст;
нашъамандӣ — беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар катичаи суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, ки дар Конвенсияҳои байналхалқии дахлдор ва Рeйхати миллӣ айнан гурeҳбанд шудаанд ба вуxуд омада, ба вобастагии рeҳию xисмонӣ аз онҳо тавсия мешавад;
токсикомандӣ — беморие, ки аз заҳролудшавии паиҳами организм дар натиxаи суиистеъмоли маводи доруворӣ ва маводҳои дигари ба воситаҳои нашъадор мансуб набуда ба вуxуд омада, ба вобастагии рeҳию xисмонӣ аз онҳо тавсиф мешавад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин шартномаҳои байналмилалии аз xониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, иборат аст.
БОБИ II. МОНОПОЛИЯИ ДАВЛАТӣ ДОИР БА намудҳои асосии ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР.
НАЗОРАТИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӣ ВА ПРЕКУРСОРҲО
Моддаи 4. Монополияи давлатӣ доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашаъдор. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор , моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор : киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, тақсимот, воридот ба Ҷумҳурӣ ва содирот аз он, инчунин ба нобуд кардан монополияи давлатӣ амал мекунад.
Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор аз тарафи ташкилотҳои давлатӣдар асоси иҷозатнома ва дар доираи квотаи давлатӣ сурат мегирад.
Фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор вобаста ба нигаҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурeш, соҳиб шудан ва истифодаи он дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад;
Фаъолият дар соҳаи муомилоти моддаҳои психотропӣ дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.
Фаъолият дар соҳаи муомилоти прекурсорҳо дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.
Моддаи 5. Ташкили назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз xониби Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, сурат мегирад.
Агентӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, фаъолияти мақомоти давлатиро вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо, пешгирии нашъаманда инчунин барқароркунии иxтимоии беморони нашъамандӣ, ҳамоҳанг ва назорат мекунад.
Моддаи 6. Салоҳияти Агентӣ
Агентӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти қонунии прекурсорҳо иҷозатнома (литсензия) медиҳад;
Рeйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро дар якxоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативӣ-xустуxeиро анxом дода, аз Ҷумла дар минтақаҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ мебарад;
дар сурати мавxуд будани асосҳои кофӣ барои гумонбар намудани шаҳрванд дар содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ ё xиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманд буда, ҳуxxатҳои шахсияти онҳоро тасдиқкунандаро, ҳамчунин дигар ҳуxxатҳои барои санxиши риояи қоидаҳое, ки назорати иxрояшон ба зиммаи Агентӣ гузошта шуда лозиманд, тафтиш менамояд;
тибқи тартиби муайяннамудаи қонун, шахсонеро, ки дар содир кардани xиноятҳои ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманд гумонбар шудаанд, барои муоинаи тиббӣ бо мақсади муқаррар кардани истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ аз xониби онҳо мефиристад;
аз вазорату идораҳои дахлдор маълумотҳоро, ки барои баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ, барқароркунии иxтимоии беморони гирифтори нашъамандӣ заруранд, дастрас менамояд;
якxоя бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор тартиби нигаҳдошт ва ҳифзи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои аз xониби онҳо гирифташударо тафтиш менамояд;
фаъолияти корхона, ташкилот ва муассисаҳоро доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ ва барқароркунии иxтимоии шахсони гирифтори нашъамандиро назорат менамояд;
дар бораи бартараф кардани камбудиҳои зимни тафтиш ошкоршуда дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо, дастурҳо медиҳад;
маълумотҳоро оиди талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ чамъбаст намуда, онро тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
дар муносибатҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, мубориза бар зидди муомилоти uайриқонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва барқароркунии иxтимоии нашъамандон, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ менамояд;
иxрои eҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
тибқи тартиб ва ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Агентӣ бо худ гирифта гаштан, нигоҳдории яроқи оташфишон, воситаҳои махсус, инчунин сагҳои хизматиро иxозат медихад.
Агенти дорои дигар салоҳиятҳо низ мебошад, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 7. Кормандони Агентӣ. Ҳуқуқ, eҳдадорӣ ва xавобгарии онҳо
Кормандони Агентӣ шахсонеанд, ки дар мақом ё xузъу томи он мансаби дахлдорро ишuол намуда, дорои унвони махсус мебошанд.
