КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 Ноябр 1998, Ҷумъа(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 22, мод. 303; соли 2006, №4, мод. 196; соли 2008, №3, мод. 201; соли 2010, №7, мод. 546; соли 2011, №3, мод. 177; №12, мод. 855; соли 2013, №3, мод. 195; соли 2015, №11, мод. 960. соли 2016, №3, мод.143;№11,мод.881; соли 2017,№1-2,мод.18)
Ф А С Л И 1
Қ О И Д А Ҳ О И У М У М ӣ
БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ОИЛА
Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кeдак дар Xумҳурии Тоxикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.
- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кeмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иxрои eҳдададориҳои худ аз xониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. (ҚҶТ аз 26.12.2011с. №791)
- Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба xо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
- Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кeдакон дар оила, uамхорӣ нисбати некeаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиu ва uайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
- Ҳангоми никоҳ ва дар муносибатҳои оилавӣ ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рeи мансубияти иxтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё динӣ, инчунин таҳсил ва молумулк манъ аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорї дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунї, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 2. Муносибатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим мегарданд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии uайримолумулкї ва молумулкиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхондӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кeдакон ба миён меоянд, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд. (ҚҶТаз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорї ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.
- Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» ба амал бароварда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иxрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.
Моддаи 4. Истифодаи қонунгузории гражданӣ дар муносибатҳои оилавӣ
Қонунгузории гражданӣ дар танзими муносибатҳои шахсии ѓайримолумулкї ва молумулкии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим нагардида бошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 5. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ
Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавxуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи гражданӣ, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу eҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи гражданӣ (қиёси ҳуқуқ), инчунин принсипи башардeстӣ, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои оилавӣ
Агар дар шартномаи байналмилалии Xумҳурии Тоxикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ истифода мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Б О Б И 2
ТАТБИҚ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ОИЛАВӣ
Моддаи 7. Татбиқи ҳуқуқи оилавӣ ва иxрои eҳдадориҳои оилавӣ
- Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва ҳуқуқҳои оилавӣ, аз xумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамоянд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Ҳуқуқи худро амалӣ намудани аъзоёни оила ва иxрои eҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон намояд.
- Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ
- Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 9. Истифодаи мeҳлати даъво дар муносибатҳои оилавӣ
Нисбати талаботе, ки аз муносибатҳои оилавӣ бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мeҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, мeҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мeҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор медиҳад.
Ф А С Л И II
АҚДИ НИКОҲ ВА ҚАТЪИ ОН
Б О Б И 3
Шарт ва тартиби БАСТАНИ аҚди никоҲ
Моддаи 10. Ақди никоҳ
- Ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад.
- Ҳуқуқу eҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.
- Ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба xо оварда шудаанд, бо ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд , баробар мебошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 11. Тартиби бастани ақди никоҳ
1.Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» ба ҷо оварда мешавад.
- Дар сурати аз xониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии ақди никоҳ шахсоне, ки хоҳиши ақди никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд.
(Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 12. Шартҳои ақди никоҳ
- Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Дар сурати мавxуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
- Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷї ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
— истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
— бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмї. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 13. Синни никоҳӣ
- Синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613).
- Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба мeҳлати на бештар аз як сол кам кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.
- Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроxиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд
Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
— байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;
— байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибї бо набераи худ); (ҚҶТ аз 12.11с.№791)
— байни бародарону хоҳарони айнӣ ва eгай ( ки аз як падар ё модаранд);
— байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;
— байни таѓо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;
— байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;
— байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмї нагузаштаанд; (Ин меъёрҳо аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор мегиранд). (ҚҶТ аз 15.07.16 с, №1290).
— байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
— байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рeҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) uайри қобили амал эътироф кардааст;
— байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртї, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропї ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст.
-байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нeшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷї ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимї аз муоинаи тиббии ҳатмї ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.
2. Машваратдиҳї оид ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимї мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 15.07.16 с, №1290).
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Б О Б И 4
ҚАТЪИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 16. Асосҳои қатъи ақди никоҳ
- Ақди никоҳ дар натиxаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.
- Ақди никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд eро uайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.
Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид ба талаби бекор кардани ақди никоҳ
- Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кeдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд.
- Маҳдудияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мўҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машѓул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 18. Тартиби бекор кардани ақди никоҳ
Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.
Моддаи 19. Бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (Хориҷ карда шудааст. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 20. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар байни зану шавҳар ба миён меоянд
Баҳсҳо дар хусуси тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблаu барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёxманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї», сарфи назар аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 21. Бекор кардани ақди ақди никоҳ дар суд
- Ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиu доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад.
- Ақди никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуxуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани ақди никоҳ ҳозир намешавад ва uайра), бекор карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 22. Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ
- Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мeҳлат диҳад.(ҚҶТ аз 20.03.08с, №382)
- Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якxояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиxаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
- Агар суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроxиат намоянд.
Моддаи 23. Бо тартиби судї бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар
- Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розї бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
- Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиѓ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштї додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавї то шаш моҳ мўҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳал менамояд
- Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиu, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблаu барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари uайри қобили меҳнати эҳтиёxманд, дар хусуси ҳаxми ин маблаu ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
- Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:
— муайян намояд, ки фарзандони ноболиu пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз падару модар зиндагӣ мекунанд;
— муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;
— бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
— бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.
- Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷї ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасї қарор диҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулк ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молумулкро ба истеҳсолоти алоҳида xудо кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 25. Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ
- Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рўзи эътибори қонунї пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ мегардад.
- Бекор кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлатї гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайди давлатї гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқӣ дорад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 26. Барқарор намудани ақди никоҳ дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки фавтида эълон шуда ё бедарак uоибшуда дониста шудааст
- Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак uоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якxояи зану шавҳар ақди никоҳро барқарор намояд.
- Агар зан ё шавҳар бо дигаре никоҳ карда бошад, ақди никоҳ барқарор карда намешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 27. Хориҷ карда шуд (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Б О Б И 5
БЕЭЪТИБОРИИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 28. Беэътибор донистани ақди никоҳ
- Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12 ва 14 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани ақди никоҳи қалбакӣ, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо ақди никоҳро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, ақди никоҳ беэътибор дониста мешавад. Ақди никоҳе, ки маxбурӣ ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи xабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 15.07.16 с, №1290).
- Ақди никоҳ аз xониби суд беэътибор дониста мешавад.
- Суд вазифадор аст, ки дар мeҳлати се рeзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани ақди никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ фиристад.
- Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур баста шуда аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд
- Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд:
— зан ё шавҳари ноболиu, падару модари e (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парасторӣ ё прокурор — агар ақди никоҳ бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида ҳангоми мавxуд набудани иxозати ақди никоҳ то ба синни ақди никоҳӣ расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиu барои талаби беэътибор донистани н ақди икоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад; (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
— зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи e ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор — агар ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар; дар натиxаи маxбуркунӣ, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;
— зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавxуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳӣ надошт, васии зан ё шавҳаре, ки uайри қобили амал эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз ақди никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари ақди никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарастӣ ва прокурор;
— прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар хусуси қалбакӣ будани он огоҳӣ надошт. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани ақди никоҳи бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд uайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парасторӣ xалб карда мешавад.
Моддаи 30. Эътиборнок донистани ақди никоҳ (санатсияи ақди никоҳ)
- Суд метавонад ақди никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
- Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани ақди никоҳе, ки бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиu талаб намояд.
- Суд метавонад ақди никоҳи қалбакиро ҳақиқӣ эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки ақди никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношeӣ ба вуxуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилавӣ розӣ бошанд, ба шарте, ки ҳақиқӣ донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.
- Ақди никоҳ пас аз бекор кардани он uайриҳақиқӣ дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуxуд доштани дараxаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар ақди никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.
Моддаи 31. Оқибати ақди никоҳи беэътибор донисташуда
- Ақди никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу eҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.
- Нисбати молу мулки якxоя бадастовардаи шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон дар бораи моликияти умумии саҳмӣ истифода мешавад. Аҳдномаи ақди никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Беэътибор донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқи кeдаконе, ки аз ин ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рeзи баъди беэътибор донистани ақди никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).
- Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими молу мулки то рeзи беэътибор донистани ақди никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро татбиқ кунад, инчунин шартномаи ақди никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
Зан ё шавҳаре, ки дар натиxаи бастани ақди никоҳи аз xониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон xуброни зарари моддӣ ва маънавии ба e расонидашударо талаб намояд.
- Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насаберо, ки ҳангоми сабти ақди никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Ф А С Л И III
ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ ЗАНУ ШАВҲАР
Боби 6
ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВҲАР
Моддаи 32. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила
- Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуuл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст.
- Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якxоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кeмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некeаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон uамхорӣ кунанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 33. Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби насаб
- Зану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд.
- Интихоби насаби зану шавҳар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» амалї карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
БОБИ 7
ҲУҚУҚИ МОЛУМУЛКИИ ЗАНУ ШАВҲАР
Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар
- Молу мулки, ки зану шавҳар дар давраи заношeӣ xамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Даромаде, ки зану шавҳар дар натиxаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, ашёҳои харидаашон, қоuазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва uайриманқули дар давоми заношeӣ xамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблаu гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношeӣ хоxагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар
- Ҳуқуқи соҳибї, истифода ва ихтиёрдорї кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Ҳангоми аз xониби зан ё шавҳар анxом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ чунин тасаввур мешавад, ки e бо розигии ҳамсари худ амал мекунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Муомилоте, ки аз xониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ анxом дода шудааст, аз xониби суд қисман бо сабаби мавxуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме, uайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроxиат намояд ва танҳо дар сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд норозӣ будани тарафи дигарро барои анxом додани чунин муомилот медонист. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- 3. Барои ба анҷом расонидани муомилот вобаста ба ихтиёрдорї кардани молу мулки uайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи наториалии давлатї тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатї тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш таалуқ дошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблаѓе, ки ҳамсараш аз фурўши молу мулки ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рeзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иxрои чунин муомилот ё пардохти пули онро талаб намояд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар
- Молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношeӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Ашьёи истифодаи шахсӣ (либос пойафзол ва uайра), ба истиснои xавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношeӣ аз ҳисоби маблаuҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
- Суд метавонад молу мулкеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми xудо зиндагӣ карданашон xамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо
Молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношeӣ аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати e саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавxиҳозонӣ ва uайра), ки дар натиxаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 38. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
- Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношeӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз xониби қарздиҳанда талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблаuи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношeӣ он қисми молу мулки умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ xамъ кардаанд, моликияти умумии онҳоро ташкил медиҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Молу мулки умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулки он ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиxоратӣ ва uайритиxоратӣ ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.
- Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиuи худ гузоштаанд, молу мулки мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими молу мулки, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Нисбати талаби зану шавҳари xудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношeӣ xамъ овардаанд, мeҳлати сесолаи даъво истифода мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 39. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
- Ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиu, инчунин фарзандони болиѓи корношоями эҳтиёҷманд ё манфиати қобили таваxxeҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати xой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваxxeҳ мумкин аст зиёд карда шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Ҳангоми тақсими молу мулки умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои e муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари e метавонад xубронпулӣ ё xуброни дигар муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад.
- Ашёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиu харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои кeдакона ва uайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо e зиндагӣ мекунанд, бе xуброн гузошта мешаванд.
Б О Б И 8
АҲДНОМАИ НИКОҲ
Моддаи 40. Аҳдномаи никоҳ
Аҳдномаи никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкї ва eҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношeӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 41. Бастани аҳдномаи никоҳ
- Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношeӣ баста шавад.
Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рeзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
- Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷї ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмї буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
- Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз xониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.
Моддаи 42. Мундариxаи аҳдномаи никоҳ
- Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) таuйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ xамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавxуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу eҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароxоти оиларо аз xониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавї ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №382), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мeҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
- Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё молу мулкии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроxиат ба суд xиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ѓайримолумулкии байни зану шавҳар; ҳуқуқу eҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёxмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну мeҳтавои қонунҳои оила бошанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷї ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмї пешбинї карда шаванд:
— муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
— ўҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
— бо манзили истиқоматии шахсї таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
— нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 43. Таuйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ
- Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар таuйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи таuйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад. (ҚҶТ 24.02.2017, №1395)
Ба якxониба рад намудани иxрои аҳдномаи никоҳ иxозат дода намешавад.
- Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон таuйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
- Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба uайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.
- Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинї шудаанд, таѓйир додан манъ аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
Моддаи 44. Беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ
- Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон барои беэътибории аҳдҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Аҳдномаи никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.
Моддаи 45. Шартномаҳои дигар доир ба молу мулк
Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиuи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадя, хариду фурeш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
БОБИ 9
МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВҲАР АЗ РEИ EҲДАДОРИҲО
Моддаи 46. Ситонидани маблаu аз молу мулки зану шавҳар
- Аз рeи eҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблаu танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулк кредитор ҳақ дорад xиҳати ситонидани қарз xудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз молу мулки умумии онҳо талаб кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Ситонидани маблаu аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рeи eҳдадориҳои умумии зану шавҳар, инчунин он аз рeи eҳдадориҳои яке аз онҳо сурат мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳамаи чизҳои мувофиқи eҳдадорӣ гирифтаи зан ё шавҳар барои эҳтиёxоти оила масраф шудаанд (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
- Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблаѓи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблаѓ мувофиқан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиuашон расонидаанд, тавассути қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 47. Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, таѓйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ
- Ҳамсар ўҳдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, таѓйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадорї, ҳамсар аз рўи ўҳдадориҳои худ, новобаста ба мўҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад.
- Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан таѓйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Ф А С Л И IV
ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН
БОБИ 10
МУҚАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН
Моддаи 48. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар ва фарзандон
Ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.
Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу насаби кeдак
- Аслу насаби кeдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кeдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кeдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.
- Агар кeдак аз шахсоне, ки бо ҳам ақди никоҳи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандї ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рeзи пас аз қатъи ақди никоҳ ё беэътибор донистани ақди никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кeдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин Кодекс). (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Агар модар арз кунад, ки падари кeдак шавҳари (шавҳари собиқи) e нест, падари кeдак мувофиқи қоидаҳои муқаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
- Падар будани шахсе, ки бо модари кeдак ақди никоҳ надорад, бо роҳи аз xониби падару модари кeдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани ариза; дар сурати фавти модар, uайри қобили амал эътироф гардидани e, имконнопазирии муайян намудани маҳали буду боши модар ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудани e бошад, дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофиқаи мақоми васояту парасторӣ ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми мавxуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кeдак uайриимкон ё мушкил мебошад, падару модари кeдаки оянда, ки ақди никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо чунин ариза муроxиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кeдак сурат мегирад.
- Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоuат расида танҳо бо розигии e ва агар ин шахс uайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васӣ ё мақоми васояту парастории e мумкин аст.
Моддаи 50. Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ
- Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кeдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кeдак, аслу насаби кeдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кeдак, аризаи шасхе, ки кeдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоuат расидан дар асоси аризаи худи кeдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.
- Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоxагии якxоя бо модари кeдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кeдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз xониби шахси мушаххас таваллуд шудани кeдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз xониби xавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.
Моддаи 51. Аз xониби суд муқаррар намудани далели эътирофи падарӣ
Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кeдак эътироф мекард, вале бо модари кeдак ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани e метавонад аз рeи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузориии мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби судӣ муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 24.02.2017,№395)
Моддаи 52. Хориҷ карда шуд (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 53. Баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ)
- Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кeдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кeдак аз шахсони дар он зикргардида буда он танҳо ба тартиби судӣ бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кeдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кeдак мебошад, инчунин аз xониби васии падару модари қудак, инчунин худи кeдак ҳангоми расидан ба синни балоuат, васии падар ё модари аз тарафи суд uайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.
- Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» падари кeдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падарӣ қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс медонист, ки e воқеан падари кeдак намебошад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кeдак сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кeдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани e ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба e сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс кунад. Агар то ин муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиu ҳисоб шавад, мeҳлати як сол аз рeзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани e ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 54. Ҳуқуқу eҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд
Агар муқаррар намудани ҳуқуқи падарї мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу ақрабояшон дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳое мебошанд, ки кўдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳбаста доранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
БОБИ 11
ҲУҚУҚИ КEДАКОНИ НОБОЛИU
Моддаи 55. Ҳуқуқи кeдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила
- Кeдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоuат) нарасидааст.
- Ҳар кeдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кeдак ба uамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаxониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.
