Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ

27 Декабр 1993, Душанбе

(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 1, мод. 22; Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  1997, № 9 фасли ХIХ, мод. 117)
 
Ин Қонун асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иқтисодии индексатсияи даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ муайян менамояд.
 
ФАСЛИ I
ҚОИДАҲОИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳуми индексатсияи даромади аҳолӣ                      
Индексатсияи даромади аҳолӣ (минбаъд индексатсия номида мешавад) механизми зиёд кардани даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандон буда, он барои қисман ё пурра xуброн намудани болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хиз­матрасонӣ имкон медиҳад.
Индексатсия xузъи системаи умумидавлатии ҳимояи иxтимоии шаҳрвандон мебошад ва барои нигоҳ доштани қудрати харидории даромад ва пасандозҳои пу­лии онҳо, хусусан табақаҳои камбизоати аҳолӣ: нафақахeрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд, инчунин xавонони таҳсилкунанда нигаронида шудааст.
Индексатсия метавонад бо дигар усулҳои танзими давлатии даромади аҳолӣ (аз нав дида баромадани музди меҳнат, андозаи нафақа, ёрдампулиҳои иxтимоӣ ва ғайра) тавъам гардад ва дар баъзе мавридҳо онҳоро иваз намояд.
Тағйироте, ки ба механизми нигаҳдории қудрати харидории даромади аҳолӣ дохил карда мешавад, аз тарафи Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи Қонун дар бораи Буxети давлатӣ барои соли дахлдор мавриди баррасӣ қарор мегирад.
 
Моддаи 2. Объектҳои индексатсия
Даромаде, ки шаҳрвандон онро бо асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд ва он хусусияти якдафъагӣ надорад: нафақаи давлатӣ, ёрдампулии иxтимоӣ (ба оилаҳои кeдакдор, бинобар бекорӣ, корношоямии муваққатӣ ва ғайра), стипендия, музди меҳнат (маош, моҳона), маблағи xуброни зиёне, ки бинобар маъюбӣ ё дигар хел иллатманд шудани саломатӣ ҳангоми иxрои eҳдадориҳои меҳнатӣ сурат гирифтааст.
Даромади пулии шаҳрвандон, ки аз додани амвол ба иxора, аз саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок (ба истиснои коғазҳои қиматноки давлатӣ), ташкили хоxагии деҳқонӣ (фермерӣ) ё хоxагии ёрирасони шахсӣ, соҳибкорӣ ё дигар фаъолият, ҳамчун манбаи даромади пулӣ аз моликият, ба даст омадааст, мавриди ин­дексатсия қарор намегирад.
Ба аҳолӣ xуброн намудани зиёне, ки аз беқурбшавии пасандозҳои дар муассисаҳои Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин дар сер­тификатҳои ин бонкҳо, eҳдадориҳои бонкии давлатӣ, вомбарги бурдноки дохилии давлатӣ гузошташуда ва инчунин пулҳои ба ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ додашуда расидааст, бо роҳи тағйир додани фоизи меъёрҳо ба тартибе, ки Қонун бо назардошти индекси нархҳо муқаррар кардааст, сурат мегирад.
 
Моддаи 3. Муайян кардани андозаи индексатсияи даромади пулӣ
Андозаи индексатсияи даромади пулӣ бо роҳи зарб задани ҳаxми даромади мавриди индексатсия ва индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ муайян карда мешавад. Зимнан, дар ин кор аз коэффисиентҳо, xадвали қиёсӣ ва меъёрҳои дигари муайянкунандаи кафолатҳои ҳадди ақаллии индексатсия дар xумҳурӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, инчу­нин шарту шароите, ки дар мувофиқатномаҳои коллективии байни моликон ё намояндагони онҳо аз як тараф ва иттифокҳои касаба — намояндагони манфиатҳои меҳнаткашон аз тарафи дигар, зикр ёфтаанд, истифода бурдан мумкин аст.
Дар минтақаҳое, ки ба музди меҳнат, нафақа ва ёрдампулӣ коэффисиентҳо муқаррар карда шудаанд, индексатсияи даромад бо назардошти ин коэффисиентҳо муайян карда мешавад.
 
Моддаи 4. Индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ
Индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ аз рeи методологияи ягона ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар асоси интихоби маxмeи муайяни молҳо ва хизматрасонӣ, ки барои ҳисобу китоби ҳадди ақаллии буxети истеъмолӣ дар xумҳурӣ қабул гардидааст, ҳисоб карда мешавад.
Назорат ба тағйироти нархҳои молҳои истеъмолӣ аз тарафи хидмати давлатии бақайдгирии нархҳо, ки дар Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳсоия ташкил карда мешавад ва мақомоти он дар маҳалҳо сурат мегирад.
 
