Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 Июн 1993, Ҷумъа(Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1993, №15-16, мод. 350, Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1996, №3, мод.48, Фасли ΧVІІІ; соли 1997, № 9, мод.117, Фасли VІ; соли1998, № 10, мод. 119, Фасли V, № 22, мод.318; соли 1999, № 5, мод. 61, № 9, мод. 236, №12, мод.351; соли 2002, № 4, қ.1, мод.158; №11, мод.711, 735; соли 2005, № 7, мод. 406; соли 2007, №7, мод. 695; соли 2008, №10, мод.823; соли 2009, №9-10 , мод.547; соли 2011,№12,мод.853; соли 2012,№4,мод.273, №7, мод.703; соли 2015,№3,мод.221)
Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи Xумҳурии Тоxикистон ба тамоми шаҳрвандоне, ки дар Xумҳурии Тоxикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иxтимоии дар ҳамин Қонун пешбинишуда кафолат медиҳад.
Қонун ба он равона шудааст, ки меҳнатро ҳамчун манбаи афзоиши сатҳи некeаҳволии халқ ва ҳар як шаҳрванди xумҳурӣ ҳарчи пурратар ба назар гирифта, аз муносибати баробарҳақдиҳӣ дар таъмини нафақа сарфи назар шавад. Ин Қонун ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзоёни колхозҳо ва дигар категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд.
Қонун ҳимояи иxтимоии нафақахeронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳо барои кифояти ақали зиндагӣ, инчунин мунтазам дида баромадани андозаҳои онҳоро бинобар каму зиёд шудани андозаи ҳадди ақали буxети истеъмолӣ ва баланд шудани самаранокии иқтисодиёти xумҳурӣ кафолат медиҳад.
ФАСЛИ I.
ҚОИДАҳОИ УМУМӣ
Моддаи 1. ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини нафақа
Шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон аз рeи синну сол, аз рeи маъюбӣ, ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ва сабабҳои дигари дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаае, ки дар Xумҳурии Тоxикистон истиқомат мекунанд, баробари шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар шарти дигаре дар қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 2. Намудҳои нафақа
Мувофиқи ҳамин Қонун чунин нафақаҳо таъин карда мешаванд:
а) нафақаҳои меҳнатӣ:
аз рeи синну сол (пиронсолӣ)*;
аз рeи маъюбӣ;
барои маҳрум шудан аз саробон;
барои хизмати дарозмуддат;
б) нафақаҳои иxтимоӣ.
Моддаи 3. Шахсоне, ки ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд
Шахсони зерине, ки бо меҳнати фоиданоки xамъиятӣ машғуланд, дар сурати риояи шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоxагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо кор мекунанд**, ба шарте ки корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд;
б) шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, аз xумла дар асоси шартҳои иxоракории инфиродӣ (гурeҳӣ) ё дар хоxагии шахсии деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул мебошанд, ба шарте ки ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд; (Қ ҶТ аз 5.10.09с, №554).
в) аъзои иттифоқҳои эxодӣ, инчунин дигар кормандони эxодие, ки узви иттифоқҳои эxодӣ намебошанд, ба шарте ки ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта пардозанд;
г) шахсоне дигаре, ки воxиби суғуртаи давлатии иxтимоӣ мебошанд;
д) кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки воxиби суғуртаи давлатии иxтимоӣ намебошанд, шахсони сардорикунанда ва қатории хадамоти алоқаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
е) донишxeёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омeзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омeзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, докторантҳо;
ж) шахсоне, ки ба нисбати иxрои вазифаҳои давлатию xамъиятӣ ё иxрои вазифаи шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон дар роҳи наxот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ, xамъиятӣ, коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд;
з) шахсоне, ки маъюби гурeҳи 1 ё кудаки маъюби то 18-сола, инчунин шахси кeҳансоли ба синни 80 расидаро нигоҳубин мекунанд;
и) аъзои оилаи шахсони дар ҳамин модда зикршуда ва нафақахeрон аз xумлаи ин шахсон, дар сурати маҳрум шудан аз саробон.
Моддаи 4. Таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо
Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» таъиншуда қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 41. Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мeҳлат ҳуқуқ доранд
Ба нафақаи пеш аз мeҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рeи бекорӣ дар муддати 52 ҳафтаи тақвими доранд: мардҳо – бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон – бо собиқаи на камтар аз 20 сол.
Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кори хизматчиёни давлатӣ,ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад,ки ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд.
Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мeҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад. Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид онҳо дар асосҳои умумӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20-уми ҳамин Қонун нафақа дода мешавад.
Моддаи 4 2. Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 25.07.05с №104).
Моддаи 5. ҳуқуқи гирифтани нафақаи иxтимоӣ
Тамоми шахсоне, ки қобилияти меҳнат надоранд, сарфи назар аз мансубияти иxтимоияшон бо шартҳои муайянкардаи ҳамин Қонун ба гирифтани нафақаи иxтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 6. ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 7. Муроxиат барои таъини нафақа
Баъд аз ҳуқуқ пайдо кардан ба нафақа бидуни маҳдудияти мeҳлат барои таъини нафақа муроxиат намудан мумкин аст.
Дар айни замон нафақа аз рeи синну сол ва маъюбӣ, сарфи назар аз он, ки фаъолият пеш аз лаҳзаи муроxиат барои нафақа қатъ гардидааст ё давом дорад, таъин карда мешавад. Нафақа барои хизмати дарозмуддат дар сурати тарк намудани коре, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ медиҳад, таъин карда мешавад.
Моддаи 8. Маблағҳои пардохти нафақа. Аз андоз озод намудани нафақаҳо
Нафақа аз мақомоти ваколатдор пардохта мешавад.
Аз нафақа андоз ситонида намешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдор ба даромад ва хароxоти буxети давлатӣ дар фасли алоҳидаи таснифоти буxетӣ дохил карда мешаванд ва хислати истифодаи мақсаднок дошта, ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд.(ҚҶТ аз30.07.07,№333)
Моддаи 9. Мақомоте, ки бо нафақа таъмин мекунанд
Таъмини нафақа мувофиқи ҳамин Қонун аз xониби мақоми ваколатдор сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Идоракунии мақомоти ваколатдор ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат мутобиқи зарару гарониаш ба тартиби муқарраркардаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад. Истифодаи яксони ҳамин Қонунро Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад.
Моддаи 10. Масъалаҳое, ки дар ихтиёри ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон мебошанд
Ба ғайр аз масъалаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ҳамчунин масъалаҳои вобаста бо тартиби таъин кардан ва пардохти нафақа, муайян намудани хусусиятҳои ҳисобкунии собиқаи кории категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба риоя намудани кафолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар ихтиёри ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон қарор доранд.
ФАСЛИ II.
НАФАҚАҳОИ МЕҳНАТӣ, НАФАҚА АЗ РEИ СИННУ СОЛ
Моддаи 11. Шартҳои таъин кардани нафақа
Ба нафақа аз рeи синну сол инҳо ҳуқуқ доранд:
аз 1 июли соли 2001:
-мардҳо – баъд аз расидан ба 61 солагӣ ва дар сурати доштани
собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
-занон – баъд аз расидан ба 56-солагӣ
ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2002:
-мардҳо – баъд аз расидан ба 62 солагӣ ва дар сурати доштани
собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
-занон – баъд аз расидан ба 57-солагӣ ва
дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2003:
-мардҳо – баъд аз расидан ба 63 солагӣ ва дар сурати доштани
собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
-занон – баъд аз расидан ба 58-солагӣ ва дар сурати
доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол. (ҚҶТ 11.1999,№911)
доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол. (ҚҶТ 11.1999,№911)
Моддаи 12. Нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат
Ба нафақа аз рeи синну сол бо шартҳои имтиёзнок, сарфи назар аз xои кори охиринашон, инҳо ҳуқуқ доранд:
а) кормандоне, ки тамоми рeзи корӣ дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои шароиташон басо зарарноку вазнин – истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рeйхати №1-ум, ки аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ва аз рeи натиxаҳои аттестатсияи xойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, кор мекунанд;
мардҳо – пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикршуда;
занон – пас аз расидан ба 45-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, аз он на каматр аз 7 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кории дорои шароити басо зараровар ва басо вазнинро доранд, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамии Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар як соли пурраи чунин кори мардҳо ва занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
б) кормандоне, ки рeзи пурраи корӣ дар дигар корҳои дорои шароити зараровар ва вазнин дар истеҳсолот, корҳо, касбу мансабҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рeйхати №2-ум, ки аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ва аз рeи натиxаҳои аттестатсияи xойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, машғул мебошанд:
мардҳо – пас аз расидан ба 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол, аз онҳо на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикргардида;
занон – пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз онҳо на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикргардида.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кориашон дорои шароити зараровар ва вазнин мебошад, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар 2 солу 6 моҳи чунин кори мардҳо ва барои ҳар 2 соли чунин кори занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
в) тракторчиён-мошинистҳое, ки бевосита дар колхозу совхозҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, — мардҳо пас аз расидан ба синни 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 20-солаш дар кори мазкур;
г) занҳое, ки ба сифати тракторчиён-мошинистҳо, мошинистҳои мошинҳои бинокорӣ, роҳсозию боркунанда ва борфарорандаи дар асоси тракторҳо ва экскаваторҳо сохташуда кор мекунанд, – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 15 солаш дар кори мазкур;
д) заноне, ки ба сифати говxeшҳо (операторони мошинҳои говxeшӣ), хукпарварон-операторҳо дар колхозу совхозҳо кор мекунанд – пас аз расидан ба синни 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур, бо шарти иxро кардани нормаҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ.
Меъёри хизматрасонӣ барои ин мақсадҳо бо тартибе, ки ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад, муқаррар карда мешавад;
е) заноне, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва xамъоварии пахта, парвариш, xамъоварӣ ва коркарди пас аз xамъоварии тамоку машғул мебошанд, – баъд аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
мардҳое, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва xамъоварии пахта машғул мебошанд, ба нафақа аз рeи синну сол пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори мазкур ҳуқуқ доранд. Дар айни замон то расидани мардҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблағи колхозу совхозҳо пардохта шавад;
ж) коргарзанони истеҳсолоти нассоxӣ, ки дар дастгоҳҳою мошинҳо аз рeи рeйхати истеҳсолоту касбҳое, ки ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ мекунад, кор мекунанд, – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
з) ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ мувофиқи рeйхате, ки ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ мекунад:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 15-солаш бевосита дар кори мазкур;
занон – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш бевосита дар кори мазкур;
и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рeи Номгeи касбу мансабҳои аз тарафи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқшаванда;
ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар xараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланетс, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд: (ҚҶТ аз 14.051999,№748)
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда.
То расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбини шуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешаванд.
Ба кормандони дигари истеҳсолот, касбу вазифаҳо нафақаи пеш аз муҳлат вобаста ба шароити меҳнат (вале на бештар аз расиданашон ба синни 55 барои мардҳо ва синни 50 барои занон) метавонанд аз рӯи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз ҳисоби маблағи барои музди меҳнат пешбинишудаи корхонаю ташкилотҳо, ки ба мақоми ваколатдор барои пардохт нафақаҳо то раидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешаванд, муқаррар гарданд.
Тартиби таъмини нафақаи шахсоне, кт то ҷорӣ шудани ҳамин Қонун корҳоеро анҷом медоданд, ки шароиташон зиёновару вазнин буда, дар қонунгузориипештар амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, дар моддаи 117-уми Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Назорат ба дурустии истифодаи рeйхатҳои таъмини нафақаи имтиёзнок (бандҳои «а»; «б» ва «и») ва сифати гузаронидани аттестатсияи xойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои такмили ин рeйхатҳо ба зиммаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат гузошта мешавад. Низомномаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат ва тартиби гузаронидани аттестатсияи xойҳои кориро ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 14.051999,№748)
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад. (ҚҶТ 11.12.1999,№911)
Моддаи 13. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба кормандоне, ки дар конҳои зеризаминӣ ва кушода кор мекунанд
Кормандоне, ки рeзи пурраи корӣ бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз xумла ҳайати шахсии гурeҳҳои наxотдиҳӣ аз фалокатҳои кон), оиди истихроxи ангишт, сланетс, маъдан ва маъданҳои дигар, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд – аз рeи феҳристи кору касбҳои аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқшуда, сарфи назар аз синну солашон, ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар ин корҳо на камтар аз 25 сол кор карда бошанд ва кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: коргарони конҳо, коргоҳи истихроxи маъдан, нақбканҳо, маъданканҳо бо метини маъданканӣ, мошинистҳои мошинҳои маъданбарорӣ дар сурате, ки дар ин корҳо на камтар аз 20 сол кор карда бошанд.
Дар сурати мавxудияти собиқаи кории корҳои зеризаминӣ камтар аз 10 сол барои мардҳо ва 7 солу 6 моҳ барои занон барои ҳар як соли пурраи ин корҳо синни нафақавии дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда 1 сол кам карда мешавад.
Моддаи 14. Баҳисобгирии мутақобилаи корҳои дорои шароити гуногуни махсуси меҳнат
Фаъолияти меҳнатии дорои шароити махсуси меҳнат бо тартиби зерин xамъбаст мешавад:
ба кори дорои шароити вазнини меҳнат (банди «б»-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур) кори зеризаминӣ, кори дорои шароити зараровар ва кор дар коргоҳҳои (сехҳои) гарм (банди «а»-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) ва давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми Қонуни мазкур), илова карда мешаванд;
ба кор дар вазифаи тракторчиён-мошинистҳо дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин мошинистҳои мошинҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, боркунанда ва борфароранда (бандҳои «в» ва «г»-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), кори зеризаминӣ, кори дорои шароити басо зараровар ва кор дар коргоҳҳои гарм (банди «а»-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун), кор дар шароити вазнин (банди «б»-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), инчунин давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми ҳамин Қонун) илова карда мешавад;
ба кор дар саноати бофандагӣ (банди «ж»-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) тамоми дигар корҳои фавқуззикр илова карда мешаванд.
Моддаи 15. Дигар намудҳои нафақаҳои имтиёзнок
Инҳо ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он xо истиқомат мекунанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд;
мардҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо – пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
б) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на амтар аз 20 сол;
в) заноне, ки панx ва беш аз ин кeдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кeдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мeҳлати нигоҳубини кeдакон (бандҳои «ж» ва «з»-и моддаи 63-юми Қонуни мазкур) ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мeҳлати зикргардидаи нигоҳубини кeдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд. Дар айни замон кeдакони маъюби то синни 18-сола, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаи иxтимоӣ доранд (моддаи 109-уми Қонуни мазкур), ҳамчунин ба xумлаи шахсони аз кeдаки маъюб мансуб мебошанд;
г) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизари (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб ба нафақа аз рeи синну сол дар мавридҳои зайл ҳақ доранд:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
занҳо – пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
д) маъюбони гурeҳи 1 аз xиҳати биноӣ:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
занҳо – пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 10 сол;
е) иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокати корхонаи зappaвии барқии Чернобил дар синну соли зайл ба нафақа ҳақ доранд;
Мардҳо – баъд аз расидани ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занон – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад. (ҚҶТ 11.12.1999,№911)
Моддаи 16. Андозаҳои нафақа
Нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо – 25 сол ва занҳо – 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) таъин карда мешавад. Барои ҳар як соли пурраи корӣ зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Нафақаи кормандоне, ки бо корҳои дар банди «а»-и моддаи 12 ва моддаи 13-уми Қонуни мазкур пешбинишуда машғул мебошанд, барои ҳар як соли корӣ зиёда аз 10-солаи мардҳо ва 7 солу 6 моҳаи занон, ки барои нафақа бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба андозаи 1 фоизи маош зиёд мешавад.
Нафақаҳо аз рeи синну сол, ки ба андозаи ҳадди ақал таъин гардидаанд, барои ҳар як соли пурраи тамоми собиқаи кории зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон ба андозаи 1 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд мешаванд. Андозаи нафақаи шахсоне,ки собиқаи кории зарурӣ (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол) доранд наметавонад аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам бошад.
Андозаи нафақа аз рeи синну сол, ки мутобиқи қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур ҳисоб карда шудааст, наметавонад аз 75 фоизи маош аммо ба онҳое, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи бефосилаи корӣ доранд, – мардҳо – 25 сол ва занон – 20 сол, наметавонад аз 80 фоизи маош зиёд бошад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рeи синну сол ба иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар дар ҳаxми 2,5 баробари ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол муқаррар карда мешавад.
Ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди меҳнаташон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон будан ба андозаи ду фоизи музди меҳнаташон зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад.
Ба хизматчиёни давлатӣ- барои мардҳо дар сурати доштани собиқаи кории умумии 25 сол ва аз он камтар аз 10 солаш дар хизмати давлатӣ ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи кории умумии 20 сол ва аз он на камтар аз 10 солаш дар хизмати давлатӣ ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди миёнаи меҳнаташон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли зиёда аз 10 соли собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи як фоизи музди миёнаи меҳнати онҳо зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди миёнаи меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад. (ҚҶТ аз 25.07.2005,№104)
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 17. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи кории нопурра
Шахсоне, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кории кофӣ надоранд (моддаи 11-уми Қонуни мазкур), дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол ба онҳо мутаносиби собиқаи кории мавxуда (моддаи 77-уми Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоиз ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол нафақа аз рeи синну сол бо собиқаи нопурра таъин карда мешавад.
ҳангоми таъин кардани нафақа бо собиқаи кории нопурра шартҳои имтиёзноки синну сол ва собиқаи кори барои таъин намудани нафақаҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода намешаванд.
Ба нафақаҳо аз рӯи сину сол, ки бо собиқаи кории нопурра таъин гардидаанд, иловапулиҳои пешбини намудаи моддаи 18 Қонуни мазкур муқарар карда намешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 18. Иловапулиҳо ба нафақа
Ба нафақа аз рeи синну сол, аз xумла нафақае, ки ба андозаи ҳадди ақал ҳисоб карда шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
а) ба нафақахeроне, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзоёни корношоями оила доранд (модаҳои 37, 38, 39, 40-уми Қонуни мазкур), ба ҳар як узви оила, вале на ба беш аз 3 нафар – ба андозаи 50 фоиз ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
б) нафакахeрони яккаю танҳо, ки ба синни 80 расидаанду ба нигоҳубини каси дигар эҳтиёx доранд,– барои нигоҳубини онҳо ба андозаи 50 фоиз ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол. Дар айни замон далели мансубият ба нафақахeрони яккаю танҳо, инчунин эҳтиёxманди нигоҳубини каси дигар аз xониби мақоми ваколатдор сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Идоракунии мақомоти ваколатдор ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат мутобиқи зарару муқаррар карда мешавад.
Иловапулиҳои дар бандҳои «а» ва «б»-и ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд:
в) нафақаи синну соли маъюбони xанги гурeҳҳои I–II–150 фоиз, барои иштирокчиёни Xанги Бузурги Ватанӣ – маъюбони гурeҳҳои I–II аз сабаби бемориҳои умумӣ ва маъюбони xанги гурeҳи III – 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол , зиёд мегардад;
г) нафақаи синну сол барои дигар иштирокчиёни xанг аз xумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати кироя, писархондҳои (тарбиятгирандагони) полкҳо ва юнгаҳо, ки дар ҳайати армияи амалкунанда, дастаҳою қисмҳои партизанӣ хизмат кардаанд, хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иxрои вазифаи интернатсионалӣ* дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок кардаанд, ба андозаи 75 фоизи нафақаи камтарини синну сол зиёд карда мешаванд;
д) нафақаи синну сол барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва шахсоне, ки бо ҳар се дараxаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд – 50 фоиз, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараxаи Нишони Шарафи меҳнат мукофотонида шудаанд, шахсони дар давраи аз 22 маи соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ буда (ғайр аз шахсоне, ки дар давраи Xанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар xойҳои муваққатан ишғолкардаи душман, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуxоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Xанги Бузурги Ватанӣ (аз 22.06с.1941 то 3.09 с.1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд – 15 фоизи нафақаи камтарини синну сол меафзояд.
е) нафақа аз рeи синну сол барои маъюбони гурeҳҳои 1 ва 2 вобаста ба рафъи садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактивӣ1 150 фоиз зиёд мешавад;
нафақаи иштирокчиёни рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтакахои олудагии радиоактиви маъюбони гуруххои I ва II беморихои умуми ва маъюбони гурухи III, ки дар натичаи осори офатхои экологи маъюб гардидаанд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад.
Нафака аз руи синну сол ба иштирокчиёни минтакахои офатхои экологи ба андозаи 75 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад;
ж) нафака аз руи синну сол ба сокинони Ленингради мусодирашуда дар давраи аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1945: зиндониёни ноболиги конслагерхои фашисти, чойхои акаллиятнишин ва нигахдории мачбури, ки аз чониби фашистони олмони ва иттифокчиёни онхо дар давраи чанги дуюми чахон сохта шуда буданд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад;
з) нафака аз руи синну сол ба онхое, ки беасос аз руи акидахои сиёсиашон ҳабс шуда, баъдан сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад;
и) нафака аз руи синну сол ба шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад;
к) нафака аз руи синну сол ба шахсоне, ки унвони «Донори фахрии СССР» доранд, ба андозаи 10 фоизи нафакаи мукарраршуда зиёд мешавад;
л) нафака аз руи синну сол ба шахсоне, ки дар нохияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истикомати доими мекунанд, ба андозаи ду нафакаи хадди акали синну сол зёд карда мешавад;
м) иловапулиҳо ба нафақаи аз рeи синну сол таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Xумҳурии Тоxикистон» муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.12.2002,№76)
Иловапулиеро, ки дар бандҳои «в», «г» ва «д», «е», «ж», «з», «и», «к», «л» ва «м»-и ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар як вақт ҳисоб карда додан мумкин аст.
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба e иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.12.2002,№76)
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Xумҳурии Тоxикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд.
Моддаи 19. Даврае, ки барои он нафақа таъин мегардад
Нафақаи синну сол, сарфи назар аз ҳолати қобилияти корӣ, умрбод таъин карда мешавад.
Моддаи 20. Андоза ва тартиби пардохти нафақа ба нафақахeроне, ки кор мекунанд
Андоза ва тартиби пардохти нафақаро ба нафақахeроне, ки кор мекунанд, ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад. (ҚҶТ 11.12.1999,№911)
ФАСЛИ III.
НАФАҚА A3 РEИ МАЪЮБӣ
Моддаи 21. Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ
Нафақаи маъюбӣ дар сурати фаро расидани маъюбие, ки боиси пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ гардидааст, ба сабабҳои зайл таъин мегардад:
а) маъюб шудан дар кор ё бемории касбӣ;
б) бемории умумӣ (аз xумла маъюбии новобаста ба кор, маъюбӣ аз кeдакӣ);
в) осеби ҳарбӣ (моддаи 24);
г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд (моддаи 242).
Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои «а» ва «б» таъин шудаанд, новобаста аз он, ки маъюбӣ кадом вақт рeй додаст – дар давраи кор, то оғози кор (таҳсил) ё баъди анxоми он муқаррар карда мешаванд. Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои «в» ва «г» таъин шудаанд, дар он сурат муқаррар карда мешаванд, ки маъюбият дар давраи хизмати ҳарбӣ ё на дертар аз се моҳи баъди xавобшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ё худ баъдтар аз ин мeҳлат, вале дар натиxаи осеби ҳарбӣ ё бемориҳои давраи хизмати ҳарбӣ рeй дода бошад.
Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с.,№1199)
Моддаи 22. Гурeҳҳои маъюбӣ
Маъюбон вобаста аз дараxаи гум кардани қобилияти кор ба се гурeҳ тақсим мешаванд.
Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва мӯҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с.,№1199)
Моддаи 23. Собиқаи корие, ки барои нафақагирӣ ҳуқуқ медиҳад
Нафақаи маъюбӣ дар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ (моддаи 24-уми Қонуни мазкур), сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Нафақаи маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ дар сурати то вақти фаро расидани маъюбӣ мавxуд будани собиқаи кории зерин таъин карда мешавад:
______________________________________________________________
_________________________________________Собиқаи корӣ (бо солҳо)
То расидан ба синни 23 1
аз 23-солагӣ то расидан ба синни 26 2
аз 26-солагӣ то расидан ба синни 31 3
аз 31-солагӣ то расидан ба синни 36 5
аз 36-солагӣ то расидан ба синни 41 7
аз 41-солагӣ то расидан ба синни 46 9
аз 46-солагӣ то расидан ба синни 51 11
аз 51-солагӣ то расидан ба синни 56 13
аз 56-солагӣ то расидан ба синни 61 14
аз 61-солагӣ ва зиёда аз он 15
Агар собиқаи кории барои гурeҳи синну соли дахлдор зарур ба даст оварда шуда бошад ва кор пас аз гузаштан ба гурeҳи дигари синну сол идома ёфта бошад, шарти собиқаи корӣ, сарфи назар аз талаби барои гурeҳи синну соли дигар муқарраргардида, иxрошуда ба ҳисоб меравад.
Ба шахсоне, ки дар асари бемории умумӣ дар давраи кор ё пас аз қатъ гардидани он, то расидан ба синни 20 маъюб гаштаанд, нафақа, сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
ҳангоми гузаштан аз нафақаи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ ба нафақаи маъюбӣ бар асари бемории умумӣ собиқаи кории зарурӣ аз рeи синну сол аз замони аввалаи муқаррар намудани маъюбӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 24. Маъюбӣ ба сабаби маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ
Маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор фарорасида дониста мешавад, агар ҳодисаи нохуше, ки боиси маъюбӣ гаштааст, дар мавридҳои зерин ба амал омада бошад (ба истиснои ҳолатҳои содир намудани кирдори ғайриқонунӣ):
а) ҳангоми иxрои вазифаҳои корӣ (аз xумла ҳангоми сафари хизматӣ), инчунин ҳангоми иxрои ягон хел амал бар манфиати корхона ё ташкилот, агарчи онҳо бе супориши махсус иxро шуда бошанд;
б) дар роҳ ҳангоми ба кор рафтан ё аз кор баргаштан;
в) дар ҳудуди корхона, ташкилот ё xои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз xумла танаффусҳои муқарраргардида), дар давоми вақте, ки пеш аз оғози кор ё пас аз анxоми он барои ба тартиб даровардани олоти истеҳсолот, сарулибос ва ғайра зарур мебошад;
г) дар наздикии корхона, ташкилот ё xои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз xумла танаффусҳои муқарраргардида), агар дар он xо будан ба қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ мухолиф набошад;
д) ҳангоми иxрои вазифаҳои давлатӣ ё xамъиятӣ, инчунин иxрои супоришҳои ташкилотҳои давлатию xамъиятие, ки бо тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳарчанд ки ин супоришҳо ба кори асосӣ вобаста набошад;
е) ҳангоми иxрои қарзи шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон дар бобати наxот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Рeйхати бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 241. Маъюбият дар натиxаи осеби ҳарбӣ
Маъюбияти шаҳрвандоне, ки давраи хизмати ҳарбиро адо кардаанд, вақте натиxаи осеби ҳарбӣ ҳисоб меёбад, ки он дар асари захм, контузия, маxрeҳшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё ҳангоми иxрои дигар eҳдадориҳои (вазифаҳои) хизмати ҳарбӣ ё дар натиxаи бемории вобаста бо иштирок дар xанг ё адои хизмат дар хориxа дар давлатҳое, ки дар он xоҳо амалиёти xангӣ бурда мешуд, рeй дода бошад. Ба xумлаи касоне, ки дар натиxаи осеби ҳарбӣ маъюб шудаанд, ҳамчунин собиқ хизматчиёни ҳарбие тааллуқ доранд, ки дар асари захмдорӣ, контузия, xароҳат ё бемориҳои давраи асирӣ маъюб шудаанд, ба шарте ки асорати онҳо ихтиёри набошад ва хизматчии ҳарбӣ ҳангоми асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошад, ё дар давраи дар артиши амалкунанда ба сифати писархонди (тарбиягирандаи) полкҳо ва юнгаҳо буданаш маъюб шуда бошад.
Моддаи 24 2. Маъюбияте, ки кас дар натиxаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (xамъомадҳои ҳарбӣ) мубтало шудааст
Маъюбият вақте ба амаломада ҳисоб мешавад, ки агар сабабаш осеби воқеаи нохуш буда, он ба иxрои eҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) алоқаманд нест, ё худ бемориҳое бошанд, ки бо адои хизмат дар хориxа дар давлатҳое, ки дар он xоҳо амалиёти xангӣ бурда шудаанд ё бо иштирок дар фронт алоқаманд набошанд.
