МАРДЕ АЗ ТАБОРИ ҚОНУНИЯТ

16 Октябр 2020, Ҷумъа

Зикри рўзгор ва сарнавишти пурталотуми шахсиятҳои миллӣ, ки моломол аз корсозию корномаҳои мондагор аст, дар ҳама ҳолат барои тарбияи насли навини ҳар як кишвар ҷанбаи ибратбахш дорад. Зеро шинохти шахсиятҳо ва шоҳидони воқеаҳои нодир як бахши умдаи таърихи ҳар як кишвар маҳсуб мешавад, ки дар ин нигошта тасмим доред дар мавриди шахсе аз ин зумра ашхос суҳбат дошта бошем.

Мизроб Кабиров – ин исм барои нафароне, ки даврони нобасомонии кишварро дар хотир доранду воқеаву рўйдоди сиёсии ин марҳилаи таърихии Тоҷикистонро пайгирӣ намудаанд хуб ошно аст. Ў ҳамчун ҳуқуқшинос дар ин давраи мураккаби замон, ки барои миллати тоҷику давлати навбунёди он марҳилаи сарнавиштсоз буд бо ҷасорату матонати хос дар миёни гиру дори сиёсати замон гом мезад, талош менамуд, фармону дастурҳои Президенти кишварро дар роҳи расидан ба волоияти қонун ва сулҳу сафои меҳан дар сарзамини ҷафодидаи тоҷикон бо садоқату самимият ба иҷро мерасонид.

Ў фарзанди асили даврони худ аст. Дар ҳама ҳолат ва дар ҳама шароит бо як қавлу маром зиндагию кор кардааст. Гоҳе дар садри тасмимгириҳо ва гоҳе амаликунандаи нақшаҳои сулҳоваронаи Сарвари давлат будаву ҳар як амру дастури роҳбарияти олии кишварро бо иродаи қавӣ ба сомон расонида, то имрўз масъулияти хизматии худро дар назди давлату ҳукумат ва рисолати фарзандии худро дар пешгоҳи миллати азизи тоҷик ифо намудааст.

Марди қавл, сарсупурдаи масъулият ва инсони хираду маърифат аст. Аслан сухан гуфтан дар мавриди Мизроб Саидович, ки зиёда аз 40 соли умри худро сарфи низоми қонуният ва қонунгузории мамлакати азизамон намудааст, сахту сангин мебошад, махсусан барои насли ҷавоне чун мо. Зеро аз ҳар зовияе, ки ба зиндагиномаи ў нигоҳ намоем, бешубҳа ба ташаббус ва худгузаштагӣ мувоҷеҳ мешавем. Махсусан замони фаъолиятҳои сиёсию давлатии ў ба рўзгори нобасомониҳои кишварамон рост меояд.

Мавсуф аз соли 1990, ки оғози таҳаввулоти сиёсии кишвар мебошад ба ҳайси раиси Президиуми Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то соли 1995, ки замони авҷи муборизаҳои мусаллаҳона буд дар ин мақоми масъулу пурхатар фаъолият намудааст. Бешубҳа ин марҳила, замонест, ки дар ҷумҳурӣ ҳукми силоҳбадаст волотар аз ҳар мақому ҷойгоҳ буд. Душвортарин интихоб дар пешгоҳи инсон қарор мегирад: ризоият ба кирдори мухолифи қонун ё падруд бо зиндагӣ. Ба истилоҳи дигар давроне, ки инсон миёни хомўшӣ ва марг бояд якеро мепазируфт. Вале Мизроб Саидович на хомўширо пазируфт ва на ба беқонунӣ тан дод. Ў ба волоияти қонун ва қудсияти адолат пойбанд мондаву дар партави сиёсатҳои қонунмеҳваронаи Пешвои миллат ваколату масъулияти  худро ба сомон расонидааст.

Аз охирҳои соли 2017 то имрўз бо ҳукми тақдир бо ин шахсияти ҳирфаию рўзгордида равобити корӣ дорам. Соатҳо доир ба масъалаҳои корӣ, нақшаву барномаҳои идорӣ, чорабиниҳои идонаву сиёсӣ, қабули меҳмонони хориҷӣ ва даҳҳо масъалаи дигар сўҳбатҳо доштаем. Ҳатто дар як рўз то 5 маротиба бо эшон муколамаву гуфтугў намудаву маслиҳату машварат гирифтаам. Дар ин марҳила бисёр талош намудам, ки аз забони эшон дар мавриди айёми пурдаҳшати ҷанги таҳмилии кишварам, ки як азиятдидаи он низ мебошам сухан бишнавам. Вале ҳамеша каломи ў ба самти рўзгори ширини ин сарзамин, ҷашну сур, маъракаҳо, базму тарабу хушҳолӣ, сулҳу дўстӣ ва ваҳдату ягонагии миллат мепечад. Ў дар бораи сулҳу дўстӣ ва расидан ба Ваҳдати сартосарии кишвар бештар ҳарф мезанад, то дар мавриди низоъу набардҳо.

Маҳз дар ҳамин марҳила ў яке аз мақомдорони раддаи болои ҳукумати тозаистиқлоли Тоҷикистон буд, ки ҳеҷ як воқеаи муҳими ҳарбӣ - сиёсӣ наметавонист аз диди ў пинҳон бошад. Зеро аз соли 1995 то соли 1999 ба ҳайси мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳукуқӣ иҷрои вазифа намуда, бо баҳрабарӣ аз мактаби сиёсию роҳбарии Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътидол овардани вазъи ҳарбию сиёсии Тоҷикистон аз вазифаҳои асосии ў маҳсуб мешуд. Дар ин марҳила гоҳе тасмимҳоеро қабул намудааст, ки ғайриоддӣ, вале ҷавонмардона, шуҷоона ва содиқона ба давлат, миллат ва Пешвои миллати тоҷик будааст. Дар ростои ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ ва пойдории эътидоли сиёсӣ гоҳе худро ба гарави қумандонҳои мухолиф супоридааст, гоҳе барои муколамаву музокира ба умқи қароргоҳҳои мухолифон рафтаву дар миёни ҳазорон силоҳбадасте, ки бо тавтеаи бегонагон ташнаи ҷангу хун буданд, паёми дўстӣ ва иродаи сулҳоваронаи Президенти кишварро расонидааст.

Борҳо ба саволҳои мустақими банда, ки аз ин даврони кору пайкорашон пурсон шудаам, танҳо бо як ҷумлаи кўтоҳ посух гуфтааст: фарзанди ин сарзамин ҳастем ва бояд хизмат мекардем.

Дар воқеъ фарзанди ин сарзамин аст ва зодаи хонаводаи тоҷики меҳнаткашу заҳматқарин. Ў 27 июли соли 1958 дар шаҳри бостонии Кўлоб таваллуд шудааст. Падараш Саид Кабиров умре дар меҳроби меҳнат, баҳри дарёфти ризқи ҳалоли 12 фарзандаш талош намуда, модари мушфиқашон Мушкинисо Маҳсуддинова пайи тарбияти фарзандон ҷонгудозӣ намудаву имрўз аз давлати фарзандони тарбиятнамудааш даври набераву аберагон дуои осудагии ватан ва саломатии фарзандону ҳамдиёрон менамояд.

Мавсуф соли 1975 мактаби таҳсилоти миёнаи №6 ба номи Абуабдулло Рўдакии шаҳри Кўлоб ва соли 1983 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Новобаста аз мутахассиси комили риштаи ҳуқуқ будан, солҳои 1983-1984 хизмати ҳарбӣ намуда, қарзи мардонагию рисолати шаҳрвандии худро ба анҷом расонидааст.

Ў сабақи меҳнату садоқати зиндагиро аз панди падари ҷавонмард омўхтаву дарси муҳаббату инсониро аз ширини поку аллаи хушнавои модар гирифтааст. Дарси фарҳангу ахлоқу маънавиятро Мизроб Кабиров аз ғановати фарҳангу адаби миллати хеш ҳифз намуда, дар кору зиндагонии худ тоҷиксон истифода намудааст.

Фаъолияти касбии ў аз котиби Суди халқии ноҳияи Ленин (н.Рўдакӣ) оғоз шуда, бо меҳнати ҳололу иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, дар роҳи ҳифзи манфиатҳои қонунии мардум талош варзида, зина ба зина та ба мақоми аввалин Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурӣ расидааст.

Ў дар зинаҳои гуногуни судӣ, вакилӣ, низоми адлия, фаъолиятҳои сиёсию давлатӣ, ҳимоят аз раъю эътимоди мардум дар баргузории интихоботҳо, ҳифзи асрори давлатӣ ва сохтори қонунгузории кишвар хизматҳои фарзандона намудааст. Бисёр медонем, ки афроди иштирокчии ин ё он воқеаи таърихӣ талош мекунанд, ки дар бораи ҳузурашон дар воқеаҳои нодир мақолаву очерк ва достону китобҳо нависанд, вале Мизроб Саидович танҳо бо як сухан ба ҳама суолҳо посух мегузорад: фарзанди ин сарзамин ҳастем, вазифаамон буд, анҷом додем ва то зиндаем идома медиҳем.

Аз соли 2010 Мизроб Кабиров ҳамчун мутахассиси варзидаи риштаи қонун ва ҳуқуқ дар самти ҳокимияти қонунгузор фаъолият менамояд. Ў солҳои 2010 – 2016 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2016 то имрўз ба сифати роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин самт низ ў ҳамеша дар пайи беҳбудбахшидан ба раванди фаъолияти қонунгузории кишвар буда, аз ҷузъитарин масъала то ободонӣ ва фазои кории вакилони мардумиро танзим менамояд. Бавижа саҳни ҳавлии бинои Маҷлиси намояндагон рӯҳбахшу сафоовар гардида, роҳравҳои покиза, парчамҳои парафшон, сабзаҳои махмалин, рангорангии гулҳо, долону даҳлезҳо, толорҳо, китобхонаву осорхона ва утоқҳои корӣ нишонаи меҳнати масъулона ва афкори зебопарасти ў мебошад.

Хизматҳои шоистаи Мизроб Саидович дар назди халқу миллат шоистаи зикр, таҳсин ва пайравӣ мебошанд. Маҳз саҳму хизматҳояи арзишманд ў дар таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният дар кишварамон буд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 бо рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999 бо ордени Шараф ва соли 2012 бо рутбаи тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Муҳтарам Мизроб Кабиров дар баробари зинаҳои баланди роҳбарӣ як вижагии хоси тарбиятгарӣ низ дорад, ки насли ҷавон, мутахассисони навроҳ ва хоса тобеону пайравонро ҳамеша аз тариқи дарсҳову семинарҳо ба омўзиши илму ҳунар, такмили донишҳои ихтисосӣ ва пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами кишварро раҳнамун месозад. Пайваста таъкид менамояд, ки агар сиёсати сулҳпарварона ва хусусияти таҳаммулпазиронаи Пешвои миллат набуд, ин кишвар ба ҳеҷ гоҳ наметавонист ба шоҳроҳи муваффақият наздик бошад.

 Имомиён Фаромурз

Илова кунед