Моддаи 5. Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади аҳолӣ
Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади пулии аҳолиро инҳо муайян мекунанд:
нисбати нафақаҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои иxтимоӣ, стипендия, маблағи xуброни зиёни расондашуда ё дигар иллатмандии саломатӣ, ки бо иxрои eҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
нисбати музди меҳнати (маош, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоxагӣ мебошанд – корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо мустақилона дар асоси мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;
нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, ки дар буxети xумҳурӣ мебошанд, — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
нисбати маош ва нафақаҳои давлатии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои xамъиятӣ, — иттиҳодияи xамъиятӣ мустақилона;
нисбати музди меҳнати ҳайати махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, —  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
нисбати дигар намудҳои даромади аҳолӣ индексатсия ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Меъёри фоизи пасандозҳои пулӣ ва сертификатҳое, ки дар Бонки амонатӣ ва дигар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, аз тарафи ин бонкҳо ва бо мувофиқаи Бонки миллии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
Меъёрҳои фоизи коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Аз тарафи ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ додани маблағи суғурта, нафақаи суғурта ва ёрдампулиҳо аз рeи шартномаҳои суғуртаи дарозмeҳлат мутаносибан тавассути ташкилотҳои дахлдори суғурта муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 6. Асосҳо барои индексатсия
Индексатсияи даромадҳои пулӣ дар сурати мавxудияти шарту шароите, ки бо Қарори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда шудааст, сурат мегирад.
Ин шарту шароит чунин аст:
  1. Ҳадди индексатсия – ҳаxми афзоиши нархҳои молҳои истеъмолӣ (аз рeи маxмeи муайяни молҳо ва хизматрасонӣ) дар моддаи 4 ин қонун пешбинӣ шуда, ки зиёд шудани он барои индексатсия асос шуда метавонад;
  2. Давраи индексатсия — замони муайяни индексатсия (як маротиба дар сол, нимсола, семоҳа).
Ҳадди индексатсия ва тартиби татбиқи он ва давраи индексатсия дар асоси Қарори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешавад. Ба нисбати индексатсия зиёд шудани даромади пулии шаҳрвандон баъд аз як моҳи расман нашр шудани индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ сурат мегирад.
 
Моддаи 7. Манбаъҳои маблағ барои индексатсия
Манбаъҳои маблағ барои индексатсия инҳо мебошанд:
оид ба нафақаҳо ва ёрдампулӣ — фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди суғуртаи иxтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар фондҳои махсус, инчунин воситаҳое, ки бо таъиноти мақсаднок аз буxетҳои xумҳурӣ ва маҳаллӣ xудо карда мешаванд;
оиди xуброни зиёне, ки бо маъюбӣ ё дигар хел иллатманд шудани саломатӣ вобаста ба иxрои eҳдадориҳои меҳнатӣ, аз воситаҳо истифода бурда мешавад, ки пардохти музди меҳнати ин коркунон аз он сурат мегирад;
оиди стипендияҳо — аз маблағи буxет, ки аз ҳисоби он стипендия дода ме­шавад, инчунин аз пули корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое сурат мегирад, ки хонандагонро (коркунонро) ба таҳсил фиристодаанд;
оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоxагӣ мебошанд, — аз воситаҳои худи корхона ва ташкилотҳо;
оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое ки фаъолияти худро дар асоси маблағи буxет (тандурустӣ, маорифи халқ, фарҳанг, илм ва ғайра) инчунин оиди маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз буxети xумҳурӣ ва буxетҳои дахлдори маҳаллӣ;
оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббӣ, солимгардонӣ, муассисаҳои томактабии кeдакон; спорт, тарбияи фарҳангӣ, ки дар баланси корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касаба ме­бошанд, аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касабаи дахлдор ва буxети маҳалли, — xудо кардани маблағи аз буxетҳои дахлдор xудо кардашаванда;
оид ба пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои xамъиятӣ -буxети ин иттиҳодияҳо, инчунин манбаъҳои дигар мувофиқи қонуни мавxуда;
оид ба пасандозҳои аҳолӣ дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин сертификатҳои онҳо — даромади ин бонкҳо;
оиди коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз буxети xумҳурӣ xудо кардашаванда;
оид ба пардохтҳо ба ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши меъёрҳои фоизӣ аз рeи маблағҳое, ки дар ҳисоби ин фондҳо гузошта шудаанд.
 