Моддаи 25. Нафақа ба шаҳрвандони муҳоxире, ки аз мамлакатҳои дигар омадаанд
Ба шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон – муҳоxироне, ки аз мамлакатҳои дигар ворид гашта, дар Xумҳурии Тоxикистон кор накардаанд нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) аз рeи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ сарфи назар аз собиқаи корӣ;
б) аз рeи маъюбӣ дар асари бемории умумӣ – дар сурати мавxуд будани собиқаи корие, ки аз рeи синну сол то рeзи муқаррар намудани маъюбӣ зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ, ки ба Xумҳурии Тоxикистон кeчида омадаанд, нафақа мувофиқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад, агар чизи дигаре дар аҳдномаю созишномаҳои байни ин кишварҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 26. Нафақаи донишxeён
Ба донишxeёни таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус, омeзишгоҳу мактабҳо ва курси омeзиши кадрҳо, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор ё бемории касбӣ, ки бо таълими истеҳсолӣ, таxрибаомeзӣ ё машғулиятҳои амалӣ вобаста мебошанд, сарфи назар аз муддати дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ будан. Дар айни замон ба маъюбӣ бар асари маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таxрибаомeзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, маъюбие баробар карда мешавад, ки бинобар иxрои вазифаҳои давлатию xаъмиятӣ ё супоришҳои маъмурият, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои xамъиятие, ки ба тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба қайд гирифта шудаанд, ё бинобар иxрои вазифаи шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон дар бобати наxот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ фаро расидааст;
б) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ – агар донишxe, аспирант ё ординатори клиникӣ дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дар давоми мeҳлати лозимаи дар моддаи 23-юми ҳамин Қонун зикргардида таҳсил карда бошад.
Ба талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ нафақа дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таxрибаомeзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, сарфи назар аз мeҳлати таҳсил, таъин карда мешавад.
Моддаи 27. Андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маъюбӣ, ки дар бандҳои «а», «б», «г»-и моддаи 21 дар назар дошта шудаанд ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
ба маъюбони гурeҳҳои I ва II – 70 фоиз, ба гурeҳи III – 50 фоизи музди меҳнат (модаҳои 70-86 Қонуни мазкур). (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Агар маъюбони гурeҳҳои I, II ва III барои таъин кардани нафақа аз рeи синну сол, аз xумла бо шартҳои имтиёзнок, собиқаи кории зарурӣ дошта бошанд, нафақа аз рeи маъюбӣ ба андозаи нафақа аз рeи синну сол, мувофиқи собиқаи кории дахлдор таъин карда мешавад.
ҳадди ақалли нафақа ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
барои маъюбони гурeҳҳои I ва II ба андозаи 100 фоиз, маъюби гурeҳи III – 50 фоизи нафақаи ҳадди ақалли аз рeи синну сол.
Ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи маъюбӣ ба андозаи зерин муқарар карда мешавад:
-ба маъюбони гурӯҳи I -10 ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол;
-ба маъюбони гурӯҳи II -8 ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол;
-ба маъюбони гурӯҳи III -6 ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол;
Дар ҳама ҳолат андозаи ҳадди ниҳои нафақа аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи сину сол камтар бошад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 28. Нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Ба маъюбони гурeҳҳои I ва II ба сабаби бемории умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кофии корӣ надоранд (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) нафақа аз рeи маъюбӣ дар сурати нопура будани собиқаи корӣ ба андозае таъин карда мешавад, ки мутаносиби собиқаи кории мавxуда буда, вале на камтар аз 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол ба маъюбони гурӯҳои I ва II аз кӯдаки ва 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ба маъюбони гурӯҳи II бошад.
Ба нафақаҳо аз рӯи маъюбӣ бо собиқаи кории нопурра иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 31 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 29. Андозаи нафақаи донишxeён
Ба донишxeёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омeзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омeзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курсҳо, аспирантура ё ординатура кор накардаанд, инчунин ба талабагони мактабҳои таълими умумӣ, ки ба сабаби маибшавӣ дар кор ё бемории касбии вобаста ба омeзиши истеҳсолӣ, таxрибаомeзӣ ё дарсҳои амалӣ маъюб гаштаанд, нафақа дар мавриди маъюбӣ ба андозаҳои дар моддаи 27-уми Қонуни мазкур муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30. Андозаи нафақаи шахсоне, ки бар асари иxрои вазифаи шаҳрвандӣ маъюб гаштаанд
Ба шахсоне, ки бар асари иxрои вазифаҳои давлатию xамъиятӣ ё иxрои вазифаи шаҳрванди Тоxикистон дар бобати наxот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд (шахсоне, ки дар бандҳои «а», «е» ва «з»-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикр нагардидаанд) нафақа ба андозаи дар моддаи 27-уми ҳамин Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30 1. Нафақаҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинишуда
Дар асосҳои баробар бо хизматчиёни ҳарбӣ, мувофиқи модаҳои 241 ва 242 нафақа ба инҳо таъин карда мешавад:
ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ. Зимнан дар назар дошта мешавад, ки маъюбии онҳо дар асари захм, контузия ва маxрeҳӣ, ки ҳангоми иxрои eҳдадориҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст;
ба шаҳрвандоне, ки ба сабабҳои осори захм, контузия, маxрeҳӣ ё бемориҳои дар давраи хизмат дар баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои ҳимоякунандаи халқ ба амаломада маъюб шудаанд;
ба шаҳрвандоне, ки барои таълим ва санxиши омодагии ҳарбӣ даъват шудаанд ва дар натиxаи захм, контузия ё маxрeҳии ҳангоми иxрои eҳдадориҳои хизматӣ дар давраи гузаштани ин гуна xамъомадҳои ҳарбӣ ба амаломада маъюб шудаанд.
Шаҳрвандони иштироккунандаи xузъу томҳои ҳарбӣ, ки дар натиxаи осори захм, контузия ё маxрeҳӣ дар вақти ҳимояи сохти констутсионии Xумҳурии Тоxикистон маъюб дониста шудаанд ва маъюбии онҳо бо маъюбии дар натиxаи осеби ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад, аммо маъюбие, ки дар натиxаи дигар сабабҳои дар давраи гузаштани хизмат дар мақомоти номбаршуда xойдошта ба амал омадааст, бо маъюбии дар натиxаи бемориҳои дар давраи хизмати ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад.
Моддаи 30 2. Шартҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизматчиёни ҳарбӣ муайян мекунанд
Нафақа аз рeи маъюбӣ дар натиxаи осеби ҳарбӣ (моддаи 241), ё дар натиxаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (моддаи 242) новобаста аз муддати собиқаи умумии кор, аз он xумла хизмати ҳарбӣ (xамъомадҳои ҳарбӣ), таъин карда мешавад.
Моддаи 30 3. Андозаи нафақа аз рeи маъюбӣ дар натиxаи осеби ҳарбӣ
Нафақа аз рeи маъюбӣ дар натиxаи осеби ҳарбӣ (моддаи 241) барои гурeҳҳои I ва II ба андозаи 85 фоиз ва барои гурeҳи III 50 фоиз мувофиқи ҳаxми таъмини пулӣ (музди меҳнат) таъин карда мешавад.
Ҳадди ақали нафақа аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
— ба маъюбони гурӯҳи I –3 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
— ба маъюбони гурӯҳи II –2,5 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол;
— ба маъюбони гурӯҳи III –2 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 31. Иловапулӣ ба нафақа
Ба нафақа аз рeи маъюбӣ, аз xумла нафақае, ки ба ҳадди ақал ҳисоб шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар мегарданд:
а) ба маъюбони гурeҳҳои I ва II, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд, ба ҳар кадом узви корношоями оила, вале на бештар аз 3 нафар нонхeр (модаҳои 36, 39, 40-уми Қонуни мазкур) – ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
б) ба маъюбони гурeҳи I (ғайр аз маъюбони гурeҳи I аз рeи нобино), ҳамчунин ба маъюбони яккаву танҳои гурeҳи II, ки ба ёрии дигарон муҳтоxанд, барои нигоҳубини онҳо дар 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол; ба маъюбони гурeҳи I аз рeи нобиноӣ ва ба маъюбони осеби ҳарбидидаи гурeҳҳои I ва II, ки ба ёрии дигарон муҳтоxанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаxми ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол. Нафақаи маъюбони осеби ҳарбидидаи гурeҳи II (моддаи 241), ки барои гирифтани дигар намудҳои нафақа ва иловапулӣ барои нигоҳубин ҳуқуқ надоранд, 50 фоиз, барои маъюбони гурeҳи III дар натиxаи чунин сабаб ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол зиёд карда мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
в) нафақаи аз рeи маъюбӣ барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ вa шахсоне, ки бо ҳар се дараxаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд, 25 фоиз, барои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараxаи нишони Шарафи Меҳнат, барои шахсони аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбибуда (ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда буданд), ҳамчунин барои онҳое, ки дар давоми Xанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945), камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти корӣ дар xойҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда мукофотонида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуxоатнок ё барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Xанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукфотонида шудаанд – 15 фоизи маоши камтарин аз рeи синну сол меафзояд;
г) нафақа аз рeи маъюбӣ барои гурeҳҳои I ва II, дар натиxаи маxрeҳшавӣ ё бемории мансуб ба минтақаи офати экологӣ мебошад, 150 фоиз, барои гурeҳ III – дар натиxаи чунин сабаб ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол зиёд карда мешавад;
д) нафақа аз рeи маъюбӣ барои шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол зиёд карда мешавад;
е) нафақа аз рeи маъюбӣ ба шахсоне, ки унвони «Донори фахрии СССР» доранд,ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраргардида зиёд карда мешавад;
ж) нафақа аз рeи маъюбӣ ба сокинони Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, xойҳои ақаллиятнишин ва дигар xойҳои нигаҳдории маxбурии аз xониби фашистони олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи xанги дуюми xаҳонӣ ташкилшуда ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол зиёд карда мешавад;
з) нафақа аз рeи маъюбӣ ба шахсоне, ки беасос аз рeи ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шуда буданду баъдан онҳо сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол зиёд карда мешавад;
и) нафақа аз рeи маъюбӣ ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мургоби Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақали синну сол зиёд карда мешавад;
к) иловапулиҳо ба нафақаи аз рeи маъюбӣ таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Xумҳурии Тоxикистон» муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ 02.12.02,№76)
Иловапулиҳои дар бандҳои «а», «б», «в», «г», «д», «е», «ж», «з», «и» в «к»-и ҳамин модда пешбинишудa метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд.
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба e иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад. (ҚҶТ 02.12.02,№76)
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Xумҳурии Тоxикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд.
Ба нафақа аз рӯи маъюбии хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд ва иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол иловапулӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 32. (Хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.03.2015с., №1199)
Моддаи 33. Мeҳлати пардохти нафақа дар сурати тағйир ёфтани гурeҳи маъюбӣ ё барқарор гаштани қобилияти корӣ
Дар сурати тағйир ёфтани гурeҳи маъюбӣ нафақа ба андозаи нав аз рeи тағйири гурeҳи маъюбӣ пардохта мешавад.
Дар сурати қобили кор донистани маъюбе, ки аз муоинаи такрорӣ гузаштааст, нафақа то охири моҳе, ки дар давоми он маъюб қобили кор дониста шудааст, пардохта мешавад, вале барои давраи на бештар аз он рeзе, ки маъюбӣ муқаррар гардидааст.
Моддаи 34. Шартҳои аз нав барқарор намудани пардохти нафақа дар сурати пайдоиши фосила дар давраи маъюбӣ
Агар маъюб дар мeҳлати муқарраргардида барои муоинаи такрорӣ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳозир нашуда бошад, пардохти нафақаи e боздошта мешавад ва дар мавриди маъюб донистани e аз рeзи боздошти нафақа, вале барои давраи на бештар аз як моҳ аз нав барқарор карда мешавад.
Дар сурати бо сабаби узрнок дар мeҳлати муқарраргардида нагузаштан аз муоинаи такрорӣ нафақа бо қарори мақомоти ваколатдор аз рeзи боздошти пардохт то рeзи муоинаи такрорӣ, вале барои давраи на бештар аз 3 сол пардохта мешавад, агар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ин давра шахсро маъюб донад. Дар айни замон, агар дар натиxаи муоинаи такрорӣ шахси маъюб ба гурeҳи дигари маъюбӣ (гурeҳи баландтар ё пасттари маъюбӣ) гузаронида шавад, нафақаи давраи мазкур аз рeи гурeҳи пештара пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Агар пардохти нафақа ба маъюбӣ бар асари бемории умумӣ қобилияти кориашро аз дастдода бо сабаби аз нав барқарор шудани қобилияти корӣ қатъ гардида бошад, ё e бар асари ҳозир нагаштан ба муоинаи такрорӣ бе сабаби узрнок нафақаашро нагирифта бошад, дар ин ҳолат дар сурати эътирофи минбаъдаи маъюбии вай, пардохти нафақаи пештар таъингардида аз рeзи муқаррар намудани маъюбӣ аз нав барқарор карда мешавад, ба шарте ки пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа на бештар аз 5 сол гузашта бошад. Агар беш аз 5 сол гузашта бошад, нафақа аз нав дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад.
Моддаи 35. Пардохти нафақа ба маъюбоне, ки маош ё даромади дигар доранд
Нафақа аз рeи маъюбӣ, сарфи назар аз маош ё даромади дигар, бе иловапулӣ барои хeрандаҳо пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
ФАСЛИ IV.
НАФАҚА БА САБАБИ МАҳРУМ ШУДАН A3 САРОБОН
Моддаи 36. Аъзои оилае, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Ба нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аъзоёни азкорафтодаи оилаи саробонаш фавтида, ки таҳти таъминоти e қарор доштанд, ҳуқуқ доранд (моддаи 37). Зимнан, нафақа ба фарзандони ғайри қобили меҳнат, ба волидайн ва ҳамсари азкорафтода ва ҳамчунин ба волидайн ва ҳамсарони ғайри қобили меҳнати шаҳрвандони дар натиxаи осеби ҳарбӣ фавтида (ҳалокгардида), ба аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ;
ба аъзоёни оилаҳои шахсони дар вақти гузаштани хизмати ҳарбӣ фавтида (ҳалокшуда) ва ё агар сабаби марг ба иxрои хизмати ҳарбӣ алоқаманд набошад ва агар ин аъзоёни оила баъд аз сари саробонашон манбаи даромадро барои зиндагӣ аз даст дода бошанд, ба яке аз волидон, ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи дар банди «в»-и ҳамин модда нишон додашуда таъин карда мешавад.
