Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи умуми
04 Феврал 1996, Якшанбе(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №4, мод. 96)
Вазъи бамиёномадаи сиёсии ҷумҳуриро ба назар гирифта, ба мақсади таъмини сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таъмини амнияти давлат ва талаботи бригадаи якуми механиконидаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи силоҳбадастони шаҳри Турсунзодаро баррасӣ намуда, дар асоси Принсипи гуманизм ва мутобиқи моддаи 49-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҷазо шахсоне, ки дар ҳодисаҳои рӯзҳои 1 ва 17 сентябри соли 1995 дар вилояти Хатлон ва рӯзҳои 25 январи то 4 феврали соли 1996 дар вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Турсунзода, Ҳуҷанд, ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор рӯйдода иштирок кардаанд, озод карда шаванд.
- Моддаи 1-уми Қарори Мазкур татбиқ карда намешавад:
а) нисбати шахсоне, ки дар ин рӯзҳо бидуни ин ҳодисаҳо ба таври алоҳида ҷиноятҳои дигар содир кардаанд,
б) нисбати шахсоне, ки дар ин ҳодисаҳо ширкат варзидаанд, лекин пеш аз ин ҷиноят содир кардаанд.
- Мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд:
а) парвандаҳои ҷиноӣ нисбати шахсоне дар моддаи 1-уми ҳамин Қарор зикршуда қатъ карда шаванд,
б) шахсоне, ки дар моддаи 2-уми Қарори мазкур зикр шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
- Қарори мазкур дар сурате эътибор пайдо менамояд, ки то 7-уми феврали соли 1996 бригадаи якуми механиконидаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории қумондон Худойбердиев Маҳмуд мувофиқи аҳдашон ҳамаи қувва ва лавозимоти ҳарбиашонро ба маҳалли ҷойгирии доимиашон баргардонанд, гурӯҳи силоҳбадастони шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва Ленин бо сардории Бойматов Ибод ва баъзе гурӯҳҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар ин аъмол иштирок кардаанд, яроқ, техника ва лавозимоти ҳарбиашонро ба мақомоти дахлдор супоранд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси Олӣ гузошта шавад.
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш. Душанбе 4 феврали соли 1996
№268
Қ А Р О Р И
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди баррасии масъалаи авфи собиқ аъзоёни Фронти халқӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №4, мод. 97)
Бо назардошти талаботи бригадаи якуми механиконидашудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи силоҳбадастони шаҳри Турсунзода Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд парвандаҳои ҷиноиро нисбати собиқ аъзоёни Фронти халқӣ омӯхта, дар давоми ду моҳ ба Маҷлиси Олӣ таклиф пешниҳод намоянд.
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш. Душанбе 4 феврали соли 1996
№269