Моддаи 8. Қонунҳо дар бораи индексатсия
Афзоиши даромади пулии аҳолӣ, ки бинобар индексатсия сурат мегирад, бо ин Қонун, инчунин дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунӣ мазкур бароварда мешаванд, ки бо қаророи ҳокимияти Вилояти Автономии Бадахшони Кeҳӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
 
 
 
 
 
ФАСЛИ II
КАФОЛАТҲОИ ИXТИМОӣ
 
Моддаи 9. Кафолатҳои давлатӣ барои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба ин­дексатсия
Давлат ба шаҳрвандоне, ки нафақаи давлатӣ, ёрдампулиҳои махсус, стипен­дия, маблағи xуброни зиёни аз маъюбӣ ё дигар иллатмандии саломатӣ, ки бо иxрои eҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста мебошад, афзоиши даромади пулии онҳоро би­нобар индексатсия дар ҳаxм ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, кафолат медиҳад.
Бо Қарори Ҳукумати xумҳурӣ Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри саривақтии маълумотро дар бораи индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ, ҳадди индексатсия, давра ва дигар шарту шароити асосии индексатсия таъмин менамояд.
 
Моддаи 10. Аз нав дида баромадани андозаи даромаде, ки бояд индексатсия шавад
Андозаи пардохти музди меҳнат (маош, моҳона) нафақаҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои иxтимоӣ, стипендия ва дигар даромадҳои пулӣ ба тартибе, ки бинобар индексатсияи онҳо дар давраи гузашта муқаррар карда шудааст, зиёд мегардад.
Ба мақсади роҳ надодан ба гирифта шудани як қисми даромади аҳолӣ, ки бинобар индексатсия сурат гирифтааст, андозаи даромади ҳадди ақал, ки мавриди андоз қарор намегирад, ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз нав дида баромада мешавад.
 
ФАСЛИ III
НАЗОРАТ ВА XАВОБГАРӣ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲО ДАР БОРАИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АҲОЛӣ
 
Моддаи 11. Мақомоте, ки ба риояи Қонунҳо дар бораи индексатсия назорат мекунанд
Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иxроияи дар маҳалҳо ва инчунин аз тарафи иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, иттифоқҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад.
 
Моддаи 12. Xавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳо дар бораи индексатсия
Шахсоне, ки барои вайрон кардани Қонун дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ гуннаҳкор мебошанд, ба xавобгарии маъмурӣ ё xиноӣ кашида мешаванд.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе  27 декабри соли 1993
№ 891
 
 
 
 
 
 
 
ҚАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ»
 
(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №1, мод.23)
 
 
Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ» аз 1 ап­рели соли 1994 мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Шeрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Тартиб ва шарту шароити индексатсияи даромади аҳолиро муайян намуда, соле на камтар аз 1 маротиба дар бораи тағйироти қисми даромади аҳолӣ, ки бояд индексатсия шавад, ба Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад;
тартиби аз нав дида баромадани меъёрҳои хароxоти пулро барои хизматрасонии иxтимоии аҳолӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, интернатҳо, мактабҳо, муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ, миёнаи махсус ва олӣ, хонаҳои-махсуси пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи иxтимоӣ, ки аз ҳисоби буxетҳои дахлдор таъмин карда мешаванд, бо назардошти пурра xуброн намудани афзоиши хароxот бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ муайян карда шавад;
дар муддати 2 моҳ оид ба индексатсия намудани даромади пулии аҳолӣ низомнома таҳия намояд;
феҳристи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониро, ки зарурати якрeзаи зиндагӣ ҳисоб мешаванд, тасдиқ намояд ва онро мутобиқи тағйирёбии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ таҳти мушоҳида қарор диҳад;
дар муддати 2 моҳ тартиб ва шарту шароити ёрирасониро дар бобати ин­дексатсияи даромади корхонаҳое, ки аз рeи нархҳо ва тарифҳои муайян маҳсулот ва хизматрасонӣ пешкаш мекунанд, инчунин корхонаҳои махсусгардонидашуда, ки меҳнати маъюбонро истифода мебаранд ва xамъияти маъюбон мувофиқи Қонун муайян кунад;
то 1 июли соли 1994 ба Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо на­зардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ» мутобиқ сохтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии идорӣ низ ба ин Қонун мутобиқ кунонида шаванд.
 
 
Раиси Шeрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе 27 декабри соли 1993
№ 892

Илова кунед