Кормандони Агентӣ ҳуқуқ доранд:
аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор қатъ гардондани ҳуқуқвайронкунию амалҳоеро, ки барои иxрои ваколатҳои Агентӣ халал мерасонанд, талаб кунанд ва дар сурати иxро накардани ин талаботҳо чораҳои иxбории дар қонун пешбинишударо ба кор баранд;
аз рeи парвандаҳою ҳуxxатҳои таҳти коргузории Агентӣ қарордошта, шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро ба Агентӣ даъват кунанд;
ҳангоми анxом додани амалҳои алоҳидаи xустуxeӣ, ба мақсади таъмини тартиботу амнияти xамъиятӣ, муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ба минтақаҳои алоҳидаи маҳал ё объектҳо даромадани шаҳрвандонро муваққатан маҳдуд гардонанд ё манъ намоянд;
дар мавридҳои вобаста ба ошкор кардан, пешгирӣ намудани xиноят, дастгир намудани xинояткор аз тамоми намудҳои нақлиёти xамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ, инчунин аз воситаҳои алоқа, ки ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва ба шаҳрвандон тааллуқ, доранд, бепул истифода баранд.
Ба uайр аз ин ба кормандони Агентӣ амали ҳуқуқҳое, ки дар моддаҳои 13-17 (ба uайр аз банди 1 қисми панҶуми моддаи 17), моддаи 18, моддаи 21, моддаҳои 24-34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» пешбинӣ гардидаанд, татбиқ мегардад.
Кормандони Агентӣ дорои eҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.
Таъмини нафақаи кормандони Агентӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» сурат мегирад.
Тартиб ва шарти адои хизмат дар Агентӣ мутобиқи низомномаи дахлдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
Кормандони Агентӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 9. Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, таҳия, соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард, истеҳсол, нигаҳдорӣ, додан, фурeш, тақсимот ва ҳисобу китоби воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, фақат аз тарафи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотие, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, амалӣ мегардад.
Соҳиб шудан, тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Квотаи давлатӣ амалӣ мегардад.
Номгeи таxҳизот барои тайёр кардан, коркард ва истеҳсоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин тартиби истифода ва нобуд сохтани онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Агентӣ муаяйн мекунад.
Корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо истеҳсол мекунанд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Регистри давлатӣ дохил карда мешаванд.
Тартиби хисобу китоб, нигахдорй, таксимот, додан ва фуруши воситахои нашъадор ва моддахои психотропӣ, мутобики қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофикаи Агентй мукаррар карда мешавад.
Рекламаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Моддаи 10. Хусусияти интиқол, муросилот, воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Интиқол ва муросилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, ки тибқи Қонуни мазкур литсензия доранд, сурат мегирад. Зимнан муросилоти почтавии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо манъ аст.
Барои ҳар дафъаи убур намудани сарҳади гумрукӣ бо мақсади ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва ё содир намудани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, ки иxозатнома ва сертификата намунаи байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад. Додани иxозатномаи додашуда ба дигар корхона, ташкилот ва муассиса новобаста ба он, ки онҳо литсензия барои фаъолият дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо доранд, манъ аст.
Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки бидуни литсензия ва иxозатнома ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ё аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешаванд, мусодира мегарданд.
Воридот, содирот ва интиқоли транзитии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, сурат мегирад.
БОБИ Ш. ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӣ ВА ПРЕКУРСОРҲО
Моддаи 11. Истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо мақсадҳои тиббӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати тандурустӣ бо мувофиқаи Агентӣ амалӣ мегардад.
Истифодаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар фаьолияти оперативӣ-xустуxeӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, экспертӣ (ташхисӣ) ва байторӣ аз xониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Истифодаи прекурсорҳо бо мақсадҳои тиббӣ, оперативӣ-xустуxeӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, эксперта (ташхисӣ), байторӣ, саноатӣ аз xониби вазорату идораҳои дахлдор дар мувофиқа бо Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 12. Рeйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва муомилоташон манъ ё маҳдуд аст, ба Рeйхати миллӣ дохил карда мешаванд.
Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо вобаста ба дараxаи хавфнокиашон барои саломатии инсон ҳангоми сeиистеъмоли онҳо ва бо назардошти он, ки ба кадом мақсадҳо онҳо истифода мешаванд, дар Рeйхати миллӣ гурeҳбанд мешаванд.
Рeйхати миллӣ ба таври расмӣ, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешавад.
БОБИ IV.ЧОРАҲОИ МУХОЛИФАТ БА МУОМИЛОТИ UАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӣ ВА ПРЕКУРСОРҲО
Моддаи 13. Мухолифат ба муомилоти uайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаи психотропӣ ва прекурсорҳо
Мухолифат ба муомилоти uайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз xониби мақомот ва ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда, сурат мегирад.
Мубориза бар зидди истеъмоли uайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколати ба онҳо додашуда бо мувофиқаи Агентӣ ташкил менамоянд.