Дар сурати набудани падару модар, аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кeдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс аз xониби мақомоти васояту парасторӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 56. Ҳуқуқи кeдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо
- Кeдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз xониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии xудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кeдак таъсир намерасонад.
Дар сурати xудо зиндагӣ кардани падару модар кeдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кeдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.
- Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, дар маҳбас нигоҳ доштан, дар муассисаи тиббӣ будан ва uайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 57. Ҳуқуқи кeдак ба ҳимоя
- Кeдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кeдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.
- Кeдак ҳуқуқ дорад аз сeиистифодаи падару модар (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.
Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кeдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани eҳдадориҳо аз xониби падару модар (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кeдак ё суиистифода аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кeдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ xиҳати ҳимоя аз xониби онҳо ба суд муроxиат кунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кeдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кeдак дар оила огоҳӣ пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кeдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кeдак чораҳои зарурӣ андешад.
Мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарурӣ бо xалби намояндагони мақомоти корҳои дохилї ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ кардани кeдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст, бемонеа ворид шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 571. Ҳуқуқи кўдак барои озодона изҳор намудани фикри худ
- Кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гунна масъалаҳои оилавї, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судї ва маъмурї иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз сини даҳсола боло ҳатмї мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторї ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намояд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Муассисаҳои таълимии томактабї ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумї, мақомоти давлатї, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятї ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кўдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 58. Ҳуқуқи кўдак ба доштани насаб, ном ва номи падар
- Кўдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
- Тартиби номгузорї ва сабти насаб, ном ва номи падари кўдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» амалї мегардад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 59. Хориҷ карда шуд (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 60. Ҳуқуқи молу мулкии кeдак
- Кeдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз падару модари худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад.
- Кeдак ба даромади бадастоварда, молу мулки ҳадя ё меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба e тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
Ҳуқуқи кeдак барои ихтиёрдории молу мулки таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории граждании Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
Дар сурати ваколати идоракунии молу мулки кeдакони ноболиuро анxом додани падару модар нисбат ба онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунҳои гражданӣ дар мавриди ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти парасторӣ гирифташуда пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
- Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар, кeдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба молу мулки кeдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якxоя зиндагӣ мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
- Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кeдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умумӣ тибқи қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
БОБИ 12
ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР
Моддаи 61. Баробарии ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар
- Падару модар нисбати фарзандонашон ҳуқуқу eҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи падару модар).
- Ҳуқуқҳои падару модар, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоuат) расидани кeдакон, инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани кeдакони ноболиu ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз xониби кeдакон то ба синни балоuат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал, қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 62. Ҳуқуқи падару модари ноболиu
- Падару модари ноболиu ҳуқуқ доранд бо кeдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи e иштирок намоянд.
- Падару модари ноболиu, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кeдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиu ба кeдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якxоя бо падару модари ноболиu тарбияи кeдакро анxом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кeдак ва падару модари ноболиu ба миён меоянд, аз xониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
3.Падару модари ноболиѓ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумї барои эътироф намудани падарї ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо ба тартиби муқаррарнамудаи судї ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарї ва модариро нисбати фарзандонашон доранд. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
Моддаи 63. Ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон
- Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу eҳдадорӣ мебошанд.
Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули xисмонӣ, рeҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомeзии фарзандонашон uамхорӣ намоянд.
Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
- Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд.
Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз xониби онҳо гирифтани маълумоти умумии асосӣ интихоб намоянд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадорї ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 64. Ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон
- Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кeдакони ноболиu ба зиммаи падару модари онҳо гузошта мешавад.
Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатї, судї, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеї ва ҳуқуқї, бе ваколатҳои махсус ҳимоя менамоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуxуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кeдакон мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд xиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кeдакон намоянда таъин кунанд.
Моддаи 65. Татбиқи ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар
- Ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзeи асосии uамхории падару модар бошад.
- Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии xисмонию рeҳии кeдак ва такомули маънавии e зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кeдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, даuалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кeдак ё суиистифода ва истисмори кeдакро аз xониби падару модар истисно кунанд.
Падару модаре, ки ҳуқуқу eҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кeдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
- Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро падару модар бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кeдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати xой доштани ихтилофот, падару модар (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотхо метавонанд ба мақоми васояту парасторӣ ё суд муроxиат кунанд.
- Xои истиқомати кeдак дар сурати xудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кeдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кeдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кeдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кeдак мавxуд аст, имконоти ба кeдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи моддӣ ва оилавии падару модар ва uайраро) ба инобат мегирад.
Моддаи 66. Татбиқи ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар аз xониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш xудо зиндагӣ мекунад
- Падар ё модаре, ки аз фарзанд xудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кeдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи e ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кeдак иштирок намояд.
Падар ё модаре, ки фарзанд бо e зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу eҳдадориҳои худ аз xониби падар ё модаре, ки xудо зиндагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд.
Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби падару модар (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, ҳал менамояд.
- Дар сурати иxро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузориии мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иxро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кeдак ва фикру хоҳиши e, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки xудо зиндагӣ мекунад, дар хусуси ба e додани кeдак ҳалнома қабул намояд. (ҚҶТ аз 24.02.2017,№395)
- Падар ё модаре, ки аз кeдак xудо зиндагӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва uайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кeдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавxуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 67. Ҳуқуқи бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон барои муошират бо кeдак
- Бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират бо кeдак ҳуқуқ доранд.
- Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кeдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
- Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд xиҳати рафъи монеаи муошират бо кeдак ба суд бо даъво муроxиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кeдак ва фикру хоҳиши e ҳал менамояд.
Дар сурати иxро накардани ҳалномаи суд нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 68. Ҳимояи ҳуқуқи падару модар
- Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроxиат намоянд.
Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кeдак метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кeдак ба манфиати кeдак нест.
- Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кeдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори e қодир нестанд, он гоҳ суд кeдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторї медиҳад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ
- Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:
— аз иxрои eҳдадориҳои падару модарӣ, аз xумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;
— бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намоянд;
— аз ҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намоянд;
— ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз xумла нисбати онҳо зeроварии xисмонӣ ё рeҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии xинсии онҳо сeиқасд намоянд;
— майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;
— бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан xиноят содир карда бошанд.
Моддаи 70. Тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ
- Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ ба амал бароварда мешавад.
Парвандаи оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар асоси аризаи яке аз падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кeдакони ноболиu ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парасторӣ, муассисаҳо барои кeдакони ятим ва кeдакони аз uамхории падару модар маҳруммонда ва uайра), баррасӣ мегардад.
- Парвандаҳои оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
- Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кeдак ситонидани алиментро аз падару модари (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта ҳал мекунад.
- Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар амалҳои падару модар (яке аз онҳо) аломатҳои кирдори сазовори xазои xиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огоҳ созад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 71. Оқибати маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ
- Падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кeдак муайян шудаанд, аз xумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс аз кeдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.
- Маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
- Масъалаи минбаъд якxоя зиндагӣ кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.
- Кeдаке, ки нисбати e падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молу мулкии дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кeдак ё дар сурати аз ҳуқуқи падару модар маҳрум шудани падару модар кeдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад.
- Ба фарзандхондӣ гирифтани кeдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модарї маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани мeҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 72. Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ
- Ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кeдак ба тарафи мусбӣ таuйир ёфта бошад.
- Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.
- Ҳамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст талаби баргардонидани кeдак ба падару модар баррасӣ карда шавад.
- Суд метавонад бо назардошти фикри кeдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кeдак бошад.
Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кeдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри e мумкин аст.
Агар кeдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхондӣ беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин нест.
Моддаи 73. Гирифтани кeдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ
- Суд метавонад бо назардошти манфиати кeдак дар бораи гирифтани кeдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома қабул намояд.
- Гирифтани кeдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кeдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рeҳӣ ё дигар бемории кeҳна, шароити вазнин ва uайра) барои кeдаки ноболиu хатарнок бошад.
Гирифтани кeдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кeдак бо падару модар (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кeдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ асоси кофӣ вуxуд надорад. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар давоми шаш моҳи баъди аз xониби суд гирифтани кeдак рафтори худро ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани e даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд ба манфиати кeдак то гузаштани ин мeҳлат дар мавриди маҳрум кардани падар ё модар ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ даъво пешниҳод кунанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Даъво дар хусуси гирифтани кeдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кeдакони ноболиuро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кeдак, инчунин прокурор пешниҳод шуда метавонад.
- Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
- Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кeдак аз падару модар (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.
- Суд вазифадор аст, ки дар мўҳлати 3 рўзи баъди эътибори қонунї пайдо кардани ҳалномаи судї оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарї, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кўдак фиристад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 74. Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ
- Падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кeдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кeдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.
- Аз падару модар гирифтани кeдак падару модарро аз eҳдадории таъминоти e озод намекунад.
- Кeдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молу мулкиеро, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз xумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Кўдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторї супорида мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 75. Муоширати кeдакон бо падару модаре, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст
Ба падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кeдак иxозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кeдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кeдак хатарнок набошад. Муоширати падару модар бо кeдак бо розигии мақомоти васояту парасторӣ ё васӣ (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кeдак дар он мебошад, мумкин аст.
Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ
- Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ сабаб шуда, аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои падару модар (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кeдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳалнома қабул намояд.
- Суд бо назардошти фикру хоҳиши кeдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кeдак хилофи манфиатҳои кeдак бошад.
Моддаи 77. Гирифтани кeдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии e
- Дар сурати xой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кeдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кeдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки e таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.
- Дар сурати бетаъхир гирифтани кeдак мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан xойгир намудани кeдакро таъмин намояд ва дар мeҳлати ҳафт рeзи пас аз тартиб додани санади санxиш ва хулоса дар бораи гирифтани кeдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ба суд муроxиат намояд.
Моддаи 78. Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кeдакон
- Ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кeдакон сарфи назар аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро кӣ пешниҳод кардааст, мақоми васояту парасторӣ бояд xиҳати иштирок дар баррасии парванда xалб карда шавад.
- Мақoми васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии кeдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани eро дорад, санxиш намуда, ба суд санади санxиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.
Моддаи 79. Иxрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кeдакон
- Иxрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кeдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз xониби иxрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Иxрои маxбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кeдакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парасторӣ ва шахсе (шахсоне), ки кeдак ба e дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти корҳои дохилї ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Ҳангоми uайриимкон будани иxрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кeдак бе расонидани зарар ба манфиати кeдак, e тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд xойгир карда шуданаш мумкин аст.
- Агар падар ё модар (шахси дигар, ки кўдак таҳти парастории ў қарор дорад) барои амалї кардани ҳалномаи суд монеагї намояд, нисбати ў чораҳое, ки дар қонунгузории мурофиавии гражданї пешбинї гардидаанд, татбиқ карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Ф А С Л И V
EҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ОИЛА
БОБИ 13
EҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН
Моддаи 80. Eҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиu
- Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиѓи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.
- Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиuи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
- Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблаu барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиu ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиu даъво пешниҳод кунад.
Моддаи 81. Андозаи алименте, ки барои кeдакони ноболиu тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад
- Ҳангоми мавxуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиu суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерeёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он — нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.
- Ҳаxми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваxxeҳ аз xониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
- Агар кeдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти xамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблаuҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кeдакони дар муассисаҳои кeдаконаи давлатӣ xойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаxми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 82. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кeдакони ноболиu алимент ситонида мешавад
Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори миллї ва (ё) асъори хориxӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кeдакони ноболиu тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз xониби Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 83. Ба маблаuи устувор ситонидани алимент барои кeдакони ноболиu
- Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кeдакони ноболиu ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё таuьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориxӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблаuи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблаuи устувор муайян намояд.
- Андозаи маблаuи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараxаи пештараи таъминоти кeдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваxxeҳ муайян карда мешавад.
- Агар дар назди ҳар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблаuи устувори пулӣ, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.
Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд
- Барои кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кeдак пардохта мешавад.
- Алименте, ки аз падару модар барои кeдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кeдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.
Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблаuро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панxоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблаuи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кeдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кeдак, маблаuи алименти барои e гирифташуда ва панxоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шeъбаи бонки амонатгузории Xумҳурии Тоxикистон ба суратҳисоби шахсии кeдак гузаронида мешавад.
Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиuи uайри қобили меҳнат ба алимент
- Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиuи uайри қобили меҳнати ба кeмак эҳтиёxманди худро таъмин намоянд.
- Дар сурати мавxуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаxми алиментро, ки барои кeдакони болиuи uайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо муайян менамояд.
Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиuи таҳсилкунанда ба алимент
- Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоuат расида, ки донишxeёни таҳсили рeзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбї мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Иштироки падару модар дар хароxоти иловагӣ барои фарзандон
- Дар сурати мавxуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маиб шудани кeдакони ноболиu ё болиuи uайри қобили меҳнати эҳтиёxманд, зарурати пардохти маблаu ба бегонагон барои нигоҳубин ва uайра) ҳар яке аз падару модар аз xониби суд барои иштирок намудан дар хароxоти иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо xалб шуданаш мумкин аст.
Тартиби иштироки ҳар кадоме аз падару модарро дар хароxоти иловагӣ аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо бо маблаuи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта мешавад, муайян мегардад.
- Суд ҳуқуқ дорад падару модарро барои иштирок намудан дар хароxоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароxоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад, вазифадор созад.
Моддаи 88. Eҳдадории фарзандони болиu барои нигоҳубини падару модар
- Фарзандони болиuи қобили меҳнат eҳдадоранд, ки падару модари uайри қобили меҳнати ба кeмак мeҳтоxи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо uамхор бошанд.
- Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари uайри қобили меҳнати мeҳтоx, аз фарзандони болиuи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.
- Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо бо маблаuи устувор муайян карда мешавад.
- Бо талаби xавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиѓи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Фарзандон аз eҳдадориҳои таъмини падару модари uайри қобили меҳнати мeҳтоxи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар аз иxрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.
Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.
Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиu дар пардохтани хароxоти иловагӣ барои падару модар
- Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиu нисбати падару модари uайри қобили меҳнат uамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблаuи нигоҳубин барои бегонагон ва uайра) суд метавонад фарзандони болиuи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароxоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, xалб намояд.
- Андоза ва тартиби пардохти хароxоти иловагӣ аз xониби ҳар фарзанди болиuи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
3.Тартиби пардохти хароxоти иловагӣ ва андозаи ин хароxотро бо созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.
БОБИ 14
EҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ ЗАНУ ШАВҲАР ВА ЗАНУ ШАВҲАРИ СОБИҚ
Моддаи 90. Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар
- Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз xиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.
- Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблauи зарурӣ дорад, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:
— зан ё шавҳари uайри қобили меҳнати эҳтиёxманд;
— зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
— зан ё шавҳари мeҳтоxе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурeҳи якумро нигоҳубин мекунад.
Моддаи 91. Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ
- Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблаuи заруриро доранд алимент талаб кунанд:
— зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
— зан ё шавҳари собиқи мeҳтоxе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурeҳи якумро нигоҳубин мекунад;
— зан ё шавҳари собиқи uайри қобили меҳнати мeҳтоxе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани ақди никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;
— зан ё шавҳари мeҳтоxе, ки на дертар аз панx соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панx сол дар ақди никоҳ буда бошанд.
- Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани ақди никоҳ тибқи созишномаи байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст
Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби судӣ барои таъминоти зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ ситонида мешавад
Дар сурати мавxуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оиди пардохти алимент андозаи алименте, ки ба тартиби судӣ ҳар моҳ барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблаuи устувор бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо муайян мегардад.
Моддаи 93. Аз eҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани мeҳлати eҳдадорӣ
Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи ақди никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин аз eҳдадории таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мeҳлати ин eҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад:
— агар корношоямии зан ё шавҳари мeҳтоx дар натиxаи суиистеъмол намудан аз машруботи спиртї, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропї ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда ё қасдан xиноят содир намудани e ба амал омада бошад; (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
— агар хонадории зану шавҳар камтар аз панx сол давом карда бошад;
— агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.
Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
— агар зан ё шавҳари мeҳтоxи корношоям вафот кунад;
— агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;
— агар зан ё шавҳари мeҳтоxи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.
БОБИ 15
EҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА
Моддаи 95. Eҳдадории бародарону хоҳарон оиди таъминоти бародарону хоҳарони ноболиu ва болиuи корношоями худ
Бародарону хоҳарони ноболиuи мeҳтоxи ёрӣ дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби судӣ аз бародарону хоҳарони болиuи қобили меҳнати худ, ки маблаuи заруриро доранд, алимент гиранд. Чунин ҳуқуқ инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиuи мeҳтоxе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиuи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё падару модарашон таъминотпулӣ гирифта натавонанд.
