“Хиёнат 5” сафҳае аз таърихи хунини миллат
02 Октябр 2020, ҶумъаИмрӯз кормандони Дастгоҳи Маҷлисинамояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанади “Хиёнат 5”-ро дастаҷамъона тамошо намуданд. Филми мазкур саҳифае аз рӯзгори пуртаҳаввули миллати тоҷик буда, саршор аз санадҳои таърихӣ ва далелҳои воқеӣ мебошанд. Филм аз лиҳози моҳият ва мазмун хусусияти фикрофарини дошта, саропо далели таърихӣ, санади расмӣ ва эътирофоти вокеӣ буд, ки бедодгариҳои гурӯҳи террористии Ҳизби наҳзати исломро аз забони шоҳидон пешкаши омма менамуд.

Аслан воқеаҳои солҳои аввали истиқлолияти кишвар ва махсусан таҳоҷумоти мусаллаҳонае, ки неруҳои террористии наҳзат болои мардум анҷом медоданд барои аксари ҷомеаи Тоҷикистон бегона нест. Зеро касеро пайдо кардан мушкиласт, ки дар ин воқеаҳо наздикони худро аз даст надода бошад.
Маҷмуан, филми мустанади «Хиёнат» аз як сӯморо ба рӯзгори мудҳише, ки наҳзатиёни разолатмаоб ба сарамон оварда буданд бозгардонид, аз сӯи дигар мо ва ҷомеаи моро бори дигар ҳушдор намуд, ки аз аъмоли хиёнаткоронаи наҳзат воқиф шуда, фирефтаи таблиѓоти ин хоинони миллат нагардем ва сулҳу ягонагии миллат, оромию осудагии кишварро бузургтарин неъмат барои худ бидонем.


Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон