Эъломияи Истиқлолияти Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон

24 Август 1990, Ҷумъа

Совети Олии Республики Советии Социалистии Тоҷикистон: бо дарки амиқи масъулия и таъриӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он, бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ, бо эътирофи он, ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқӣи миллатҳои советӣ дар ҳайати Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистии таҷ дидёфта зомини тарақиқиёти ҳамаҷониаи онҳо мебошад, бо таъкиди этиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини РСС Тоҷикистон , ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон иродаи халқи РСС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард.
  1. Республикаи Советии Социалисти Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли сермиллат мебошад. Истиқлолияти давлатии РСС Тоҷикистон дар ягонаги ва ҳукумравоии ҳокимяти давлатӣ дар тамоми ҳудуди РСС Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбанд.
  2. Гражданинҳои РСС Тоҷикистон сарфи назар аз мансубияти миллӣ халқи РСС Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки он ифодакунандаи истиқлолият ва манбаъи ягонаи ҳокимяти давлати дар Республика мебошад. Халқ ҳокимияти давлатиро ҳам бевосита ва ҳам ба воситаи мақомоти намояндаҳо дар асоси Конститутция РСС Тоҷикистон амали мегардонад. Ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаркати оммавӣ, гӯруҳи одамон ё шахси алоҳида аз номи халқи РСС Тоҷикистон баромад карда наметавонад. Фақат Совети Олии РСС Тоҷикистон дорои чунин ҳуқуқ мебошад.
  3. Ҳокимияти давлатӣ дар РСС Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроя ва судӣ ба амал бароварда мешавад.
  4. РСС Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисоди, иҷтимои ва маъданиро мустақилона ҳал мекунад.
  5. Дар ҳудуди РСС Тоҷикистон Ҳукумравоии Конститутцияи РСС Тоҷикистон ва қонунҳои РСС Тоҷикистон муқарар мешавад; Ҳамаи гаржданинҳои РСС Тоҷикистон, шахсоне, ки мансубияти гражданӣ надорад, ташкилотҳои давалатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ фаъолияти худро мувофиқи Конститутцияи РСС Тоҷикистон ва қонунҳои РСС Тоҷикистон ба роҳ мемонад ва онҳоро қонун ҳимоя мекунад. Назорати оллӣ ба иҷрои дақиқ ва ягонаи қонунҳо дар ҳудуди Республика аз тарафи прокурори РСС Тоҷикистон, ки Советӣ Олли РСС Тоҷикистон таъин мекунад, сурат мегирад. Прокурори РСС Тоҷикистон дар назди Советӣ Олии РСС Тоҷикистон масъул аст ва ба он ҳисобот медиҳад.
  6. РСС Тоҷикистон ҳуқуқҳои дахлнопазирии иттифоқи Республикаҳои Советӣ Социалистӣ ва Республикаҳои иттифоқиро эътироф ва эҳтиром менамояд; муносибатҳои худоро бо онҳо дар асосӣ шартномаю муоҳидаҳо ба роҳ мемонад; дар республикаҳои дигари иттифоқӣ намояндагони ваколатдор дошта метавонад.
  7. РСС Тоҷикистон ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиботе, ки шартномаи иттифоқи муайян мекунад ва мутобиқи қонунҳои, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд, аз ҳайати СССР озодона хориҷ гардад.
  8. Дар РСС Тоҷикистон хамаи партияҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммави, ки дар доираи Контитуцияи РСС Тоҷикстон амал мекунад, ҳуқуқи баробар доранд; ба онҳо барои иштирок дар идораи давлат ва корҳои ҷамъиятӣ шароит муҳаё карда мешавад.
  9. Дар ҳудуди РСС Тоҷикистон гражданияти республика муқарар карда мешавад. Ҳар як гаржданини РСС Тоҷикистон дар айни замон гражданини СССР мебошад. 10.РСС Тоҷикистон ба ҳамаи гржданинҳо ва шахсоне, ки мансубияти гражданӣ надоранд, аммо дар ҳудуди республика зиндаги мекунанд, сарфи назар аз аслу насаб, аҳволи иҷтимоӣ, вазъи дороӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, забон, ҷинс, ақидаи сиёсӣ, эътиқоди динӣ, наву хусусияти кор, ҷой истиқомат ва ҳолатҳои дигар тамоми ҳуқуқу озодиҳоеро кафолат медиҳад, Конститутцияи РСС Тоҷикистон, в Конститутцияи Иттифоқи Республикаҳои Совети Содциалистӣ ва меъёрҳои маъмули ҳуқуқи байналхалқи пешбини менамоянд. РСС Тоҷикистон дар ҳаққи гражданинҳои худ, ки дар хориҷи Республика қарор доранд, ғамхори мекунад ва барои ҳимояю муҳофизати манфиатҳои онҳо тадбирҳо меандешад.
  10. Ҳудуди РСС Тоҷикистон дахлнопазир аст ва беризоияти халқи он наметавонад тағийр дода шавад.
  11. РСС Тоҷикистон барои соҳибият, истифода ва ихтиёрдори сарвати милли республика ҳуқуқи том дорад. Замин, сараватҳои зеризаминӣ ва дигар захираҳои таббии республика сирф моликияти РСС Тоҷикистон мебошад.
  12. РСС Тоҷикистон банкҳои махусус таъсис карда, сиёсати молия, қарз ва нархро мустақилона муқарар менамояд.
14.РСС Тоҷикисрот эҳёи миллиу маъдани халқи тоҷик, анъана ва русумоти неки таърихӣ онро таъмин намуда, инчунин ба ҳамаи миллатҳои сокини республика ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва инкишофи озодонаи миллиу маъданиро замонат медиҳад.
14прим 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкили хизматӣ алтернативӣ, дар Қувваҳои Мусалаҳро ҳал намуда, дар корӣ ташкилӣ амнияти колективи ва нигоҳодри қушунҳои стратегии Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр иштирок менамояд, (ҚҶТ 09.09.1991с).
  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатиҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консули, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамоянд, бо онҳо мубодилаи намоядагони салоҳиятдоро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад.
  2. РСС Тоҷикистон тарафдори принципҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътироф шудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷонибдори бо роҳи сиёси ҳал кардани тамоми ихтилофот буда, ҳуқуқ, озоди ва соҳибихтиёри ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳоро эҳтиром мекунад, барои дӯстӣ, бародарӣ ва пешрафти минбаъда дар тамоми ҷаҳон саъй менамояд.
  3. Ҳар сол 14 октябрьро ҳамчун Рӯзи таъсиси Республики Совети Социалисти Тоҷикистон ҷашн гирифта, рӯзи истироҳат эълон карда шавад.
  4. Нишони миллӣ, байрақ ва суруди миллӣ, рамзи истиқолияти РСС Тоҷикистон буда муқадасан ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд.
  5. Эъломияи мазкур барои таҳияи Конституцияи нави РСС Тоҷикистон ва бастани шартноми иттифоқӣ асос мебошад.
Эъломия 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Совети оллии РСС Тоҷикистон даъвати двозадҳум қабул шудааст.

Илова кунед