Моддаи 96. Eҳдадории бобою бибӣ (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ
Набераҳои ноболиuи мeҳтоxи ёрӣ дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблаuи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.
Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони корношоями болиuи мeҳтоxе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё падару модарашон таъминот гирифта натавонанд.
Моддаи 97. Eҳдадориҳои набера оид ба таъминоти бобою бибӣ (модаркалон)
Бобою бибии (модаркалони) мeҳтоxи корношоям дар сурати аз фарзандони болиuи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиuи қобили меҳнати худ, ки дорои маблаuи зарурӣ мебошанд, алимент талаб кунанд.
Моддаи 98. Eҳдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти падарандар ва модарандар
- Падарандар ва модарандари корношоями мeҳтоxе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиuи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиuи қобили меҳнат, ки маблаuи зарурӣ доранд, ба тартиби судӣ таъминот талаб намоянд.
- Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо eҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анxом дода бошанд.
Моддаи 99. Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад
- Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
- Дар сурати мавxуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваxxeҳи тарафҳо дар шакли маблаuи устувори ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
- Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар eҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иxрои eҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби xавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент eҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.
БОБИ 16
Созишномаи пардохти алимент
Моддаи 100. Бастани созишномаи пардохти алимент
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати uайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент — дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.
Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент
- Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлатї тасдиқ карда мешавад.
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст.
- Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлатї тасдиқ шудааст, дорои эътибори варақаи иxро мебошад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 102. Тартиби бастан, иxро намудан, таuйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент
- Бастан, иxро намудан, таuйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рeи меъёрҳои Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад, ки бастан, иxро намудан, таuйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ тавассути онҳо танзим мегарданд.
- Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо таuйир дода ё бекор шуда метавонад. Таuйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
- Якxониба иxро накардани созишномаи пардохти алимент ё якxониба таuйир додани шартҳои он мумкин нест.
- Дар сурати xиддӣ таuйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми таuйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси таuйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи таuйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваxxeҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад
Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кeдакони ноболиu ё аъзои болиuи uайриқобили амали оила манфиати онҳоро поймол кунад, аз xумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин Кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кeдаки ноболиu ё кeдаки аъзои болиuи uайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парасторӣ ё прокурор ба тартиби судӣ беэътибор донистан мумкин аст.
Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад
- Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз xониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
- Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кeдакони ноболиu муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 ҳамин Кодекс) камтар буда наметавонад.
Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент
- Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.
- Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблаuи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.
Моддаи 106. Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент сурат мегирад
Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома сурат мегирад. Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби дигари индексатсияи андозаи алимент пешбинӣ нашуда бошад, индексация мутобиқи моддаи 118 ҳамин Кодекс сурат мегирад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №952), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
БОБИ 17
ТАРТИБИ ПАРДОХТ ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ
Моддаи 107. Бо ҳалномаи суд ситонидани алимент
Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроxиат намоянд.
Моддаи 108. Мeҳлати муроxиат барои гирифтани алимент
- Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мeҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроxиат кунад.
- Алимент барои давраи баъди муроxиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мeҳлати сесола аз лаҳзаи муроxиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроxиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кeшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.
Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани алимент
- Аз рeи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кeдакони ноболиu ситонидани алимент — то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
- Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кeдакони ноболиu ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 110. Eҳдадории маъмурияти ташкилот дар бораи доштани алимент
Маъмурияти ташкилоти xои кори шахсе, ки eҳдадор аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз xониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иxро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки eҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рeзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.
Моддаи 111. Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент
Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз xониби нотариус тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблаuи умумии нигоҳдошташаванда дар асоси созишнома ва варақаҳои иxро аз панxоҳ фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад.
Моддаи 112. Eҳдадории додани маълумот дар хусуси таuйири xои кори шахси алиментдиҳанда
- Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз xониби идораи наториалии давлатй тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рeз ба иxрочии суди маҳали иxрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси xои нави кор ё истиқомати e хабар диҳад.
- Шахсе, ки барои додани алимент eҳдадор аст, бояд дар мeҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ба иxрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани xои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кeдакони ноболиu инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловагӣ хабар диҳад.
- Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 113. Ситонидани маблаu аз ҳисоби молу мулки алиментдиҳанда ҳангоми додани алимент
- Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблаuи алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари кредитӣ мебошанд, инчунин аз маблаuҳои тибқи қарордод дар ташкилотҳои тиxоратию uайритиxоратӣ гузошта шудаанд, ба uайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.
Дар сурати нокифоя будани ин маблаu алимент аз ҳисоби ҳама гуна молу мулки алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблаu ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Ситонидани алимент аз ҳисоби маблаuи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари e мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоxикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста ба алимент
- Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иxро барои мeҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иxро ё созишномаи аз xониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.
- Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иxро ё созишномаи аз xониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки eҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мeҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин Кодекс муқарраргардида барои тамоми давра ситонида мешавад.
- Андозаи қарзро иxрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
- Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс барои кeдаки ноболиu додашаванда бо назардошти музди воқеии меҳнат ва даромади дигари қарздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар қарздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиқкунандаи музди меҳнат ва даромади дигари e пешниҳод нагарданд, қарз дар асоси музди миёнаи меҳнат дар Xумҳурии Тоxикистон дар лаҳзаи ситонидани қарз муайян карда мешавад.
- Агар чунин муайянкунии қарз манфиати яке аз тарафҳоро xиддӣ поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроxиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваxxeҳ қарзро бо маблаuи устувори пулӣ муайян кунад.
- Ҳангоми розӣ набудан бо муайянкунии қарзи алимент аз xониби иxрочии суд ҳар яке аз тарафҳо метавонад тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали иxрочии суд шикоят кунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 115. Озод кардан аз додани қарзи алимент
- Ҳангоми додани алимент барои кeдакони ноболиu бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.
- Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда eро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии e имконият намедиҳад, ки қарзашро пeшонад.
Моддаи 116. Масъулият барои сари вақт напардохтани алимент
- Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки eҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома xавобгар мебошад.
- Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблаuи напардохтаи алимент барои ҳар рeзи гузаронидашуда дар ҳаxми 0,1 фоиз xаримаи аҳдшиканӣ месупорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент eҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анxом надодани eҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми xаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.
Моддаи 117. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва пас талаб карда руёнидани алимент
- Пардохтҳои алиментӣ аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат гирифта наметавонад.
- Пас талаб карда гирифтани маблаuи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:
— бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби маълумоти бардурўѓ ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда; (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
— беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зeроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;
— бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иxро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.
- Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз xониби намояндаи кeдаки ноболиu ё аъзои болиuи uайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблаuи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои шахси барои пардохти алимент eҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.
Моддаи 118. Индексацияи пардохтҳои алимент
- Маблаuи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз xониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнатӣ тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад.
- Ба мақсади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблаuи устувори пулӣ, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати доимӣ ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда
- Шахсоне, ки барои сукунати доимӣ ба давлате мераванд, ки Xумҳурии Тоxикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иxрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хаттӣ ба имзо расонанд ва он бояд аз xониби нотариус тасдиқ арда шавад.
- Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроxиат карда, дар шакли маблаuи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблаuи алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 120. Таuйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент
- Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда таuир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми таuйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваxxeҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
- Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоuатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент eҳдадоршуда қасдан xиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиuи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиuи қобили амал рад намояд.
Моддаи 121. Қатъ гардидани eҳдадориҳои алимент
- Eҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мeҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
- Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
— дар сурати ба балоuат расидани кeдак ё дар ҳолати то ба балоuат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кeдакони ноболиu;
— баъди фарзандхондӣ шудани кeдаке, ки барои таъминоти e алимент ситонида мешуд;
— пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбї хатм кардани кeдакони ба балоuатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани онҳо; (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
— ҳангоми аз xониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мeҳтоxии алиментгиранда;
— дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мeҳтоxи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс); (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
— вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент eҳдадор аст.
Ф А С Л И VI
ШАКЛҲОИ ТАРБИЯИ КEДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР МОНДААНД
Б О Б И 18
ОШКОР ВА XОБАXОКУНИИ КEДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР МОНДААНД
Моддаи 122. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд
- Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кeдакон дар ҳолатҳои фавти падару модар, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, uайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тeлонӣ uайриҳозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз xумла ҳангоми аз xониби падару модар рад кардани гирифтани кeдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории падару модар, ба зимаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.
