Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда мешавад

07 Октябр 2020, Чоршанбе

Имруз таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкр бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Санади мазкур ҷиҳати амалӣ сохтани нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 тасдиқ гардидааст, бо мақсади таъмини саривақтии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ таҳия шудааст.
Тибқи лоиҳа ба қисми 7 моддаи 157 (Мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ) ҷумлаи дуюм илова карда мешавад:  «Пас аз ба муҳокимаи судӣ таъин кардани парванда муҳокимаи судӣ наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад».
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин “Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум“ ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати  шашум» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокима шуда, қарори дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед