Конфронси онлайнии гурӯҳҳои дӯстӣ

15 Сентябр 2020, Сешанбе

Имрӯз конфронси онлайнии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳамтоёни ӯзбекистонияшон баргузор гардид.
Дар мулоқоти маҷозӣ тарафҳо доир ба равобити мутақобилан судманди кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суҳбат намуда, қайд карданд, ки муносибатҳои ин ду кишвари ба ҳам дӯст дар марҳилаи навин аз рушди иқтисоду тиҷорат то шарикии стратегӣ расида, дар беҳтар гардидани сатҳи муносибатҳои тарафайн ва зиндагии шоистаи мардумони кишварҳоямон нақши созгор гузоштааст.

Улуғбек Иноятов – муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон зимни суханронии худ аз ҳамкории давлатҳои Ӯзбекистону  Тоҷикистон дар марҳилаи навин ситоиш намуда, қайд кард, ки ин шакли муносибат аз мо вакилони мардумӣ тақозо менамояд, ки дар раванди кори худ дӯстии кишвархоямонро равнақ бахшем.
Дар навбати худ Дилрабо Мансурӣ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид намуд, ки рушди муносибатҳои тарафайн аз муносибатҳои неку оянданигаронаи Сарварони ду кишвари ба ҳам дӯст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, дар тамоми самтҳои муносибатҳои давлатдориямон дастовардҳо ба бор овардааст.
Мавсуф таъкид намуд, ки мо ба муносибатҳои неки ҳамсоядориямон ҳамеша арҷ гузошта, талош менамоем, ки дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатиямон мусоидат намоем.
Ҳамзамон доир ба табодули таҷрибаи тарафайн дар рушди қонунгузорӣ ва парламентаризм суҳбатҳо доир гардид.

Илова кунед