Мақомоти васояту парасторӣ кeдаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории падару модар усули xобаxосозии кeдакони бе парастории падару модар мондаро (моддаи 124 ҳамин Кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амалӣ менамоянд.
Ба uайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва xобаxокунии кeдакони бе парастории падару модар монда, иxозат дода намешавад.
- Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти иxрояи маҳаллии ҳокимияти давлатї мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї барои амалӣ намудани васояту парастории кeдакони бе парастории падару модар монда аз xониби мақомоти зикргардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 123. Ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кeдакони бе парастории падару модар монда
- Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кeдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, eҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории маҳали воқеии зисти кeдакон хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Мақоми васояту парасторӣ дар мeҳлати се рeз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар eҳдадор аст шароити зисти кeдакро санxида, дар сурати муқаррар намудани далели аз парастории падару модар ё хешу ақрабо маҳрум будани e, то ҳал гардидани масъалаи xобаxокунии кeдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои eро таъмин намояд.
- Роҳбарони муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кeдакони бе парастории падару модар монда xойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мeҳлати ҳафт рeз аз рeзи барояшон аён гардидани он, ки кeдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали xойгиршавии муассисаи мазкур хабар диҳанд.
- Барои иxро накардани eҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурeu, инчунин барои дигар кирдоре, ки xиҳати пинҳон кардани кeдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парасторӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
- Тартиби ошкоркунї ва баҳисобгирии кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 124. Xобаxокунии кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд
- Кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхондӣ), тaҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавxуд набудани чунин имконият тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисаҳои кeдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кeдакони бе парастории падару модар монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) xойгир карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Ҳангоми xобаxо намудани кeдак бояд баромади этникии кeдак, мансубияти мазҳабӣ ва фарҳангӣ, забони модарӣ, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар гирифта шавад.
- То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида xобаxокунии кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иxрои вазифаи ваcӣ (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.
БОБИ 19
ФАРЗАНДХОНДӣ
Моддаи 125. Кeдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст
- Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошанд.
- Фарзандхондӣ нисбати кeдакони ноболиu танҳо манфиатҳои онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонї, рўҳї, маънавї ва ахлоқии кўдак иҷозат дода мешавад.
- Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз xониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кeдак мебошад, иxозат дода намешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторї ва номгўи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторї муайян мекунад.
(ҚҶТ аз 23.11.15с.№1239)
Моддаи 126. Тартиби ба фарзандхондӣ қабул кардан
- Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кeдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.
Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор баррасӣ мегардад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кeдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхондӣ гирифтани кeдак ариза медиҳанд.
- То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кeдакро дорад, санxида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кeдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кeдак ба фарзандхондӣ ва фикри eро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.
Мақомоти васоят ва парасторї вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кўдакро ба фарзандхондї қабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот диҳанд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторї ва номгўи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторї муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
- Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оuоз меёбад.
Фарзандхонд шудани кeдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рeзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.
Моддаи 1261. Манъ будани фаъолияти миёнаравї дар фарзандхондии кўдак
- Фаъолияти миёнаравї оид ба фарзандхондии кўдак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кўдак барои фарзандхондї аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондї гирифтани кўдакро доранд, манъ мебошад.
- Фаъолияти мақомоти васояту парасторї оид ба иҷрои ўҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунї ва ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравї ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.
- Ҷавобгарї барои фаъолияти миёнаравї тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 127. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд
- Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоuатрасидаи Xумҳурии Тоxикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад:
— шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;
— шахсоне,ки ҳангоми фарзандхондї барои содир кардани ҷинояти қасдона доѓи судї доранд;
— шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббї таъин кардааст; (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
— шахсоне, ки суд онҳоро uайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;
— зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро uайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;
— шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кардааст;
— шахсоне, ки ба сабаби иxрои uайриқаноатбахши eҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;
— шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз xониби суд бекор карда шудааст;
— шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгeи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз xониби Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
- Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
- Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кeдакро муштаракан ба фарзандхондӣ қабул кунанд.
Моддаи 128. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда
1.Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз ҳабдаҳ сол кам набошад. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
- Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кeдак аз xониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.
Моддаи 129. Розигии падару модар барои фарзандхондии кeдак
- Барои фарзандхондии кeдак розигии падару модари кeдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кeдаки падару модари ноболиuи ба синни ҳабдаҳсолагї нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии мақоми васояту парасторӣ зарур аст. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
Розигии падару модар барои фарзандхондии кeдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи идораи нотариалии давлатї ё маъмурияти муассисае, ки кeдаки бе парастории падару модар монда дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат мегирад ё маҳалли истиқомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён карда шавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Падару модар ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхондӣ додани кeдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхонӣ бозпас талаб кунанд.
- Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кeдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кeдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз xониби падарандари (модарандари) кeдак ба фарзандхондӣ қабул кардани e чунин хулоса талаб карда намешавад.
Моддаи 130. Фарзандхондии кeдак бе розигии падару модар
Дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кeдак талаб карда намешавад, агар:
— онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак uоибшуда эътироф намояд;
— суд онҳоро uайри қобили амал эътироф карда бошад;
— суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохта бошад (бо риояи талаботи қисми 6 моддаи 71 ҳамин Кодекс);
— бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кeдак якxоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти e саркашӣ карда бошанд.
Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кeдакони бепарастормонда дар онxо қарор доранд, барои фарзандхондӣ
- Барои фарзандхондии кeдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст.
Барои фарзандхондии кeдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.
- Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кeдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.
Моддаи 132. Фикри кeдаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшавӣ
- Барои фарзандхондӣ намудани кeдаке, ки ба синни даҳсолагӣ расидааст, фаҳмидани фикри e лозим аст.
- Агар кeдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси eро ба фарзандхондӣ гиранда зиндагӣ карда, eро падар ё модари худ шуморад, фарзандхондӣ метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат гирад.
Моддаи 133. Розигии ҳамсари шахсе, ки кeдакро ба фарзандхондӣ мегирад
- Ҳангоми кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кeдакро зану шавҳар якxоя ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
- Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва xои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии e барои фарзандхондӣ зарур нест.
Моддаи 134. Ном, номи падар ва насаби кeдаки фарзандхондшуда
- Ном, номи падар ва насаби кeдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад.
- Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда насаби фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кeдаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда xинси зан бошад ба кeдаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан eро ба сифати падари кeдаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавҳари фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кeдаки ба фарзандхондӣ гирифтаашон насаби яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин Кодекс насаб дода мешавад.
- Ҳангоми кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши e насаб ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
- Таuйир додани насаб, ном ва номи падари кeдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин Кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии e мумкин аст.
- Дар бораи таuйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 135. Таѓйир додани сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда
- Барои таъмини сирри фарзандхондї бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда метавонанд таѓйир дода шаванд. Таѓйир додани санаи таваллуди кўдак танҳо дар сурати фарзандхонд кардани кўдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳ иҷозат дода мешавад.
- Оид ба таѓйир додани сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кўдак зикр карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кeдаки фарзандхондшуда
- Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун падару модари кeдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.
- Барои чунин сабт нисбати кeдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 32 ҳамин Кодекс, розигии кeдак зарур аст.
- Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ нишон дода мешавад.
Моддаи 137. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кeдак
- Кeдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу eҳдадориҳои молу мулкї ва ѓайримолумулкии шахсӣ аз рeи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Кeдакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ѓайримолумулкї ва молу мулкии шахсиро аз даст дода, аз eҳдадориҳо нисбати онҳо озод мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Ҳангоми ба фарзандхондӣ қабул кардани кeдак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, ҳуқуқҳои ѓайримолумулкї ва молу мулкии шахсӣ ва eҳдадориҳо бо хоҳиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хоҳиши падар нигоҳ дошта шуда метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кeдак) ҳуқуқу eҳдадорӣ нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кeдак талаб кунад. Ҳуқуқи падару модари падар ё модари фавтида барои муошират бо кeдаки фарзандхондшуда мутобиқи моддаи 67 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
- Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кeдаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.
- Оқибати ҳуқуқии ба фарзандхондӣ гирифтани кeдак, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кeдак фаро мерасад.
Моддаи 138. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кeдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ
Кeдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.