Инҳо аъзои корношоями оила ба ҳисоб мераванд:
а) фарзандон, бародару хоҳарон ва набераҳои ба синни 18 нарасида, ё аз ин синну сол калонтар, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб шуда бошанд, зимнан бародарону хоҳарон ва набераҳо – ба шарте, ки волидайни қобили кор надошта бошанд;
б) падар, модар, зан, шавҳар, агар онҳо ба синну соли зерини нафақавӣ расида бошанд: мардҳо – 63 солагӣ, занҳо – 58 солагӣ ё онҳо маъюб бошанд; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
в) яке аз волидайн ё ҳамсар, бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти корӣ, агар онҳо кор накунанд ва машғули нигоҳубини кeдакон, бародару хоҳарон ё набераҳое бошанд, ки ба синни 8 нарасида саробонашон фавтидааст;
г) бобою бибӣ – дар сурати набудани шахсоне, ки мувофиқи Қонун онҳоро бояд таъмин кунанд;
д) донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (таҳсили рӯзона) то вақти хатми муассисаҳои мазкур, вале на зиёда аз синни 23-солагӣ. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Тамоми қоидаҳои ҳамин Қонун, ки ба оилаҳои фавтидагон тааллуқ доранд (азбаски шарти дигаре зикр нагардидааст), мутобиқан ба оилаҳои касони беному нишон гумшуда дахл доранд, ба шарте ки гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошад. Оилаҳои хизматчиёни дар давраи амалиёти ҳарбӣ бе ному нишон гумшуда ба оилаҳои дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳалокшуда баробар дониста мешаванд. (ҚҶТ аз 01.021993).
Моддаи 36 1. ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок
ҳамсарони шаҳрвандони дар асари осеби ҳарбӣ (моддаи 241) вафоткарда (ҳалокшуда), ки кeдаки то 8-солаи шахси фавтида (ҳалокшуда)-ро нигоҳубин мекунанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти меҳнатӣ ё аз он ки ҳамсараш кор мекунад, ё не ба нафақаи ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд.
Ба волидайн ё ҳамсарони шахсони дар натиxаи осеби ҳарбӣ вафоткарда (ҳалокшуда) (моддаи 241) нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳангоми расидан ба синни 53-солагӣ таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 37. Аъзои оила, ки хeранда дониста мешаванд
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурате хeрандаи e ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо дар таъминоти пурраи вай буда, ё аз e кeмаке мегирифта бошанд, ки барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт бошад.
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ёрии e барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт буд ва худашон ягон хел нафақа мегирифтанд, ҳақ доранд, ки ба нафақаи нав гузаранд.
Моддаи 38. Додани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд
Ба кӯдакҳои ятиму бекас дар давраи таҳти таъминоти пурраи давлат буданашон нафақа пурра дода мешавад.
Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, 25 фоизи нафақаи таъиншуда пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти нафақаро ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 39. ҳуқуқи нафақаи падархонду писархонд
Падархондҳо баробари волидайн, писархондҳо баробари фарзандони худи ба нафақа ҳақ доранд.
Ноболиғоне, ки барои маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқи нафақагирӣ доранд, дар сурати писархонд шуданашон ҳам аз ин ҳуқуқ маҳрум нагарданд.
Моддаи 40. ҳуқуқи нафақаи падарандару модарандар, писарандару духтарандар
Агар падарандару модарандар писарандар ё духтарандари фавтидаро (ҳалокшударо) камаш 5 сол тарбия ё таъмин карда бошад, баробари падару модар ба нафақа ҳақ доранд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Агар писарандару духтарандар аз волидайн алимент намегирифта бошанд, баробари фарзандони ҳамхуни падарандару модарандар ба нафақа ҳақ доранд.
Моддаи 41. Боқӣ мондани нафақа ҳини ақди никоҳи нав
Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақахeр ҳам бокӣ мемонад.
Моддаи 42. Собиқаи кории саробон, ки ҳуқуқи нафақагирӣ медиҳад
Ба оилаи саробоне, ки аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ вафот кардааст, инчунин ба оилаи нафақахeри марҳум, сарфи назар аз собиқаи кории саробон, нафақа таъин карда мешавад.
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробоне, ки бинобар бемории умумӣ ё маъюбии новобаста ба кор фавтидааст, дар сурате таъин карда мешавад, ки собиқаи кории саробон то рeзи вафоташ барои таъини нафақаи маъюбӣ мувофиқ бошад (моддаи 23-юми ҳамин Қонун).
Ба оилаҳои донишxeён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникие, ки то вақти дохил шудан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа мутобиқан бо худи ҳамин асосҳо таъин карда мешавад, ки дар мавриди маъюбӣ ба ин донишxeён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ (моддаи 26-уми Қонуни мазкур) таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон – муҳоxирони мамлакатҳои дигар, агар саробонашон дар Xумҳурии Тоxикистон кор накарда бошанд, нафақа дар мавридҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳое, ки дар мамлакатҳои дигар бинобар бесаробон монданашон нафақа мегирифтанд, сарфи назар аз собиқаи кории саробон;
б) ба оилаҳое, ки нафақа намегирифтанд, ба шарте ки саробонашон то рeзи қатъ кардани кор собиқаи кории лозима дошта бошад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) ва дар сурати фавти e аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ – сарфи назар аз собиқаи кории саробон.
Моддаи 43. Андозаи нафақа
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар узви корношоями оила 50 фоизи маоши саробон (моддаи 70-86 Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол, таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.051999,№748)
Нафақаи кӯдаконе, ки аз волидайнашон маҳрум шудаанд (ятимони бекас) ё кӯдакҳои модари яккаи фавтида ба ҳар як кӯдак набояд камтар аз 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол бошад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиxаи осеби ҳарбӣ ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила баробари 60 фоизи музди меҳнат (таъминоти пулӣ), ки дар моддаи 70-уми ҳамин Қонун муқаррар шудааст, таъин карда мешавад, аммо на камтар аз андозаи ду нафақаи ҳадди ақал аз рeи синну сол. (ҚҶТ аз 14.051999,№748)
Ҳадди ниҳоии нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви корношоями оила ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 44. ҳисоби нафақаи ятимони бекас
Нафақаи кӯдакони ятими бекас аз маблағи умумии маоши падару модар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 45. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи нопурраи кор
Ба аъзои оилае, ки бесаробон мондааст ва ин саробон аз бемории умумӣ вафот кардаасту барои таъин кардани нафақаи пурраи маъюбӣ собиқаи кории кофӣ надорад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур), нафақаи мутаносибан ба андозаи собиқаи кории саробон таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои нафақахeрони фавтида, ки дар сурати пурра набудани собиқаи корӣ нафақа мегирифтанд, мутаносибан ба собиқаи корие, дар асоси он ба саробони фавтида нафақа муқаррар шуда буд, таъин карда мешавад.
Дар ҳар сурат андозаи нафақа ба ҳар як узви корношоями оилаи саробони фавтида наметавонад аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол камтар бошад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 46. Андозаи нафақаи оилаҳои талабаю донишxeён
Ба оилаҳои донишxeёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омeзишгоҳҳо, мактабҳо ва курси омeзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, ки то вақти ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дохил шуданашон кор намекарданд, нафақа ба андозае, ки дар моддаи 43-юми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.
Моддаи 47. Андозаи нафақаи оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми иxрои қарзи шаҳрвандӣ ҳалок шудаанд
Ба оилаҳои шахсоне, ки бинобар иxрои вазифаҳои давлатӣ ё xамъиятӣ ё иxрои вазифаи шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон дар бобати наxот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳалок шудаанд (шахсони дар бандҳои «а», «е», ва «з»-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида), нафақа ба андозаи дар моддаи 43-юми Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 47 1. Шартҳои таъин намудани нафақа барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ
Нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ (аз xумла партизанҳои Xанги Бузурги Ватанӣ) муқарраршуда вақте таъин карда мешавад, ки агар саробон дар натиxаи осеби ҳарбӣ, ё худ бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 47 2. ҳуқуқи нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинигардида
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиxаи осеби ҳарбӣ ё бемории давраи хизмати ҳарбӣ, сарфи назар аз давомнокии собиқаи умумии корӣ, аз xумла хизмати ҳарбии саробон таъин карда мешавад.
Моддаи 48. Андозаи нафақаи оилаҳои нафақахeрон
Ба оилаҳои нафақахeрони фавтида нафақа мутобиқан аз рeи меъёрҳое, ки барои оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур зикргардида муқаррар шудаанд, таъин карда мешавад.
Моддаи 49. ҳуқуқи муроxиат барои таъини нафақа бе маҳдудияти мeҳлат
Оилае, ки бинобар бесаробон монданаш ба нафақа ҳуқуқ дорад, метавонад барои таъин кардани нафақа бе ҳеx маҳдудияти мeҳлат ҳар вақт пас аз фавтидан ё беному нишон дониста шудани саробон муроxиат кунад.
Барои маҳрум шудан аз саробон ба инҳо нафақа таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида, сарфи назар аз он, ки саробон чӣ вақт фавтидааст: дар давраи кор (таҳсил) ё пас аз қатъ кардани кор (таҳсил);
б) ба оилаҳои нафақахeрон, агар саробон дар давраи гирифтани нафақа ё на дертар аз 5 соли пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа фавтида бошад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 50. Давраи таъин кардани нафақа. Тағйир додани андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маҳрум шудан аз саробон мувофиқи моддаи Қонуни мазкур барои тамоми даврае, ки дар давоми он узви оилаи марҳум корношоям ба ҳисоб меравад, таъин карда мешавад. Ба он аъзои оила, ки ба синни зерин расидаанд, ин нафақа умрбод таъин карда мешавад: мардҳо – 63-сола, занҳо – 58-сола. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Тағйири андозаи нафақа ё қатъи пардохти он ба аъзои оила аз рeзи аввали моҳи дигари рeй додани ҳодисае, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақа ё қатъи пардохти он гаштааст, сурат мегирад.
Моддаи 51. Таъини як нафақа ба ҳамаи аъзои оила. Xудо кардани ҳиссаи нафақа
Ба ҳамаи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, як нафақаи умумӣ таъин карда мешавад.
Бо талаби узви оила ҳиссаи нафақаи e xудо карда, алоҳида дода мешавад.
ҳиссаи нафақа аз рeзи аввали моҳи дигари расидани аризаи тақсими нафақа xудо карда мешавад.
Моддаи 52. Андозаи нафақа дар сурати тағйири шумораи аъзои оила
Дар сурати тағйир ёфтани шумораи аъзои оила, ки барои маҳрум шудан аз саробон бо нафақа таъмин карда мешаванд, нафақа низ мутобиқан аз рeи шумораи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, кам ё зиёд карда мешавад.
ҳамин гуна тағйири нафақа дар мавридҳое сурат мегирад, ки пардохти нафақа ба яке аз аъзои оила пас аз барҳам хeрдани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани пардохти нафақа шуда буданд, боздошта ё барқарор карда мешавад.
Моддаи 53. Тартибу мeҳлати муқаррар кардани маъюбии аъзои оила
Ба аъзои оила, ки маъюб мебошанд, қоидаҳои дар моддаҳои 21, 22, 33, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 34-уми Қонуни мазкур баён гардида мувофиқан татбиқ мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с.,№1199)
Моддаи 54. Додани нафақа сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигар
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон, сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигари нафақахeр дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
ФАСЛИ V.
НАФАҚА БАРОИ ХИЗМАТИ ДАРОЗМУДДАТ
Моддаи 55. Асоси таъмини нафақа барои хизмати дарозмуддат
Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони машғули корҳое муқаррар карда мешавад, ки иxрояшон боиси аз даст додани қобилияти ихтисосии корӣ ё коршоямӣ то фаро расидани синне мешавад, ки ҳуқуқи ба нафақа баромадан медиҳад.
Моддаи 56. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи кормандони авиатсия ва ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо
Категорияҳои зерини коргарон ва хизматчиёни авиатсия, инчунин ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо, сарфи назар аз тобеияти идоравии корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар он xо кор мекунанд, ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд:
а) ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймо дар мавриди доштани собиқаи хизматии на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва на камтар аз 20 сол барои занон дар ҳамин вазифа.
Кормандони номбурда, ки аз корҳои парвоз аз сабаби вазъи саломатӣ (беморӣ) озод гардидаанд, дар сурати доштани собиқаи хизматии камаш 20 сол барои мардҳо ва камаш 15 сол барои занҳо мутаносибан ба вақти коркардаашон ба нафақа ҳуқуқ доранд.
Феҳристи мансаби кормандони ҳайати парвоз, тартиби ҳисоб кардани мeҳлати хизмати дарозмуддати таъини нафақаи онҳо, инчунин тартиби таъин кардану додани нафақа ба ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо мувофиқи тартибе тасдиқ мешавад, ки ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад;
б) кормандоне, ки ҳаракати ҳавоиро идора мекунанду шаҳодатномаи диспетчерӣ доранд:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он 10 солаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо.
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳоро идора мекунанд, ҳамчунин кори дар банди «а»-и ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб гирифта мешавад;
в) ҳайати инженерию техникӣ – аз рeи номгeи вазифаю корҳое, ки бо тартиби аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайяншаванда тасдиқ мегардад:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на кам тар аз 20 солаш дар вазифаҳои зикргардида;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на камтар аз 15-солаш дар вазифаҳои зикргардида;
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандони ҳайати инженерию техникӣ ҳамчунин коре, ки дар бандҳои «а» ва «б» ҳамин модда зикр гардидааст, ҳисоб карда мешавад;
г) ходимони ҳавопаймоҳо:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 15-солаш ба сифати ходими ҳавопаймо;
занҳо – пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш ба сифати ходими ҳавопаймо.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад. (ҚҶТ 11.12.1999,№911)
Моддаи 57. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаҳои дигари хоxагии халқ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат инҳо ҳуқуқ доранд:
а) кормандони экспедитсияҳо, гурeҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳое, ки бевосита дар корҳои иктишофи геологӣ, пайxeи топографию геодезӣ, геофизикӣ, гидрологӣ, xангалдорӣ ва корҳои таҳқиқоти машғул мебошанд:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикргардида.
Зимнан кори бевоситаи нимсола ё бештар аз нимсолаи саҳроӣ як соли кор ва агар аз ним сол камтар бошад, аз рeи мeҳлати воқеӣ ва дар корҳои мавсимӣ мувофиқи моддаи 67-уми Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад;
б) чeпонҳое, ки дар чарогоҳҳои баландкeҳ (зиёда аз 2000 метр) инчунин ноҳияҳои биёбонию беоб машғули кор мебошанд:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикршуда;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар кори зикргардида.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.
Моддаи 58. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо
Дар сурати доштани собиқаи фаъолияти эxодии аз 20 то 30 сол мувофиқи рeйхате, ки бо тартиби аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайяншаванда тасдиқ карда мешавад, категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо ба нафақаи хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.
Моддаи 59. Шартҳои ба хизмати дарозмуддат дохил кардани хизмати ҳарбӣ
Ба собиқаи кори эxодии ҳунарпешаҳои театрҳо ва муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо вақти хизмати ҳарбии онҳо аз рeи ихтисос дохил карда мешавад, агар камаш аз се ду ҳиссаи собиқаи корие, ки барои таъмини нафақаи хизмати дарозмуддат лозим аст, ба кор дар вазифаҳое рост ояд, ки ба гирифтани ин нафақа ҳуқуқ медиҳанд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.
Моддаи 60. Нафақаи хизмати дарозмуддати баъзе категорияҳои кормандони маориф ва тандурустӣ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат аз рeи номгeи муассисаҳою ташкилотҳо ва вазифаҳо, ки онро ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ мекунад, шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) муаллимҳое, ки дар кори омeзгорӣ дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои кeдакон бевосита машғул мебошанд – дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикргардида;
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50;
б) духтурҳо ва дигар кормандони тиб, ки дар корҳои муолиxа ва пешгирӣ намудани беморӣ дар байни аҳолӣ бевосита машғул мебошанд, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол аз рeи ихтисос дар маҳалҳои деҳот ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ ва на камтар аз 30 сол дар шаҳрҳо:
мардҳо – пас аз расидан ба синни 55;
занҳо – пас аз расидан ба синни 50.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад. (ҚҶТ 11.12.1999,№911)
Моддаи 61. Андозаи нафақа
Нафақаи хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба он ба андозаҳое, ки дар моддаҳои 16 ва 18-уми ин Қонун барои нафақа аз рeи синну сол муқаррар гардидаанд, таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Нафақа аз рeи музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи (моддаҳои 70 – 75, 76 ва 86-уми ин Қонун) пеш аз қатъи кор, ки барои нафақаи хизмати дарозмуддат (моддаҳои 56 – 60-уми ин Қонун) ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 62. Тартиби пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат
Нафақаи хизмати дарзмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз маблағи Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии Xумҳурии Тоxикистон пардохта мешавад.
Пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии Xумҳурии Тоxикистон то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешавад, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 14.051999,№748)
Нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор аз рeи тартибе, ки дар моддаи 20-уми ин Қонун пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад, аммо нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор дар вазифае, ки ба таъини ин намуди нафақа ҳуқуқ медиҳад, пардохта намешавад. (ҚҶТ 11.12.1999,№911)
ФАСЛИ VI.
ҳИСОБИ СОБИҚАИ КОРӣ БАРОИ ТАЪИНИ НАФАҚАИ МЕҳНАТӣ
Моддаи 63. Намудҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки мавриди таъини нафақа ҳамчун собиқаи корӣ ҳисоб карда мешаванд
Фаъолияти меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо, сарфи назар аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад, собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки аз музди меҳнат ё даромад аз чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд.
Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи корӣ дар колхоз барои давраи пас аз соли 1965, агар узви колхоз бе сабаби узрнок дар хоҷагии ҷамъиятӣ ба ҳадди ақали муқарраршуда кор накарда бошад, вақти кор аз рӯи давомнокии воқеӣ ба назар гирифта мешавад.
Ба собиқаи корӣ чунин корҳо низ дохил карда мешаванд:
а) хизмати ҳарбии касбӣ ва хизмат дар дигар воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд;
б) фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки аз даромади чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд;
в) ҳар кори дигаре, ки зимни иҷрои он шахс мавриди суғуртаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст;
г) фаъолияти эҷодии шахсоне, ки дар банди в) моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд. Дар ин ҳол фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи кинематографистон, Иттифоқи ходимони театр ва дигар кормандони эҷодие, ки аъзои иттифоқҳои эҷодӣ нестанду дар кумитаҳои дахлдори касбӣ муттаҳид шудаанд, то вақти мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, сарфи назар аз пардохтан ё напардохтани саҳми суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо собиқаи фаъолияти эҷодӣ аз тарафи котиботи раёсати иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи нахустинтишор ё нахустиҷро ва ё нахустнамоиши оммавии асари ҳамин муаллиф муқаррар карда мешавад;
д) корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст;
е) вақти нигоҳубини маъюби гурӯҳи I ё кӯдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида. Зимнан эҳтиёҷмандӣ ба нигоҳубини шахси дигари маъюби гурӯҳи I, кӯдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳангоми ҳисоби собиқаи кор дар конҳо, ки барои гирифтани нафақа
аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13
Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии
меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст,
ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад.
(ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13
Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии
меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст,
ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад.
(ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 631. Давраҳои фаъолияте, ки дар мавриди таъини нафақа ба собиқаи кории умумӣ дохил карда мешаванд
Ба собиқаи кории умумӣ чунин давраҳои фаъолият дохил карда мешаванд:
а) давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омӯзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ;
б) давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ;
в) вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол;
г) давраи истиқомати занҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мӯҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рӯи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол.
Ҳангоми зиёд намудани нафақа аз рӯи синну сол барои ҳар соли корӣ (моддаи 16 Қонуни мазкур), дар баробари собиқаи корӣ инчунин давраҳое, ки дар бандҳои а) – г) ҳамин модда ва моддаҳои 64 – 67 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Давраи кори пас аз таъин гардидани нафақа низ ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 64. Имтиёзҳо аз рeи ҳисоби собиқаи корӣ
Ба собиқаи корӣ ба андозаи секарата инҳо ҳисоб карда мешаванд:
– хизмати ҳарбӣ дар ҳайати артиши амалкунанда дар давраи амалиётҳои xангӣ, аз он xумла ҳангоми иxрои вазифаи интернатсионалӣ ва ҳамчунин иштирок дар отрядҳо ва xузъу томҳои партизанӣ;
– кор дар шаҳри Ленинград дар давраи муҳосираи он дар солҳои Xанги Бузурги Ватанӣ аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944;
– кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати осори садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳолӣ берун бурда шуда буд) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли1987;
– кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигонҳои Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 25 августи соли 1949 то 3 июли соли 1963 зарар дидаанд.
Моддаи 65. Имтиёзҳои шаҳрвандони сафед кардашуда
Ба шаҳрвандоне, ки беасос ба xавобгарии xиноятӣ кашида шудаанд, бедалелу асос таъқиб гаштаанд ва баъд сафед карда шудаанд, муддати дар ҳабс будан, адои xазо дар xойҳои маҳрумият аз озодӣ ва бадарға ба собиқаи корӣ сечанд ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 66. Имтиёзҳо аз рeи ҳисоби собиқаи корӣ ба андозаи дукарата ва якунимкарата
Ба андозаи дукаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
– кор дар солҳои Xанги Бузурги Ватанӣ, аз он xумла ба ҳайси командони ғайринизомии кироя дар қисмҳои ҳарбӣ ва хизмат, ғайр аз хизмати ҳарбии дар абзатси якуми моддаи 64-уми ҳамин Қонун пешбинишуда;
– давраи асорат дар конслагерҳои фашистӣ ё дар дигар xойҳои нигаҳдории маxбурӣ дар давраи Xанги Бузурги Ватанӣ, ба шарте, ки асорат ихтиёрӣ набуда, дар вақти асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошанд;
– кор дар махавхонаҳо ва муассисаҳои муборизаи зидди тоун.
Ба андозаи якунимкаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
– кор дар Xумҳурии Афғонистон бо командировка ё роҳхатҳои муассисаю мақомоти дахлдор дар давраи аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989;
– кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳолӣ берун бурда шуда буд) дар давраи аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 1990;
– кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигони Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 6 июли соли 1963 то 1 январи соли 1992 зарар дидаанд;
– кор дар вазифаҳои духтури маразшиносӣ-колбудшиносӣ, ки бо колбудшикофии патологии xасадҳо ва тадқиқоти гистологӣ аз рeи Феҳристи тасдиқнамудаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон машғуланд.
Моддаи 67. Тартиби ба собиқаи корӣ илова кардани баъзе намудҳои
xудогонаи корҳо
xудогонаи корҳо
Кор дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноат дар давоми мавсими пурра, сарфи назар аз тобеияти корхонаю ташкилотҳо, мувофиқи Рeйхате, ки ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ менамояд, ҳамчунин кор дар совхозҳо дар давоми мавсими пурра ба собиқаи корӣ ҳамчун як соли кор ҳисоб карда мешавад.
Дигар корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рeи давомнокии воқеиашон ҳисоб карда мешаванд.
Моддаи 68. Тартиби тасдиқи собиқаи корӣ Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи
корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд,
ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст,
ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи
кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид
ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
(ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд,
ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст,
ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи
кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид
ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
(ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 69. Шартҳои ба собиқаи кории шаҳрвандони хориxӣ, ҳамроҳ кардани муддати кор дар Тоxикистон
Тамоми давраи кори шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳод дар Иттифоқи XШС-и собиқ ба собиқаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад.
Ба шаҳрвандони хориxӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳое, ки барои таъини нафақа собиқаи кории муайян лозим аст, нафақа бо шарте таъин карда мешавад, ки аз се ду ҳиссаи собиқаи кории лозима ба кор дар Xумҳурии Тоxикистон рост ояд, агар дар созишномаҳо (моддаи 108-уми ин Қонун) чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
ФАСЛИ VII.
ҳИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 70. ҳисоб кардани нафақа аз рeи фоизи музди миёнаи моҳона
Нафақа аз рeи меъёрҳои муқарраршудаи фоизи музди миёнаи моҳона, ки мувофиқи моддаҳои 71–76-уми ин Қонун муайян мегардад, ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 71. Тартиби умумии муайян кардани музди миёнаи моҳона
Ба шахсоне, ки дар моддаи 3-юми ин Қонун зикр гардидаанд (ғайр аз аъзои колхозҳо), музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи пайдарпайи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи пайдарпайи охири кор пеш аз муроxиат барои нафақа, ё ин ки аз панx соли пайдарҳами (бо интихоби шахси барои нафақа муроxиаткарда) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроxиат барои нафақа гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Музди миёнаи моҳонаи кори 24 моҳ бо роҳи ба 24 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи тақвимии корӣ муттасил муайян мегардад.
Музди миёнаи моҳонаи меҳнатӣ 5 сол бо роҳи ба 60 тақсим кардани маблағи умумии музди шаст моҳи тақвимии корӣ пай дар ҳам муайян карда мешавад. Дар баробари ин бо хоҳиши шахсе, ки барои нафақа муроxиат кардааст, моҳҳои нопурраи рeзҳои кор бинобар дохил шудан ба кор ё хориx шудан аз кор ҳамчун моҳҳои тақвимии пурраи кор ҳисобида мешаванд.
Агар шахси барои нафақа муроxиаткарда аз 24 моҳ камтар собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Агар корманд камтар аз як моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди меҳнаташ барои тамоми давраи кор ба шумораи рeзҳои кор тақсим карда, маблағи ҳосилшуда ба шумораи рeзҳои кории моҳ, ки ба ҳисоби миёна барои як сол ҳисоб шудааст (25,4 – дар сурати ҳафтаи 6-рeзаи кор ва 21,2 – дар сурати ҳафтаи 5-рeзаи кор, зарб карда мешавад. Дар ин маврид барои ҳисоб кардани нафақа маблағи на бештар аз ду ставкаи тарифӣ (маош) ба назар гирифта мешавад. Барои ҳисоб кардани нафақаи кормандоне, ки ҳисоб кардани вақти кориашон ғайриимкон аст, музде гирифта мешавад, ки аз андозаи чоркаратаи музди камтарини кор зиёд набошад. Рeйхати чунин кормандонро ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
ҳангоми таъини нафақа ба кормандоне, ки машғули корҳои мавсимӣ мебошанд, музди воқеии миёнаи якмоҳа бо роҳи ба 60 тақсим кардани музди меҳнати 5 мавсими пурра ё ба 24 тақсим кардани 2 мавсими пурра муайян мешавад.
ҳангоми муқаррар намудани андозаи нафақа ҳиссаи касрии воҳиди пулии камтар аз нисф ба ҳисоб гирифта нашуда, бештар аз нисф ба ҳисоб гирифта шуда, ба xониби зиёдшавӣ яклухт карда мешавад.
Моддаи 72. Навъҳои пардохти музде, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақа ҳамаи навъҳои пардохтҳои музди меҳнате, ки аз рeи он тибқи қоидаҳои xорӣ ҳаққи суғурта гирифта мешавад, аз xумла пардохти музди кори зиёда аз мeҳлат, кори рeзҳои истороҳат ва корӣ дар як вақт дар ду xой, ғайр аз ҳар гуна пардохтҳои якдафъаина (xубронпулӣ барои рухсатии истифодашуда, кумакпулӣ ҳангоми аз кор холӣ кардан ва ғайра) дохил карда мешаванд.
Кӯмакпулие, ки барои давраи муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ ва рухсатии давраи ҳомилагӣ ва зоидан пардохта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
ҳаққи қалами муаллифӣ дар баробари музди меҳнати кори дигар ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар ин ҳол он аз рeи ставкаҳои давлатие, ки дар вақти пардохти ҳаққи қалам эътибор доштанд, ҳисоб карда мешавад.
Стипендияи давраи таҳсил бо хоҳиши шахси барои нафақа муроxиаткарда ҳамчун музди меҳнат ҳисоб карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи шахсоне, ки воxиби суғуртаи иxтимоии давлатӣ намебошанд (банди «д»-и моддаи 3-юми ин Қонун), ба музди меҳнат барои ҳисоби нафақа он намудҳои маош дохил карда мешавад, ки аз онҳо ҳаққи суғуртаи иxтимоӣ ситонида мешавад.
Моддаи 73. Тартиби муайян кардани музди миёнаи якмоҳаи аъзои колхозҳо. Навъҳои пардохти музди меҳнати аъзои колхозҳо, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охири кор пеш аз муроxиат барои нафақа, ё ин ки аз 5 соли пайдарҳами (бо интихоби шахсе, ки барои нафақа муроxиат кардааст) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроxиат ба нафақа гирифта мешавад.
Музди миёнаи моҳона бо роҳи мутобиқан ба 24 ё 60 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи кор ё 60 моҳи кор муайян карда мешавад.
