Оинаи қаднамои миллат

17 Сентябр 2020, Панҷшанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ки баҳри ободиву озодии Ватан, чароғону гулафшон намудани кишвар шабу рӯз заҳмат мекашанд, намоди шукуфоии миллати тоҷик мебошанд. Президенти воқеан ҳам мардумии мо бо ҷоннисориҳои худ, ҷаҳду талошу ҷонбозиҳо баҳри якпорчагии марзу бум ва озодиву ободии Ватан, садоқати бепоён ба муқаддасоти он, дили поку беолоиш доштанашон, ғамхору дилсӯзу дилогоҳи халқ буданашон оинаи қаднамои миллат гаштанд. Ин аст, ки мо имрӯз дар чеҳраи гарму дилпазири ин абармард, сиёсатшиноси сатҳи ҷаҳонӣ, фарзонафарзанде аз оилаи деҳқони тоҷик хати тақдири миллатро мебинем.
 Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши намоён мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини ӯ аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ суханони таърихии Сарвари давлатро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам»,- хуб дар хотир доранд. Маҳз ин андешаҳои садоқатмандонаи Сарвари давлат буд, ки муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистон ва дигар кишварҳо ба cap мебурданд, ба ватани худ баргаштанд ва бо кӯмаки бевоситаи  Роҳбари давлат пайи ободии манзилу кошонаи худ камар бастанд.
Барқарории сулҳу субот дар мамлакат гувоҳ аз он дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро қавлу амал як аст. Зеро ҳамватанон дар хотир доранд, ки ӯ дар нахустин даъваташ ба сокинони кишвар таъкид дошта буд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муққадас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Расидан ба сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ афзун намуд. Ин ба Ҳукумати мамлакат имконият дод, то ҳамкориҳои густардатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун бунёдгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба роҳ мондани муносибатҳои аҳамияти стратегӣ бо Федератсияи Россия ва муносибатҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо густаришу тавсеаи равобит бо дигар давлатҳои ҷаҳон аҳамият дода, барои ҳамаи кишварҳое, ки хоҳиши бо давлати мо муносибатҳои судманду хайрхоҳона дошта бошанд, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон намуд.
Имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо беш аз 150 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст, ки пайвандгари асосии он шахсияти муҳташами Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин муносибати нек буд, ки номи тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод, парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё партавафшонӣ кард. Ҳамин пайванд аст, ки имрӯз ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса пайдо намуда, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ гардид.
 Воқеан ҳам имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки халқу миллати тоҷикро Худованд назари нек кардааст, зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати куҳанбунёд, ниёзманди хамин гуна Сарвару Пешвое буд ва ӽаст, ки давлатро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамоӣ намуд ва низ менамояд. Ва имрӯз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллати худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, ватанро хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон гардонид. Пас бо самимият бояд садо кард: Зиҳӣ, Пешвои миллат, зиҳӣ- фарзанди сазовори миллати тоҷик!
Устод Бозор Собир аз қаҳрамониву диловарӣ ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, руҳу тавон мегирад ва бо самимияту эҳтироми хоса изӽор менамояд: «Агарчи ӯ муҳтоҷи шеъри ман нест, вале касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и Роғунро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷот аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям».
Ӯ эӽсосоти баланду гарму самимӣ ва эӽтирому садоқати бепоёни худро нисбат ба Пешвои муаззами миллатамон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон дар як сислсила шеърӽояш низ баён доштааст. Аз ҷумла:
 
                Бо садои гармат одат кардаем
                Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
                Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
                Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
 
                Чунки дар рӯи ту мебинем
                Рӯи миллатро,
                Нури миллатро,
                Чунки аз пешонии бози ту мехонем
                Мо хати тақдири миллатро.
 
                Пойгоҳи давлататро карда кафшер
                Бастакори нақби Анзоб,
                Бастакори нақби Шаршар,
                Бастакори Чормағзак,
                Бастакори ГЭС-и Роғон
                Ҳамчу оҳан,
                Ҳамчу чӯян,
                Ҳамчу пӯлод
                Пойдор.
               
Ё ин ки,
                Бо нишоне, ки аз шумо дорам,
                Аз ҷаҳон бенишон нахоҳам рафт.
 
Ва ё,
Номи туро нависем, эӣ Қаҳрамони вахдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.
 
Бояд қайд намуд, ки бо ба кор даромадани ду чархаи  НБО Роғун кишвари мо барои гузаштан аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қадами бузурге гузошт.
Лозим ба ёдоварист, ки марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил шуд ва имрӯз ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Каҳрамони Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таъриҳии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих ба ҷо оварданд. Мо имрӯз метавонем, бо сарбаландӣ, бо ифтихор бигӯем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ягонаи мустақил устувор гардид. Ҳамин аст, ки бо ин фарзонфарзанди модари тоҷик чун оинаи қаднамои миллат, чун Исмоили Сомонии сонӣ ҳамаҷо сари ифтихор баланд медорем.
Миллати некноми тоҷикро бо Сарварии ин абармарди нексиришт фатӽи қуллаӽои боз ӽам баландтар, рушду музаффариятӽои беш аз пеш дар ӽамаи соӽаӽои хоҷагии халқи кишвар ва ояндаи боз ӽам дурахшон дар пеш аст.
 
Наҷмиддиниён  Ф.
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон
 

Илова кунед