Моддаи 139. Сирри фарзандхондии кeдак
- Сирри фарзандхондии кeдакро қонун муҳофизат мекунад. Судьяҳое, ки дар бораи фарзандхондӣ ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анxом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхондӣ огоҳанд, бояд сирри фарзандхондиро нигоҳ доранд.
- Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки сирри фарзандхондии кeдакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
(ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 140. Бекор кардани фарзандхондии кeдак
- Фарзандхондии кeдак ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.
- Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кeдак бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, инчунин прокурор баррасӣ мешавад.
- Фарзандхондӣ аз рeзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кeдак қатъ мегардад.
Суд вазифадор аст дар давоми се рeзи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кeдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ фиристад.
Моддаи 141. Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кeдак
- Фарзандхондии кeдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ саркашӣ кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ сeиистифода намоянд, бо кeдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд.
- Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кeдак фарзандхондиро бо сабабҳои дигар низ бекор кунад.
Моддаи 142. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор кардани фарзандхондии кeдакро доранд
Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кeдакро падару модари ҳақиқии кeдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кeдакони фарзандхондшуда, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ, инчунин прокурор доро мебошанд.
Моддаи 143. Оқибати бекор кардани фарзандхондии кeдак
- Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу eҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу eҳдадориҳои байни кeдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кeдак тақозо кунад.
- Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кeдак бо ҳалномаи суд ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кeдак хилофи манфиати e бошад, кeдак барои таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кeдакро, ки бо сабаби фарзандхондӣ ба e дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кeдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо розигии e мумкин аст. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
- Суд бо назардошти манфиати кeдак, ҳуқуқ дорад фарзандхондкардагони собиқро eҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин Кодекс барои таъминоти кeдак маблаu пардозанд.
Моддаи144. Номумкинии бекор кардани фарзандхондӣ баъди ба ба балоuат расидани кeдаки фарзандхондшуда
Бекор кардани фарзандхондии кeдак мумкин нест, агар кeдаки фарзандхондшуда то лаҳзаи пешниҳоди талаби бекор кардани фарзандхондӣ ба балоuат расида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ин гуна бекоркунӣ розигии байни шахси фарзандхондкарда ва кeдаки фарзандхондшуда, инчунин падару модари e, агар онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум нашуда бошанд ва суд онҳоро uайри қобили амал эътироф накарда бошад.
Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кeдак
Фарзандхондии кeдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:
— ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуxxатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;
— фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;
— шахси ба балоuатрасида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;
— фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд eро uайриқобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад;
— шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бошад;
— шахсоне, ки барои номатлуб иxро кардани eҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз eҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;
— фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз xониби суд бекор карда шуда бошад;
— шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро амалӣ намоянд. Номгeи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор диҳад, аз xониби Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 146. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии кeдак
- Фарзандхондии кeдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу eҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони e ва фарзандхонд, ки аз фарзандхондӣ бармеоянд, аз байн мераванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рeз дар хусуси эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки фарзандхондӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.
БОБИ 20
ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРИИ НОБОЛИUОН
Моддаи 147. Ноболиuоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд
- Васояту парасторӣ барои кeдакони ноболиuе, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.
- Васоят барои ноболиuони то синни чордаҳсола муқаррар карда мешавад.
- Парасторӣ барои ноболиuони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад.
- Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кeдакони ноболиu тавассути Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболиuон
- Танҳо шахсони болиuи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд.
- Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:
— шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:
— шахсоне, ки қаблан кeдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иxро кардани eҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;
— шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иxро кардани eҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё парасторӣ озод карда шудаанд;
— шахсони мубталои майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ (қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс) наметавонанд eҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кeдак анxом диҳанд.
Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 149. Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ
Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ аз тарафи Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 150. Маҳалли муқаррар намудани васояту парасторӣ
Васояту парасторӣ аз тарафи мақомоти иxрояи маҳаллии ҳокимияти давлатї, xамоатҳои шаҳрак ва xамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад ё маҳалли истиқомати васӣ ё парастор муқаррар мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 151. Интихоби васӣ ва парастор
- Ҳангоми ба кeдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иxрои eҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани e, муносибатҳои байни e ва шахси мeҳтоxи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кeдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кeдак ба инобат гирифта мешавад.
- Таъин намудани парастор ба шахси болиuи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иxрои eҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ гирифташаванда сурат гирифта метавонад.
Моддаи 152. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кeдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, муолиxавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ қарор доранд
- Ба кeдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васӣ (парастор) таъин карда намешавад. Иxрои чунин eҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳо гузошта мешавад.
Аз xониби васӣ (парастор) дар чунин муассиса муваққатан қарор додани кeдак ҳуқуқ ва eҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кeдак қатъ намесозад.
- Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот, тарбия ва таълими кeдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
- Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.
Моддаи 1521. Васоят (парасторї) нисбат ба кўдаконе, ки падару
модари онҳо муддати тўлонї ѓоибанд
- Васоят (парасторї) нисбат ба кўдаконе, ки падару модари онҳо муддати тўлонї (зиёда аз 3 моҳ) ѓоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторї таъин карда мешавад.
- Мақомоти васояту парасторї шароити таъминот ва таълиму тарбияи кўдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
- Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кўдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторї гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 153. Ҳуқуқи кeдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта
- Кeдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:
— ба тарбия дар оилаи васӣ (парастор), uамхорӣ аз xониби васӣ (парастор), зиндагии дар як xо бо e, ба uайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ намудааст;
— ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаxониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;
— ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иxтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
— ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва дар сурати мавxуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд; (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
— ба ҳимоя аз суиистифодаи васӣ (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин Кодекс.
- Кeдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
Моддаи 154. Ҳуқуқи кeдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ қарор доранд
- Кeдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:
— ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаxониба, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, таъмини манфиатҳояшон;
— ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иxтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
— ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва ҳангоми мавxуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;
— пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат.
- Кeдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
Моддаи 155. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои васӣ ва парастори кeдаки ноболиu
- Васӣ ва парастори кeдаки ноболиu ҳуқуқ доранд ва eҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парасторӣ гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули xисмонӣ, рeҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомeзии e uамхорӣ зоҳир намоянд.
Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кeдакон ва тавсияи мақомоти васояту парасторӣ, инчунин ҳангоми риояи талаботи пешбининамудаи қисми якуми моддаи 65 ҳамин Кодекс тарбияи кeдаконро, ки таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.
Васӣ ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кeдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд муассисаи таълимӣ ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умумӣ мустақилона интихоб намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- Васӣ ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонунӣ кeдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз xумла аз хешовандони наздики кeдак баргардонидани кeдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
- Васӣ ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кeдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо падару модару хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кeдак нест, монеъ шаванд.
- Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои васӣ ва парасторро Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад.
- Eҳдадории васоят (парасторӣ) нисбат ба кeдаки таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта аз xониби васӣ (парастор) бемузд анxом дода мешавад.
- Ба васӣ (парастор) барои таъминоти кeдаки таҳти парасторӣ қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон маблаu дода мешавад.
Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васӣ ва парастор дар сурати номатлуб иxро кардани вазифаашон
- Агар васӣ ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иxро кунад, мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парасторро аз иxрои ин вазифа озод менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои uаразнок истифода кардани васӣ (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кeмаки зарурӣ гузоштани шахсони таҳти парасторӣ қарордошта мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба xавобгарии муқaррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.
Моддаи 157. Аз парастории шахси болиu озод кардани парастор бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта
Парастори шахси болиuи қобили амал, ки ба парасторӣ мeҳтоx аст бо сабаби вазъи саломатӣ ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти васояту парасторӣ дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси таҳти парасторӣ қарордошта шахси дигарро ба сифати парастор таъин намоянд.
Моддаи 158. Шикоят намудан оид ба қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ
Нисбати қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту парасторӣ шахсони манфиатдор метавонанд аз рeи тобеият ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят кунанд.
Ф А С Л И VII
АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӣ
(БОБИ 21, моддаҳои 159,160,161,162,163,164,165,166).
Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Ф А С Л И VIII
ИСТИФОДАИ ҚОНУНҲОИ ОИЛА ДАР МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӣ БО ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИXӣ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДӣ
БОБИ 22
Истифодаи Қонунгузории ақди никоҲ ва оила нисбат ба шаҲрвандони хориXӣ ва шАхсОНи бешаҲрвандӣ
Моддаи 167. Ақди никоҳ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон
- Шаклу тартиби ақди никоҳ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон тибқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
- Шартҳои ақди никоҳ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ e шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки монеъи ақди никоҳ мегарданд, муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
- Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии Xумҳурии Тоxикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории Xумҳурии Тоxикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориxӣ бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрвандӣ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он xои истиқомати доимӣ дорад.
