НАҚШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

13 Октябр 2020, Сешанбе

Хизмати давлатӣ дар таъмини рушди давлату давлатдорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нақши муҳим дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили хизмати давлатӣ ва сиёсати кадрии мамлакат эътибори ҷиддӣ дода, баҳри интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, тайёр намудани кадрҳои болаёқату баландихтисос ва донишманду соҳибмаърифат дар соҳаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати болоравии хизматии онҳо, тарбияи кадрҳо дар рӯҳияи поквиҷдониву боэҳтиром муносибат кардан ба шаҳрвандон, мутобиқсозии иқтидори кадрии мамлакат ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва ҳавасмандгардонии онҳо тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатиро тайёр намудани кадрҳои болаёқату баландихтисос ва соҳибмаърифату боистеъдод ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина, Сарвари давлат дар Паёми нахустинашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2000 чунин иброз карданд: «Вақти он расидааст, ки низоми интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо аз нав дида баромада шавад. Бояд бештар ба мутахассисоне такя намуд, ки пойбанди тафаккури кўҳнаи қолабӣ нестанд ва мувофиқи шароити нави имрўза фаъолият карда метавонанд».

Ҳамчунин, Роҳбари давлат дар ҳамин Паём бо қатъият изҳор карданд, ки «ба муносибати ғайриодилона дар ҳалли масъалаи кадрҳо, интихоби онҳо аз рўи нишонаҳои садоқати шахсӣ, манфиатҳои гурўҳӣ ва ғайрa бояд қатъиян хотима бахшид. Танҳо дар сурати ба вуҷуд овардани сохтори пурмаҳсули идоракунӣ дар шароити талаботи сахти имрўза ба муваффақият умед бастан мумкин аст».

Лозим ба ёдоварист, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2001, таҳти № 475 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар асоси он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2001, таҳти №479 «Дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низомнома ва сохтори мақоми мазкур тасдиқ ва муайян карда шуданд. Дар иртибот ба таъсис ёфтани мақоми ваколатдори хизмати давлатӣ Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми апрели соли 2002 хотирнишон сохта, ба ин мақоми навтаъсис дастуру супоришҳои қатъӣ доданд: «Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдоду ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ин мақоми навтаъсис зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда машғул шуда, тартибу низомро дар ин самт таъмин намояд».

Дар ҳар давру замон, давлатҳо ба кадрҳо ва мутахассисони донишманду фарҳехта, дурандешу хирадманд ва ботаҷрибаву ботадбир эҳтиёҷ доштанду доранд, зеро саҳми онҳо дар рушду инкишофи давлат муҳим мебошанд. Биноан, Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми апрели соли 2005 Вазорати маориф (Вазорати маориф ва илм) ва донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатро муваззаф сохтанд, ки «дар баробари ҷорӣ намудани низоми нави тарбияи кадрҳо ба сифати мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро бояд мутахассисони тарбияткардаи мо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат намоянд».

Инчунин дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар 25-уми апрели соли 2008 Президенти мамлакат вобаста ба соҳаи хизмати давлатӣ ва нақши он дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ таъкид намудаанд: «Ба ҳама маълум аст, ки сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ нигаронида шудааст».

Боиси тазаккур аст, ки 5-уми марти соли 2007, таҳти №233 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул шуд, ки он асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Дар алоқамандӣ ба қонуни зикргардида Президенти мамлакат дар Паём (аз 25-уми апрели соли 2008) чунин таъкид намуданд: «Ба хотири татбиқи пурраи қонуни мазкур ва пешбурди дурусти сиёсати давлат доир ба кадрҳо, пеш аз ҳама, ба Раёсати хизмати давлатӣ зарур аст, ки низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқиро оид ба ин масъала таҳия ва ҳамоҳанг сохта, барои таҳкими низоми хизмати ягонаи давлатӣ тадбирҳои муассир андешад».

Ҳамзамон, Сарвари давлат дар ҳамин Паём дар самти такмили соҳаи хизмати давлатӣ ва сиёсати давлатии кадрҳо ба Ҳукумати кишвар, мақомоти хизмати давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута, супориш доданд, ки Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳоро таҳия созанд.

Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008, таҳти №582 Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Консепсияи мазкур маҷмўи ѓояҳо, идеяҳо ва ақидаҳоеро дар бар мегирад, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок, принсипҳои танзими давлатии сиёсати кадрҳо ва роҳҳои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

Воқеан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баландбардории самаранокӣ ва рушди хизмати давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва арзёбии хизматчиёни давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, татбиқи усулҳои самарабахши интихоби кадрҳои баландихтисос барои хизмати давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои болоравии хизматии онҳо, таъмини ҳамаи соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ бо кормандони ихтисосманд, касбӣ, ташаббускор, дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, истифодаи самараноки иқтидори зеҳнию кадрӣ, истифодаи оқилонаи кадрҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои кор ва пешравии касбии онҳо, пешбинӣ ва банақшагирии таъмини соҳаҳои иқтисодии мамлакат бо кадрҳо, мутобиқсозии иқтидорҳои кадрии ҷумҳурӣ ба талаботе, ки дар бозори байналмилалии меҳнат пешниҳод карда мешаванд, пайваста чораҳои мақсаднок меандешанд.

Зимнан, дар мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ҷиҳати такмили низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ташаккулёбии иқтидорҳои кадрӣ, бартарафсозии камбудиҳо дар татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо, танзими масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, болоравии сатҳи касбӣ, ширкати фаъолонаи хизматчиёни давлатӣ дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нигаронида шудаанд.

Ба андешаи инҷониб таъкиди зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар (аз 25-уми апрели соли 2008) ироа гардид, бояд шиор барои ҳар як хизматчии давлатӣ бошад: «Роҳбарону кормандони масъули ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ва умуман тамоми хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки савганди ёдкардаи Президенти мамлакат нафақат ба Роҳбари давлат, балки ба ҳар кадоми онҳо низ дахл дорад».

Мавриди ёдоварист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, таҳти №643 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Консепсияи мазкур мақсад ва афзалияти инкишофи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмуҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.

Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба мақсадҳои зерин ташкил медиҳад:

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;

- баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд;

- сода гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, инчунин кам намудани (коҳиш додани) хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд;

- баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

- ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон;

- ҳавасмандкунии иқтисодии истифода аз Интернет ва технологияҳои муосири технологӣ.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистсон аз 20-уми апрели соли 2012 Сарвари давлат оид ба қабул гардидани «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ташаккули ҳукумати электронӣ ҳамчун самти афзалиятноки хизмати давлатӣ сухан намуда, чунин иброз карданд: «Кишварҳое, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, рушди инфрасохтори иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар Ҳукумати мамлакат ба наздикӣ «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ»-ро қабул намуд».

Пешвои миллат вобаста ба муҳиммият ва самаранокии консепсияи зикршуда барои ҳаёти мамлакат изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфтанд: «Ин имкон медиҳад, ки номгӯи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ба таври электронӣ сари вақт ва босифат расонида шуда, зуҳуроти номатлубе чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан аз байн бурда шаванд. Дар баробари ин, муносибати мутақобилаи ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ таҳким меёбад, ки ин яке аз рукнҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад». Аз ҳамин ҷиҳат, дар Паёми зикргардида ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Хадамоти алоқа супориш дода шуд, ки ҷиҳати давра ба давра татбиқ кардани «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои зарурӣ ҷалб созанд. Инчунин, Вазорати маориф вазифадор гардид, ки бо мақсади мусоидат дар татбиқи саривақтии консепсияи мазкур тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин намояд.

Бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19-уми ноябри соли 2013, таҳти №12 ба тасвиб расид ва дар асоси банди 18 он Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи хизмати давлатӣ амалӣ месозад. Агентӣ дар доираи ваколаташ сиёсати ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи хизмати давлатӣ амалӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст. Самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ иборат аз татбиқи сиёсати ягонаи хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо мебошад.

Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми августи соли 2013, таҳти №1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Донишкадаи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва сониян бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2020, таҳти №1463 ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Самти асосии фаъолияти Академия омода намудани кадрҳои соҳибихтисос, тайёр кардани мутахассисони идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ташаккули неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ мебошад.

Бо мақсади тақвият бахшидани масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, таҳкими обрўю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2015, таҳти №591 Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Кодекси мазкур маҷмўи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ѓайрихизматии хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии  фаъолияти касбӣ ва рафтори ўро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.

Дар асоси муқаррароти Конститутсияи мамлакат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2016, таҳти №636 тасдиқ карда шуд. Дар стратегияи мазкур дар баробари мушкилоту дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат, ҳамчунин масъалаҳои низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар боби 3-юми он (таҳкими неруи инситутсионалии кишвар) пешбинӣ гардидааст.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мушкилоти асосӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, алалхусус, хизмати давлатӣ, тадбирҳои асосӣ дар самти ислоҳоти хизмати давлатӣ ва натиҷаҳои чашмдошт, яъне амалӣ намудани тадбирҳои пешбинигардида дар хизмати давлатӣ ба таври муайян ва аниқ нишон дода шудааст. Чунончи, дар асоси стратегияи зикргардида дар самти рушди хизмати давлатӣ ин гуна тадбирҳо андешида мешаванд:

- низоми идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ автоматикунонида шуда, Феҳристи хизматчиёни давлатӣ дар Шабакаи ягонаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ пурра амал мекунад;

- механизми арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ такмил дода шуда, алоқамандӣ бо низоми ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ таъмин мегардад;

- музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ то сатҳе, ки имконияти ҷалб ва нигоҳдории мутахассисони баландихтисосро дар хизмати давлатӣ таъмин менамояд, баланд бардошта мешавад;

- низоми омодакунӣ ва инкишофи захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ таҷдид мегардад ва он ташаккул ва инкишофи салоҳиятҳои дар низоми хизмати давлатӣ заруриро таъмин мекунад;

- ҳиссаи занон дар мансабҳои роҳбарии хизмати давлатӣ зиёд мегардад.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2016 Сарвари давлат масъалаи ҷалби бештари ҷавонон ва духтарону занони болаёқат ва донишманду бомаърифат ба хизмати давлатӣ, ҳамчунин такмили донишҳои онҳоро муҳим арзёбӣ карда, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуданд, ки «ба масъалаи истифодаи самараноки неруи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 перомуни дар мамлакат фароҳам гардидани заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ёдрас шуда, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест». Аз ин рў, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дастур доданд, ки ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи онҳо дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар воқеъ, дастуру супоришҳои Президенти кишвар ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо муҳим ва саривақтианд. Бояд қайд кард, ки, мутаассифона, кадрҳои ҷавони болаёқату ботадбир ва мутахассисони ботаҷрибаву бомаърифат аз ҷониби на ҳама роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода мешаванд. Зеро он корманде, ки ботаҷрибаву кордон ва бомаърифату поквиҷдон аст бояд ба мансаби болотар пешбарӣ ва дигар чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбати ў амалӣ карда шавад, то ки барои дигар кормандон ибрат гардад. Ҳамрадиф бо ин, ҳар як хизматчии давлатиро зарур аст, ки барои баланд гаштани мансаб ва савияи донишу малакаи касбиаш пайваста илму маърифат ва фазлу ҳунари худро такмилу сайқал диҳад. Ҳамчуноне Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари панду ахлоқии худ – «Баҳористон» мефармояд:

Боядат мансаби баланд, бикўш,

То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.

На ба мансаб бувад баландии мард,

Балки мансаб шавад ба мард баланд.

Хуб мешуд, ки роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ ба кадрҳои кордону соҳибмаърифат диққати махсус дода, нисбаташон чораҳои ҳавасмандгардониро бештар амалӣ созанд. То ки онҳо натанҳо кадрҳои ҷавобгўйи талаботи бозори меҳнати дохилӣ, балки байналмилалӣ гарданд. Ҳамзамон, ба манфиати кор мешуд, агар ҳамкории зич байни вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои кадрӣ роҳандозӣ гардида, кормандон аз рўйи ихтисос аз як мақомот ба дигар мақомот ҷиҳати такмил ва сайқал додани донишу таҷриба гузаронида шаванд. Дар шароити кунунӣ амалӣ сохтани ин гуна тадбирҳо хеле муҳим буда, ҷиҳати таҳкиму такмил бахшидани донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хизмтчиёни давлатӣ ва дигар кадрҳо мусоидат намуда, ба ин васила дар рушду инкишофи беш аз пеши соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар кумак хоҳанд кард.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» (аз 2-юми августи соли 2011, таҳти №753) кормандони мақомоти давлатӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ вобаста ба соҳаи фаъолият иди касбиашонро таҷлил менамоянд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки ба Қонуни зикргардида иловаи дахлдор ворид ва 25-уми январ ҳамчун рўзи иди касбии хизматчиёни давлатӣ, ки 25-уми январи соли 2001 мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ таъсис ёфтааст, муқаррар мегардид.

Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ, тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат, дар умум, рушду инкишофи кишвар нигаронида шудаанд.

 

 Фирўз Сайнозимзода, мушовири калони

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Илова кунед