ИШТИРОКИ ОНЛАЙНИИ ВАКИЛОН ДАР ҶАЛАСАҲОИ КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ АБ ИДМ

16 Октябр 2020, Ҷумъа


Имрўз гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узвияташон дар ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) аз ҷониби Шўрои Маҷлиси намояндагон муайян шудааст дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парлумонӣ аз тариқи видеоконференсияҳо иштирок намуданд.


Аз ҷумла Бахтовар Сафарзода намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шоҳмурод  Рустам – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва Сарвиноз Маҷидова узви кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Толибхон Азимзода –муовини Раиси  кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ узви кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар Комиссияҳои  доимии АП ИДМ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

Дар видео-конференсияҳо ҳамкории байнипарлумонӣ ва роҳҳои пешбурди фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Илова кунед