Агар шахси барои таъини нафақа муроxиаткарда камтар аз 2 сол узви колхоз бошад, нафақа, аз рeи музди миёнаи моҳонаи воқеии тамоми давраи дар колхоз буданаш ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол музди миёнаи моҳона бо роҳи ба шумораи моҳҳои ҳамин давра тақсим кардани маблағи умумии музди меҳнати давраи дахлдор муайян карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо ба музди меҳнат ҳамаи навъҳои музди кор дар хоxагии xамъиятии колхоз дохил карда мешаванд.
Моддаи 73 1. Тартиби ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
Ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолиятдошта аз рӯи даромади панҷсолаи умумӣ дар мақомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онҳо, ки аз он бо назардошти меъёрҳо, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намудаанд ё даромаде, ки аз рӯӣ маблағи пардохтнамудаи андози иҷтимоии муайянгардида ҳисоб карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Даромади миёнаи моҳона бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади 60 моҳи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба 60 моҳ муайян карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар шахси барои таъмини нафақа муроҷиаткунанда ба фаолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома аз панҷ сол камтар машғул шуда бошад, вале собиқаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ дорад, нафақа аз рӯи даромади миёнаи моҳонаи эъломияшуда муқаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моҳона дар ин ҳолат бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади моҳҳои тақвимӣ ба шумораи воқеии ин моҳҳо муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 5.10.09с, №554).
Моддаи 74. Xамъбасти музди меҳнат
Агар як қисми даврае, ки аз рeи он музди миёнаи якмоҳа ҳисоб карда мешавад, ба кори колхоз ба сифати узви колхоз ва қисмати дигар ба кори дигар рост ояд, музди кори ҳар давра аз рeи қоидаҳое ба назар гирифта мешавад, ки мутобиқан барои аъзои колхозҳо ва барои шахсони дигар муайян шудааст. Маблағи умумии музди меҳнат дар ин сурат ба бисту чор ё шаст ё мутобиқан ба миқдори воқеии моҳҳои давраҳои зикргардидаи кор тақсим мегардад, агар ин миқдори моҳҳо аз бисту чор кам бошад.
Агар қисми даврае, ки аз он музди миёнаи меҳнати моҳона ҳисоб карда мешавад, ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва қисмаш ба кори дигар рост ояд, дар он сурат даромад ва музди меҳнат барои ҳар давра аз рӯи меъёрҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мутобиқан барои соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва барои дигар кормандон муқаррар гардидаанд. Дар ин маврид маблағи умумии даромад аз соҳибкорӣ ва музди меҳнат ба 60 моҳ, агар теъдоди моҳҳо аз 60 кам бошад (қисми 3 моддаи 731), мутобиқан ба теъдоди моҳҳои воқеии давраи кор тақсим карда мешавад. (Қ ҶТ аз 5.10.09с, №554).
Моддаи 75. ҳисоб кардани музди меҳнати баъзе категорияҳои меҳнаткашон
Нафақаи шахсоне, ки аз рeи шартнома (контракт) дар ҳузури шаҳрвандони алоҳида кор мекунанд (хизматгорҳо, дояҳо, котиб-мошинисткаҳо, стенографистҳо, посбонон, боғбонҳо, ронандагон ва ғайра), аз музди (маоши) воқеӣ, вале на зиёдтар аз ду ставкаи (маоши) тарифии коргарону хизматчиёни касбҳои дахлдор ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи аъзои иттифоқҳои эxодии Xумҳурии Тоxикистон ва дигар кормандони эxодӣ тибқи асосҳои умумии дар ин фасли Қонун муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 76. Имтиёзҳои ҳисоб кардани музди меҳнат ҳангоми ҳисоб кардани нафақа
ҳангоми ҳисоби музди миёнаи моҳона дар асоси моддаҳои 70, 71 ва 73-юми ин Қонун бо хоҳиши шахсе, ки барои гирифтани нафақа муроxиат кардааст, моҳҳои нопурраи корӣ ба сабаби оғоз ё қатъи кор, рухсатии бемузд рухсатӣ барои нигоҳубини кeдаки то 3-сола, инчунин давраи коре, ки дар давоми он шаҳрванд маъюб буд ё xуброни зарари дар натиxаи маъюбшавӣ ё дигар зарари ба саломатӣ расидаро мегирифт, ба маъюби гурeҳи I, кӯдаки маъюби то 18-сола, кeҳансоли 80-солаи мeҳтоxи нигоҳубини дигаронро нигоҳубин мекард, дохил карда намешаванд. Дар ин ҳол моҳҳои дохил карданашуда бо моҳҳои дигаре, ки бевосита пеш ё пас аз он меоянд, иваз карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 77. ҳисоб кардани нафақа дар сурати собиқаи нопурраи кор
Нафақа дар сурати нопурра будани собиқаи кор (моддаҳои 17, 28 ва 45-уми ин Қонун) ба андозае таъин карда мешавад, ки ба собиқаи кории мавxуда мутаносиб бошад.
Нафақа ба таври зайл ҳисоб карда мешавад:
аввал нафақаи пурраи дахлдор муайян карда, он ба шумораи моҳҳое, ки барои собиқаи пурраи кори матлуб тақсим карда, рақами ҳосилшуда ба шумораи моҳҳои собиқаи воқеии кор зарб зада мешавад (дар собиқаи кори давраи аз 15 рeз зиёд ба моҳи пурра баробар карда, давраи аз 15 рeз камтар гирифта намешавад).
Агар нафақа дар мавриди собиқаи кории пурра ба андозаи камтарини муқарраркардаи ин Қонун (моддаҳои 16, 37, 43) таъин шуда бошад, нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра мутаносибан ба собиқаи кории мавxуда бо назардошти андозаи камтарини нафақа, вале дар ҳамаи ҳолатҳо на камтар аз андозаи нафақаи иxтимоие таъин мешавад, ки барои категорияи дахлдори шахсони корношоям муқаррар шудааст (моддаи 110-уми ҳамин Қонун).
Моддаи 78. Аз рeи музди зиёдтар аз нав ҳисоб кардани нафақа
Барои нафақахeроне, ки пас аз таъини нафақа аз рeи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз 2 сол бо маоши бештар аз маоше, ки аз рeи он ҳисоб шуда буд, кор кардаанд, мувофиқи аризаи нафақахeр, бо назардошти маоши зиёдтар андозаи нави нафақа муқаррар карда мешавад, ки он аз рeи 24 моҳи кории пайдарҳами пас аз таъини нафақа бо тартиби дар моддаҳои 70, 72 ва 76-уми ин Қонун муқарраршуда, муайян мегардад.
Аз рeи ҳамин шартҳо нафақае, ки ба сабаби набудани музди меҳнат ба андозаи камтарин таъин шудааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Ба нафақахӯроне, ки пас аз таъини нафақа аз рӯи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз ду сол бо даромади баландтар аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, назар ба оне, ки аз он нафақа ҳисоб шудааст, кор кардаанд, андозаи нави нафақа аз рӯи даромади баландтар барои 24 моҳи пайдарпайи кор пас аз таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 5.10.09с, №554).
Агар музди нафаҳахeр минбаъд зиёд шавад, мувофиқи аризаи e нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли баъди ҳисоби навбатӣ бори дигар ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 79. Аз нав ҳисоб кардани нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Агар нафақахeре, ки ба вай нафақа аз рeи синну сол ё маъюбии гурeҳҳои I ва II бо собиқаи кории нопурра таъин шудааст, пас аз таъини нафақа на камтар аз ду сол кор карда бошад, мувофиқи аризааш бо назардошти собиқаи корие, ки то вақти азнавҳисобкунӣ дорад, нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли кори баъд аз таъини нафақаи нав ҳисоб карда хоҳад шуд.
Агар нафақахeр корро давом дода, соҳиби собиқаи корие шуда бошад, ки барои таъини нафақаи пурра кифоят кунад, мувофиқи аризаи нафақахeр нафақаи e сарфи назар аз он, ки аз давраи таъини нафақаи собиқаи кории нопурра чанд вақт гузаштааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Дар ин ҳол нафақаи пурра дар мавриди маъюбӣ ба шарте муқаррар мешавад, ки нафақахeр мутобиқи синну солаш то лаҳзаи фарорасии маъюбӣ собиқаи кории барои таъини нафақаи пурра лозимро дошта бошад (моддаи 23-юми ин Қонун).
Нафақа бо интихоби нафақахeр аз маоше, ки нафақа аввал аз рeи он таъин шудааст (ё баъдан мувофиқи тартиби дар моддаи 78-уми ҳамин Қонун пешбинишуда аз нав ҳисоб шудааст) ва ё аз маоши охирин аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 80. Ба маош дохил намудани пардохти молии музди меҳнат
Барои аъзои колхозҳо, кооперативҳои дигар, кормандони совхозҳо ва корхонаю ташкилотҳои дигаре, ки дар баробари музди пулӣ ҳаққи молие мегиранд, ки аз арзиши он ҳаққи суғуртавӣ ситонида мешавад, ҳангоми муайян намудани маоши миёнаи моҳона аз рeи нархи чаканаи давлатӣ даврае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки музди меҳнат дода мешуд.
Моддаи 81. ҳисоб кардани музди давраи кор дар хориxа
ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи моҳонаи кормандоне, ки барои кор ба хориxа фиристода шудаанд, (рафтаанд) аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маоше, ки пеш аз фиристодан (рафтан) ба хориxа мегирифтанд (моддаҳои 70–76-уми ин Қонун) ва ё мувофиқи интихобашон маоше, ки дар асоси моддаи 82-юми ин Қонун муайян мешавад, ба назар гирифта мешавад.
Моддаи 82. ҳисоб кардани нафақаи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ки берун аз қаламрави Xумҳурии Тоxикистон кор кардаанд
Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, аз музди меҳнат (даромаде), ки аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаашон ҳисоб карда мешавад.
Тартиби ҳисоби нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 83. ҳисоб кардани нафақаи мавриди маҳрум шудан аз саробон. ҳисоби нафақаи оилаҳои нафақахeрон
ҳангоми ҳисоб кардани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мутобиқан моддаҳои 70 – 76, 80 – 82 ва 86-и Қонун истифода мешаванд.
Нафақаи оилаҳои нафақахeрон барои маҳрум шудан аз саробон аз ҳамон музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Нафақаи оилаҳои нафақахeроне, ки ҳуқуқи аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи тартиби пешбиникардаи моддаи 78-уми ин Қонун доштанд, аз музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Моддаи 84. хорич карда шуд.ҚҶТ (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 85. Аъзои оилае, ки барояшон иловапулӣ ҳисоб карда мешавад
Иловапулӣ ба нафақаи нафақахeроне, ки кор намекунанд ва аъзои корношоями оила доранд, барои аъзои оила, ки дар моддаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми ин Қонун зикр ёфтаанд, дода мешавад. Ин иловапулӣ барои аъзои оила, ки худ нафақаи меҳнатӣ ё иxтимоӣ мегиранд, дода намешавад.
Дар сурати дар оила будани ду ва зиёда нафақахeри бекор ҳар узви корношоями оила, ки дар таҳти саробонии ягонаи онҳо қарор доранд, ҳангоми ҳисоб кардани иловапулӣ бо хости худи нафақахeрон фақат барои яке аз нафақахeрон муайян карда мешавад.
Моддаи 86. ҳисоб кардани нафақаи шахсони сокини ноҳияҳое, ки барои музди меҳнат коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст
Барои шахсони сокини ноҳияҳое, ки дар он xо ба музди меҳнати коргарону хизматчиён коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст, ҳангоми таъини нафақа музди воқеии меҳнат бо истифодаи коэффисиенти ноҳиявӣ ба назар гирифта мешавад.
Андозаи камтарини нафақае, ки аз рeи ин Қонун барои ноҳияҳои коэффисиенти ноҳиявиашон муқарраршуда таъин мегардад, барои давраи истиқомат дар ин ноҳияҳо бо татбиқи коэффисиенте, ки дар ҳамин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ xорӣ аст, муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Аз нав ҳисоб кардани нафақа бинобар тағйир ёфтани вазъи оила, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор
Агар нафақахeр баъд аз таъмини нафақа бинобар тағйир ёфтани шароити оилавӣ, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор ба гирифтани иловапулӣ барои аъзои корношоями оила ҳуқуқ пайдо кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум шавад, ё андозаи ин иловапулӣ тағйир ёбад, нафақаи вай мутаносибан аз нав ҳисоб карда мешавад.
ФАСЛИ VIII.
ТАЪИН КАРДАНИ НАФАҚА
ТАЪИН КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 88. Тартиби муроxиат барои таъин кардани нафақа
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа ба коргарон, хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо (дар ҳолати маҳрум шудан аз саробон) тавассути маъмурияти корхона, муассисаю ташкилоти xои охирини кор дода мешавад.
Ариза дар хусуси таъини нафақаи аъзои колхозҳо ва кооперативҳои дигар ва оилаҳои онҳо тавассути раёсати колхоз (кооператив) дода мешавад.
Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рӯзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад.Агар пешниҳод барои таъини нафақаи корманде, ки муроxиат намудааст, рад карда шавад, ба e дар ин хусус ба шакли хаттӣ хабар дода, сабабҳои он зикр карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Дар ҳолатҳое, ки шахси барои нафақа муроxиаткарда бо қарори маъмурият (раёсат) ва кумитаи иттифоқи касаба дар бораи рад карда шудани пешбариаш барои таъини нафақа розӣ набошад, метавонад дар хусуси таъини нафақа бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ариза диҳад. (ҚҶТ.12.11с.№789).
Ариза дар бораи нафақаи шаҳрвандони дигар ва аъзои оилаҳои онҳо бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори истиқомати аризадиҳанда супурда мешавад. (ҚҶТ.12.11с.№789).
Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки аз рeи масъалаҳои таъини нафақа тавзеҳоту маълумот диҳанд ва ба аризадиҳанда дар гирифтани ҳуxxатҳои зарурӣ мусоидат намоянд.
Сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ҳақ доранд аз корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ҳуxxатҳои дахлдор талаб кунанд, ҳамчунин дар мавриди зарурат асоснок будани дода шудани онҳоро тафтиш намоянд. (ҚҶТ.12.11с.№789).
Моддаи 89. Мақомоти таъинкунандаи нафақа
Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.( ҚҶТ.12.11с.№789).
Моддаи 90. Мeҳлати баррасии ҳуxxатҳои таъини нафақа
ҳуxxатҳои таъини нафақаро мақомоте, ки нафақа таъин мекунанд (моддаи 89), на дертар аз 10 рeзи расидани онҳо баррасӣ менамоянд.
Қарори рад кардани таъини нафақа ба сабабҳои мувофиқат накардани он ба шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар тамоми ҳолатҳо танҳо аз xониби мақомоти ваколатдор қабул мешавад. Мақомоти ваколатдор на дертар аз 5 рeзи пас аз баровардани қарори дахлдор ба корхона, ташкилот ё арзкунанда хабари рад шудани таъини нафақаро ба дасташон медиҳад ва ё мефиристад ва дар он сабабҳои радшавӣ ва тартиби шикоят карданро нишон медиҳад ва ҳамзамон тамоми ҳуxxатҳоро бармегардонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор
Аз болои қарори мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.(ҚҶТ.12.11с.№789).
Моддаи 92. Мeҳлати таъини нафақа
Нафақа аз рeзи муроxиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳои зерин, ки нафақа пештар таъин карда мешавад:
а) нафақа аз рeи синну сол ва маъюбӣ аз рeзи расидан ба сини нафақа ё мутобиқан муқаррар намудани маъюбӣ аз xониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин карда мешавад, агар барои нафақа на дертар аз 3 моҳи рeзи расидан ба синни нафақа ё муқаррар намудани маъюбӣ муроxиат шуда бошад; (ҚҶТ 30.07.2007,№333)
б) нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз рeзи ҳуқуқ ба нафақа пайдо кардан, вале на бештар аз 12 моҳи пеш аз муроxиат барои нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 93. Мeҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаи таъиншуда
Нафақаи таъиншуда дар мeҳлатҳои зерин аз нав ҳисоб карда мешавад:
дар мавриди фаро расидани ҳуқуқи зиёд кардани нафақа – аз рeзи якуми моҳе, ки дар он нафақахeр барои аз нав ҳисоб кардани нафақа муроxиат кардааст, агар аризаи дахлдор бо тамоми ҳуxxатҳои зарурӣ то рeзи 15-уми моҳ дода шуда бошад ва аз рeзи якуми моҳи оянда, агар e ариза ва тамоми ҳуxxатҳои заруриро баъди рeзи 15-уми моҳ дода бошад;
дар мавриди рeй додани ҳолатҳое, ки боиси кам шудани нафақа мегарданд, аз рeзи якуми моҳе, ки дар он ин ҳолатҳо рeй додаанд, агар онҳо то рeзи 15-уми моҳ фаро расида бошанд ва аз рeзи якуми моҳи оянда, агар онҳо пас аз рeзи 15-уми моҳ воқеъ шуда бошанд.
Дар ҳолатҳои пешбиникардаи модаҳои 33 ва 50-уми Қонуни мазкур нафақа аз мeҳлате, ки дар ҳамин модаҳо зикр гардидааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 94. Аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронидан
Нафақахeрро аз як нафақа ба нафақаи дигар мақомоти ваколатдор мегузаронад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Нафақахeр аз рeзи супурдани аризаи дахлдор ва тамоми ҳуxxатҳои зарурӣ (агар онҳо дар парвандаи нафақа набошанд), аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронида мешавад.
Моддаи 95. хорич карда шуд.(ҚҶТ аз 12.04.12с.№823)
ФАСЛИ IХ.
ДОДАНИ НАФАҚА
Моддаи 96. Пардохти нафақа
Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи нафақа дар ҷойи қайди воқеии нафақагир, пардохт карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с.,№1199)
Моддаи 97. хорич карда шуд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 98. Вазифаи нафақахeрон ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳо дар бобати хабардор кардани сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ва тағйироти шароите, ки ба нафақагирӣ таъсир мерасонанд(ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Дар ҳолатҳое, ки бинобар мавxуд будани музди кор ё даромади дигар нафақаи таъиншуда ба андозаи камтар дода шавад ё умуман дода нашавад, нафақахeрон бояд аз хусуси музди кор ё даромади дигарашон ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Нафақахeроне, ки барои маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, ҳамчунин вазифадоранд, ки аз хусуси тағйир ёфтани ҳайати аъзои оила, ки барои онҳо нафақа ё ин ки иловапулӣ ба нафақа мегиранд, ба сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдорро огоҳ намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Моддаи 99. Додани нафақа аз рeи ваколатнома ва тартиби ба расмият даровардани он
Нафақаро ба истиснои нафақаи маъюбони гурӯҳҳои II ва III аз рeи ваколатнома додан мумкин аст. Ваколатнома ба мeҳлати на бештар аз 12 моҳ дода мешавад.
Агар дар ваколатнома мeҳлат зикр нашуда бошад, он дар давоми як соли пас аз рeзи ба расмият дароварданаш эътибор дорад. Ваколатномаро бояд идораи нотариалӣ, идораи манзил ё ташкилотҳои дигари хонагии манзили маҳалли истиқомати нафақахeр ва ё муассисаи табобатие, ки нафақахeр дар он бистарию муолиxа мешавад, тасдиқ намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с.,№1199)
Моддаи 100. Додани нафақаи давраи гузашта
Пули нафақае, ки онро нафақахeр дар вақташ нагирифтааст, барои давраи гузаштаи на бештар аз 3 соли пеш аз муроxиаташ барои гирифтани нафақа дода мешавад.
Маблағи нафақае, ки бо айби мақомоти нафақатаъинкунанда ё нафақадиҳанда сари вақт гирифта нашудааст, барои давраи гузашта бе ягон маҳдудияти мeҳлат дода мешавад.
Моддаи 101. Масъулияти дурустии маълумоте, ки дар ҳуxxатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд ва сари вақт таъин накардану напардохтани нафақа
Корхона (ташкилот, шаҳрванд) барои дурустии маълумоте, ки дар ҳуxxатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд, масъул мебошад.
Дар ҳолатҳое, ки маълумоти дар ҳуxxатҳо овардашуда нодуруст буда, дар асоси онҳо нафақа дода шудааст, корхона зарари расонидашударо ба мақомоти ваколатдор xуброн мекунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Шахсоне, ки барои вайрон кардани моддаи мазкур гуннаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон ба xавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 14.051999,№748)
Моддаи 102. Додани нафақа ба шахсоне, ки дар хонаю интернатҳои пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд
Ба нафақахeроне, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд, моҳе 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки андозаи нафақаи онҳо аз хароxоти парасторӣ дар ин хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиёд бошад, фарқи нафақа ва пули парасторӣ дода мешавад, вале он ҳар моҳ на камтар аз 10 фоизи нафақаи таъингардида ва на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ бошад.
Агар нафақахeр дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ карда, аъзои корношоями оила дошта бошад ва онҳо нонхeри вай бошаид (модаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми Қонуни мазкур), нафақа аз рeи тартиби зерин дода мешавад: 10 фоизн нафақа, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини синну сол ба худи нафақахeр ва қисми боқимондаи нафақа, вале на бештар аз 50 фоизи нафақаи таъингардида ба ин аъзои оила дода мешавад.
Нафақаҳои иxтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи камтарин аз рeи синну сол пардохт мешаванд.
Моддаи 103. Додани нафақа дар давраи муолиxа дар табобатхона
Дар давраи дар табобати статсонарӣ дар беморхона, клиника, госпитал ва дигар муассисаҳои табобатӣ, инчунин махавхонаҳо будан нафақа пурра дода мешавад.
Моддаи 104. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон
Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон дар асосҳои умумӣ ва пурра аз xониби сохторҳои маҳалии мақомоти ваколатдор дар маҳали xойгиршавии муассисаҳои ислоҳӣ, бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анxом дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Моддаи 105. Касри нафақа
Нафақа дар мавридҳои зерин каср карда мешавад:
а) дар асоси қарорҳо, таъиноту ҳукмҳои суд (дар қисмати ситонидани амвол), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иxрояшон мувофиқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон бо тартиби барои иxрои қарорҳои суд муқарраргардида ба анxом расонида мешавад;
б) дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор барои ситонидани маблағе, ки ба нафақахeр бар асари суиистеъмол аз xониби e зиёдатӣ пардохт шудааст (дар натиxаи пешниҳод кардани ҳуxxатҳои дорои маълумоти қасдан ғалат, пинҳон кардани музди меҳнат ё дигар даромад, пешниҳод накардани маълумоти тағйири ҳайати аъзои оила). (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Ғайр аз мавридҳои дар боло зикргардида ба ягон хел касри дигари нафақа роҳ дода намешавад.
Андозаи маблағи касри нафақа аз маблағе, ки ба нафақахeр бояд пардохт шавад, ҳисоб карда мешавад.
Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), товони зарари дуздии амволи ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифтаи музди меҳнат на бештар аз 50 фоизи нафақа каср шуда метавонад.
Аз рeи тамоми намудҳои дигари маблағситонӣ на бештар аз 20 фоизи нафақа каср шуда метавонад. Нафақа дар асоси қарорҳои ои мақомоти ваколатдор зиёда аз касрҳои дигар ба андозаи на бештар аз 20 фоизи нафақа каср мешавад. Дар тамоми ҳолатҳои касри нафақа барои нафақахeрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Агар пардохти нафақа пеш аз пурра кандани қарзе, ки дар натиxаи барзиёд гирифтани нафақа каср мешаваду он дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор қатъ гардидааст (масалан, бар асари барқаpop шудани коршоямӣ), қарзи боқимонда аз тариқи судӣ ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№789)
Моддаи 106. Додани нафақаи нагирифтаи нафақахeр бинобар фавти e ва додани ёрдампулӣ барои дафн
Маблағе, ки ба нафақахeр бояд пардохт мешуду бинобар фавтиданаш пурра гирифта нашудааст, ба мерос дохил карда намешавад ва ба он аъзои оила пардохт мешавад, ки ба xумлаи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансубанд (модаҳои 36, 37, 39, 40-уми Қонуни мазкур). Аммо волидайн ва ҳамсар, инчунин дигар аъзои оилаи нафақахeр, ки то рeзи фавташ бо e якxоя истиқомат мекарданд, новобаста аз он ки ба доираи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансуб намебошанд, ба гирифтани ин маблағ ҳуқуқ доранд.
Дар сурати муроxиати якчанд аъзои оила маблағи нафақа, ки онҳо ба он ҳақ доранд, дар байнашон баробар тақсим карда мешавад.
Маблағи мазкур дар мавриде пардохт мешавад, ки барои гирифтани он на дертар аз 6 моҳи баъди фавти нафақахeр муроxиат карда бошанд.
Дар сурати фавти нафақагир ба аъзои оилаи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ барои дафн пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Агар маросими дафни нафақахeрро шахсоне анxом диҳанд, ки аъзои оила намебошанд, кӯмакпулӣ ба ин шахсон ба андозаи на зиёдтар аз маблағи хароxоти воқеии дафн дар ҳудуди андозаи зикргардидаи ёрдампулӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 107. Додани нафақа ба шаҳрвандоне, ки ба хориxа рафтаанд
Ба шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ ба хориxа рафтаанд, нафақа таъин намешавад.
Нафақае, ки дар Xумҳурии Тоxикистон қабл аз рафтан ба хориxа барои истиқомати доимӣ таъин гардидааст, қабл аз рафтан ба хориxа барои 6 моҳ пешакӣ дода мешавад. ҳангоми дар хориxа будани ин шаҳрвандон танҳо нафақаҳое дода мешаванд, ки ба сабаби маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъин шудааст.
Тартиби таҳвили нафақаҳои бар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъингардида ба дигар кишварҳо аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 108. Созишномаҳои байни Xумҳурии Тоxикистон ва мамлакатҳои дигар оид ба муҳофизати иxтимоӣ
Дар ҳолатҳое, ки дар созишномаҳои (шартномаҳои) ҳимояи иxтимоии аҳолии байни Xумҳурии Тоxикистон ва кишварҳои дигар қоидаҳои дигаре нисбат ба қоидаҳои дар Қонуни мвзкур зикргардида пешбинӣ шуда бошанд, мутобиқан қоидаҳои дар ин созишномаҳо (шартномаҳо) муқарраргардида истифода мешаванд.
ФАСЛИ Х
НАФАҚАҳОИ ИXТИМОӣ
Моддаи 109. Шаҳрвандоне, ки ба нафақаи иxтимоӣ ҳуқуқ доранд
Нафақаҳои иxтимоӣ ба шахсони зерине, ки кор намекунанд (ғайр аз маъюбон аз кeдакӣ), дар сурати надоштани ҳуқуқи нафақаи меҳнатӣ таъин карда ва дода мешаванд:
Маъюбони гурeҳҳои I ва II, аз xумла ба маъюбон аз кeдакӣ, инчунин маъюбони гурeҳи III;
шахсоне, ки ба синну соли зерин расидаанд:
мардҳо – 65 сол, занҳо – 60 сол;
кeдакон – дар сурати маҳрум шудан аз саробон (банди «а»-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур);
кӯдакони маъюби то 18-сола.
Номгeи далелҳои тиббие, ки ба кӯдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иxтимоӣ медиҳанд, бо тартиби аз xониби ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқарраршаванда муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 110. Андозаи нафақаҳои иxтимоӣ
Нафақаи иxтимоӣ аз рeи андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба маъюбони гурeҳи I, маъбони гурeҳҳои I ва II аз кeдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18-сола – 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рeи синну сол; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
б) ба маъюбони гурeҳи II, ғайр аз маъюбон аз кeдакӣ, шахсони ба ин синн расида: мардҳо ба 65, занҳо ба 60, ба кeдакон барои маҳрум шудан аз саробон (банди «а»-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур) барои ҳар як кeдак – 50 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рeи синну сол; ба кeдакони аз волидайн маҳрумшуда (ятимони якка) – 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол;
в) ба маъюбони гурeҳи III – 30 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол.
Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иxтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рeи синну сол таъин карда мешавад.
Моддаи 111. Татбиқи коэффисиенти ноҳиявӣ ба андозаи нафақа
Барои шахсони истиқоматкунандаи ноҳияҳое, ки дар он xо нисбати музди меҳнати кормандон ва хизматчиён коэффисиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидаанд, андозаи нафақаи иxтимоӣ барои давраи истиқомати онҳо дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффисиенти дар ин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқарраргардида муайян карда мешавад.