Моддаи 168. Ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ
- Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон зиндагӣ мекунанд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад.
- Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориxӣ, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориxӣ дар Xумҳурии Тоxикистон анxом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориxие бошанд, ки дар Xумҳурии Тоxикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.
Моддаи 169. Эътирофи ақди никоҳе, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон баста шудааст
- Ақди никоҳҳои шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон ва ақди никоҳҳои байни шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон бо шаҳрвандони хориxӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартҳо ва монеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
- Ақди никоҳи шаҳрвандони хориxӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешаванд.
Моддаи 170. Беэътибор донистани ақди никоҳ
Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 171. Бекор кардани ақди никоҳ
- Бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон бо шаҳрвандони хориxӣ ё ашхоси бешаҳрвандӣ, инчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориxӣ дар Xумҳурии Тоxикистон тибқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад.
- Шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон зиндагӣ мекунад, сарфи назар аз шаҳрвандии e, дар суди Xумҳурии Тоxикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба бекор кардани ақди никоҳ дар мақмоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иxозат дода мешавад, ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Xумҳурии Тоxикистон бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- Бекор кардани ақди никоҳи байни шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон ва шаҳрвандони хориxӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон, бо риояи қонунгузории давлати хориxии дахлдор салоҳиятнокии мақомоте, ки оиди бекор кардани ақди никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад.
- Бекор кардани ақди никоҳи байни шаҳрвандони хориxӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон, бо риояи қонунгузории давлати дахлдор салоҳияти мaқоме, ки дар бораи ақди никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳое, ки бояд ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ истифода шаванд, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад.
Моддаи 172. Ҳуқуқҳои шахсии uайримолумулкию молу мулкӣ ва eҳдадориҳои зану шавҳар
- Ҳуқуқҳои шахсии ѓайримолумулкию молу мулкї ва eҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ѓайримолумулкию молу мулкї ва eҳдадориҳои зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар Xумҳурии Тоxикистон мутобиқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умумӣ ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу eҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рeи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда истифода мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №952)
Моддаи 173. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ)
- Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кeдак аз рeи таваллуд шаҳрванди он мебошад.
2.Тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар мутобиқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон муқаррар намудани падар (модар) дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иxозат дода шуда бошад, падару модари берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон истиқоматкунандаи кeдак, ки ақаллан якеашон шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Xумҳурии Тоxикистон муроxиат намоянд.
Моддаи 174. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои падару модар ва фарзандон
Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, аз xумла eҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу eҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кeдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати eҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кeдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад.
Моддаи 175. Eҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиu ва аъзои дигари оила
Eҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиu ба манфиати падару модарашон, инчунин eҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи доимӣ доранд. Дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак чунин eҳдадориҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент шаҳрванди он мебошад.
Моддаи 176. Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ
- Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот мундариxаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он дар давлати дахлдори хориxӣ муқаррар менамоянд.
Ба мақсади муқаррар намудани мундариxаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба Вазорати адлияи Xумҳурии Тоxикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки Xумҳурии Тоxикистон муроxиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) xалб намоянд.
- Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд асноди тасдиқкунандаи мундариxаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxиеро, ки онҳо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниҳод намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот дар муқаррар сохтани мундариxаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ мусоидат кунанд.
- Агар мундариxаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ, сарфи назар аз чораҳои мутобиқи қисми якуми ҳамин модда дидашуда муқаррар нагардад, қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон истифода бурда мешавад.
Моддаи 177. Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи оилавии хориxӣ
Ҳуқуқи оилавии хориxӣ дар ҳолатҳое истифода бурда намешавад, ки он хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқии (тартиботи оммавӣ) Xумҳурии Тоxикистон бошад. Дар ин ҳолат қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон истифода бурда мешаванд.
Моддаи 1771. Ҷавобгарї барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур
Шахсони воқеї ва ҳуқуқї барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарї кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №952)
Моддаи 178. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон, бинобар мавриди амал қарор гирифтани ин Кодекс
Қонунҳои зерини Xумҳурии Тоxикистон беэътибор дониста шаванд:
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 19 июни соли 1969 “Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1969. № 12, моддаи 102);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 30 сентябри соли 1976 “Дар бораи даровардани таuйирот ба моддаи 185 Кодекси Xумҳурии Тоxикистон оид ба никоҳ ва оила” (Ведомостҳои Советии Олии РСС Тоxикистон, соли 1976, № 19, моддаи 244);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 26 ноябри соли 1976 “Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон “Дар бораи даровардани таuйирот ба моддаи 185 Кодекси Xумҳурии Тоxикистон оид ба никоҳ ва оила” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1976, № 23, моддаи 282);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 28 августи соли 1980 “Дар бораи даровардани таuйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1980, № 18, моддаи 216);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 19 ноябри соли 1980 “Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон “Дар бораи даровардани таuйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1980, № 23, моддаи 250);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани таuйирот ва иловаҳо ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1982, № 7, моддаи 51);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 17 маи соли 1982 “Дар хусуси тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон дар бораи даровардани таuйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар қисмати тасдиқи Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани таuйирот ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1982, № 11, моддаи 130);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи даровардани таuйирот ба моддаи 27 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1984, № 4, моддаи 40);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 17 феврали соли 1984 “Дар бораи тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон “Дар хусуси дохил кардани таuйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи дохил кардани таuйирот ба моддаи 27-уми Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” ( Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1984, № 4, моддаи 36);
Моддаи 9 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 8 августи соли 1984 “Дар бораи дохил кардани таuйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1984, № 16, моддаи 168);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 22 ноябри соли 1984 “Дар бораи даровардани таuйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1984, № 23, моддаи 224);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 27 феврали соли 1985 “Дар бораи даровардани таuйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1985, № 5, моддаи 54);
Фасли 11 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 22 ноябри соли 1985 “Дар бораи баъзе таuйиротҳои тартиби рeёнидани алимент барои нигоҳубини кeдакони ноболиu” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1985, № 23, моддаи 230);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 28 феврали соли 1987 “Дар бораи баъзе таuйиротҳои тартиби рeёнидани алимент барои фарзандони ноболиu” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1987, № 5, моддаи 76);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани таuйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1990, № 5,. моддаи 42);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар хусуси тасдиқи Указҳои Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи даровардани таuйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани таuйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон соли 1990, № 9, моддаи 162);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар бораи даровардани таuйироту иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1990, № 9, моддаи 163);
Фасли III Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 28 августи соли 1990 “Дар бораи дохил кардани таuйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1990, № 16, моддаи 268);
Фасли YI Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 12 декабри соли 1990 “Дар бораи ворид намудани таuйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Шeрои Олии РСС Тоxикистон, соли 1990, № 24, моддаи 410);
Фасли 1 Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар хусуси даровардани таuйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 23 ноябри соли 1992 “Дар бораи даровардани таuйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1992, № 21-22, моддаи 301);
Фасли IY Фармони Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 6 июни соли 1993 “Дар бораи ворид намудани таuйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон” (Протоколи № 166 маxлиси Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон);
Фармони Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани таuйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1993, № 13, моддаи 272);
Қонуни Қумҳурии Тоxикистон аз 28 декабри соли 1993 “Оид ба тасдиқ намудани Фармонҳои Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон дар бораи дохил намудани таuйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон” дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани таuйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 509).
ҚОНУНИ XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1998, №22, мод.304)
Дар бораи қабули Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон
Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор мекунад:
Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон қабул карда шавад.
Президенти
Xумҳурии Тоxикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,
№ 682
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1998, №22, мод.305)
Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон
Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор мекунад:
- Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
- Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон:
а) дар хусуси бо Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон мутобиқсозии санадҳои қонунгузорӣ ба Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
б) қарорҳои Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистонро бо Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон мутобиқ гардонад;
в) аз xониби вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ аз нав дида баромадан ва бекор намудани санадҳои меъёрии онҳо, аз xумла дастурамалҳояшонро, ки хилофи Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон мебошанд, таъмин намояд.
Раиси Маxлиси Олии
Xумҳурии Тоxикистон С. РАXАБОВ
ш. Душанбе,13 ноябри соли 1998,
№683