Моддаи 14. Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Бо мақсади пешгирӣ намудани муомилоти uайриқонунии байналмилалии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва ошкор намудани шахсони иштирокчии ин гуна муомилот, мақомоти мувофиқи қонун ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як ҳолати алоҳида, мутобиқи шартномаҳо бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориxӣ ё дар асоси шартномаҳои байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, усули ирсоли назоратшавандаро истифода мебаранд, яъне тахта назорати худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардан ё ба транзити воситахои нашъадор, моддахои психотропӣ ва прекурсорхоро аз каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ медиҳанд.
Дар сурати қабул шудани қарор оиди истифодаи ирсоли назоратшаванда, агар давлате, ки ба он бурдани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо пешбинӣ шудааст, давлати хориxӣ бошад, пас парвандаи xиноӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оuоз карда намешавад ва дар бораи қарори қабулшуда бетаъхир Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешавад.
Ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо мумкин аст дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо огоҳӣ ва тахти назорати мақомоте (воҳидҳое), ки барои амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-xустуxeӣ ҳуқук доранд, истифода бурда шавад.
БОБИ V.ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ИСТЕЪМОЛИ UАЙРИҚОНУНИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР ВА МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӣ
Моддаи 15. Истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур манъ аст.
Таъин намудани истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо тартиби муайян намудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддан 16. Ошкор намудани шахсоне, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва uайриқонунӣ истеъмол мекунанд
Агар барои гумон намудани шахс ба истеъмоли uайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ асосҳои кофи мавxуд бошанд, e бояд дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шавад.
Воқеияти истеъмоли uайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ дар асоси натиxаҳои муоинаи тиббӣ муқаррар карда мешавад.
Муқаррар намудани ҳолатҳои мадҳушӣ салоҳияти духтуре мебошад, ки ба зиммааш вазифаи гузаронидани муоинаи тиббӣ гузошта шудааст.
Ташхиси бемории «нашъамандӣ» ё «токсикомандӣ» аз xониби комиссияи машваратии тиббӣ дар асоси натиxаҳои таҳқиқоти тиббӣ дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 17. Табобат ва баҳисобгирии шахсоне, ки uайриқонунӣ воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ истеъмол мекунанд
Табобати беморони нашъмандӣ ва токсикомандӣ дар сурати муроxиати ихтиёриашон, шахсони ба синни 16-солагӣ нарасида бошад, бо розигии волидайн ё дигар намояндагони қонунии онҳо сурат мегирад.
Табобати нашъамандӣ ва токсикомандӣ ба истиснои ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар муассисаҳои наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Беморони гирифтори нашъамандӣ ё токсикомандӣ пас аз табобат бояд таҳти мушоҳидаи диспансерӣ бо тартиб ва мeҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гиранд.
Беморони гирифтори нашъамандӣ, токсикомандӣ ва шахсоне, ки нисбати онҳо воқеияти истеъмоли uайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ муқаррар шудааст, тибқи тартиб ва ба мeҳлати муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якxоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Табобати маxбурии беморони нашъамандӣ ва токсикомандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 18. Ҳуқуқи беморон ҳангоми ба онҳо расондани кeмаки наркологӣ
Шахсоне, ки ихтиёран барои табобат аз нашъамандӣ ё токсикомандӣ муроxиат кардаанд, ҳуқуқ, доранд ба:
грифтани ёрии бемузди наркологӣ дар ҳаxми пешбининамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ниҳонӣ будани табобат, ба истиснои ҳолатҳои ба xавобгарии xиноятӣ ё маъмурӣ кашидани онҳо;
нигоҳ доштани манзилгоҳ ва xои кор дар тамоми вақти дар беморхона будан;
гирифтани варақаи корношоямӣ барои тамоми вақти дар муолиxа будан.
БОБИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
Моддаи 19. Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо
Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки аз муомилоти қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоте, ки истифодаи минбаъдаи онҳо дар муомилот номатлуб дониста мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.(ҚҶТ аз 22.07.13,№988)
Моддаи 20. Xавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур гуннаҳкоранд, тибқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Муқаррароти давраи гузариш
Муқаррар карда шавад, ки то ба таъмини пурраи Буxети давлатӣ гузаштани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаи кормандони он мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 22. Назорати иxрои Қонуни мазкур
Назорати иxрои Қонуни мазкур аз xониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеъи e буда амалӣ мегардад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 10 декабри соли 1999
№ 873
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»
(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №12, мод.313)
Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
- Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
— ба Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мутобиқ намудани қонунҳои амалкунандаи xорӣ бо Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» таклифҳо пешниҳод намояд;
— қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
Раиси Маxлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАXАБОВ
ш. Душанбе 10 декабри соли 1999
№ 874