Моддаи 112. ҳуқуқи интихоби нафақаи иxтимоӣ ё иловапулии нафақаи меҳнатӣ
Дар сурати дар як вақт мавҷуд будани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони гирандаи нафақаи иҷтимоӣ барои аъзои корношоями оила тибқи моддаҳои 18 ва 31 Қонуни мазкур, мувофиқи интихоби муроҷиаткунанда ё нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони ӯ таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
Моддаи 113. Тартиби таъин кардан ва додани нафақаи иxтимоӣ
Нафақаи иxтимоӣ аз рeи муроxиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад. ҳангоми таъин кардан ва додани нафақаи иxтимоӣ мутобиқан модаҳои 89 – 91, 93, 94, 96, 98 – 106 ва 108-уми Қонуни мазкур истифода мешаванд.
ФАСЛИ ХI
ТАРТИБ ВА ШАРТҳОИ A3 НАВ ҳИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 114. Зиёд кардани андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ
Андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон зиёд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.051999,№748).
Моддаи 115. Аз нав ҳисоб кардани нафақаи пештар таъингардида
Нафақа дар асоси ҳуxxатҳои синну сол, собиқаи корӣ, музди меҳнат ва ҳуxxатҳои дигаре, ки дар парвандаи нафақа то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ мавxуд мебошанд, инчунин ҳуxxатҳои иловагие, ки онҳоро нафақахeр то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ пешниҳод кардааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар нафақахeр баъдтар ҳуxxатҳои иловагиеро (дар хусуси собиқаи корӣ, музди меҳнат, вазъи оилавӣ ва ғайра), ки ҳуқуқи минбаъдаи зиёд кардани нафақаро медиҳанд, пешниҳод намояд, нафақа бинобар татбиқи Қонуни мазкур аз нав дар асоси нормаҳои Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол нафақа аз рeи мeҳлатҳое, ки дар моддаи 93-юми Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 116. Музди меҳнате, ки ҳангоми аз нав ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешавад
Нафақаҳое, ки мувофиқи қонунгузории пештар амалкунанда таъин гардидаанд, бо интихоби нафақахeр аз музди миёнаи моҳонаи 5 сол ё 2 соли (модаҳои 70 – 76 ва 86-уми Қонуни мазкур) пеш аз татбиқи Қонуни мазкур барои категорияҳои дахлдори нафақахeрон ё пеш аз таъини нафақа ё аз музди маҳнате, ки пештар нафақа ҳисоб карда шуда буд, аз рeи ҳуxxатҳои дар парвандаи нафақа буда аз нав ҳисоб карда мешавад.
Зимни аз нав ҳисоб кардани нафақа аз музди кор маош тибқи индекси афзоиши музди миёнаи моҳонаи xумҳурӣ барои даврае меафзояд, ки аз лаҳзаи ҳисоб кардани нафақа гузаштааст. Тартиби аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи ҳамин модда ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 117. Тартиби таъини нафақаи имтиёзнок ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ доштанд
Ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба кори шароити меҳнаташ зараровару вазнин машғул буданд ва ин дар қонунгузории собиқа пешбинӣ шуда буд, нафақа аз рeи синну сол бо шартҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба шахсоне, ки то рeзи татбиқи Қонуни мазкур собиқаи пурраи корҳои мазкурро, ки ба нафақаи шартҳояш имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, доранд, нафақа ба андозаи пешбиникардаи Қонуни мазкур мутобиқи талаботи синну сол ва собиқаи корие, ки бо қонунгузории пештар амалкунанда муқаррар шудааст, таъин карда мешавад;
б) синни шахсоне, ки собиқаи пурраи кори дорои шароити зараровар вa вазнини меҳнат надоранд, ва ин синн мувофиқи моддаи 11-уми ҳамин Қонун барои таъини нафақа зарур аст, мутаносибан ба собиқаи кории
мавxуда бо тартиби пешбиникардаи моддаи 12-уми Қонуни мазкур дар асоси талаби собиқаи кории дар қонунгузории xории пештар муқарраргардида кам карда мешавад.
мавxуда бо тартиби пешбиникардаи моддаи 12-уми Қонуни мазкур дар асоси талаби собиқаи кории дар қонунгузории xории пештар муқарраргардида кам карда мешавад.
Моддаи 118. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун илова ба нафақаи таъингардидаи меҳнатӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мувофиқи Қонуни мазкур нафақаи меҳнатӣ таъин гардидааст, муқаррар карда мешавад.
Шартҳо ва тартиби таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
ФАСЛИ ХII
ҳУҚУҚИ МАҶЛИСҲОИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ ВА КОЛЛЕКТИВҳОИ МЕҳНАТӣ ДАР БОБАТИ ТАЪМИНОТИ МОДДИИ НАФАҚАХEРОН
Моддаи 119. ҳуқуқи Маҷлисҳои вакилони халқ дар бобати муқаррар намудани навъҳои иловагии таъминоти моддии нафақахeрон
Бо ин Қонун сатҳи тазминшудаи таъминоти моддии иштирокдорони xангу меҳнат ва дигар шаҳрвандони корношоями Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
Маҷлисҳои вакилони халқ ва ташкилотҳои xамъиятӣ аз ҳисоби маблағи худ метавонанд бо назардошти буxети ҳадди ақалли истеъмолии ин минтақа тадбирҳои иловагии таъминоти моддии нафақахeронро муқаррар намоянд.
Ба нафақахeрону маъюбон аз ҳисоби маблағи дахлдори буxети маҳаллӣ иловапулию имтиёзҳои зайл муқаррар шуда метавонанд:
иловапулӣ ба ҳадди ақалли нафақа, ба ҳамаи намудҳои нафақаҳо мувофиқи тағйири арзиши зиндагонӣ ва афзоиши музди меҳнат дар xумҳурӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
иловапулӣ барои нигоҳубини нафақахeрони танҳо, ки мeҳтоxи нигоҳубини каси дигаранд;
имтиёзи адои хизмати тиббӣ ва муолиxа дар санаторияю курортҳо;
имтиёзи додани музди хона, музди хизмати коммуналӣ ва рафтуомад дар нақлиёти xамъиятӣ;
имтиёзи нархи билети нафақахeрон ҳангоми рафтан ба муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳо.
Моддаи 120. ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ
Маъмурияти корхонаю ташкилотҳо якxоя бо кумитаҳои иттифоқҳои касаба ва Шeрои коллективи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ, ки барои пaрдохти музди меҳнат пешбинӣ шудааст, масъалаҳои вобаста ба беҳдошти шароити зисти собиқадорон ва маъюбони дар ҳамин коллективҳо коркарда ва дигар нафақахeронро ҳал намояд, аз xумла корҳои зайлро анxом диҳад:
бо назардошти саҳми меҳнатии корманд, давомнокии собиқаи кории умумӣ ва бефосила ба нафақаҳо иловапулӣ муқаррар намояд; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
барои кормандони дар корҳои дорои шароити номусоид ё дар ноҳияҳои дорои шароити махсуси иқлимӣ машғулбуда нафақаи пеш аз мeҳлат xорӣ намояд, агар онҳо аз рeи шароити меҳнат мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи нафақаи имтиёзнок надошта бошанд;
ба нафақахeрони яккаву танҳое, ки мeҳтоxи нигоҳубини каси дигаранд, барои нигоҳубини онҳо иловапулӣ муқаррар намояд; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№823).
нисбати нафақаҳо иловапулиҳои (пардохтҳои иловагии) шахсӣ xорӣ намояд, ҳангоми ба нафақа баромадан ба кормандоне, ки дар назди ҳамин коллективи меҳнатӣ хизмати шоён кардаанд ва пеш аз ҳама барои муваффақиятҳои зиёд дар меҳнат ёрдампулии якдафъаина диҳад.
Корхонаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ барои равнақу ривоxи иxтимоии пешбинишуда ба нафақахeрон дар бобати додани хонапулӣ, хароxоти тарбияи кӯдакони кeдакистонҳои тобеи корхонаю ташкилотҳо имтиёзҳо муқаррар намоянд, музди сeзишворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, воситаҳои инфиродии ҳаракат, дигар молҳои ба нафақахeрон зарур, саҳмпулии кооперативҳои сохтмони манзил, боғдорӣ, сохтмони гараж, арзиши билетҳои ҳамаи хелҳои нақлиёти xамъиятӣ ва тамошо, муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳоро қисман ё пурра ба зимма гиранд, ба нафақахeрон ёрии дигар расонанд.
Корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд ба нафақахeрон зимни истифодаи комплексҳои варзишию солимгардонӣ, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, санаторияҳо, муассисаҳои маданияту маърифати тобеи ин ташкилоту корхонаҳо имтиёзҳо диҳанд.
Раиси Шeрои Олии
Xумҳурии Тоxикистон Э. РАҳМОНОВ
25 июни соли 1993, шаҳри Душанбе
№ 796
ҚАРОРИ
РАЁСАТИ ШEРОИ ОЛИИ
XУМҳУРИИ ТОXИКИСТОН
Дар хусуси тартиби ба мавқеи иxро гузоштани Қонуни Xумҳурии Тоxикистон
«Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон»
(Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1993, №15-16, мод.351)
Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон қapop мекунад:
- Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон» аз 1 январи соли 1994 ба мавқеи иxро гузошта шавад.
- Бинобар афзудани арзиши зиндагӣ ва баланд гаштани андозаи пардохти музди меҳнат ҳамаи намудҳои нафақаҳо ва нафақаҳое, ки пеш аз ба мавқеи иxро гузоштани ин Қонун таъин шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон аз нав ҳисобу китоб карда шаванд.
- Дар давраи то 1 июли соли 1995 андозаи зиёдтарини нафақа аз рeи
синну сол дар сурати доштани собиқаи кори умумӣ, ки ба собиқаи кори барои таъини нафақаи пурра лозим баробар бошад, инчунин андозаи зиёдтарини нафақаи маъюбони гурeҳи I ва II ба ҳадди ду нафақаи камтарин; нафақаи маъюбони гурeҳи III ва нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар сари узви корношоями оила, ба истиснои нафақаи бачагоне, ки аз падару модар маҳрум шудаанд ва модари яккаашон фавтидааст, – ба ҳадди нафақаи камтарини синну сол; нафақаи синну сол, ки барои кор дар шароити басо зараровар ва басо вазнини меҳнат (рeйхати № 1) ва нафақае, ки барои хизмати дарозмуддат ба кормандони ҳавонавардӣ ва ҳайати парвози озмоишӣ таъин карда шудааст, ба андозаи дуюним нафақаи камтарини синну сол муайян карда шавад. Ин маҳдудиятҳо бидуни назардошти иловапулии бо Қонун пешбинишуда муқаррар карда мешаванд. Ба маъюбон ва иштирокчиёни xанг нафақа бе маҳдудиятҳо пардохта мешавад. - Нафақаҳое, ки пештар барои хизмати дарозмуддат ба кормандони маориф ва тандурустӣ барои занон аз 50-солагӣ ва барои мардон аз 55-солагӣ таъин шуда буданд, ба андозаи нафақаи камтарин аз рeи синну сол муқаррар карда шаванд.
- Тарифҳои пардохти ҳаққи суғуртаи иxтимоиро барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ва шаҳрвандони соҳибкор, инчунин маблағи пардохти ҳатмии шаҳрвандони коркунандаро ба Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии Xумҳурии Тоxикистон ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар мекунад.
- Фонди нафақа, Вазорати таъминоти иxтимоӣ, Вазорати молия, Вазорати иқтисод, Вазорати адлия, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ механизми баҳисобгирии пардохтҳои ҳатмии суғуртавии шаҳрвандони машғули корро ҳангоми ҳисоб кардани нафақа муайян кунанд.
- Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии Xумҳурии Тоxикистон, корхонаҳо ва ташкилотҳои он аз додани ҳама гуна андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва боxҳо, аз xумла боxи давлатӣ, инчунин додани пули хизматрасонии бонкҳои давлатию тиxоратӣ аз рeи хизматрасонии кассавии иxрои фонди буxет озод карда шаванд.
- ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон:
то 1 октябри соли 1993 оид ба масъалаҳое, ки Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон» ба салоҳияти ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон дода аст, қарорҳо қабул намояд;
то 1 январи соли 1994 рeйхати истеҳсолот, сехҳо, ихтисосҳо ва нишондиҳандаҳоеро, ки ба гирифтани нафақа барои кори шароити меҳнаташ зарарнок ҳуқуқ медиҳанд, феҳристи нафақаҳоро барои хизмати дарозмуддат ва корҳои мавсимӣ дар xумҳурӣ таҳия карда, тасдиқ намояд;
санадҳои меъёрии ҳукумати Xумҳурии Тоxикистонро ба Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон» мувофиқ намояд ва аз xониби вазорату идораҳои Xумҳурии Тоxикистон аз нав дида баромадану тағйир додани қарорҳояшонро, ки хилофи ин Қонун мебошанд, таъмин кунад;
барои амалӣ гаштани замонати ҳимояи иxтимоӣ ва беҳбуди шароити зиндагии ветеранҳо, маъюбон, модарони муҳтоxу серфарзанд тадбирҳои иловагӣ андешад;
оид ба ҳифзи иxтимоии шахсоне, ки дар амалиёти (задухeрдҳои) мусаллаҳона барои муҳофизати сохти конститутсионии Xумҳурии Тоxикистон дар солҳои 1992 – 1993 иштирок кардаанд, ҳамчунин аъзои оилаи шахсоне, ки дар натиxаи маxрeҳӣ, контузия, ё маъюбӣ дар амалиёти мусаллаҳонаи мазкур ҳалок шудаанд ё фавтидаанд, қарор қабул намояд.
- Муқаррар гардад, ки то аз тарафи ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ шудани Рeйхати истеҳсолот, кор, ихтисос, вазифа ва нишондиҳандаҳое, ки барои таъмини нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ медиҳанд, ҳамон Рeйхате амал мекунад, ки бо Қарори Девони Вазирони ИXШС аз 26 январи соли 1991 № 10, инчунин тағйироту иловаҳои он тасдиқ шуда буданд.
- Ба Вазорати ҳимояи иxтимоии аҳолии Xумҳурии Тоxикистон ҳуқуқ дода шавад, то дар хусуси тартиби татбиқи Қонуни Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон» шарҳу эзоҳ диҳад, ки барои ҳамаи корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои воқеии қаламрави Xумҳурии Тоxикистон ҳатмӣ мебошанд.
Раиси Шeрои Олии
Xумҳурии Тоxикистон Э. РАҳМОНОВ
25 июни соли 1993, шаҳри Душанбе,
№797
* — минбаъд нафаrа мувофиrи синну сол номида мешавад.
** — агар шарти дигаре набошад, минбаъд корхонаю ташкилотхо номида мешавад.
* Минбаъд иштирокчиёни xанг номида мешаванд.
1 Минбаъд – маъюбон, иштирокчиёни минтаrаҳои офатҳои экологb